Go to full page →

Боби 27. - МАЪРИФА ГНОКШАВИИ ДИНӢ ДАР ЗАМОНИ МО MБУБ 487

Дар ҳама ҷое ки Каломи Худо софдилона мавъиза карда мешуд, мевае меовард, ки аз асли Илоҳӣ доштани он шаҳодат медоданд. Рӯҳи Худо кори бандагони Худовандро ҳамроҳӣ мекард, ва сухани онҳо боқудрат буд. Гунаҳкорон бедор мешуданд. «Нуре... ки ҳар одами ба ин ҷаҳон меомадаро, мунаввар мегардонад», ҳар як гӯшаи қалбро равшан мегардонд ва « ҳамаи чизҳои махфӣ ошкор мешуданд». Пушаймонии амиқ ақлҳо ва калбҳои онҳоро фаро гирифта буд. Онҳо ба ҳақикатҳо оиди гуноҳ, порсоӣ ва доварии оянда муътақид буданд. Дар шуури онҳо дарки покии Воҷибулвуҷуд пайдо шуд, ва танҳо аз андешаи он ки дар ҳоли гунаҳгорӣ ва нопокии худ дар назди Санҷишкунандаи қалбҳо ҳозир мешаванд, ба даҳшат меомаданд. Ва бо дардҳои ҷонкоҳ онҳо мепурсиданд: «Кӣ маро аз ҷисми гирифтори марг раҳоӣ медиҳад?». Бо андозаи он ки дар пеши назари онҳо тамоми бузургии Ҷолҷолто бо Қурбонии беинтиҳои барои гуноҳҳои одамон овардашуда, ошкор мешуданд, онҳо дарк мекарданд: ҳеҷ чиз, ғайр аз хизматҳои Масеҳ, наметавонад гунохҳои онхоро нест кунад ва онҳоро бо Худо оштӣ диҳад. Барраи Худоро, ки гуноҳи ҷаҳонро ба дӯши Худ мегирад, бо имон ва фурӯтанӣ қабул карданд ва ба василаи Хуни Масеҳ «омурзиши гуноҳҳоро ба даст оварданд». MБУБ 487.1

Ин одамон «самаре оварданд, ки сазовори тавба» аст. Онҳо имон оварданд, таъмид гирифтанд ва барои ҳаёти нав, чун махлуқи нав дар Исои Масеҳ аз об берун омаданд, то ки ҳеҷ гоҳ дигар аз рӯи «ҳавасҳои пешина», рафтор накунанд, балки бо имон ба Исои Масеҳ Ӯро пайравӣ намуда, хислати Ӯро инъикос намоянд ва кӯшиши ба даст овардани чунин поксириштии Илоҳиро кунанд. Акнун нисбати он чи ки пеш дӯст медоштанд, нафрат пайдо карданд, ва он чиро ки пеш аз он наф- рат мекарданд, дӯст доштанд. Одамони гарданшаху худбовар ба шахсони нармдилу хоксор; ҳавобаландон ва мағрурон - ба фурӯтанҳо ва ҷиддиҳо; бадахлоқон - ба парҳезгорон; майзадаҳо - ба ҳушёрҳо, фосиқон - ба одамони покахлоқ табдил ёфтанд. Барои онҳое ки Худоро шинохтанд, « на ороиши зоҳирӣ: гесӯ бофтан, зевари тилло ё либосҳои зебо пӯшидан» чизи асосӣ ҳисобида мешуд. Барои онҳо одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост» - намуна буд (1 Петрус 3: 3,4). MБУБ 487.2

Маърифатнокшавии фарорасида одамонро ба тафтиш намудани қалбҳои худ ва фурӯтан гаштан маҷбур намуд. Даъватҳои пуртантанатарин ва ҷиддитарин ба гунаҳгорон равона карда шуда буданд, ба онҳое ки Масеҳ Хуни Худро барояшон рехтааст. Мардону занон дуо мегуфтанд ва бо Худо якҷоя барои наҷоти одамон мубориза 1мебурданд. Натиҷаҳои ин маърифатнокшавӣ дар қалбҳои одамоне дида мешуданд, ки ба худфидокунӣ тайёр буданд ва ба хотири Масеҳ аз cap гузарондани таҳкирҳо ва санҷишҳоро хушбахтӣ мешумориданд. Тағйиротҳои ҳайратангезро, ки дар зиндагии пайравони Масеҳ рӯй дода буданд, ҳама диданд. Ин одамон ба ҷамъият таъсири файзбахш мерасонданд. Онҳо бо Масеҳ ҷамъ меоварданд ва дар Рӯҳ мекоштанд, то ки меваҳои ҳаёти ҷовидонаро ба даст биёранд. MБУБ 488.1

Дар бораи онҳо чунин гуфтан мумкин буд: «Ғами шумо боиси тавба гардидааст». «Зеро ғам аз барои Худо тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дунявӣ маргро ба амал меоварад. Зеро бубинед, ки ғам аз барои Худо чӣ гуна ҷидду ҷахдро, чӣ гуна узрхоҳиро, чӣ гуна тарсро, чӣ гуна рашкро, чӣ гуна қасосро дар шумо ба амал овард! Ва дар ҳамааш шумо нишон додед, ки дар ин кор пок ҳастед» (2 Қӯринтиён 7: -11). MБУБ 488.2

Ин натиҷаи амали Руҳи Худо буд. Танҳо тағйиротҳои дар зиндагӣ ба амал омада аз тавбаи ҳақиқӣ шаҳодат медиҳанд. Агар шахси гунаҳгор гарави гирифтаро баргардонад, чизи дуздидаро диҳад, гуноҳҳои худро иқрор шавад ва ба дӯст до- штани Худо ва наздикони худ шурӯъ кунад, он гоҳ ӯ метавонад боварӣ дошта бошад, ки бо Худо оштӣ шудааст. Чунин буданд натиҷаҳои маърифатнокшавии динӣ дар солҳои пешина. Аз рӯи самари баракатёфтаи онҳо маълум аст, ки онҳо аз ҷониби Худо барои наҷотдиҳии одамон ва баланд бардоштани тамоми насли инсоният таъйин шуда буданд. MБУБ 488.3

Лекин бисёр ҳаракатҳои маърифатнокшавии ба ин монанд дар замони мо аз он зоҳиршавиҳои файзи Илоҳӣ, ки дар гузашта заҳматҳои мардони Худоро ҳамроҳӣ мекарданд, сахт фарқ мекунанд. Дуруст аст, ки шавқу завқи умумӣ бедор мешавад, бисёриҳо имон меоранд ва калисоҳо пур мешаванд, бо вуҷуди ин наметавон гуфт, ки рушди зиндагии ҳакиқии маънавӣ ба амал меояд. Нур як муддат равшан медурахшад, вале баъд хомӯш мегардад, ва торикӣ боз ҳам ториктар мегардад. MБУБ 489.1

Маърифатнокшавии динӣ бениҳоят зуд-зуд бо роҳи муроҷиат ба тасаввурот ва эҳсосот, бо истифодаи майл ба ҳама чизи наву асроромез, ки ба одамон хос аст, ба даст оварда мешавад. Одамоне ки ба шарофати чунин фиребгариҳо имон овардаанд, ба шунидани ҳақиқати Китоби Муқаддас майли кам доранд, онхо ба шаҳодатҳои пайғамбарон ва ҳаввориён шавқ надоранд. Ва агар дар мавъизаҳо ягон чизи ҳангомаомез ҷой надошта бошад, он диққаташонро ҷалб намекунад. Ва муждае ки ба ақли солими аз шавқу рағбатҳо тиранагашта муроҷиат мекунад, аз ҷониби онҳо дастгирӣ намеёбад. Огоҳиҳои равшани Каломи Худоро. ки ба манфиатҳои ҷовидонаи онҳо алоқамандии бевосита доранд, рад мекунанд. MБУБ 489.2

Барои ҳар як шахси дар ҳақиқат имоноварда муносибат бо Худо ва абадият дар ин зиндагӣ чизи асосиро ташкил медиҳанд. Лекин дар куҷо дар калисоҳои машҳури замони мо рӯҳи худро ба Худо бахшидан ҷой дорад? Имоновардагон аз ҳавобаландӣ ва муҳаббати худ ба ҷаҳон даст намекашанд. Ҳатто баъди имон овардани худ кӯшиш намекунанд аз «ман»-и худ даст кашанд, ва бо фурӯтанӣ Масеҳи ҳалиму хоксорро пайравӣ намоянд. Дин барои худобехабарон ва шубҳакунандагон манбаи ҳазлу шӯхӣ гаштааст, зеро ки зиндагии бисёр нафароне ки масеҳӣ номида мешаванд, аз асосҳои масеҳият хеле дуранд. Қувваи парҳезгорӣ қариб аз ҳамаи калисоҳо ронда шудааст. Сайру гаштҳои фараҳбахш, ярмаркаҳо ва намоишҳои калисоӣ, бозиҳо, хонаҳои боҳашамат, намоишҳои шахсӣ - ҳамаи ин андешарониҳоро дар бораи Худо пахш мекунад. Одамон ончунон саргарми ташвишҳои зиндагӣ, заминҳо ва моликияти худ гардидаанд, ки арзишҳои ҷовидона дар назари онҳо ночиз, хурд ва нолозим менамоянд. MБУБ 489.3

Ба таназзули умумии имондорӣ ва худопарастӣ нигох накарда, ба ҳар ҳол дар ин калисоҳо пайравони самимии Масеҳ ҳастанд. Пеш аз он ки довариҳои охирини Худо ба замин фурӯ бирезанд, дар миёни қавми Худо чунон таҷдиди пархезгорӣ ва муқаддасӣ ба амал меояд, ки мислаш аз замони ҳаввориён набуд. Ба фарзандони Худо Рӯҳ ва кувваи Ӯ ато мешавад. Он замон бисёриҳо калисоҳоеро тарк мекунанд, ки дар онҳо муҳаббат ба ҷаҳон муҳаббат ба Худоро берун карда буд. Бисёр рӯҳониён ва одамони оддӣ бо хушнудӣ он ҳақиқатҳои бузургеро қабул мекунанд, ки дар замони мо бо хости Худо мавъиза карда мешаванд, то ки одамонро ба Дуюмбора омадани Масеҳ тайёр намоянд. Лекин душмани насли инсоният бо тамоми қувва кӯшиш мекунад ба чунин кор халал расонад: Baй кӯшиш мекунад бо пешниҳод намудани ҳаракати қалбакии худ ба пайдошавии ин ҳаракат роҳ надиҳад. Дар он калисоҳое ки ба фиреб андохтани онхо ба вай муяссар мегардад, вай таассуротеро ба миён меорад, ки гӯё аллакай баракатҳои махсуси Худо рехта шудаанд; ва ба назар чунин хоҳад намуд, ки маърифатнокшавии бузурги динӣ ба амал меояд. Бисёр одамон аз таъсири мӯъҷизаосои Худо ба калби худ хушнуд мешаванд. дар он замоне ки ин амалро тамоман дигар рӯҳ иҷро мекунад. Шайтон дар зери ниқоби диндорӣ кӯшиш мекунад таъсири худро бар тамоми ҷаҳони масехият паҳн кунад. MБУБ 490.1

Дар бисёр ҳаракатҳои диние ки дар ним асри охир пайдо шудаанд, ба андозаи каму зиёд амалҳои ҳамон куввае дида мешавад, ки худро дар ҳаракатҳои васеътари оянда нишон медиҳад. Мо мебинем, ки одамон рӯҳбаландии эхсосотиро аз cap мегузаро- нанд, хакикат бо дурӯг омехта шуда бисёриҳоро ба гумроҳӣ меандозад. Вале аз фиреб раҳоӣ ёфтан мушсин аст. Дар нури Каломи Худо муайян намудани табиати ин ҳаракатҳо он қадар мушкил нест. Мо бо боварй гуфта метавонем, ки дар он ҷое ки одамон нисбат ба Китоби Муқаддас беэҳтиромӣ мекунанд, аз ҳақиқатҳои равшан ва санҷандаи қалбҳо, ки аз манфиатҳо ва ҳаловатҳои дунявӣ даст кашиданро талаб мекунанд, рӯ мегардонанд, он ҷо баракатхои Худо ҷой надоранд. Агар қоидаи додаи Худи Масеҳро қабул кунем: «Онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт» (Матто 7:16), маълум мегардад, ки ин ҳаракатҳо аз Рӯҳи Худо нестанд. MБУБ 490.2

Худо дар ҳакиқатҳои Китоби Муқаддас Худро ба одамон ошкор намуд, ва барои ҳамаи он нафароне ки ин ҳақиқатҳоро қабул мекунанд, онҳо ба муқобили васвасаҳои шайтон сипар мегарданд. Танҳо беэҳтиромӣ нисбати ин ҳақиқатҳо дарро барои фисқу фуҷуре кушод, ки имрӯз дар ҷаҳони масеҳӣ васеъ паҳн гаштаанд. Моҳият ва маънии Шариати Худо ба андозаи зиёд аз назарҳо дур шудаанд. Тасаввуроти нодуруст оиди табиат, устуворӣ ва талаботҳои Шариати Илоҳӣ ба тасаввуроти барғалати имоноварӣ ва покшавӣ оварда расонд, ва ин аз паси худ таназзули парҳезгориро дар Калисо ба миён овард. Хузур надоштани Рӯҳ ва қувваи Худо дар ҳаракатҳои ҳозиразамон баҳри эҳёи маънавӣ бо ҳамин фахмонда мешавад. MБУБ 491.1

Одамони мазҳабҳои гуногун, ки бо парҳезгории худ машҳуранд, ин далелро эътироф намуда аз ҳодисаҳои ба амал омада истода сахт ғамгин мешаванд. Профессор Эдуард А. Парк аз хатарҳои ба дини ҳозиразамон тахдидкунанда сухан гуфта, бамаврид қайд кардааст: « Яке аз манбаъҳои хатар аз он иборат аст, ки дар миёни мо ба мавъизаи Шариати Худо аз минбар аҳамият намедиҳанд. Дар замонҳои гузашта минбар садои виҷдон буд... Баромадҳои барҷастатарин мавъизакунандагони мо бо он сабаб аз бузургии пуртантана саршор буданд, ки онҳо Устоди худро пайравӣ намуда ҷои асосиро ба Шариат, ба аҳком ва манъкуниҳои он медоданд. Онҳо хаста нашуда, ду принсипи бузургтаринро хотиррасон менамуданд: аввалан, Шариат инъикоси камолоти Илоҳист, ва сониян, шахсе ки Ша- риатро дӯст намедорад, Инҷилро низ дӯст намедорад, зеро ки Шариат, чун Инҷил - оинаест, ки дар он хислати ҳақиқии Худо инъикос ёфтааст. Бепарвоӣ дар ин масъала хатари ночиз ҳисобидани вазнинии гуноҳ, миқёс ва моҳияти нафратовари онро дорад. Аҳкоми Худо ҳар қадар ҳақку пок бошад.. бадии риоя накардани он ҳамон қадар бузург аст». MБУБ 491.2

Боз ба ин хатари ночиз хисобидани адолати Худо ҳамроҳ мешавад. Мавъизакунандагони замони мо кӯшиш мекунанд адолати Илоҳиро аз меҳрубонии Илоҳӣ ҷудо кунанд, ва ба ҷои он ки меҳрубониро чун принсип боло бардоранд, онро то дараҷаи ҳиссиёт паст мезананд. Фақеҳони ҳозиразамон он чизеро ки Худо пайваста буд, ҷудо мекунанд. Шариати Худо дар асл чӣ гуна аст — нек ё бад? Он нек аст. Агар ин тавр бошад, он гоҳ адолат низ нек аст, зеро ки он хоҳиши иҷро намудани Шариатро баён мекунад. Ба ночиз ҳисобидани шариат ва адолати Илоҳӣ, миқёс ва дарачаи беитоатии инсоният одат намуда, одамон ба ночиз ҳисобидани файзе ки аз гуноҳ наҷот медиҳад, бо осонӣ одат мекунанд. Ҳамин тавр дар ақли одамон Инчил кадри худро гум мекунад, ва онҳо тайёранд ба зудӣ аз Китоби Муқадцас низ рӯ гардонанд. MБУБ 492.1

Бисёр муаллимони дин тасдиқ мекунанд, ки Масеҳ бо марги Худ Шариатро бекор кард, бинобар ин одамон аз талаботҳои он озоданд. Нафароне ёфт мешаванд, ки бовар мекунонанд, ки Шариат бори вазнин аст, ва итоаткориро ба Шариат бо озодие ки Инҷил медиҳад, муқобил мегузоранд. MБУБ 492.2

Вале пайғамбарону ҳаввориён ба Шариати муқадцаси Худо ба таври дигар муносибат мекарданд. Пайғамбар Довуд мегӯяд: «Озодона роҳ хоҳам рафт, зеро ки фармудахои Туро ҷӯё шудаам» (Забур 118:45). Ҳавворӣ Яъқуб баъди марги Масеҳ Даҳ Аҳкомро «шариати шоҳона» ва «шариати озодӣ» ном ниҳод (Яъкуб 2:8; 1:25). Юҳанно низ бо гузашти 50 сол баъди маслуб шудани Масеҳ дар бораи баракатҳое сухан гуфта буд, ки ба нафароне фиристода мешаванд, ки «аҳкомҳои Ӯро риоят мекунанд, то ки ба дарахти ҳаёт ҳуқуқдор шаванд ва ба дарвозаи шаҳр дароянд» (Ваҳй 22:14). MБУБ 492.3

Фикре ки Масеҳ бо марги Худ Шариати Худоро бекор кард, ҳеҷ асос надорад. Агар тағйир додан ё бекор кардани Шариат мумкин мебуд, он гоҳ ба марги Масеҳ ҳоҷат намемонд, то ки инсонро аз ҷазо барои гуноҳ наҷот диҳад. Марги Масеҳ, ки бо бекоркунии Шариат ҳеҷ умумияте надорад, устувории Шариатро исбот мекунад. Исои Масеҳ барои он омад, ки «шариатро муаззам гардонад ва ҷалол диҳад» (Ишаъё 42:21). Ӯ гуфтааст: «Гумон накунед, ки барои вайрон кардани Таврот (Шариат) ё суҳафи анбиё омадаам». «То осмон ва замин фано нашавад, ҳеҷ як ҳарфе ва ё нуқтае аз Таврот ба фано нахоҳад рафт» (Матто 5: 17, 18). Ва Масеҳ дар бораи Худ мегӯяд: «Иродаи Туро, эй Худо ба ҷо овардан мехоҳам, ва шариати Ту андаруни дили ман аст» (Забур 39:9). MБУБ 493.1

Шариати Худо аз рӯи табиати Худ тағйирнопазир аст. Он ошкоркунандаи ирода ва хислати Муаллифи худ мебошад. Худо муҳаббат аст, ва Шариати Ӯ низ муҳаббат аст. Ду бузургтарин принсипи он - муҳаббат ба Худо ва ба инсон мебошанд. «Муҳаббат иҷрои пурраи шариат аст» (Румиён 13:10). Хислати Худо порсоӣ ва ҳақиқат аст; табиати Шариати Ӯ низ чунин аст. Довуд мегӯяд: «Шариати Ту ҳақ асту рост», «Тамоми аҳкоми Ту адл аст» (Забур 118: 142, 172). Ва ҳавворӣ Павлус мегӯяд: «Шариат муқадцас аст, аҳком низ муқаддас, барҳақ ва нек аст» (Румиён 7:12). Чунин Шариат, ки баёни хирад ва иродаи Худо аст, бояд чун Муаллифи он ҷовидон бошад. MБУБ 493.2

Имоноварӣ ва покшавӣ тавре амал мекунанд, ки одамон бо Худо оштй мешаванд ва аз рӯи принсипҳои Шариати У зистанро cap мекунанд. Дар ибтидо одам ба сурати Худо офарида шудя буд. Ӯ дар мувофиқати комил бо табиат ва Шариати Худо қарор дошт; принсипҳои порсоӣ дар қалби ӯ ҷойгир карда шуда буданд. Лекин гуноҳ ӯро аз Офаридагор ҷудо кард. Ва инсон дигар дар худ сурати Худоро инъикос намекард. Қалби ӯ ба муқобили Шариати Худо ҷанг эълон кард. «Фикрҳои инсонӣ душманӣ бо Худост, зеро ки ба шариати Худо итоат намекунад ва наметавонад итоат кунад» (Румиён 8:7). Лекин «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Исои Масеҳро дод», то ки инсонро бо Худо оштӣ созад. Инсон ба воситаи хизматҳои Масеҳ имконияти барқарор намудани мувофиқатро бо Офаридагори худ ба даст овард. Қалби ӯ бояд бо файзи Илоҳӣ таҷдид карда шавад; он бояд зиндагии нави аз осмон бармеомадаро қабул кунад. Маҳз ҳамин дигаргунӣ таваллуди дуюм аст, ки бе он, мегӯяд Масеҳ, одам «Малакути Худоро дида наметавонад». MБУБ 493.3

Қадами аввалин дар роҳи оштишавӣ бо Худо - дарки гуноҳ аст. «Гуноҳ шикастани шариат аст». Ва «гуноҳ ба воситаи шариат дониста мешавад» (1Юҳанно 3:4; Руминё 3:20). Барои он ки шахси гунаҳгор айби худро бубинад, бояд худро бо бузургтарин меъёри порсоии Худо бисанҷад. Ин оинаест, ки камолоти хислати норсоёнаро ошкор месозад ва ба инсон имконияти дидани камбудиҳои худро медихад. MБУБ 494.1

Шариат ба инсон танҳо гуноҳҳои ӯро ошкор мекунад, Ba¬ne аз онҳо озод намекунад. Ба касе ки онро риоя мекунад, ҳаёт ваъда карда шудааст. ва қисмати вайронкунандагони он марг аст. Танҳо Инҷили Масеҳ метавонад инсонро аз лаънат ва иллати гуноҳ озод кунад. Одам бояд дар назди Худо, ки Шариати Ӯро вайрон кардааст тавба кунад ва ба Масеҳ ва қурбонии оштидиҳандаи Ӯ имон оварад. Бо ин роҳ ӯ «омурзиши гуноххоро» ба даст меорад ва шарики табиати Илоҳӣ мегардад. У - фарзанди Худо аст, ки рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардааст, ва ӯ нидо мекунад «Аббо Падар!». MБУБ 494.2

Оё ӯ акнун аз талаботи Шариати Худо озод мешавад? Павлус мегӯяд: «Пас, оё мо шариатро ба воситаи имон ботил мекунем? Ба ҳеҷ вачх, балки шариатро устувор мегардонем». «Мо, ки нисбат ба гуноҳ мурдаем, чӣ гуна метавонем дар он боз зиндагӣ кунем?» Ва Юҳанно мегӯяд: «Зеро муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (Румиён 3:31; 6:2; 1Юҳанно 5:3). Ҳангоми аз нав таваллуд ёфтан қалб бо Худо ва бо Шарити Ӯ оштӣ мешавад. Вақте ки дар қалби шахси гунаҳгор чунин дигаргунии бузург ба амал меояд, он гоҳ ӯ аз марг - ба ҳаёт, аз гуноҳ - ба муқаддасӣ, аз бадкорӣ ва ғазаб - ба итоаткорӣ ва вафодорӣ мегузарад. Зиндагии аз Худо ҷудо анҷом меёбад; зиндагии нави ошти- шавӣ, имон ва муҳаббат огоз меёбад. Он гоҳ адолати Шариат «дар мо ки на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби Рӯҳ зиндагӣ мекунем иҷро мешавад». Ва мо бо тамоми қалб гуфта метавонем: «Шариати Туро чӣ сон дӯст медорам! Тамоми рӯз фикру хаёлам дар бораи он аст» (Забур 118:97). MБУБ 494.3

«Тавроти (Шариат) Худованд комил аст, ба кас ҷон мебахшад» (Забур 18:8). Одамон бе Шариат наметавонанд дар бораи муқаддасӣ ва покии Худо, ҳамин тавр дар бораи гунаҳгорӣ ва нопокии худ тасаввуроти дуруст дошта бошанд. Онҳо гунаҳгории худро дарк ва эҳтиёҷотро ба тавбакунӣ эҳсос намекунанд. Х,олати марговари худро чун вайронкунандагони Шариати Худо надида, онҳо эҳтиёҷотро ба Хуни оштидиҳандаи Масеҳ дарк намекунанд. Умед ба наҷот боиси таҷдидёбии қалбҳои онҳо намегардад, зиндагии онҳоро дигаргун намекунад. Чунин имоноварии рӯякӣ зуҳуроти умумӣ гаштааст, бисёриҳо бо Масеҳ алоқа надошта ба Калисо ҳамроҳ мешаванд. MБУБ 495.1

Назарияҳои дурӯғи покшавӣ, ки натиҷаи беэҳтиромӣ ё радкунии шариати Илоҳӣ мебошанд, инчунин дар замони мо дар ҳаракатҳои динӣ мавқеи намоёнро ишғол мекунанд. Ин назарияҳо аз нуқтаи назари доктриналӣ нодурустанд ва бо натиҷаҳои амалии худ хатарноканд; он ҳақиқат, ки ин назариятҳо аз ҷониби одамон гарм истиқбол мешаванд, бори дигар эҳтиёҷи зарурии фаҳмондани таълимоти Китоби Муқаддасро оиди ин масъала нишон медиҳад. MБУБ 495.2

Покшавии ҳақиқӣ - ин таълимоти Китоби Муқаддас аст. Ҳавворӣ Павлус дар Номаи худ ба Таслӯникиён навишта буд: «Зеро иродаи Худост, ки шумо пок бошед», ва ӯ дуо мегуфт, то ки Худои осоиштагӣ онҳоро «ба куллӣ пок гардонад» (1Таслӯникиён 4:3; 5:23). Дар Китоби Муқаддас равшан фаҳмонда мешавад, ки покшавӣ чист ва чӣ тавр онро ба даст овардан мумкин аст. Начотдиҳанда барои шогирдони Худ дуо мегуфт: «Онҳоро бо ростии (ҳақиқати) Худ пок кун: каломи Ту ростист» (Юҳанно 17:17). Ҳавворӣ Павлус низ таълим медод, то ки имондорон бо Рӯҳулқудс пок шаванд (ниг. Румиён 15:16). Кори Рӯҳулқудс аз чӣ иборат аст? Исои Масеҳ ба шогирдони Худ гуфта буд: «Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ роҳнамоӣ хоҳад кард» (Юҳанно 16: 13). Ва Довуд низ мегӯяд: «Шариат ҳақ асту рост». Принсипҳои бузурги парҳезгорӣ, ки дар Шариати Ӯ таҷассум ёфтаанд ба воситаи Калом ва Рӯҳи Худо ба одамон дастрасанд. Ва азбаски Шариати Худо «муқадцас, ҳақ ва нек» аст ва камолоти Илоҳиро инъикос мекунад, пас хислати дар асоси итоаткорӣ ба ин Шариат ташаккулёфта низ муқаддас мешавад. Масеҳ Намунаи комили чунин хислат аст. Ӯ мегӯяд: « Ман аҳкоми Худоро риоят кардам». «Ман ҳамеша аъмоли писандидаи Ӯро ба ҷо меорам» (Юҳанно 15:10; 8:29). Пайравони Масеҳ бояд ба Ӯ монанд шаванд; ба воситаи файзи Худо онҳо бояд хислати худро дар мувофиқат бо принсипҳои Шариати муқаддаси Ӯ ташаккул диҳанд. Ин покшавӣ аз рӯи Китоби Муқаддас аст. MБУБ 495.3

Ин танҳо бо имон ба Масех ва қувваи Рӯҳи Худо, ки дар мо сокин аст, ба амал омада метавонад. Павлус имондоронро панд медиҳад: «Бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред, зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад» (Фшгаппиён 2:12,13). Гуноҳ масеҳиро ба васваса меандозад, лекин ӯ доимо бо он мубориза хоҳад бурд. Маҳз дар ҳамин ҷо ёрии Масеҳ лозим мешавад. Заифии инсонӣ бо кувваи Илоҳӣ муттаҳид мешавад, ва шахси гунаҳгор бо имон нидо мекунад: «Худоро шукр, ки ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшидааст!» (1 Қӯринтиён 15:57). MБУБ 496.1

Дар Китоби Муқаддас возеҳу равшан дар бораи он сухан гуфта мешавад, ки кори покшавӣ раванди қатънашаванда ва рӯзафзун аст. Вақте ки гунаҳгори имоноварда ба воситаи Хуни фидиягузоранда осоиштагиро бо Худо ба даст меорад, зиндагии масеҳиёна танҳо он замон оғоз меёбад. Акнун ӯ бояд ҷониби камолот қадам занад, «ба андозаи бузургии пурраи Масеҳ» нумӯ кунад. Павлус мегӯяд: «Он чиро, ки дар қафост, аз хотир бароварда ба пеш ҳаракат карда, ман сӯи мақсад шитоб мекунам, ки фарҷоми даъвати Худост аз арши аъло дар Исои Масеҳ» (Филиппиён 3:13,14). Петрус низ дар назди мо зинапояҳоеро мегузорад, ки бо ёрии онҳо поксириштии Китоби Муқаддас ба даст оварда мешавад: «Бинобар ин шумо тамоми ҷидду ҷахди худро ба кор бурда, дар имони худ некӯкориро нишон диҳед, дар некӯкорӣ - хирадмандиро, дар хирадмандӣ - порсоиро, дар порсоӣ - тоқатро, дар тоқат - парҳезгориро, дар парҳезгорӣ - бародардӯстиро, дар бародардӯстӣ - муҳаббатро... ҳамин тавр рафтор кунед, ҳаргиз пешпо нахоҳед хӯрд» (2 Петрус 1: 5-10). MБУБ 496.2

Нафаре ки дар таҷрибаи шахсӣ покшавиро мувофиқи Китоби Муқаддас аз cap гузарондааст, дар ҳама чиз рӯҳи фурӯтаниро нишон медиҳад. Ба монанди пайгамбар Мусо, ҳашамати муқаддасиеро диданд, ки иззату эҳтиромро талқин мекунад, амалҳои ношоистаи худро дар муқоиса бо камолоти пок ва беназири Худо дарк намуданд. MБУБ 497.1

Пайғамбар Дониёл намунаи покшавии ҳақиқист. Зиндагии бардавоми ӯ саршор аз хизмати наҷибона ба Офаридагори худ буд. Ӯ марди дилписанди Осмон буд (ниг. Дониёл 10:11). Лекин ба ҷои он ки аз поксириштӣ ва муқаддасии худ ифтихор кунад, ин пайғамбари иззатманд худро дар як саф бо Исроили гунаҳгор ҷой медиҳад ва аз Худо ҳимоя намудани қавми худро илтиҷо мекунад: «Зеро ки мо на ба сабаби адолати худ, балки ба сабаби марҳаматҳои зиёди Ту зорию таваллои худро пеши пои Ту меандозем». «Мо гуноҳ кардем, бадкорона рафтор намудем». Ӯ ошкоро баён мекунад: «Ва ҳанӯз ман сухан мерондам, ва дуо мегуфтам, ва гуноҳи худам ва гуноҳи қавми ман Исроилро эътироф менамудам». Ва вақте ки баъдтар Исои Масеҳ омад, то ки ба ӯ панд диҳад, Дониёл мегӯяд: «Рангу рӯям канда, дигаргун шуд, ва ман тамоман беқувват гаштам» (Дониёл 9:18,15,20; 10:8). MБУБ 497.2

Вақте ки пайғамбар Айюб садои Худоро аз миёни шамоли сахт шунид, ӯ нидо кард: «Аз суханонам нафрат дорам, ва дар хок ва хокистар пушаймон мешавам» (Айюб 42:6). Ва вақте ки пайгамбар Ишаъё ҷалоли Худоро дид ва шунид, ки чӣ тавр сорофиён (навъе аз малоик), «Қудцус, қуддус, қудцус аст Худованди лашкарҳо» нидо мекунанд, ӯ фарёд зад: «Вой бар ман, ки тамом шудам! Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам» (Ишаъё 6:3, 5). Баъди он ки Павлус то ба осмони сеюм боло бардошта шуду чу- нин суханонеро шунид, ки ба инсон расондани онҳо номумкин аст, ӯ дар бораи худ чун «хурдтарини ҳамаи муқаддасон» (Эфсӯсиён 3:8) сухан мегуфт. Юҳаннои дилписанд, ки на як маротиба сари Худро ба синаи Исо гузошта ва ҷалоли Ӯро дида буд, чун мурда ба пойҳои фаришта афтод (ниг. Ваҳй 1:17). MБУБ 497.3

Онҳое ки дар сояи салиби Ҷодҷолто зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ гоҳ наметавонанд ҳиссиёти худписандӣ дошта бошанд ва худситоёна баён намоянд, ки аз гуноҳ озоданд. Онхо эътироф мекунанд, ки маҳз гуноҳҳои онҳо ба Исои Масеҳ чунин азоб расонданд ва қалби Ӯро ғамгин карданд, ва ин фикр онҳоро ба фурӯтании боз ҳам зиёдтар мерасонад. Ҳар қадаре ки инсон ба Масеҳ наздиктар бошад, ӯ ҳамон қадар равшантар тамоми заифӣ ва гунаҳгории инсониятро мебинад ва танҳо ба хизматҳои Наҷотдиҳандаи маслубшуда ва эҳёшуда умед мебандад. MБУБ 498.1

Покшавӣ дар он фаҳмише ки дар ҷаҳони имрӯзаи динӣ ҳарчи бештар паҳн мегардад, саршор аз рӯҳи худболобардорӣ ва беэҳтиромӣ нисбати Шариати Худо гардидааст, ки барои дини Китоби Муқадцас бегона аст. Ҳомиёни чунин назария таълим медиҳанд, ки покшавӣ — амали яквақта аст, вақте ки инсон танҳо бо ёрии имон поксириштии комилро ба даст меорад. «Танҳо имон оваред, - мегӯянд онҳо, - ва баракат меёбед». Ба ақидаи онҳо, аз шахсе ки баракатро ба даст меорад, дар оянда ҳеҷ гуна кӯшишҳо талаб карда намешавад. Дар баробари ин онҳо эътибору нуфузи Шариати Худоро инкор намуда мегӯянд, ки аз зарурияти риоя намудани аҳкомҳо озоданд. Лекин оё ба одам имконпазир аст, ки ба поксириштие, ки хости Худованд аст ба хислати худи ӯ мувофиқ аст, бирасад, дар сураге ки ӯ нисбат ба он принсипҳое беэҳтиромӣ мекунад, ки табиат ва иродаи Ӯро баён мекунанд ва нишон медиҳанд, ки чӣ чиз ба Ӯ писандида аст? MБУБ 498.2

Таълимот дар бораи он ки танҳо имон басанда аст, аз хоҳиши эътиқод доштан ба дини осон ва муносибе ки мубориза ва дасткаширо аз манфиатҳои шахсӣ ва арзишҳои дунявӣ талаб намекунад, ба миён омад. Ин таълимот хеле машҳур аст, вале Каломи Худо чӣ мегӯяд? Ҳавворӣ Яъқуб қайд мекунад: «Эй ба- родарони ман, чӣ фоида ҳаст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, дар сурате ки амал надорад? Оё чунин имон метавонад ӯро наҷот диҳад?... Аммо, эй одами бемағз, оё мехоҳӣ бидонӣ, ки имон бе аъмол мурда аст? Оё падари мо Иброҳим, ки писари худ Исҳоқро ба қурбонгоҳ бароварда буд, бо аъмоли худ сафед нашуд? Оё ту мебинӣ, ки имон ба аъмоли ӯ мадад кард, ва имони ӯ ба василаи аъмол ба камол расид?... Оё мебинӣ, ки одамизод ба василаи аъмол сафед мешавад, на фақат ба василаи имон?» (Яъқуб 2: 14-24). MБУБ 498.3

Каломи Худо ба муқобили чунин таълимоти бардурӯғ дар бораи имон бе аъмол шаҳодат медиҳад. Имоне ки даъвои хайрхоҳии Осмонро мекунаду дар баробари ин ба шартҳое ки дар асоси онҳо лутфу марҳамат дода мешаванд, итоат намекунад - умуман имон нест, балки худбоварии бешармона аст; зеро имони асил дар ваъдаҳои Китоби Муқаддас асос меёбад. MБУБ 499.1

Бигзор ҳеҷ кас фирефта нашавад - расидан ба поксиришти номумкин аст, дар мавриде ки ҳатто яке аз талаботи Худо дидаву дониста вайрон карда мешавад. Гуноҳи қасдан иҷрошуда садои ошкоркунандаи Рӯҳулқудсро пахш мекунад ва қалбро аз Худо чудо месозад. «Гуноҳ шикастани шариат аст». «ҳар кӣ гуноҳ мекунад, Ӯро надидааст ва Ӯро нашинохтааст» (1Юҳанно 3:6). Гарчанде ки Юҳанно дар номаҳои худ дар 60pan муҳаббат хеле зиёд менависад, бо вуҷуди ин ӯ бе дудилагӣ хислати ҳақиқии онҳоеро ошкор мекунад, ки даъвои поксириштиро намуда дар баробари ин Шариати Худоро вайрон мекунанд. «Касе ки гӯяд: “ман Ӯро шинохтам», аммо аҳкоми Ӯро риоят накунад, вай дурӯғгӯй аст, ва дар вай ростӣ нест; Валекин касе ки каломи Ӯро риоят мекунад, дар вай ба ростӣ муҳаббати Худо ба камол расидааст» (1Юҳанно 2:4,5). Ва дар ин ҷо имони ҳар нафар санчида мешавад. Дар бораи поксириштии инсон то замоне сухан гуфтан мумкин нест, ки он бо ягона меъёри поксириштӣ ҳам дар осмон ва ҳам дар замин санҷида нашуда бошад. Одамоне ки масъулияти худро ба андозаи лозимӣ дар назди Шариати маънавӣ эҳсос намекунанд, аҳкомҳои Худоро паст мезананд ва беқадр мекунанд, ҳатто як аҳкоми хурдтарин- ро вайрон мекунанд ва ба дигарон чунин таълим медиҳанд, ҳақ надоранд ба баракатҳои Худованд умед банданд, ва бо боварӣ метавон гуфт, ки даъвоҳои онҳо ҳеҷ асос надоранд. MБУБ 499.2

Шахсе мегӯяд, ки гуноҳ надорад, ӯ бо ин нишон медиҳад, ки аз поксириштӣ дур қарор дорад. Танҳо ҳамон касоне худро муқаддас мепиндоранд, ки дар бораи поксириштӣ ва мукаддасии беинтиҳои Худо ва дар бораи он ки одамоне ки дар мувофиқат бо Худованд зиндагӣ мекунанд, боад чӣ гуна бошанд, таассуроти ҳақиқӣ надоранд, зеро онҳо дар бораи покӣ ва муҳаббати олии Исо, дар бораи маккорӣ ва зишткории гуноҳ фаҳмиши дуруст надоранд. Ҳар қадаре ки масофаи миёни одам ва Масеҳ зиёд бошад, ҳар қадаре ки фаҳмишҳои ӯ оиди моҳият ва талаботҳои Худованд нокомил бошанд, ӯ ҳамон қадар бештар дар назари худ парҳезгор менамояд. MБУБ 500.1

Поксириштие ки Китоби Муқаддас дар хусуси он сухан мегӯяд, ба тамоми вучуди инсон - рӯҳ, ҷон ва ҷисм дахл дорад. Павлус аз таслӯниқиён илтиҷо мекард, ки: «рӯҳу ҷону ҷисми шумо дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дошта шавад» (1Таслӯникиён 5:23). Ва ӯ боз ба имондорон муроҷиат мекунад: «Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун курбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед» (Румиён 12:1). Дар Исроили қадима ҳар қурбонии барои Худо муқарраршуда бо диққат аз назар гузаронида мешуд. Дилхоҳ камбудии дар ҳайвон ошкоршуда онро барои курбонӣ кардан ношоям мегардонд, зеро ки Худо қурбонии «беайб»-ро талаб мекард. Ҳамин тавр имондорон низ бояд ҷисмҳои худро «ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо» тақдим кунанд. Барои ин одам бояд худро дар ҳолати беҳтарин нигоҳ дорад. Ҳар як одате ки қувваҳои ҷисмонӣ ва ақлониро заиф мегардонад, одамро барои хизмат ба Офаридагор ноқобил месозад. Ва магар Худо аз қурбонии ночиз қонеъ мегардад, дар мавриде ки мо метавонем ба Ӯ қурбонии беҳтаринро пешкаш намоем? Масеҳ гуфтааст: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту дӯст бидор». Онҳое ки Худоро аз самими қалб дӯст медоранд, кӯшиш мекунанд бо беҳтарин роҳ дар зиндагии худ ба Ӯ хизмат кунанд ва барои ба мувофиқат овардани тамоми вуҷуди худ ба қонунҳое ки дар иҷро намудани иродаи Худо ба онҳо ёрӣ мерасонанд ҷидду ҷахд мекунанд. Нафаре ки Худоро дӯст медорад намегузорад, ки шикампарастӣ ё шаҳват, курбониеро, ки ӯ бояд ба Худо такдим кунад, паст занад ё палид созад. MБУБ 500.2

Петрус мегӯяд: «Аз шумо... хоҳишмакдам, ки аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидци ҷон қиём мекунанд, парҳез намоед» (Шетрус 2:11). Ҳар гуна қонеъгардонии хоҳишҳои гунаҳгорона қобилиятҳои рӯҳонӣ ва ақлониро паст ва фаҳмишро заиф мегардонад, бинобар ин Каломи Худо ё ин ки Рӯҳулқудс ба қалб таъсири лозимӣ расонда наметавонад. Павлус ба қӯринтиён муроҷиат мекунад: «Худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, кудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем» (2Қӯринтиён 7:1). Ва ба самари Рӯҳ «муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ» - «парҳезгорй»-ро илова мекунад (Ғалотиён 5:22,23). MБУБ 501.1

Имрӯзҳо чӣ қадар масеҳиён ба ин суханони илҳоми Илоҳӣ дошта аҳамият надода, дар талоши фоида ё мӯд саломатии худро аз даст медиҳанд. Чӣ қадар одамон бо пурхӯрӣ, майзадагӣ ва вақтхушиҳои ношоиста дар вуҷуди худ симои Худоро палид месозанд. Ва Калисо ба ҷои он ки ин фисқу фасодро сарзаниш кунад, аксар вақт бадиро ҳавасманд намуда барои бойшавии хазинаи худ, ки мухаббат ба Масеҳ қобилияти пур кардани онро дорад, ба иштиҳо, пулпарастӣ ва хоҳиши айшу ишрат рӯ меорад. Агар Исои Масеҳ ба калисоҳои ҳозиразамон медаромад ва дар он ҷо ҷашну тантана ва савдои нопоки бо худопарастии зоҳирӣ ниқобпӯшшударо медид, магар Ӯ ин палидсозандагонр пеш намекард, чӣ тавре ки Ӯ аз маъбад пуливазкунандагонро пеш карда буд? MБУБ 501.2

Хдвворӣ Яъқуб мегӯяд, ки « ҳикмате ки аз болост», аввалан, пок аст. Агар ӯ бо чунин «масеҳӣ»-е вомехӯрд, ки номи Масеҳро бо забони бо тамоку ҳаромшуда мегирифт, масеҳие ки аз тамоми вуҷудаш бӯи тамоку меояду ҳаворо заҳролуд намуда, атрофиёнро маҷбур менамояд, ки ин заҳрро нафас гиранд, - агар ҳавворӣ бо чунин одати бо покии Инҷил мухолифатдошта рӯ ба рӯ мешуд, магар ӯ инро чун одати «заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ» сарзаниш намекард? Асирони тамоку бо фикри он ки ба поксириштии комил расидаанд, умеди ба осмон роҳ ёфтанро доранд, лекин Каломи Худо равшану возех мегӯяд, ки «ҳеҷ палиде... вориди он нахоҳад шуд» (Ваҳй 21:27). MБУБ 501.3

«Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рӯҳулқудс аст, ки Он дар шумо сокин аст, ва Онро шумо аз Худо ёфтаед, ва шумо аз они худатон нестед? Зеро шумо бо нархи гарон харида шудаед. Пас дар ҷисмҳои худ ва дар ҷонҳои худ Худоро ҳамду сано кунед, ки онҳо ба Худо тааллуқ доранд» (1Қӯринтиён 6:19,20). Нафаре ки ҷисми ӯ маъбади Рӯҳулкудс аст, асири одати халокатовар намешавад. Тамоми қувваи худро ба Масеҳе мебахшад, ки ӯро бо Хуни пурқимати Худ аз гуноҳ озод намудааст. Ҳамаи чизи ба ӯ тааллуқдошта ба Масеҳ низ тааллуқ дорад. Магар ӯ метавонад бегуноҳ бимонад, дар сурате ки сарвати ба ӯ додашударо беҳуда сарф мекунад? Одамоне ки худро масеҳӣ меноманд, ҳамасола маблағҳои зиёдро ба дилхушиҳои бефоида ва фалокатовар сарф мекунанд, дар мавриде ки қалбхо каломи ҳаётро нашунида мемиранд. Дар қурбонгоҳи хоҳишхои бадкирдоронаи худ маблағҳои бештареро, назар ба он ки ба камбағалон ва барои паҳншавии Инҷил қурбон мекунанд, сӯзонда, ин одамон Худоро дар даҳяк ва садақа ғорат мекунанд. Агар ҳамаи онҳое ки худро пайравони Масеҳ меноманд, дар ҳақиқат поксиришт мебуданд, маблағҳои худро ба чунин машғулиятҳои бефоида ва зараровар сарф намекарданд, балки онҳоро ба хазинахонаи Худо месупориданд, ва чӣ гуна намунаи парҳезгорӣ ва дасткашӣ аз манфиатҳои шахсиро нишон медоданд! Он вақт онҳо нури ҷаҳон мегаштанд. MБУБ 502.1

Тамоми ҷаҳон ба талоши айшу ишрат ва вақтхушиҳо рӯ овардааст. «Шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашм ва ғурури зиндагонӣ» - ана кадом қувваҳо бар ақли аксарияти одамон ҳукмронй мекунанд. Вале ба пайравони Масеҳ муроҷиатномаи муқадцас равона шудааст: «Аз миёни онҳо берун оед ва чудо шавед, мегӯяд Худованд, ва ба чизи нопок нарасед». Дар нури Каломи Худо мо ҳуқуки комил дорем баён кунем, ки то даме ки инсон аз одатҳои гунаҳгорона ва айшу ишрати дунявӣ даст накашад, поксириштӣ наметавонад ҳақиқӣ бошад. MБУБ 502.2

Ба онҳое ки ба шартҳои пешниҳодшудаи «аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед... ва ба чизи нопок нарасед» розӣ мешаванд, чунин ваъдаи Худо дода шудааст: «Ман шуморо қабул мекунам; ва Падари шумо хоҳам буд, ва шумо писарон ва духтарони Ман хоҳед буд, мегӯяд Худовандк Қодири Мутлақ» (2 Қӯринтиён 6:17,18). Ҳар як масеҳӣ бартарӣ ва масъулияти зиндагии пурра ва бомаънии рӯҳониро дорад. «Ман нури ҷаҳон ҳастам, - гуфтааст Исои Масех, - ҳар кй Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ напаймояд, балки нури ҳаётро ёбад» (Юҳанно 8:12). «Роҳи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад» (Масалҳо 4:18). Ҳар як қадами имон ва итоаткорӣ ҷонро ба Нури ҳаёт, ки дар Ӯ «торикӣ нест», наздик мекунад. Нурҳои Офтоби Порсоӣ хизматгузорони Худоро мунаввар мегардонанд, ва онҳо бояд нурҳои Ӯро инъикос намоянд. Ба монанди он ки ситораҳо дар осмон вуҷуд доштани нури бузургеро тасдиқ месозанд, ки худ онро инъикос мекунанд, масеҳиён низ бояд нишон диҳанд, ки дар тамоми Коинот Худое ҳукмрон аст, ки Ӯ сазовори ситоиш ва пайравист. Амалҳои неки Рӯҳи Ӯ, покӣ ва муқаддасии хислати Ӯ бояд дар шоҳидони Ӯ инъикос ёбанд. MБУБ 503.1

Павлус дар Номаи худ ба Қӯлассиён дар бораи баракатҳои фаровоне сухан мегӯяд, ки ба фарзандони Худо ваъда дода шудаанд. Ӯ менависад: «Бинобар ин мо низ аз он рӯзе ки инро шунидаем, дар ҳақи шумо дуо ва илтимосро бас намекунем, то ки шумо аз дониши иродаи Ӯ дар ҳикмат ва фаҳмӣ рӯҳонӣ пур шавед, ба тавре ки муносиби Худо рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самар диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед, ва бар тибқи иқтидори ҷалоли Ӯ бо тамоми қувва мустаҳкам шавед. то ки бо шодӣ дорои ҳар сабр ва сабот бошед» (Қӯлассиён 1:9-11). MБУБ 503.2

Ба ҳамин монанд ӯ ба бародарони эфсӯсӣ муроҷиат мекунад, то ки онҳо низ ба фаҳмиши баландиҳои рӯҳи масеҳӣ бира- санд. Бо забони аз ҳама фаҳмо ӯ дар назди онҳо қувва ва дониши аҷоиберо мекушояд, ки онҳо чун писарон ва духтарони Худованд метавонанд онро соҳиб бошанд. Ба онҳо лозим аст «бо Рӯҳи Ӯ дар одами ботин қавӣ ва матин шаванд», то ки «дар муҳаббат реша давонда ва устувор шуда, тавонанд бо ҳамаи муқадцасон пай бурда дарк намоянд, ки чист арзу тӯл ва умқи баландии муҳаббати Масеҳ». Лекин дуои ҳавворӣ он вақт ба авҷи аъло мерасад, ки ӯ талаб мекунад, то ки онҳо «бо тамоми пуррагии Худо пур шаванд» (Эфсӯсиён 3: 16,18,19). MБУБ 503.3

Дар ин оятҳо баландиҳое нишон дода шудаанд, ки мо бо имон ба ваъдаҳои Падари Осмонӣ ба онҳо расида метавонем, агар танҳо талаботҳои Ӯро иҷро кунем. Хизматҳои Масеҳ метавонанд моро ба тахти Қудрати Беинтиҳо наздик кунанд. «Он Худое ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад?» (Румиён 8:32). Худо ба Исои Масеҳ Рӯҳулқудсро бе андоза дод, ва мо низ метавонем соҳиби ин пуррагӣ бошем. Исои Масеҳ мегӯяд: «Пас, агар шумо, ки бадкирдор ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз Ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод» (Луқо 11:13). Ва «Агар чизе ба исми Ман биталабед. Ман онро ба ҷо хоҳам овард». «Талаб кунед, то бигиред, ва шодии шумо комил гардад» (Юҳанно 14:14; 16:24). MБУБ 504.1

Гарчанде ки зиндагонии масеҳӣ бо фурӯтанӣ фарқ мекунад, ин маънои худбаҳодиҳии паст ва ғамро надорад. Бартарии ҳар нафар - тавре зиндагӣ кардан аст, ки Худо тавонад ӯро писанд кунад ва баракат диҳад. Падари Осмонии мо намехоҳад, ки мо ҳамеша дар торикӣ ва дар зери азобҳои вичдон бимонем. Фурӯтании ҳақиқӣ аз он иборат нест, ки бо сари хамида зиндагӣ кунем ва доимо аз гуноҳҳои худ андеша намоем. Мо метавонем ба назди Исои Масех биравем ва пок шавем ва дар назди Шариат бе хиҷолат ва азоби вичдон биистем. «Алқол, ҳеч маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд» (Румиён 8:1). MБУБ 504.2

Ба воситаи Исои Масеҳ фарзандони гунахгоршудаи Одам «фарзандони Худо» мешаванд. «Зеро ҳам Муқаддаскунанда ва ҳам муқаддасшавандагон, ҳама аз Ягона ҳастанд; ба ин сабаб Ӯ шарм намекунад, ки онҳоро бародар хонад» (Ибриён 2:11). Зиндагии масеҳӣ бояд зиндагии имон. ғалаба ва шодмонӣ дар Худованд бошад. «Зеро ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, ҷаҳонро мағлуб мекунад; ва ин ғалабае ки ҷаҳонро мағлуб кардааст, имони мост» (1 Юҳанно 5:4). Чӣ гуна ҳақ мегӯяд Наҳамё, марди Худо: «Шод будан ба хузури Худо қуввати мост» (Наҳамё 8:10). Павлус мегӯяд: «Ҳамеша дар Худованд шод бошед; боз мегӯям: шод бошед». «Ҳамеша шод бошед. Пайваста дуо гӯед. Барои ҳама чиз шукр гӯед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи шумо дар Исои Масеҳ» (Филиппиён 4:4; Таслӯникиён 5: 16-18). MБУБ 505.1

Мувофиқи Китоби Муқаддас чунинанд меваҳои имоноварӣ ва покшавӣ, лекин онҳоро аҳён-аҳён дидан мумкин аст, зеро ки ҷаҳони масеҳӣ ба принсипҳои бузурги порсоӣ, ки дар Шариати Худо баён ёфтаанд беэҳтиромӣ мекунад. Аз ҳамин сабаб мо кори амиқ ва дарозмудати Рӯҳи Худоро, ки ба эҳёи маънавии солҳои гузашта хос буд, хеле кам мебинем. MБУБ 505.2

Мо ба воситаи мушоҳида ва мулоҳиза кардан дигаргун мешавем. Ва агар одамон нисбати он аҳкомҳои муқаддасе ки Худо дар онҳо ба одамон камолот ва муқаддасии хислати Худро ошкор кардааст, беэҳтиромӣ кунанд ва ба ҷои ин ба таълимотҳо ва назарияҳои инсонӣ рӯ оваранд, оё ҳайрон шудан лозим аст, ки парҳезгории зинда дар Калисо ин қадар кам аст? Худованд мегӯяд: «Зеро ки қавми Ман ду кори бад карданд: Маро, ки чашмаи оби ҳаёт ҳастам, тарк карданд ва барои худ сардобаҳо канданд, сардобаҳои кафида, ки наметавонанд обро нигоҳ доранд» (Ирмиё 2:13). MБУБ 505.3

«Хушо касе ки ба машварати шарирон намеравад...Фақат ба шариати Худованд шавқ дорад, ва рӯзу шаб Тавроти (Шариати) Ӯро меомӯзад; Ва мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст, ва меваи худро дар мавсимаш медиҳад, ва баргаш пажмурда намешавад, ва ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт» (Забур 1:1-3). Дар миёни Қавми Худо имон ва парҳезгории ибтидоӣ танҳо он замоне эҳё мешаванд, ки Шариати Ӯ ҷалол дода ба дараҷаи муносиб болобардор карда мешавад. «Худованд чунин мегӯяд: Дар роҳҳои худ биистед ва назар андозед, ва дар бораи роҳҳои қадима бипурсед, ки роҳи нек кадом аст, ва ба он биравед, ва барои ҷони худ оромӣ хоҳед ёфт» (Ирмиё 6:16). MБУБ 505.4