Баҳори соли 1844 - вақте ки замони омадани Масеҳ тахмин карда мешуд, гузашт, ва нафарне ки омадани Ӯро бо имон интизор буданд, як муддат шубҳа ва нобовариро аз cap гузаронданд. Ҷаҳон ин одамонро қурбонии фиреб номид, вале Каломи Худо мисли пеш барои онҳо манбаи дилбардорӣ буд. Бисёриҳо омӯзиши Китоби Муқадцасро давом дода, асосҳои имони худро месанҷиданд ва пешгӯиҳои пайғамбаронаро бо кӯшиши пайдо намудани нури мунаввартаре аз нав мехонданд. Шаҳодати Китоби Муқаддас, ки онҳо дар он устувор мегаштанд, барояшон аниқ ва боварибахш буд. Аломатҳо ба наздик будани бозгашти Масеҳ бехато нишон медоданд. Баракатҳои махсуси Худо, ки дар имоноварии гунаҳгорон ва рӯҳан аз нав зиндашавии масеҳиён ошкор мешуданд, тасдиқ мекарданд, ки ин мужда аз ҷониби Худованд фиристода шудааст. Ва гарчанде ки дар он замон имондорон ноумедии ба сарашон омадаро фаҳмонда наметавонистанд, бо вуҷуди ин онҳо ҳис мекарданд, ки Худо дар кн муддат онҳоро роҳнамоӣ карда буд. MБУБ 413.1
Ба пешгӯиҳои пайғамбаронае, ки ба замони Дуюмбора омадани Масеҳ дахл доран, панде аз Китоби Муқаддас алоқаманд аст, ки дар Каломи Худо махсус барои онҳое навишта шудааст, ки дар ҳолати беҷуръатӣ ва номуайянӣ мемонанд. Ин панд онҳоро рӯҳбаланд мегардонд, то бо пурсабрӣ ва имон он чиро интизор шаванд, ки дар ҳамин лаҳза барои фаҳмиш даркнашаванда буд, вале дар оянда метавонист равшан гардад. MБУБ 413.2
Ин порча аз Китоби пайғамбар Ҳабаққуқ (2:1-4) аст: «Дар дидбонгоҳи худ бармехезам, ва дар бурҷ меистам, ва интизорӣ мекашам, то бубинам, ки Ӯ ба ман чӣ хоҳад гуфт, ва ман дар бораи шикояти худ чӣ ҷавоб хоҳам дод. Ва Худованд ба ман ҷавоб гардонда, гуфт; «Рӯъёро бинавис ва бар лавҳҳо ҳақ намо, то ки хонанда онро ба тезӣ бихонад. Зеро ки рӯъё барои мӯҳлати муайян аст, ва аз фарҷом шаҳодат медиҳад, ва дурӯғ намегӯяд; агар таъхир кунад, онро мунтазир шав, зеро ки ҳатман ба амал хоҳад омад, таъхир нахоҳад кард. Инак, каҷдил мағрур шудааст, валекин парҳезгор бо имони худ хоҳад зист». MБУБ 413.3
Амри Худованд: «Рӯъёро бинавис ва бар лавҳҳо ҳақ намо, то ки хонанда онро ба тезӣ бихонад» ҳанӯз соли 1842 Чарлз Фичро водор намуда буд, ки нақшаи пешгӯиҳои пайғамбаронаро барои тасвири рӯъёҳои Дониёл ва китоби Ваҳй тайёр намояд. Нашри ин нақша чун иҷрои амри ба воситаи пайғамбар Ҳабаққуқ додашуда дониста мешуд. Вале ҳеҷ кас, пай бурда натавонист, ки дар худи ҳамин пешгӯӣ дар бораи дермонӣ дар иҷроиши рӯъё - вақти таъхир намудан сухан меравад. Баъди ноумедии умумӣ ин ояти Китоби Муқаддас маъно ва аҳамияти махсус пайдо кард: «Рӯъё барои мӯҳдати муайян аст, ва аз фарҷом шаҳодат медиҳад ва дурӯг намегӯяд; агар дер монад, онро мунтазир шав, зеро ки ҳатман ба амал хоҳад омад... парҳезгор бо имони худ хоҳад зист». MБУБ 414.1
Баъзе оятҳо аз пешгӯиҳои пайғамбар Ҳизқиёл низ барои имондорон манбаи қувват ва тасалло буданд. «Ва каломи Худованд ба ман нозил шуда, гуфт: «Эй писари одам! Шуморо дар замини Исроил ин зарбулмасал чист, ки мегӯед: «Айём тӯл мекашад, ва ҳар рӯъё нест мешавад»? Бинобар ин ба онҳо бигӯй: «Худованд Худо чунин мегӯяд... айём наздик аст ва иҷрои ҳар рӯъё қариб... зеро Ман, ки Худованд ҳастам, сухан хоҳам гуфт, ва сухане ки Ман бигӯям, ба амал хоҳад омад, ва дигар дер нахоҳад кард». «Инак хонадони Исроил мегӯяд: «Рӯъёе ки ӯ мебинад, баъди рӯзҳои зиёд иҷро мешавад ва ӯ барои замонҳои дур нубувват мекунад». Бинобар ин ба онҳо бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: ҳеҷ каломи Ман дигар дер нахоҳад кард: сухане ки Ман бигӯям, ба амал хохад омад, мегӯяд Худованд Худо»»» (Ҳизқиёл 12:21-25, 27,28). MБУБ 414.2
Онҳое ки Масеҳро интизор буданд хушнуд шуда, бовар намуданд, ки Он ки анҷомро аз оғоз медонад, чандин асрҳо пеш ноумедии онҳоро пешбинӣ карда буд ва ба онҳо сухани рӯҳбаландкунанда ва умедбахшро фиристод. Агар ин оятҳои Китоби Муқаддас, ки онҳоро ба пурсаброна мунтазир шудан ва ба Каломи Худо бовар намудан даъват мекарданд, намебуданд, он гох имони онҳо дар он соати даҳшатовари санҷиш ба ларза медаромад. MБУБ 414.3
Масал дар бораи даҳ бокира аз боби 25-уми Инҷили Матто низ ба адвентистҳо алоқаи зич дорад. Дар боби 24-уми Матто ҳикоят карда мешавад, ки чӣ гуна ба саволҳои шогирдон дар бораи аломатҳои омадани Худ ва охири ҷаҳон ҷавоб дода истода, Масеҳ ба муҳимтарин ҳодисаҳои таърихи ҷаҳон ва Калисо ишора кард, ки дар давраи миёни маротибаи якум ва дуюм омадани Ӯ ба амал меоянд, маҳз: вайроншавии Ерусалим: таъқиботи бузурги Калисо аз ҷониби бутпарастон ва пайравони папа ва ғаму андӯҳе ки Калисо дар алоқамандӣ бо ин аз cap мегузаронад; хирашавии офтоб ва моҳтоб ва фурӯ рехтани ситораҳо. Баъди ин Ӯ дар бораи омадани Худ ва барқароркунии Подшоҳӣ сухан гуфт, ва масалро дар бораи ду гурӯҳ ғуломоне ки омадани Ӯро интизор буданд, ҳикоят кард. Боби 25-ум бо суханони зерин оғоз меёбад: «Дар он замон Малакути Осмон монанди даҳ бокира хоҳад буд». Дар ин ҷо сухан дар бораи Калисои замони охир меравад, худи ҳамон Калисое ки дар охири боби 24-ум хотиррасон мегардад. Дар ин масал он чи ки қавми Худо аз cap гузаронд, дар мисоли тӯйи шарқӣ нишон дода шудааст. MБУБ 415.1
Омадани Масеҳ, ки дар муждаи фариштаи якум дар бораи он сухан меравад, дар ин ҷо бо омадани домод тасвир шудааст. Ислоҳоти бузург, ки бо мавъизаи ба наздики баргаштани Масеҳ ҳамроҳӣ карда мешуд, бо пайдошавии бокираҳо тасвир шудааст. Дар ин масал, чун дар боби 24-уми Инҷили Матто ду гурӯҳ одамон нишон дода шудаанд. Ҳама чароғҳои худ, Китоби Муқаддасро гирифтанд ва дар нури он берун омаданд, то ки Домодро пешвоз гиранд. Лекин нодонҳо «чароғҳои худро гирифтанд, вале бо худ равған нагирифтанд», «доноён бо чароғҳои худ дар зарфҳо низ равган гирифтанд». Ва ин одамон файзи Худоро, яъне қувваи тачдидсозандаи Рӯҳулқудсро, ки Каломи Ӯро «чароғ барои пойҳо ва нур барои роҳҳои онҳо», гардонд, ба даст овар- данд. Онҳо Китоби Муқаддасро бо тарси Худо меомӯхтанд, то ки ҳақиқатро бидонанд, ва самимона кӯшиши покии ҳаёт ва қалбро мекарданд. Дар таҷрибаи шахсии худ бисёр чизро аз cap гузаронданд, ва ноумедиву дермонӣ имони ранҷдидаашонро ба Худо ва ба Каломи Ӯ такон дода наметавонистанд. Дигарон бошанд «чароғҳои худро гирифтанд, вале бо худ равган нагирифтанд». Ин одамон дар зери таъсири ҷӯшу хурӯши яклаҳзаина амал мекарданд. Муждаи ботантана дар қалбҳои онҳо тарсро ба миён овард, вале онҳо ба имони бародарони худ умед баста, аз рӯшноии милт-милткунандаи эҳсосот қаноатманд мешуданду дар асл дониши мукаммали ҳақиқатро надоштанд, ва таъсири дигарсозандаи файзро ба қалб дарк накарданд. Онҳо бо қалбҳои пур аз умедвориҳои хурсандибахш барои ба даст овардани мукофот ба пешвози Худованд бароманд, ва барои аз cap гузарондани ноумедӣ ва таъхир тамоман тайёр набуданд. Вақте ки замони санҷиш фаро расид, имони онҳо заиф гардид ва чароғҳо хомӯш гаштанд. MБУБ 415.2
«Чун домод дер монд, ҳама пинак рафта, хуфтанд». Дермонии домод вақти мунтазиршавии Масеҳ, ноумедй таъхири ба назар менамудагиро таҷассум мекунад. Дар он замони номуайян нафароне, ки пурра имон наоварда буданд, одамони рӯякӣ шавқу ҳавасро ба муждаи адвентистӣ аз даст медоданд ва аз мубориза даст мекашиданд, вале онҳое ки имонашон дар дониши шахсии Китоби Муқаддас асос меёфт, дар болои харсанг устувор меистоданд, ва ҳеҷ гуна мавҷҳои ноумедӣ онҳоро такон дода наметавонистанд. «Ҳама пинак рафта, хуфтанд» - якеҳо комилан бегаму имони худро аз даст дода, дигарон бошанд нури боз ҳам равшантарро пурсаброна интизор. Лекин дар шаби озмоиш ба назар чунин менамуд, ки онҳо низ то як дараҷа ҷидду ҷаҳд ва садоқатмандиро ба кор аз даст доданд. Одамони пурра имон наовардаю рӯякӣ дигар наметавонистанд ба имони бародарони худ такя кунанд. Ҳар як нафар дар танҳоӣ ё рост меистад ё меафтад. MБУБ 416.1
Дар ин замон таассуб низ пайдо шуд. Баъзеҳо, ки худро пеш пайравони боэҳтимоми ин мужда мешумориданд, акнун Каломи Худоро чун ягона дастурамали бехато дар зиндагӣ рад кардаву даъвои роҳнамоии Рӯҳро намуда, худро ба ихтиёри эҳсосотҳо, таассуротҳо ва хаёлотҳои худ супориданд. Баъзеҳо бо саъю кӯшиши бехирадона ва кӯркӯрона ҳамаи нафаронеро сарзаниш менамуданд, ки ба онҳо пайравӣ намекарданд. Аксарияти адвентистҳо нуқтаи назари таассубкоронаи ин одамонро дастгирӣ намекарданд, вале акнун одамон ба ҳақиқат бо шубҳа нигоҳ мекарданд. MБУБ 416.2
Шайтон бо ин роҳ кӯшиш мекард ба кори Худо монеа гузорад ва онро нест кунад. Ақидаҳои адвентистон халқро ба ҳаяҷон оварданд: ҳазорҳо гунаҳгорон ба Худо рӯ меоварданд, одамони ба ин кор содиқ бошанд, - ҳатто дар вақти дермонӣ, ҳақиқатро фидокорона мавъиза мекарданд. Ҳокими торикӣ талафотҳои зиёд медод, ва барои он ки кори Худоро бадном кунад, ӯ кӯшиш мекард нафаронеро, ки ба Дуюмбора омадани Масеҳ имони комил доштанд ба васваса андозад ва ба ифроткориҳо тела диҳад. Хизматгорони ӯ тайёр буданд дилхоҳ хатогӣ, дилхоҳ ғалат ё рафтори ношоистаро истифода баранд, то ки ҳамаи инро бо муҳобот ба одамон пешниҳод намуда, нафратро ба имони адвентистӣ ба онҳо талқин кунад. Ҳамин тавр ҳар қадаре ки шумораи нафароне ки ба Дуюмбора омадани Масеҳ бовар доштанду дар баробари ин дар зери дасти шайтон қарор доштанд, зиёд мешуд, шайтон оиҳоро намояндагони ҳамаи Калисо нишон дода, метавонист ҳамон қадар манфиати зиёд ба даст биёрад. MБУБ 417.1
Шайтон «тӯҳматчии бародарон» аст, ӯ одамонро ба васваса меандозад, то ки хатоҳо ва нуқсонҳои фарзандони Худоро ҷустуҷӯ намуда, ба ин хатоҳо ва нуқсонҳо таваҷҷӯҳи махсус диҳанд, дар он вақте ки корҳои беҳтарини адвентистҳо аз назар дур мемонанд. Шайтон ҳамеша он замоне ба таври махсус фаъолона амал мекунад, ки Худованд баҳри наҷоти одамон заҳмат мекашад. Вақте ки фарзандони Худо ба назди Ӯ ҳозир мешаванд, шайтон низ дар он ҷо пайдо мешавад. Ҳангоми ба амал омадани ҳар як маърифатнокшавии динӣ шайтон кӯшиш мекунад ба Калисо одамони қалбҳояшон нопок ва ҳардам- хаёлро биёрад. Вақте ки ин гуна одамон ҳақиқатро қисман қабул мекунанду ба имондорон ҳамроҳ мешаванд, шайтон кӯшиш мекунад бо ёрии онҳо одамони дар имон заифро бо назарияҳои бемаънии худ ба васваса андозад. Ҳеҷ як одам танҳо аз барои он ки ӯ дар миёни фарзандони Худо - дар ибодатхона ё дар Шоми Худованд ҳузур дорад, масеҳии ҳақиқӣ шуморида шуда наметавонад. Шайтон аксар вақт дар ҷамъомадҳои ботантана дар симои нафароне ҳозир аст, ки аслиҳаи дасти ӯ ҳастанд. MБУБ 417.2
Шайтон барои ҳар як ваҷаб замине мубориза мебарад, ки қавми Худо ба воситаи он сӯи шаҳри Осмонӣ ҳаракат мекунад. Дар тамоми таърихи Калисо ягон дигаргуншавӣ бе мушкилӣ ва азоб ба амал наомадааст. Дар рӯзгори ҳавворӣ Павлус низ чунин буд. Дар ҳар ҷое ки ҳавворӣ ҷамъияти имондоронро ташкил мекард, он ҷо ҳамеша одамоне буданд, ки имон меоварданд, вале бидъатҳои марговарро ворид менамуданд, ки агар қабул карда мешуданд, таҳдиди хомӯш намудани оташи муҳаббат ба ҳақиқатро мекарданд. Лютер низ аз дасти таассубкорони гуногуне бисёр мушкилӣ ва ғаму андӯҳро аз cap гузаронд, ки баён менамуданд, ки Худо бевосита ба восилаи онҳо амал мекунад, ва бо ин сабаб кӯшиш менамуданд ақидаҳо ва фикрҳои худро аз шаҳодатҳои Китоби Муқадцас боло гузоранд. Нафарони зиёде ки имони комил ва таҷрибаи кофии муносибат бо Худоро надоштанду лекин худбоварию майлро ба чизҳои нав соҳиб буданд, аз ҷониби ин муаллимони нав ба васваса андохта шуданд ва ҳамдастони шайтон гардида, ҳамаи он чизеро, ки Худо ба воситаи Лютер амалӣ карда буд, нест намуданд. Ҳам бародарон Уэслӣ ва ҳам дигар ислоҳотчиёне ки ба шарофати имону нуфузи худ барои ҷаҳон баракат гардидаанд, сари ҳар қадам ба домҳои маккоронаи шайтон рӯ ба рӯ мешуданд, ки дар сари роҳи онҳо дар симои одамони ба таври ғайритабиӣ боэҳтимом, ҳардамхаёл ва гумроҳу ба ҳама гуна таассуб гирифтор гузошта мешуданд. MБУБ 418.1
Уилям Миллер ҳеҷ гоҳ ба таассубкорон ҳусни таваҷҷӯҳ надошт. Чун Лютер дар замони худ, ӯ низ баён мекард, ки ҳар як рӯҳ бояд бо Каломи Муқадцас санҷида шавад. «Дар замони мо шайтон, - мегуфт Миллер - бар ақли баъзе одамон ҳуқмронӣ мекунад. Чӣ тавр мо метавонем бидонем, ки дар одамон кадом рӯҳ ҷойгир аст? Китоби Муқаддас ҷавоб медиҳад: «Онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт». Рӯҳҳо зиёданд ва ба мо амр шудааст, ки онҳоро бисанҷем. Рӯҳе ки моро ба тарзи ҳаёти оқилона, парҳезгорона ва олиҳимматона бурдан водор намекунад, Рӯҳи Масеҳ нест. Бо гузашти ҳар як рӯз ман боварӣ ҳосил мекунам, ки ҳамаи шалпосзаниҳои таассуб - амалҳои шайтонанд... Бисёриҳо аз миёни мо даъвои муқаддасиро намуда, нақлу ривоятҳои инсониро пайравӣ мекунанд, ва аз афташ аз ҳақиқат он қадар бехабаранд, чун одамоне ки дар ин хусус андеша намекунанд327Блисс, саҳ. 236, 237.. «Рӯҳи гумроҳӣ моро аз ҳақиқат дур месозад, Рӯҳи Худо бошад моро ба назди он меорад. Лекин шумо мегӯед, ки одам метавонад дар гумроҳӣ қарор дошта бошаду фикр кунад, ки ӯ ҳақиқатро медонад. Ӯ кадом ҳақиқатро медонад? Мо ба ин чунин ҷавоб дорем: Рӯҳ ва Калом дар мувофиқати комил қарор доранд. Агар инсон худро бо Каломи Худо муқоиса намуда, мувофиқати комили хислати худро бо Каломи Худо пайдо кунад, он гоҳ ӯ метавонад худро соҳиби ҳақиқат шуморад; лекин агар ӯ бинад, ки рӯҳе ки ӯро роҳнамоӣ мекунад ба мақсади умумии Шариати Худо мувофиқат намекунад, он гоҳ ӯ бояд сахт боэҳтиёт бошад, то ки ба доми шайтон наафтад328«Ахборотномаи адвентистӣ ва нишонаҳои замон», ҷилди 8, № 23, 15 январи соли 1845.. «Ман аксар вақт дар як нигоҳи сипосгузорона, дар як сухани самимона, дар як нафаси вазнин ва ашкҳои аз чашмон ҷорӣ, назар ба ҳамаи ин пурмағалии дар ҷаҳони масеҳӣ ҳукмрон, парҳезгории ботинии бештареро медидам»329 Блисс, саҳ. 282.. MБУБ 418.2
Дар замони Ислоҳот душманони он бо қаҳру ғазаби махсус маҳз нафаронеро дар таассуб гунаҳгор мекарданд, ки онҳо пайваста бар зидди он мубориза мебурданд. Душманони ҳаракати адвентистӣ низ ҳамин тавр рафтор намуданд. Аз тафсирҳои нодуруст ва қасдан муҳобот намудани гумроҳиҳои таассубкорон қаноатманд нагардида, онҳо овозаҳои бемаъниеро паҳн менамуданд, ки ҳатто ба ҳақиқат андаке ҳам монандӣ надоштанд. Ин одамон дар зери таъсири нафрат ва хурофотҳо амал мекарданд. Мужда дар бораи он, ки Масеҳ ба наздикӣ меоад, оромии онҳоро вайрон кард. Онҳо метарсиданд, ки ин мужда метавонад ҳақ барояд, ва дар баробари ин умед доштанд, ки ин тавр нест, - ана дар чист сири душмании онҳо ба адвентистҳо ва имони онҳо. MБУБ 419.1
Агар ба якчанд нафар таассубкорон муяссар гардид, ки ба сафҳои адвентистон дохил шаванд, пас фикр кардан лозим нест, ки ин ҳаракат аз Худо нест, ба монанди он ки ҳузур доштани фиребгарон ва таассубкорон дар Калисои замони Павлус ва Лютер наметавонад аҳамияти кори онҳоро паст занад. Бигзор қавми Худо аз хоб бедор шавад ва самимона ба кори тавба ва Ислоҳот даст занад; бигзор ба омӯзиши Китоби Муқаддас даст занад, то ки ҳақиқатро чӣ гунае ки он дар Масеҳ аст, дарк кунад; бигзор худро комилан ба Худо бахшад, он гоҳ далелҳои он ки шайтон - мисли пешина душмани фаъол ва ҳушёр аст, зиёд хоҳанд буд. Шайтон ба ҳар гуна ҳилаву найранг даст зада, қувваи худро нишон медиҳад ва ҳамаи фариштаҳои гунаҳгори салтанаташро ба ёрии худ даъват мекунад. MБУБ 420.1
Умуман сабаби пайдоиши таассуб ва ҷудоӣ муждаи Дуюмбора омадани Масеҳ нест. Таассубу чудоӣ тобистони соли 1844, вақте ки адвентистон дар ҳоли парешонӣ ва шубҳа қарор доштанд, ба миён омаданд. Муждаи фариштаи якум ва «овозе дар нисфи шаб» қувваҳои таассуб ва ҷудоиро нигоҳ медоштанд. Иштирокчиёни ин ҳаракати ботантана ҳамфикр буданд; қалбҳои онҳоро мухаббат ба наздикон ва ба Исое ки онҳо умеди ба зудӣ диданашро доштанд, пур мекард. Ягонагии имон, ягонагии умедвории хуш онҳоро барои дилхоҳ таъсири манфӣ дастнорас гардонд, ва чун сипар аз ҳамлаи шайтон хизмат кард. MБУБ 420.2
«Чун домод дер монд, ҳама пинак рафта, хуфтанд. Ва дар нисфи шаб овозе баланд шуд: «Инак, домод меояд, ба пешвози вай берун оед». Он гоҳ ҳамаи он бокираҳо бархоста, чароғҳои худро тайёр карданд» (Матто 25:5-7). Тобистони соли 1844, вақте ки нисфи мӯҳдат аз он лаҳзае гузашт, ки аз аввал анҷомёбии 2300 рӯзро ба он мансуб медонистанд, то тирамоҳи ҳамон сол, вақте ки чӣ тавре баъд маълум шуд, ин давра дар ҳақиқат анҷом меёфт, - муждаи: «Инак, домод меояд» аз рӯи Китоби Муқаддас мавъиза карда шуд. MБУБ 420.3
Ошкор карда шуд, ки фармони Аҳашверӯш дар бораи барқароршавии Ерусалим, ки ҳисобкунии давраи 2300 рӯз аз он ибтидо мегирад, тирамоҳи соли 475-уми то эраи мо ба ҳукми қонун даромад, на дар оғози ҳамин сол, чӣ тавре ки пеш тахмин мекарданд. MБУБ 421.1
Тимсолҳои Аҳди Қадим низ ба тирамоҳ чун ба вакте ишора мекарданд, ки ҳодисаҳои дар Китоби Мукаддас «барқароршавии адл дар кудсгоҳ», номидашуда бояд ба вукӯъ мепайвастанд. Дар партави тимсолҳои иҷрошуда, ки ба маротибаи якум омадани Масеҳ дахл доштанд, ин масъала боз ҳам аниқтар ва равшантар гардид. MБУБ 421.2
Қурбонкунии барраи фисҳ тимсоли марги Масеҳ буд. Ҳавворӣ Павлус мегӯяд: «Зеро ки Фисҳи мо Масеҳ, барои мо забҳ шудааст» (1 Қӯринтиён 5:7). Дарзаи ҷунбондани меваҳои аввалин, ки ба Худованд ҳадия карда мешуд, тимсоли эҳёшавии Масеҳ буд. Ҳавворӣ Павлус дар бораи эҳёи Масеҳ ва хамаи қавми Ӯ сухан гуфта, навишта буд: «Аввал Масеҳ, баъд онҳое ки аз они Масеҳанд дар вақти омадани Ӯ» (1 Қӯринтиён 15:23). Ба монанди дарзаи чунбонданӣ, ки аз хӯшахои аввалину пухтарасидаи пеш аз ҷамъоварии ҳосил басташуда иборат буд, Масеҳ дар миёни ҳосили ҷовидонаи фидиягузоришудагон аввалин мебошад, ки ҳангоми эҳёшавии порсоён дар назди Худо ҷамъ оварда мешаванд. MБУБ 421.3
Ин тимсолҳо на танхо дар асл, балки дар вакт низ иҷро шуданд. Дар рӯзи чордаҳуми моҳи якуми яҳудӣ, худи ҳамон моҳе ки дар давоми понздаҳ садсолаи дуру дароз барраи фисҳ қурбон карда мешуд, Масеҳ бо ҳамроҳии шогирдони Худ зиёфати фисҳро хӯрда, ҳамин тавр Шоми Худро мукдррар намуд, ки бояд барои хотираи марги Ӯ «чун Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад» ба ҷо оварда шавад. Дар худи ҳамон шаб Ӯ аз ҷониби одамони гунаҳгор дастгир ва дар салиб маслуб карда, кушта шуд. Ва Масеҳи мо чун тимсоли дарзаи ҷунбонданӣ дар рӯзи сеюм аз мурдаҳо эҳё шуд, чун «нахустзода аз мурдагон», чун навбари ҳамаи порсоёни эҳёшуда, ки «ҷисмҳои залил»-и онҳо «ба шабоҳати ҷисми ҷалили У» дигаргун мешаванд. (Филиппиён 3:20,21). MБУБ 421.4
Айнан ҳамин тавр дар замони худ бояд тимсолҳои хизмати рамзие амалӣ мегаштанд, ки ба Дуюмбора омадани Масеҳ дахл доштанд. Мувофиқи шариати Мусо, барқароршавии адл дар қудсгоҳ (тозашавии қудсгоҳ), ё Рӯзи бузурги фидиягузорӣ, дар рӯзи даҳуми моҳи ҳафтуми яҳудӣ ба амал меомад (ниг. Ибодаг 16:29-34), вақте ки саркоҳин барои тамоми кавми Исроил кафорат металабид ва қудсгоҳро аз гуноҳи яҳудиён тоза намуда, ба назди халқ мебаромад ва онро баракат медод. Ба монанди ин, миллеритҳо бовар мекарданд, ки Масеҳ низ чун Саркоҳини бузург барои нест кардани гуноҳ ва гунаҳгорон бармегардад ва заминро тоза намуда ба қавми Худ ҳадияи пурбаракати ҳаёти ҷовидонаро медиҳад. Рӯзи даҳуми моҳи ҳафтум Рӯзи бузурги фидиягзорӣ, замони поксозии кудсгоҳ буд. Соли 1844 ин рӯз ба 22 октябр рост меомад. Ва дар ҳамин рӯз омадани Масеҳ дар назар дошта шуда буд. Ин ба ҳисобкуниҳои пеш иҷрошуда, ки мувофиқи онҳо давраи 2300 рӯз бояд тирамоҳ анҷом ёбад, мувофиқат мекард. Хулоса баҳснопазир менамуд. MБУБ 422.1
Дар масал аз боби 25-уми Инҷили Матто пешопеши омадани домод вақти интизорӣ ва хоб меояд. Ин низ ба пешгӯихо ва тимсолҳои Аҳди Қадим мувофиқат мекунад. Имондорон ба ҳаққонӣ будани далелҳои худ боварии комил доштанд, ва «овозе дар нисфи шаб» аз ҷониби ҳазорон муждарасонхо мавъиза карда мешуд. MБУБ 422.2
Ин ҳаракат ба монанди мавҷи бузург дар тамоми мамлакат паҳн шуд. Ин муждаро аз шаҳр ба шаҳр, аз деҳ ба деҳ паҳн намуда, ба гӯшаҳои дурдасти мамлакат мерасонданд, то замоне ки ҳамаи қавми Худованд барои вохӯрӣ бо Ӯ бедор шуд. Дар назди қувваи ин нур ҳама гуна нишонаҳои таассубкорӣ, ба монанди он ки дар зери таъсири шуоъҳои офтоби тулӯъкунанда хунукии субҳ қафо менишинад, нест шуданд. Шубҳаҳо ва парешонӣ пароканда шуданд, умеду далерӣ қалбҳои имондоронро мунаввар гардонданд. Ба ифротҳое роҳ надодан муяссар гашт, ки ҳамеша дар он ҷое пайдо мешавад, ки одамон бе таъсири нигоҳдорандаи Калом ва Рӯхи Худованд амал мекунанд. Ҳама чиз он замонҳои фурӯтанӣ ва ба назди Худо баргаштанро, он замонҳоеро ба хотир меовард, ки Исроил қадима дар зери таъсири баромадҳои фошсозандаи пайғамбарони Худо аз cap мегузаронд. Ин он чизе аст, ки дар дилхоҳ замон барои кори Худо хос аст. Ҳеҷ кас ба хурсандии ҷунунӣ дода намешуд, одамон ба умқи қалбҳои худ назар андохта ва аз гуноҳҳои худ омурзиш хоста, муносибатҳои худро бо ин ҷаҳон қатъ мекарданд. Худро барои вохӯрӣ бо Худованд тайёр намуда, онҳо ба даргоҳи Худо дуоҳои боғайратона мегуфтанд ва худро комилан ба Ӯ мебахшиданд. MБУБ 422.3
Миллер ҳодисаҳои рӯйдиҳандаро тасвир намуда, навишта буд: «Ба назар чунин менамуд, ки одамон қасдан шодии зиёд намекунанд ва онро махсус барои оянда, вақте ки тамоми осмону замин бо шодии баённашаванда ва бошараф, якҷоя шодӣ мекунанд, нигоҳ медоранд. Нидоҳои баланд шунида намешаванд - зеро ки ҳама садои фариштаи муқаррабро аз осмон интизоранд. Сарояндагон хомӯшанд - ба назар чунин менамуд, ки онҳо низ лаҳзаеро интизоранд, ки метавонанд бо як суруд дар якҷоягӣ бо лашкари фариштагон ва дастаи сарояндагони осмонӣ ҳамовоз шаванд... Ҳеҷ кас ҳиссиётҳои бо ҳам зидро баён намекунад, зеро ки ҳама як калб ва як ақл доранд»330Блисс, саҳ. 270, 271.. MБУБ 423.1
Ана чӣ навишта буд шоҳиди дигар: «Ин ҳаракат дар ҳама ҷо тафтиши амиқи қалбҳо ва фурӯтаниро дар назди Худои Таоло ба миён овард. Алоқа бо ҷаҳон заиф шуд, мухолифатҳо ва душманӣ аз байн бардошта шуданд, барои гуноҳҳо тавба мепурсиданд, ва ҳама бо тавбаи самимӣ дар назди Худо ба зону зада омурзиш ва қабул карданро илтиҷо мекарданд. Чунин фурӯтанӣ ва тавбакуниро ҷаҳон ҳанӯз надида буд. Чӣ тавре ки ба воситаи пайғамбар Юил пешгӯӣ шуда буд, наздикшавии рӯзи бузурги Худо одамонро на барои чок кардани либосҳои худ, балки барои чок кардани қалбҳои худ ва дар рӯза, бо гиря ва навҳа ба Худ рӯ овардан бедор намуд. Рӯҳи марҳамат ва файз ба фарзандони Ӯ фурӯ рехт, чӣ тавре ки Худованд ба во- ситаи пайғамбар Закарё гуфта буд: « ... ва онҳо ба Он ки Ӯро найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт, ... барои Ӯ навҳа хоҳанд кард», ва онҳое ки Масеҳро интизор буданд қалбҳои худро дар назди Ӯ фурӯтан намуданд»331Блисс, «Сипари адвентистӣ ва шарҳ», ҷилди 1, саҳ. 271, январисоли 1845.. MБУБ 423.2
Аз ҳамаи ҳаракатҳои бузурги динӣ, аз давраи ҳаввориён cap карда, ягонтоаш чун ҳаракати тирамоҳии соли 1844 аз номукаммалии инсонӣ ва васвасаҳои шайтанӣ ин қадар озод набуд. Ҳатто имрӯз низ, бо гузашти солҳои зиёд ҳамаи нафароне, ки дар ин кор иштирок карда буданд ва ба ҳақиқат боварии қатъӣ доштанд, ҳоло хам таъсири мукаддаси ин ҳаракати бобаракатро эҳсос мекунанд ва аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин ҳаракат аз ҷониби Худованд буд. MБУБ 424.1
Вақте ки овози нимишабӣ баланд шуд: «Инак, домод меояд, ба пешвози вай берун оед», нафароне ки мунтазир буданд «бархоста, чароғҳои худро тайёр карданд»; онҳо Каломи Худоро бо ҷидду чаҳди бемисл меомӯхтанд. Аз осмон фариштагон фиристода шуданд, то ки ноумедгаштагонро рӯҳбаланд гардонанд ва онҳоро барои қабул намудани мужда тайёр намоянд. Кор на бо хирад ва донишмандии инсонӣ, балки бо кувваи Худо пеш мерафт. Аввалин шуда муждаро на донишмандон ва соҳибистеъдохдо, балки шахсиятҳои аз ҳама фурӯтану содиқ шуниданд ва қабул карданд. Заминдорон дар киштзорҳо гандуми ҷамънашуда ва косибон - асбобу олотҳои худро гузошта бо ашкҳои шодӣ ба киштзорҳои Худо барои мавъизаи муждаи огоҳсозӣ қадам мезаданд. Ва онҳое ки пеш ба кори Худо роҳбарӣ мекарданд, яке аз охиринҳо шуда ба ин ҳаракат ҳамроҳ шуданд. Калисоҳо умуман дарҳои худро барои ин мужда мепӯшиданд, онҳое ки ин муждаро қабул мекарданд аз калисоҳои худ мебаромаданд. Хости Рӯҳи пешбинандаи Худо буд, то ки «овозе дар нисфи шаб» бо муждаи фариштаи дуюм ҳамоҳанг гардида, ба он нерӯи боз ҳам зиёд бахшад. MБУБ 424.2
Муждаи «инак, домод меояд», далелҳоро талаб намекард, барои он ки дар шаҳодати равшану аниқи Китоби Муқаддас асос меёфт. Ин суханон бар рӯҳи одамон қудрати махсус доштанд. Ба шубҳаҳо ва норавшаниҳо ҷой намедоданд. Ҳднгоми воридшавии ботантанаи Масеҳ ба Ерусалим одамоне, ки аз тамоми гӯшаю канори мамлакат дар он ҷо ҷамъ омада буданд, ҷониби кӯҳи Зайтун раҳсипор шуданд ва ба издиҳоми Масеҳро ҳамроҳикунанда пайваста, ҳамаи тантананокии ин ҳодисаро эҳсос намуда, ба фарёди: «Муборак аст он ки ба исми Худованд меояд» ҳамовоз шуданд. Ба ҳамин монанд ба ҳаракати адвентистӣ беимонҳо ҳамроҳ мещуданд - якеҳо аз рӯи мароқ, дигарон барои ҳазл: вале ҳамаи онҳо дар худ қувваи бартарафнашавандаи муждаи: «Инак, домод меояд»-ро ҳис мекарданд. MБУБ 424.3
Дар он замон одамон чунон имони устувор доштанд, ки ба онҳо имконияти ба дуо ҷавоб гирифтанро медод, - имоне ки бе мукофот намемонад. Ба монанди борони ба замини хушкшуда афтанда, Рӯҳи файз ба калбҳои нафароне фурӯд омад, ки ташнаи қабули ҳақиқат буданд. Онҳое ки умед доштанд ба зудӣ бо Наҷотдиҳандаи худ рӯ ба рӯ вохӯранд, хурсандии баённашавандаро эҳсос мекарданд. Қувваи нармкунанда ва мутеъсозандаи Рӯҳулкудс қалбҳоро об мекард, ва баракатҳои Ӯ ба сари пайравони самимии ҳақиқат саховатмандона фурӯ мерехтанд. MБУБ 425.1
Нафароне, ки ин муждаро боэҳтиромона қабул карданд, ҷиддан тайёрӣ дида, ба он замоне наздик мешуданд, ки умеди дидори Масеҳро доштанд. Ҳар пагоҳӣ боварӣ ҳосил намуданро ба он, ки Худо онҳоро қабул намудааст. вазифаи аввалиндараҷаи худ мешумориданд. Дар ягонагии комил барои якдигар дуо мегуфтанд. Барои ба Худо дуо гуфтан аксар вақт дар хилватгоҳҳо бо ҳам ҷамъ меомаданд, ва аз миёни майдонҳо ва бешазорҳо ба даргоҳи Худо дуоҳои шафоатгарона равон мекарданд. Писандидаи Наҷотдиҳанда будан барои онҳо назар ба ризқу рӯзӣ бештар лозим буд, ва агар ягон чизе қалбҳои онҳоро сиёҳ мекард, онҳо ором шуда наметавонистанд, то замоне ки дар қалбхои онҳо осоиштагӣ ҳукмрон мегашт. Дар худ таъсири файзи ҳамабахшандаро эҳсос намуда, ташнаи дидори Оне буданд, ки сахт дӯсташ медоштанд. MБУБ 425.2
Ва боз онҳоро ноумедӣ интизор буд. Вақти нишондодашуда гузашт, вале Наҷотдиҳанда наомад. Бо умеди устувор Ӯро интизор буданд, ва акнун дар ҳамон ҳолате қарор доштанд, ки як замон Марям қарор дошт, вақте ки ба назди қабр омад ва онро холӣ ёфта, бо гиря нидо кард: «Худованди маро бурдаанд, ва намедонам, ки Ӯро куҷо гузоштаанд» (Юҳаино 20:13). MБУБ 425.3
Ҳисси эҳтиром ва тарс аз он ки ин мужда метавонад ҳакиқат бошад, беимонҳоро як муддат нигоҳ дошт. Вақте ки замони муайяншуда гузашт, ин ҳиссиётхо аз вуҷуди онҳо дарҳол дур нашуданд. Дар оғоз онҳо ҷуръат намекарданд бар ноумедии нафароне, ки Масеҳро мунтазир буданд, ошкоро тантана кунанд. Лекин вақте ки ҳеҷ гуна нишонаҳои ғазаби Худо ошкор нашуданд, тарси онҳо аз миён рафт ва ба масхара ва таҳқиркунии фарзандони самимии Худованд оғоз намуданд. Шумораи зиёди одамоне ки начандон пеш изҳор мекарданд, ки ба наздик будани бозгашти Масеҳ боварӣ доранд, аз имони худ даст кашиданд. Нафарони аз ҳама худбовар дар ҳавобаландии худ ончунон таҳкиршуда буданд, ки аз ин ҷаҳон фирор кардан мехостанд. Ба монанди пайғамбар Юнус онҳо низ Худовандро гунаҳгор ҳисобида, маргро аз зиндагӣ афзалтар мешумориданд. Онҳое ки имонашон на дар Каломи Худо, балки дар ақидаҳои дигарон асос ёфта буд, акнун тайёр буданд боз фикрҳои худро дигар кунанд. Куфргӯяндагон одамони дар имон заиф ва тарсончакро ба худ ҷалб мекарданд ва ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ тасдиқ мекарданд, ки акнун аз ҳеҷ кас набояд тарсид, ва ҳеҷ касро набояд интизор шуд. Вакт гузашт, Масеҳ наомад ва ҷаҳон боз ҳазор соли дигар ҳамон тавре мемонад, ки пеш буд. MБУБ 426.1
Одамоне, ки ҷиддӣ буданд ва имони самими доштанд ҳама чизро ба исми Масеҳ қурбон карданд ва ҳузури Ӯро бештар зҳсос намуданд. Бо фикри он ки ба ҷаҳон огоҳии охиринро хабар доданд ва умеди ба наздикӣ бо Масеҳ ва фариштаҳои муқаддас вохӯрданро намуда, онҳо кӯшиш мекарданд аз ҷамъияти нафароне дурӣ ҷӯянд, ки ин муждаро қабул накарда буданд. Онҳо бо тамоми дил дуо мегуфтанд: «Биё, эй Исои Худованд!» Вале Ӯ наомад. Акнун ба дӯши худ бори вазнини ғаму ташвиш ва мушкилиҳоро гирифтан, сарзанишҳо, масхараҳо ва таҳқири ҷаҳонро аз cap гузарондан лозим буд. Имон ва сабри онҳо дар ҳақиқат ба санҷиши даҳшатовар гирифтор шуданд. MБУБ 426.2
Лекин ин ноумеди он қадар бузург набуд, чуноне ки шогирдон дар замони маротибаи якум омадани Масеҳ аз cap гузаронида буданд. Вақте ки Исо ба Ерусалим бо тантана ворид шуд, пайравонаш боварӣ доштанд, ки Ӯ ба тахти Довуд менишинад ва Исроилро аз истилогарон озод мекунад. Пур аз умедҳои мағрурона ва интизориҳои хушнудона, онҳо ба ҳамдигар навбат надода кӯшиш мекарданд ба Подшоҳи худ иззату эҳтиромҳои гуногунро нишон диҳанд. Бисёриҳо ба ҷои қолин дар назди Ӯ либосҳои худро чун пойандоз мепартофтанд, дигарон шохаҳои нахлро афшонда салом медоданд. Одамони хушнуд хурсандона нидо мекарданд: «Ҳӯшаъно ба Писари Довуд!» Вақте ки фарисиёни ба ғазаб ва ба ташвиш омада аз Исо талаб намуданд, ки ба шогирдони Xуд хомӯш монданро aмp диҳад, Ӯ муқобил баромад: «Ба шумо мегӯям, ки агар онҳо хомӯш монанд, сангҳо нидо хоҳанд кард» (Луқо 19:40). Пешгӯии пайғамбарона бояд иҷро мешуд. Шогирдон мувофики хости Худованд амал карданд, лекин бо вуҷуди ин онҳоро ноумедии талх интизор буд. Ҳамагӣ якчанд рӯз гузашт ва онҳо шоҳиди марги пуразоби Наҷотдиҳанда ва дафни Ӯ гаштанд. Ягон умеду орзуи хоксоронаи онҳоро қисмати амалишавӣ набуд ва интизориҳои онҳо якҷоя бо Масеҳ фавтиданд. Танҳо баъди он ки Масеҳ ғолибона аз қабр берун омад, онҳо дарк намуданд, ки ҳамаи он чи ба амал омад, дар пешгӯиҳои пайғамбарона пешгӯӣ шуда буд ва «...лозим буд Масеҳ азобу уқубат кашад ва аз мурдагон эҳё шавад» (Аъмол 17:3). MБУБ 427.1
500 сол пеш аз ин Худованд бо воситаи пайғамбар Закарё гуфта буд: «Бағоят ба вачд ой, эй духтари Сион! Нидоҳои шодӣ бидеҳ, эй духтари Ерусалим! Инак, Подшоҳи ту назди ту меояд, ки одил ва соҳиби наҷот ва ҳалим аст, ва бар харе. бар курраи бачаи модахар савор аст» (Закарё 9:9). Агар шогирдон пешакӣ медонистанд, ки Исо ба доварӣ ва ба марг меравад, он гоҳ онҳо қудрати иҷро намудани ин пешгӯии пайғамбаронаро намедоштанд. MБУБ 427.2
Ҳдмчунин Миллер ва ҳамфикрони ӯ низ пешгӯии пайғамбаронаро иҷро карданд ва муждаи ба ҷаҳон таъиншудаи дар Каломи Худо ҷой доштаро мавъиза намуданд. Лекин агар онҳо ба таври пурра пешгӯии пайғамбаронаеро, ки дар он дар бораи ноумедии онҳоро интизорбуда сухан мерафт, ва дар баробари ин муждаи дигаре низ ҷой дошт, ки ба ҳамаи халқҳо пеш аз Дуюмбора омадани Масеҳ мавъиза карда мешавад, мефаҳмиданд, он гоҳ ин корро иҷро карда наметавонистанд. Муждахои фариштаи якум ва дуюм дар вақти лозимӣ мавъиза карда шуданд ва вазифаи аз ҷониби Худованд ба онхо муайяншударо иҷро карданд. MБУБ 427.3
Ҷаҳон ин ҳаракатро назорат намуда, андеша мекард, ки агар вақт гузашта бошаду Масеҳ пайдо нашуд, он гоҳ таълимоти динии адвентистҳо мавчудияти худро қатъ мекунад. Гарчанде ки бисёриҳо ба васвасаҳои вазнин тоб наоварда аз имони худ даст кашиданд, бо вуҷуди ин дигарон устувор монданд. Меваҳои намоёни ҳаракати адвентистӣ: рӯҳи фурӯтанӣ, майл ба худтаҳлилкунӣ, дасткашӣ аз ҷаҳон ва дигаргунии қатъии зиндагӣ - ба таври возеҳу равшан дар бораи аз ҷониби Худованд будани ин мужда шаҳодат медоданд. Магар онҳо метавонистанд инкор кунанд, ки маҳз кувваи Рӯҳулқудс онхоро ба мавъиза намудани муждаи Дуюмбора омадани Масеҳ водор намудааст? Магар онҳо метавонистанд ҳисобкунии даврахои пешгӯиҳои пайғамбаронаро хато шуморанд? Ба душманони аз ҳама моҳиру хушзеҳни онҳо рад намудани системаи тафсири пешгӯиҳои пайғамбаронаро муяссар нашуд. Аз Китоби Мукаддас далел надошта, онҳо аз асосҳои таълимоти динии худ даст кашида наметавонистанд. зеро ин таълимот бо роҳи дуогӯихои ҷидцӣ ва омӯзиши боэҳтиромонаи Китоби Муқаддас аз ҷониби одамоне тартиб дода шуда буд, ки ақлҳои онҳоро Рӯҳи Худо маърифатнок гардонд ва қалбҳояшонро муҳаббати гарми Ӯ роҳнамоӣ мекард. Магар онҳо метавонистанд аз он ҳақиқате ки сахтарин танқид, нафрати сангдилонаи муаллимони дин ва файласуфони машҳурро бардошт намуд ва ба ҳамлаҳои радкунандаи донишмандон, сарзанишҳои суханпардозона, масхара ва таҳқирҳое ки тамоми табақаҳои ҷамъият ба сари адвентистҳо мерехтанд нигоҳ на карда ба мисли пешина устувор монд, даст кашанд? MБУБ 428.1
Дар ҳақиқат, ҳодисае ки интизораш буданд, ба вуқӯъ напайваст, лекин ин наметавонист имони онҳоро ба Каломи Худо заиф гардонад. Пайғамбар Юнус дар кӯчаҳои Нинве эълон кард, ки баъди 40 рӯз шаҳр вайрон карда мешавад, ва Худованд ба дигаргунии дар зиндагии сокинони Нинве рӯйдода таваҷҷӯҳ намуда, мӯҳлати санҷишро дароз кард; бо вуҷуди ин мавъизаи Юнус аз ҷониби Худо буд ва шаҳр ба санҷиш гирифтор карда шуд. Адвентистҳо боварӣ доштанд, ки Худованд айнан ҳамин тавр аз доварӣ огоҳ намудани ҷаҳонро ба онҳо амр фармудааст. «Ин мужда, - мегуфтанд онҳо қалбҳои нафаронеро санҷид, ки онро шуниданд ва дар баъзеҳо хоҳиши истиқбол намудани Масеҳро бедор намуд, дар дигарон бошад нафрати каму зиёдеро ба миён овард, ки Худо онро мебинад...» Ин мужда одамонро ба ду гурӯҳ ҷудо кард, то ки онҳо ба қалбҳои худ назар андохта дониста тавонанд, ки агар Масеҳ дар вақти муайяншуда меомад, онҳо дар сафи кӣ қарор мегирифтанд; оё онҳо тайёранд дар рӯзи омадани Ӯ нидо кунанд: «Инак, Худои мо, ки мо ба Ӯ умед бастаем, ва Ӯ моро наҷот дод». Ё ин ки ба кӯҳҳо ва сангҳо мегӯянд, то ки бар сарашон фуpӯ рехта, онҳоро аз ғазаби Барра пинҳон кунанд. Ҳдмин тавр, чуноне ки мо фикр мекунем, Худованд қавми Худро санҷид; Ӯ имони онҳоро санҷид то бубинад, ки оё дар лаҳзаи санҷиш онҳо дар он таҳкурсие ҷой мегиранд, ки Ӯ онҳоро дар он ҷой додан мехоҳад; оё барои аз ин дунё даст кашидан ва ба таври пурра ба Каломи Ӯ бовар кардан тайёр мешаванд»332«Ахборотномаи адвентистӣ ва нишонаҳои замон», ҷилди 8, № 14, 13 ноябри соли 1844.. MБУБ 429.1
Ҳиссиётҳои он нафаронеро, ки ба мисли пешина боварӣ доштанд, ки ҳамааш бо хости Худо ба амал омад, Уилям Миллер хеле хуб баён намудааст: «Агар ба ман бо он далелҳое, ки пеш доштам аз нав зиндагӣ кардан лозим ояд, он гоҳ чун марди дар назди Худо ва одамон поквиҷдон боз ба он роҳе меравам, ки онро тай кардам». «Ман боварӣ дорам, ки хуни ҳеҷ нафаре ба гардани ман нест. Ҳама чизи имконпазирро иҷро кардам, то ки дар маҳкумкунии ҳеҷ як нафаре гунаҳгор нашавам. Гарчанде ки ман ду маротиба ноумедиро аз cap гузарондам, - менависад ин марди Худо, - ман ҳоло пурра мағлуб нашудаам... имони ман ба мисли пешина ба омадани Масеҳ устувор аст. Ман танҳо он кореро иҷро кардам, ки баъди солҳои зиёди андешарониҳои ҷиддӣ қарзи худ мешуморидам. Агар ман хато карда бошам, танҳо аз барои он ки наздикони худро дӯст медорам ва мехостам қарзи худро дар назди Худо ба ҷо биёрам». «Ман як чизро аниқ медонам — ман танҳо он чизеро мавъиза кардаам, ки худ ба он самимона боварӣ доштам, ва Худо бо ман буд; қувваи Ӯ дар заҳматҳои ман зоҳир мегашт ва бо ҳамин роҳ корҳои неки зиёде амалӣ шудаанд. Ҳазорон одамон ба шарофати мавъизаҳои замонавии мо ба омӯзиши Китоби Муқаддас шурӯъ намуданд ва ба воситаи имон ба Хуни поккунандаи Масеҳ бо Худо оштӣ шуданд. Ман ҳеҷ гоҳ хайрхоҳии одамони машҳурро пайгирӣ накардаам, ва ҳеҷ гоҳ ба нафрати ҷаҳон таслим нашудаам. Ва акнун кӯшиши ба даст овардани ҳусни таваҷҷӯҳи онҳоро намекунам ва ба қарзи худ устувор мемонам, ҳатго агар ин бадбинии онҳоро ба миён биёрад. Ман ба ҳаёти худ намечаспам ва умед дорам ба ларза намеоям агар хости Худо бошад, ки онро аз даст бидиҳам»333Ҷеймс Уайт, «Ҳаёти Уилям Миллер», саҳ. 315.. MБУБ 429.2
Худованд қавми Худро тарк накард; Рӯҳи Ӯ ба мисли пешина бо нафароне буд, ки аз нури ба даст оварда шитобкорона рӯ нагардонданд ва ҳаракати адвентистиро таҳқир намекарданд. Дар Нома ба Ибриён суханони рӯҳбаландкунанда ва огоҳсозанда барои онҳое навишта шудаанд, ки дар он замони мушкил азият мекашиданд: «Пас умеди худро тарк накунед, ки мукофоти бузурге ба он тааллуқ дорад. Зеро шуморо сабр лозим аст, то ки иродаи Худоро иҷро намуда, ваъдаро ба даст оваред; зеро ки баъд аз андаке он Оянда (Масеҳ), хоҳад омад ва дер нахоҳад кард. Парҳезгор бо имон хоҳад зист; ва агар рӯй гардонад, ҷони Ман ба вай таваҷҷӯх нахоҳад кард. Вале мо аз онҳо нестем, ки бармегарданд ва ба ҳалокат мерасанд, балки аз имондоронем, ки наҷот меёбанд» (Ибриён 10:35-39). MБУБ 430.1
Аз суханон дар бораи наздик будани Дуюмбора омадани Масеҳ маълум аст, ки ин панддиҳӣ ба Калисои замонҳои охир равона шудааст: «Зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва дер нахоҳад кард». Дар ин ҷо дар бораи дермонии ба назар менамудагӣ ва дар бораи он, ки Худованд ба наздикӣ намеояд равшан сухан гуфта шудааст. Ин суханон ба таври махсус бо таҷрибаи адвентистҳо ҳамоҳанганд. Қавмеро, ки ин суханон ба он равона шудаанд, хатари ҳалокат дар имон тахдид мекард. Онҳо хости Худоро иҷро намуда ба нишондодҳои Каломи Ӯ ва роҳнамоии Рӯҳулқудс пайравӣ намуданд, бо вучуди ин мақсадҳои Ӯро оиди санҷишҳое ки ба онҳо гирифтор шуда буданд, фаҳмида натавонистанд; онҳо фаҳмида наметавонистанд, ки барои чӣ Худо онҳоро бо ин роҳ бурд, ва нисбати он ки оё дар ҳақиқат онҳоро Худо роҳнамоӣ мекунад, ба шубҳа афтоданд. Ба ин замон суханони зерин ба таври махсус мувофиқат мекарданд: «Парҳезгор бо имон хоҳад зист». Вақте ки нури дурахшони «овозе дар нисфи шаб» роҳашонро равшан гардонд, онҳо пешгӯиҳои пайғамбаронаро кушодашуда диданд, аломатҳои зуд иҷрошаванда дар бораи наздик будани омадани Масеҳ сухан мегуфтанд; онҳо гӯё ки дар нури ҳисшаванда роҳ мерафтанд. Лекин акнун дар зери бори ноумедӣ ва дилхунукӣ танҳо бо имон ба Худо ва Каломи Ӯ истодагарӣ карда метавонистанд. Ҷаҳони таҳқиркунанда мегуфт: «Шуморо фиреб доданд; аз имони худ рӯй гардонед ва бигӯед, ки ҳаракати адвентистӣ аз шайтон аст». Лекин Каломи Худо тасдиқ мекард: «... ва агар касе рӯй гардонад, ҷони Ман ба вай таваҷҷӯҳ нахоҳад кард». Акнун аз имон рӯй гардондан, рад намудани қувваи Рӯҳулқудс, ки ин муждаро роҳнамоӣ мекард, маънои маслакфурӯшӣ ва маргро дошт. Суханони ҳавворӣ Павлус: «Пас умеди худро тарк накунед, ки мукофоти бузурге ба он тааллуқ дорад... зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва дер нахоҳад кард» матонати онҳоро устувор гардонданд. Онҳо бояд бо ягона роҳи ҳақ қадам мезаданд, нури боре аз Худо гирифтаро эҳтиёт мекарданд. ба ваъдаҳои Ӯ устуворона бовар менамуданд ва омӯзиши Китоби Муқаддасро босаброна ва боҳушёрӣ давом медоданд, то ки нури навро ба даст биёранд. MБУБ 430.2