«Ва дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пешонаи варо хоҳӣ кӯфт» (Ҳастӣ 3:15). Ҳукми Илоҳӣ. ки баъди гуноҳгоршавии инсон нисбати шайтон бароварда шуд, ҳамчунин пешгӯии пайғамбаронае буд, ки тамоми асрҳоро то охири замон дар бар мегирифт ва муборизаи бузургеро пешгӯӣ мекард, ки дар он ҳамаи наслҳои дар замин зиндагикунанда иштирок мекунанд. MБУБ 535.1
Худо мегӯяд: «Ман адоват меандозам». Ин адоват бо роҳи табиӣ ба миён намеояд. Вақте ки инсон Шариати Илоҳиро вайрон кард, табиати ӯ бо гуноҳ палид гардид, ва ӯ бо шайтон якҷоя амал кардан гирифт. Табиист, ки миёни инсони гунаҳгор ва сабабгори гуноҳ ҳеҷ гуна адоват нест. Ҳам инсон ва ҳам шайтон аз хақикати Худоро рӯ гардонда, бадахлоқ гардиданд. Ва аз он замон маслакфурӯши бузург оромиро ба таври ҳамеша аз даст дода, онро танҳо замоне ба даст меорад, ки одамони аз ҷониби ӯ васвасашуда ва фиребдодашуда ба ӯ пайравҳӣ мекунанд. Бинобар ин фариштагони гунаҳгор ва одамони бадкирдор дар иттиҳоди ғайриқонунӣ муттаҳид мешаванд. Ва агар Худованд ба ҳамаи ин ба таври махсус дахолат намекард, он гоҳ шайтон ва инсон дар мубориза ба муқобили Осмон муттахид мешуданд, ва ба ҷои ба шайтон муқобилият нишон додан, тамоми насли инсонӣ ба муқобили Худо баромад мекард. MБУБ 535.2
Шайтон одамонро барои гуноҳ кардан ончуноне ба васваса меандохт, ки дар замони худ ӯ фариштагонро фиреб карда буд, то ки дар мубориза ба муқобили Осмон иттифоқчиёнро пайдо кунад. Шайтон ва фариштагони бадкирдори ӯ Масеҳро сахт нафрат мекарданд: агарчи дар ҳама дигар масъалаҳо фикрҳои онҳо фарқ мекарданд, мубориза бо ҳокимияти Шоҳд Коинот онҳоро зич муттаҳид гардонид. Аммо вақте ки шайтон дар бораи адовате, ки миёни вай ва зан, миёни насли вай ва насли зан вуҷуд хоҳад дошт, хабар ёфт, вай дарк намуд, ки ба кӯшишҳои ӯ оиди бадахлоқ намудани инсон ҳудуд гузошта мешавад, ва инсон имконияти ба таъсир ва қувваи ӯ муқобилият нишон доданро ба даст меорад. MБУБ 535.3
Адовати шайтон нисбати насли инсон пуркувваттар мегардад, зеро ки Масеҳ барои ба даст овардани муҳаббат ва марҳамати Худо ба одамон ёрӣ расонд. Шайтон мехоҳад ба нақшаи Худо оиди фидягузории инсон халал расонад, амалҳои дасти Ӯро палид ва баднамо намуда, Худоро бадном кунад; аҳли осмонро ғамгин карда заминро аз бадбахтиҳо ва харобиҳо пур кунад. Ва ба ҳамаи ин бадиҳо нун ба натиҷаи табиии аз ҷониби Худо офарида шудани инсон ишора мекунад. MБУБ 536.1
Файзе ки Масеҳ ба ҷони инсон мебахшад, инсонро душмани шайтон мегардонад. Бе ин марҳамати дигаргунсоз ва кувваи тачдидкунанда инсон ҳамеша асири шайтон, ғулом ва хизматгори фармонбардоре мемонд, ки барои бечуну чаро ба ҷо овардани ҳамаи ҳавою ҳавасҳои хоҷаи худ омода аст. Вале принсипҳои нав дар қалб оромии гунаҳгоронаро вайрон мекунанд ва инсонро ба мубориза ҷалб менамоянд. Масеҳ ба инсон куввае ато менамояд, ки ба ӯ қобилияти бо ситамгар ва ғосиб муқобилият нишон доданро мебахшад. Ва он гоҳ инсон шавку ҳавасро ба гуноҳ аз даст медиҳад ва нисбати он нафрат пайдо мекунад; майлу хоҳишҳоеро, ки пеш ӯро фаро мегирифтанд, мағлуб месозад, - ва бо ин исбот менамояд, ки дар вуҷуди ӯ қуввае аз боло амал мекунад. MБУБ 536.2
Мухолифатҳои оштинопазир миёни рӯҳи Масеҳ ва рӯҳи шайтон ба таври махсусан равшан дар он ошкор гардиданд. ки ҷаҳон Масеҳро чй гуна пазируфт. Яҳудиён Масеҳро на танҳо аз барои он рад карданд, ки Ӯ ба ҷаҳон чун бенаво, бе шукӯҳу ҳашамат омад. Онҳо инчунин диданд, ки Ӯ кудратеро сохиб аст, ки вуҷуд надоштани ин афзалиятҳои зоҳириро барзиёд пур мекунад. Покӣ ва муқаддасии Масеҳ нафрати бадкирдоронро ба миён меовард. Ҳаёти Ӯ, ки саршор аз дасткашиҳо аз манфиатҳои шахсӣ ва садоқати бепоён ба Худо буд, барои ин қавми мағрур ва шӯҳратпараст сарзаниши доимӣ буд. Ин нисбати Исои Масеҳ муносибати душманонаро ба вуҷуд меовард. Шайтон ва фарииггагони бад бо одамони гунаҳкор муттаҳид гардиданд. Тамоми қувва ва нерӯи маслакфурӯшӣ ба муборизаи зидди Ҳомии ҳақиқат шитофтанд. MБУБ 536.3
Худи ҳамон адоват нисбати пайравони Масеҳ низ нишон дода мешавад. Ҳар нафаре, ки нафратовар будани гуноҳро дарк намуда, бо ёрии қувваҳои осмонӣ бар зидци васваса мубориза бурданро оғоз менамояд, ҳатман ғазаби шайтон ва наздикони Ӯро ба миён меорад. Нафрат ба принсипҳои поки ҳақиқат, айбдоркунӣ ва таъқиби ҳомиёни он то замоне вуҷуд хоҳанд дошт, ки гуноҳ ва гунаҳкор вуҷуд доранд. Миёни пайравони Масеҳ ва хизматгорони шайтон ҳеҷ гуна ризоият буда наметавонад. Имрӯз низ салиб сахраи васваса аст. «Ва ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд парҳезгорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунанд, оа таъқибот дучор хоҳанд шуд» (2 Тимотиюс 3:12). MБУБ 537.1
Ҳамнишинони шайтон доимо кӯшиши устувор гардонидани ҳокимияти ӯ ва мустаҳкам намудани салтанати ӯро мекунанд, ки ба ҳукмронии Худо мухолифат дорад. Барои ин онҳо КӮШИШ мекунанд пайравони Масеҳро ба васваса андозанд ва онҳоро маҷбур намоянд, то ба Худо хиёнат кунанд. Ба мисли пешвои худ барои ба ин мақсад расидан Китоби Муқаддасро нодуруст шарҳ медиҳанд ва ғалат маънидод мекунанд. Ба монанди он ки иблис кӯшиши тӯҳмат задани Худоро мекунад, ҳамин тавр шарикони ӯ низ кӯшиши бадном намудани кавми Худоро менамоянд. Худи ҳамон рӯҳе, ки қотилони Масеҳро роҳбарӣ мекард, гунаҳкоронро низ барои ба қатл расонидани пайравони Ӯ ҳавасманд мегардонад. Ҳамаи ин дар пешгӯии пайгамбаронаи аввалин пешгӯӣ шудааст: «Ва дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам». Ин адоват то охири замон давом хоҳад кард. MБУБ 537.2
Шайтон барои чунин муҳориба тамоми қувваҳоро ҷамъ меорад ва тамоми қӯшуни худро ба ҷанг меандозад. Барои чӣ ӯ ба муқобилати ҷиддӣ дучор намешавад? Барои чӣ сарбозони Масеҳ чунин заиф ва бепарвоянд? Барои он ки дар асл онҳо аз Масеҳ дур, аз Рӯҳи Ӯ маҳруманд. Гуноҳ ба назари онҳо он- чунон нафратангезу манфур наменамояд, чуноне ки барои Худованди онҳо буд. Онҳо ба гуноҳ чунин муқобилати қатъӣ ва суботкорона нишон намедиҳанд, чӣ тавре Масеҳ мекард; ҳама ҳалокатоварии бадӣ ва маккории гуноҳро дарк намесозанд ва нисбати мири зулмот пурра хато мекунанд. Фитнаҳои шайтон барои он ба зарбаи лозимӣ дучор намеоянд, ки ҳоло дар хусуси қудрат ва маккории ӯ ва вусъати он муҳорибаи бузургтарине, ки ба муқобили Масеҳ ва Калисои Ӯ бурда мешавад, маълумоти хеле кам ошкор аст. Бисёриҳо дар бораи шайтон фикри хато мекунанд. Онҳо дар хусуси он чиз маълумот надоранд, ки душманашон - сарлашкари пурқудрате аст, ки бар фариштагони бад ҳукмронӣ намуда, бо ёрии нақшаҳои бо диққат андешидашуда ва санъати ҷангии мохирона ба мукобили Масеҳ мубориза мебарад, то ки ба наҷотдиҳии ҷонҳо монеъ шавад. Имондорон ва ҳатто хизматгузорони Инҷил бо зикрсозиҳои тасодуфӣ маҳдуд шуда, дар хусуси фитнаҳои шайтон хеле кам сухан мегӯянд. Онҳо ба шаҳодатҳои фаъолияти доимӣ ва муваффақияти ӯ таваҷҷӯҳ намекунанд. Одамон ба огоҳиҳо оиди маккории ӯ беъэтиноӣ менамоянд ва таассуроте пайдо мешавад, ки мавҷудияти ӯро умуман ба эътибор намегиранд. MБУБ 537.3
Дар он вақте ки одамон оиди қасдхои маккоронаи ӯ дар ғафлат мемонанд, ин душмани зирак онҳоро сари ҳар қадам таъқиб мекунад. Вай ба ҳаёти оилавӣ мудохила мекунад; ӯро дар дилхоҳ кӯчаи шаҳр вохӯрдан мумкин аст; бе иштироки ӯ на ибодатҳо мегузаранд, на машваратҳои давлатӣ, на маҷлисҳои судӣ ; дар ҳама ҷо бесарусомонӣ меандозад, одамонро безобита мекунад ва аз роҳ мебарорад, оилаҳоро вайрон карда ва тухми нафрат, душманӣ, рӯҳи мухолифат, рӯҳияи исёнгарӣ ва марг кошта, ҷон ва танро ба ҳалокат мерасонад. Масеҳиён бошанд инро чун чизи лозимӣ қабул намуда, гумон мекунанд, ки ҳамаи ин аз ҷониби Худо пешакӣ муайян карда шудааст. MБУБ 538.1
Монеаҳоеро, ки қавми Худоро аз ҷаҳон ҷудо менамоянд, вайрон карда, шайтон пайваста кӯшиши маглуб намудани ин қавмро мекунад. Исроили қадима гуноҳ содир кард, вақте ҷуръат намуд, ки бо бутпарастон муносибатҳои манъшуда пайдо намояд. Исроили муосир низ аз чунин васваса раҳоӣ наёфтааст. «Барои беимонҳое, ки худои ин дунё аклашонро кунд кардааст, то ки нури башорат дар бораи ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад» (2 Қӯринтиён 4:4). Ҳар нафаре, ки аз самими қалб ба Масеҳ содиқ нест, бандаи шайтон аст. Агар нури ҳақиқат ба қалби инсон роҳ наёфта бошад, ӯ ҳатман ҷониби гуноҳ майл мекунад ва ба навозиш намудан ва сафед кардани он моил аст. Инсоне, ки қалби таҷдидёфта дорад нисбати гуноҳ нафрат эҳсос менамояд ва ба он ба таври қатъӣ муқобилат нишон медиҳад. Вақге ки одамони имондор ҷамъияти гунаҳкорон ва бехудоёнро афзалтар мешуморанд, онҳо худро ба хатарҳо гирифтор месозанд. Шайтон бо ёрии ҳилаву найрангҳои моҳирона ва махфӣ чашми онҳоро ба мавқеъи аслии чизҳо мепӯшад. Ва ин одамон он чиро, ки чунин ҷамъият ба онҳо танҳо зарар мерасонад надида, аз рӯи хислат, сухангӯӣ ва кирдорҳо ба ҷаҳон шабоҳат пайдо кардан мегиранд, нобино мегарданд, кабилияти аз ҳақиқат фарк кардани дурӯғро харчӣ бештар аз даст медиҳанд. MБУБ 538.2
Урфу одатҳои дунявиро қабул намуда, Калисо ба ҷаҳон наздик мешавад, вале ҷаҳонро ба Масеҳ наздик намекунад. Муносибати саҳлангорона нисбати гуноҳ ҳатман ба он оварда мерасонад, ки гуноҳ ба назар камтар нафратангез менамояд. Шахсе. ки бо хизматгорони шайтон алоқа дорад, дере нагузашта аз хочаи онҳо низ тарсиданро бас мекунад. Вақте ки мо вазифаи худро ба чо оварда, ба санҷиш гирифтор мешавем, чӣ тавре ки ин дар дарбори шоҳ бо Дониёл рӯй дод, он гоҳ ба ҳимояи Худованд нгубҳа кардан лозим нест; вале агар мо худ ба пешвози васваса қадам гузорем, он гоҳ дер ё зуд ба доми гуноҳ меафтем. MБУБ 539.1
Васвасакор бисёр вақт ба воситаи нафароне бо муваффақияти калон амал мекунад, ки онҳо аз ҳама камтар дар асири гуноҳ будан гумонбар мешаванд. Одамони боистеъдод ва босавод албатта соҳиби иззату эҳтироманд, гӯё ки ин фазилатҳои онҳо метавонанд мавҷуд набудани тарси Худоро чуброн намоянд ё ин ки лутфу марҳамати Худовандро пайдо созанд. Ис- теъдод ва маданият худ аз худ ҳадияҳои Худованд мебошанд, вале агар бо онҳо умеди ҷуброн намудани парҳезгориро намоянд, агар ин сифатҳо, ба ҷои он ки қалбро ҷониби Худо ҷалб намоянд, онро аз Ӯ дур месозанд, он гоҳ онҳо лаънат ва завлона мегарданд. Бисёриҳо андеша мекунанд, ки маданияти баланд ва рафтори боназокат аз мансубияти ин одам ба Масеҳ шаҳодат медиҳанд. Ин гумроҳии амик аст. Чунин фазилатҳо бояд ҳар як масеҳиро зинат диҳанд, зеро ки онҳо метавонанд ба манфиати дини ҳакикӣ таъсири сахт расонанд, вале ин фазилатҳо бояд ба Худо бахшида шаванд, дар акси хол онҳо қувваи барои бадӣ амалкунанда мегарданд. Баъзан чунин рӯй медиҳанд, ки одами боистеъдодтарини маданияташ баланд, ки ба ҷо овардани он чизеро, ки дар ҷамъият бадахлокона ҳисобида мешавад, ба худ раво намебинад, дар дасти шайтон аслиҳаи тезшуда мегардад. Таъсири фиребанда ва намунаи чунин одам ӯро дар муқоиса бо душманони бесавод ва бемаданияти Масеҳ душмани хавфноктари Ӯ мегардонанд. MБУБ 539.2
Сулаймон бо дуои самимӣ ва алоқа бо Худо ба хирадмандие расид, ки тамоми ҷаҳон аз он ба ҳайрат меомад ва дар тааҷҷуб мемонд. Аммо вақте ки ӯ аз Манбаи кувваи худ рӯ гардонд ва танҳо ба худ такя кардан гирифт, он замон қурбонии васваса гардид. Ва қобилиятҳои аҷоиби ба ин подшоҳи хирадмандтарин атошуда ӯро ба аслиҳаи таъсирбахши нобудкунандаи ҷонҳо табдил доданд. MБУБ 540.1
Гарчанде ки шайтон пайвасга қӯшиши тира гардонидани хиради одамонро мекунад, масеҳиён бояд ҳамеша он чизро дар хотир дошта бошанд, ки онҳо «на бар зидди хун ва ҷисм, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот, бар зидди кувваҳои рӯҳи шарорат, ки дар афлок аст», мубориза мебаранд (Эфсӯсиён 6:12). Огоҳии илҳомбахш баъд аз асрҳои зиёд то ба мо расидааст: «Ҳушёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Петрус 5:8). «Зиреҳи куллии Худро дар бар кунед, то ки битавонед ба дасисаҳои иблис муқобилат намоед» (Эфсӯсиён 6:11). MБУБ 540.2
Аз рӯзгори ҳазрати Одам то замони мо душмани инсоният хаста нашуда ситам мекунад, ба ҳалокат мерасонад ва нест месозад. Акнун ӯ барои муҳорибаи охирини худ бо Калисо омодагӣ мебинад. Ҳамаи нафароне, ки ба Масеҳ пайравӣ мекунанд, бо ин душмани хастанашаванда ба ҷанг медароянд. Шахси масеҳӣ ҳар қадар бештар ба Намунаи Илоҳӣ тақлид карданӣ шавад, эҳтимолият ҳамон қадар бештар аст, ки худи ӯ барои шайтон ҳадаф мегардад. Ҳамаи нафароне, ки ба номи Худованд заҳмат кашида, маккории шайтонро ошкор менамоянд ва Масеҳро ба халқ нишон медиҳанд, метавонанд ба шаҳодати ҳавворӣ Павлус ҳамроҳ шаванд, ки тасдиқ мекард, ки хизмат ба Худо бо фурӯтании бузург, «бо ашкҳои бисёр ва васвасаҳо» алоқаманд аст. MБУБ 541.1
Иблис ба Масеҳ бо васвасаҳои аз ҳама маккоронатарин ва сахттарин наздик мешуд, вале ҳамеша шикаст мехӯрд. Масеҳ барои манфиати мо мубориза мебурд: ғалабаҳое ки Ӯ ба даст овардааст, барои ғолиб омадани мо низ кӯмак расонидаанд. Ба ҳамаи нафароне, ки аз Ӯ кӯмак дархост мекунанд, Масеҳ даст дароз мекунад. Агар инсон хоҳиши ба васвасакор мутеъ шуданро надошта бошад, шайтон қобилияти мағлуб кардани одамро надорад. Иродаи инсон дар ихтиёри шайтон нест, ӯ наметавонад инсонро ба гуноҳ кардан маҷбур намояд. Вай метавонад ба инсон дилхоҳ дардро расонад, вале ӯро палид сохта наметавонад. Аз ғалабаи Масеҳ илҳом гирифта, пайравони Ӯ бояд мардонавор ва диловарона ба муқобили гуноҳ ва шайтон мубориза баранд. MБУБ 541.2