Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents

МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН

 - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 5. - СУБҲ ДАР АНГЛИЯ

    To замони фарорасии Ислохот ҳамаги якчанд нусхаи Китоби Муқадцас боқӣ монда буд, лекин Худованд ба нестшавии Каломи Худ роҳ надод. Ҳақиқатҳои Ӯ набояд ба таври абадӣ пӯшида мемонданд. Худованд ба осонӣ метавонист занҷирҳоеро пора кунад, ки каломи ҳаётро банд карда буданд, чӣ тавре дар замонҳои пеш Ӯ дарҳои маҳбасҳо ва дарвозаҳои оҳанинро мекушод, то ки қавми Худро озод кунад. Дар мамлакатҳои гуногун дар зери таъсири Рӯҳи Мукадцас одамон ҳақиқатро ҷустуҷӯ мекарданд, чуноне ки ганҷи пинҳоншударо мечӯянд. Ба шарофати пешбинии Худованд онҳо ба Китоби Мукаддас рӯ оварданд ва саҳифаҳои муқаддасро бо шавқу ҳаваси бузургтарин меомӯхтанд. Онҳо тайёр буданд ҳама чизро қурбон кунанд, то ки фақат аз нури ҳақиқат воқиф шаванд. Гарчанде ки ин одамон якбора хама чизро дарк карда наметавонистанд, лекин бисёр ҳақиқатхои пеш пинҳоншуда ва кайҳо гӯронидашуда барои онҳо ошкор шуданд. Чун қосидони аз Осмон фиристодашуда, онҳо ба шикастани занҷирҳои гумроҳӣ ва хурофот машғул шуданд ва нафаронеро, ки муддати дароз дар асорати фиреб қарор доштанд, барои ба ҳифзи озодии худ бархестан даъват намуданд.MБУБ 74.1

    Дар тӯли асрҳои дуру дароз Каломи Худовандро танҳо ба забонҳое хондан мумкин буд, ки он забонҳоро одамони донишманд медонистанд; фақат валденсҳо Китоби Муқаддасро ба забони модарии худ хонда метавонистанд. Лекин замоне фаро расид, ки Китоби Муқаддас ба забонҳои гуногун тарҷума шуд ва одамон имкон пайдо намуданд онро ба забони модарии худ бихонанд. Давраи нисфишабӣ барои ҷаҳони мо гузашт. Дар бисёр мамлакатҳо зулмот оҳиста-оҳиста пароканда мешуд ва аввалин нишонаҳои субҳи фарорасанда аён шуданд.MБУБ 74.2

    Дар асри XIV дар Англия «ситораи субҳи Ислоҳот» тулӯъ кард. Ҷон Уиклиф на танҳо барои Англия, балки барои тамоми ҷаҳони масеҳӣ қосиди ислоҳотҳо буд. Сухани эътирози ӯ ба муқобили Рум бояд ҳеч гоҳ хомӯш намегашт. Баромади ӯ ба муборизае ибтидо гузошт, ки на танҳо чеҳраҳои чудогона, балки калисоҳо ва халқҳои пурраро ба озодӣ овард.MБУБ 74.3

    Уиклиф маълумоти либералӣ гирифта буд, лекин тарси Худованд барои ӯ маънои ибтидои хирадро дошт. Дар коллеҷ ӯ бо парҳезгории боэҳтимом, қобилиятҳои барҷаста ва донишҳои асоснок машҳур буд. Дар шавқу рағбатҳои сернашавандаи худ ӯ ба сӯи донишомӯзй ҷидду ҷахд мекард, то ки бо ҳамаи соҳаҳои илм шинос шавад. Ӯ фалсафаи схоластикӣ, ҳукуқҳои гражданй ва динӣ, махсусан қонунҳои мамлакати худро меомӯхт. Дар асарҳои баъдинаи ӯ таъсири дониши омӯхтааш эҳсос мешуд. Дониши асосноки фалсафаи назарии он замон ба ӯ дар ошкор намудани заифиҳо ва гумроҳиҳои ин фалсафа кӯмак расонданд; омӯзиши ҳуқуқхои гражданӣ ва динӣ ӯро ба муборизаи бузург барои озодии гражданӣ ва динӣ омода карданд. Каломи Худовандро хуб омӯхта, инчунин аз илмҳои гуманитарӣ низ воқиф буд ва тактикаи схолистҳоро нағз медонист. Боистеъдодӣ ва фарохии донишаш ӯро на танҳо дар миёни дӯстон, балки дар миёни душманон низ соҳибэҳтиром гардонда буданд. Пайравони ӯ ба пешвои худ, ки дар миёни олимони хирадманди он замон мавқеъи баландро ишғол мекард бо ифтихор нигоҳ мекарданд, душманонаш бошанд аз тарси ошкорсозии заифӣ ва ҷохилии худ чуръат намекарданд Ислоҳотро таҳқир кунанд.MБУБ 75.1

    Ҳанӯз ҳангоми донишҷӯ буданаш Уиклиф ба омӯзиши Китоби Муқаддас шурӯъ карда буд. Дар он замоне ки Китоби Муқаддасро фақат бо ягон забони қадима хондан мумкин буд, фақат олимон метавонистанд роҳро ҷониби сарчашмаи ҳақиқат пайдо кунанд, ки барои халқи бесавод пӯшида мемонд. Ҳамин тавр, аллакай роҳ барои кори ояндаи Уиклиф чун ислоҳотчй кушода шуда буд. Мардони олиму донишманд, Китоби Муқаддасро омӯхта ҳақиқати бузургро дар бораи файзи ройгони Худованд пайдо мекарданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки ин ҳақиқатро сарвати тамоми халқ гардонанд ва ба одамон барои ба каломи зинда муроҷиат намудан кӯмак мерасонданд. Вақте ки Уиклиф диққати худро ба Китобҳои Муқаддас равона намуд, ӯ омӯзиши онро бо он ҷидцияте огоз кард, ки бо он асарҳои худро менавишт.MБУБ 75.2

    To ин замон ӯ доимо ташнагии шарҳнопазири донишро эҳсос мекард, ки на бо илмҳои схоластикӣ ва на бо таълимотҳои калисо қаноатманд гардонда намешуд. Ва дар Каломи Худо ӯ он чизеро пайдо кард, ки муддати дароз онро чустуҷӯ мекард. Он ҷо ӯ нақшаи муфассали наҷотро дид, Масеҳ чун ягона Шафоатгарӣ одам зоҳир шуд. Уиклиф тамоми ҳастии худро ба хизмати Масеҳ бахшид ва карори қатъӣ дод, ки хақиқатҳои ба ӯ ошкоршударо мавъиза кунад.MБУБ 76.1

    Ба монанди ислоҳотчиёни баъдина, Уиклиф дар оғози фаъолияти худ ҳамаи оқибатҳои онро пешакӣ дарк накарда буд. Ӯ ба Рум муқобилият нишон додан намехост. Лекин садоқат ба ҳақиқат наметавонист дар чизи дигаре зоҳир шавад, чун танҳо дар мубориза бо дурӯғ. Ҳар кадаре ки ба ӯ гумрохиҳои ҳокимияти папа ошкортар мегардиданд, ӯ ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро ҳамон қадар пурхарораттар мавъиза мекард. Уиклиф медид, ки Рум аз барои ривоятҳои инсонй Каломи Худоро қурбон кардааст; ӯ далерона аҳли динро дар инкоркунии Китоби Муқадцас айбдор мекард ва талаб менамуд, ки Китоби Муқаддас ба халқ баргардонда ва эътибору нуфузи он дар калисо барқарор карда шавад. Ӯ устоди боистеъдод ва боэътиқод ва мавъизачии суханпардоз буд, зиндагии ҳаррӯзааш бошад ҳақиқатҳои мавъизанамудаашро устувор мегардонд. Донистани Китоби Муқаддас, андешаронии бенуқсони мантиқӣ, покии ҳаёт, мардонагӣ ва адолатпарварии устувор ӯро ба эҳтиром ва боварии омма сарфароз гардонданд. Бисёре аз ҳамзамонони ӯ аз таълимоти диние ки ба он пайравӣ мекарданд қаноатмандӣ намеёфтанд, онҳоро қонуншиканиҳое, ки дар калисои католикӣ ҳукмрон буданд ба газаб меовард, ва онҳо бо хурсандии ошкоро ҳақиқатҳоеро қабуд менамуданд, ки Уиклиф мавъиза мекард. Пешвоёни калисои католикӣ аз ғазаб ба ларза омада, назорат мекарданд, ки чй гуна ин ислохотчӣ дар миёни мардум ҳарчи бештар нуфузу эҳтиром пайдо мекард.MБУБ 76.2

    Уиклиф метавонист моҳирона гумроҳиҳоро ошкор созад, ва ҷасурона ба муқобили суиистифодаҳои зиёде ки бо розигии Рим ба ҷо оварда мешуданд, баромад мекард. Ҳангоми иҷрои вазифаи капеллани подшоҳ, ӯ далерона андозеро, ки папа аз подшоҳи англис меситонд маҳкум намуда, инчунин ба он нишон дод, ки дастдарозкунии папа ба ҳокимияти дунявӣ ҳам ба мантиқ ва ҳам ба Каломи Худо зид аст. Талаботҳои папа пеш аз ин ҳам хашму ғазаби зиёдро ба миён меоварданд, ва фошсозиҳои Уиклиф ба ходимони давлатӣ таъсири муносиб расонданд. Шоҳ ва ашрофзодагон бо ҳам муттаҳид гардида талаботҳои папаро, ки ба ҳокимияти дунявӣ даст дароз карда буд рад карданд ва аз супоридани андоз даст кашиданд. Ҳамин тариқ ба эътибору нуфузи папа дар Англия зарбаи сахт расонда шуд.MБУБ 77.1

    Бадии дигаре ки ислоҳотчӣ ба муқобили он муборизаи дуру дароз ва сахт мебурд, таъсисдиҳии иттиҳодҳои роҳибони садақот ҷамъоваранда буд. Тамоми сарзамини Англия пур аз роҳибон гардида буд, ки ба пешравии некӯаҳволии миллат монеаи ҷиддие гардида буданд. Бо мавҷудияти фалаҷкунандаи худ онҳо ба иқтисодиёт, маориф ва маънавиёт зарари сахт мерасонданд. Тарзи ҳаёти беҳудаи роҳибони гадоикунанда барои мардуми заҳматкаш бори гароне гардид, ки онҳоро маҷбур месохт ин иттиҳодро таъмин намоянд, лекин аз ҳама асосй - аҳамияти меҳнати манфиатовар паст зада мешуд. Ҷавонон ба таъсири фасодангез дучор мегаштанд, асосҳои оила ба ҷунбиш медаромаданд. Дар зери таъсири роҳибон бисёриҳо ба дайр мерафтанд ва инро на танҳо бе розигии волидайн амалй менамуданд, балки бар хилофи иродаи онҳо. Яке аз падарони Калисои католикӣ, ки талаботҳои иттиҳоди роҳибонро аз қарз ва ӯҳдадориҳои фарзандӣ боло медонист, изҳор карда буд, ки: «Ҳатто агар падар дар остонаи дари ту ба зону зада гиряву фиғон кунад, ва ҳатто агар модар ба ҳиссиётҳои ту муроҷиат карда, ёдрас шавад, ки ӯ туро дар батни худ парваридааст ва аз синаи худ шир додааст, дон, ки ту бояд онҳоро зери по намуда сӯи Масеҳ шитоб намоӣ». Ҳамин гуна «ноодамии даҳшатангез», чи тавре ки баъдтар Лютер ин принсипро номида буд, «ки на масеҳиёна ва инсонӣ, балки аниқтараш, ифодаи ягон чизи ваҳшиёнаю золимона аст», ба дараҷаи олӣ муносибати миёни фарзандон ва волидайнро тезу тунд мегардонд9Барнас Сиарс, «Ҳаёти Лютер», саҳ. 69,70.. Ҳамин тавр аҳли дин, ба монанди фарисиён дар замони қадим, аз барои афсонаву ривоятҳои худ аҳкоми Худоро бекор карданд. Дар натиҷа оилаҳо вайрон мешуданд, падару модарони пиршуда бошанд аз фарзандони худ маҳрум мегаштанд.MБУБ 77.2

    Ҳатто донишҷӯёни донишгоҳҳо ба ваъдаҳои дурӯги роҳибон бовар карда ба иттиҳодҳои онҳо аъзо мешуданд. Бисёриҳо оқибат аз интихоби худ пушаймон шуда, диданд. ки ҳаёти худро вайрон кардаанд ва волидайнро озор додаанд, лекин барои нафаре як маротиба ба ин чоҳ афтода аст, аллакай ба даст овардани озодии пешина номумкин буд. Баъзан падару модарон, аз таъсири рохибон тарсида, аз фиристодани фарзандони худ ба донишгоҳҳо даст мекашиданд. Дар натиҷа дар марказҳои калони таълимӣ якбора шумораи хонандагон кам гардид. Кори муассисаҳои таълимй ру ба пастравӣ оварданд, ҷаҳолат бошад тантана мекард.MБУБ 78.1

    Папа ба роҳибон ҳукукд қабул намудани тавба ва омурзиши гуноҳҳоро дода буд. Ва ин сарчашмаи бадии бузурге гардид. Роҳибон кӯшиши ҷамъ намудани сарватро карда, гуноҳи ҷинояткорони гуногунеро, ки ба назди онҳо меомаданд, бо як осонӣ мебахшиданд, ки дар натиҷаи ин фисқу фучур босуръат инкишоф меёфт. Камбизоатон ва беморон оа ихтиёри худ гузошта шуда буданд, ҳадияҳои барои онҳо таъйиншуда бошанд ба роҳибон мерасиданд, ки ҳама гуна таҳдидҳоро истифода бурда, аз халқ хайру садақа талаб мекарданд ва онҳоеро, ки аз кӯмак расондан ба иттиҳод даст мекашиданд худобехабар эълон менамуданд. Бо вуҷуди камбағалии зоҳирӣ, роҳибон зуд сарватманд мешуданд ва хонаҳои пурҳашамат ва хӯроки боназокат, ки аъзоёни иттиҳод худро бо он лаззат медоданд, танҳо аз камбизоатии инкишофёбандаи халқ шаҳодат медоданд. Роҳибон вақти худро дар ҳаловат ва шукӯҳу дабдаба гузаронда, ҷоҳилонро ҳавасманд мекарданд, ки бе мондашави дар бораи ҳар гуна мӯъҷизаҳо ва ҳодисаҳои ғайриоддӣ ҳикоят кунанд, то ки одамонро вақтчоқ гардонанд ва аҳмақ кунанд. Эътибору нуфузи худро онҳо бо паҳн намудани хурофот, ва ба халқ талқин намудани он, ки қарзи диндорӣ танҳо аз эътирофи сарварии папа, сачда ба муқаддасон ва додани ҳадияҳо ба роҳибон иборат аст, нигоҳ медоштанд. Халқро пайваста ба он бовар мекунонданд, ки риояи ин қоидаҳо - роҳи ростест ҷониби биҳишт.MБУБ 78.2

    Ҳамаи кӯшишҳои олимон ва мардони парҳезгор оиди гузаронидани ислоҳот дар ин иттиҳодҳои гадоикунанда беҳуда буданд. Уиклиф, ки дорои хиради нуқтасанҷона буд, ба решаи ин бадӣ нишон дода, дурӯғ будани роҳибиро ошкор намуд ва бекорсозии онро талаб кард. Сари ин масъала баҳсҳо авҷ гирифтанд. Роҳибони саёҳаткунанда, ки ба савдои индулгенсияҳои папа машғул шуда, бисёрихоро ба андеша намудан водор карданд, - ки оё ба даст овардани бахшоиши гуноҳҳо бо пул амали ҳаққонист? Одамон ба худ савол медоданд, ки магар барои бахшоиши гуноҳҳоро ба даст овардан ба Худо муроҷиат кардан беҳтар нест, назар ба онро аз папаи Рум ҷӯстан? Бисёриҳо аз чашмгуруснагии инкишофёбандаи роҳибон, ки гӯё сарҳад надошт ба изтироб омада буданд. «Роҳибон ва рӯҳониёни католик - мегуфтанд онҳо - моро чун варами саратон ба доми худ мекашанд. Худованд бояд моро озод кунад ё ин ки халқ мемирад»10Д’Обинйе, китоби 17, боби 7.. Кӯшиши сафед намудани чашмгуруснагии худро намуда, роҳибони садақот ҷамъоваранда худро пайравони Наҷотдиҳанда нишон медоданд ва изҳор медоштанд, ки Исо ва шогирдони Ӯ низ аз ҳисоби хайру садақаи халқ зиндагӣ мекарданд. Ин фикр ба муқобили худи онҳо анҷом ёфт, зеро ки бисёриҳо дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ба омӯзиши Китоби Муқаддас шурӯъ намуданд, ин бошад ба мақсадҳои Рим ҳеҷ рост намеомад. Одамон ба Сарчашмаи ҳақиқат рӯ оварданд, ки онро Калисои католикӣ дақиқона пинҳон мекард.MБУБ 79.1

    Уиклиф ба навиштан ва нашр намудани мақолаҳо ба муқобили роҳибон на аз барои бо онҳо баҳс намудан шурӯъ кард, балки аз барои ба ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас ва Муал- лифи он равона сохтани таваҷҷӯҳи халқ. У изҳор дошт, ки папа низ ҳамон гуна ҳуқуқи омурзиши гуноҳҳо ва аз калисо пеш кардани одамонро соҳиб аст, чун дигар рӯҳониёнӣ оддӣ, ва ҳеҷ як одам наметавонад дар ҳақиқат аз калисо ронда шавад, агар ӯ ба сари худ лаънати Худовандро наёварда бошад. Ин яке аз зарбаҳои эҳсосшавандае буд, ки Уиклиф ба муҷассамаи бузургҷуссаи ҳукмронии рӯҳонй ва дунявие, ки онро папа барқарор карда буду он аз болои миллионҳо одамон салтанат меронд, зада буд.MБУБ 79.2

    Уиклиф, ки барои ҳимояи тахту тоҷи Англия аз таҷовузи Рум даъват шуда буд, сафири шоҳ таъйин гардид ва ду солро дар Нидерланд гузаронда дар ҷамъомадҳо бо намояндагони папа иштирок мекард. У дар он ҷо озодона бо аҳли дини Франсия, Италия ва Испания сӯҳбат мекард, бо он ҷабҳаҳои ҳаёти диние ки пеш барои ӯ пӯшида буданд, шинос шуд. Дар хориҷа ӯ бисёр чизҳоро фаҳмид ва дарк кард, ва таҷрибаи омӯхтааш дар асарҳояш инъикос ёфт. Намояндагони дарбори папа ба ӯ мохияти аслй ва мақсадҳои иерархияи папаро ошкор намуданд. У ба Англия баргашта мавъизаи ақидаҳои худро бо ҳақгӯӣ ва ҷидду ҷахди боз ҳам бештар давом дода, исроркорона баён мекард, ки худоҳои ҳақиқии Рум ҳарисӣ, такаббур ва дурӯғӯӣ мебошанд.MБУБ 80.1

    Дар яке аз рисолаҳои худ Уиклиф дар бораи папа ва думравони ӯ чунин гуфта буд: «Онҳо аз мо он чизеро мегиранд, ки метавонист мавҷудияти одамони камбизоатро таъмин намояд. Ва ҷамъ бо ин ҳамасола аз хазинаи шоҳ ҳазорҳо марка барои иҷрои фарзҳои калисо ва дигар эҳтиёҷотҳои он сарф мешаванд — ин бидъати нафратангез симония номида шудааст, ки масеҳиёнро маҷбур месозанд онро дастгирӣ кунанд. Ва агар дар мамлакати мо кӯҳҳои тилло мебуданду гайр аз пулҷамъкунандагони ин папаи мағрур ягон нафар ба онҳо даст намерасонд, онҳо низ зуд ё дер тамом мешуданд; зеро ӯ тамоми пулҳои моро мегирад ва дар иваз ғайр аз лаънати Худо барои симонияи худ чизе намедиҳад»11Ҷон Люис, «Таърихи ҳаёт ва азобҳои Уиклиф», саҳ. 37..MБУБ 80.2

    Баъд аз баргаштан ба Англия дере нагузашта Уиклифро шоҳ ба вазифаи рӯҳонии калисои Люттерворт таъйин намуд. Ин аз он шаҳодат медод, ки шоҳ аз суханрониҳои боғайрати ӯ асло норизо нест. Таъсири Уиклиф ҳам дар зиндагии дарбор ва ҳам дар таҷдидёбии имони тамоми миллат эҳсос мешуд.MБУБ 80.3

    Лекин дере нагузашта таҳдидҳои даҳшатовари Рум бар сари Уиклиф фурӯ рехтанд. Ба Англия се ярлиқ - ба донишгоҳ, ба шоҳ ва ба прелатҳо фиристода шуданд; дар онҳо фармон дода мешуд, то ки чораҳои қатъӣ ва фаврӣ қабул карда шаванд, то ки ин муаллими бидъатро ба хомӯш мондан маҷбур созанд12Август Неандр, «Таърихи умумии дини масеҳӣ ва калисо», давраи 6, фасли 2, қисми 1, § 8.. Ҳанӯз то омада расидани ярлиқҳои папа усқуфҳои ба ғазаб омада Уиклифро ба суд даъват карданд, ки Уиклиф ба он ҷо бо ҳамроҳии ду ҳокими пурқудрати мамлакат ва издиҳоми халқ ҳозир шуд ва ба бинои суд ворид гардида ончунон судяҳоро тарсонданд, ки кори судии Уиклиф пас гузошта ба ӯ иҷозат доданд, ки бо хушӣ баргардад ва кори худро давом диҳад. Дере нагузашта баъд аз ин Эдуарди III, ки прелатҳо аз солхӯрдагии ӯ истифода бурда, мехостанд ӯро ба Уиклиф зид гардонанд, аз дунё даргузашт, ва ҳокими мамлакат ҳимоятгари пешинаи Уиклиф таъйин гардид.MБУБ 81.1

    Лекин ярлиқҳои ба Англия расидаи папа шоҳро вазифадор мекарданд. ки ин бидъаткорро дастгир намуда ба зиндон андозад. Ин аз он гувоҳӣ медод, ки Уиклифро гулхани оташ интизор аст. Маълум буд, ки Уиклиф ба наздики қурбонии Руми хунхор ва қасосгир мегардад. Лекин Он ки ҳанӯз дар замони қадим ба пайғамбар Иброҳим гуфта буд: «Натарс... Ман сипари ту ҳастам» (Ҳастй 15:1), бори дигар даст дароз намуда, бандаи Худро ҳифз кард. Марг на ислоҳотчй, балки папаро, ки фармонро дар бораи қатл намудани Уиклиф бароварда буд, ба доми худ кашид. Григорийи XI мурд, ва суди калисо, ки бояд такдири Уиклифро ҳал мекард, барпо нагашт.MБУБ 81.2

    Рӯҳи пешбинандаи Худо барои инкишофи Ислоҳот шароитҳои мусоид фароҳам оварда, идора намудани ҳамаи ҳодисаҳои ояндаро давом медод. Баъди марги Григорий интихоби ду папа, ки миёни ҳамдигар рақобат мекарданд барпо гардид. Ин ду гурӯҳи муборизабаранда ба таври ошкоро даъвои бегуноҳии худро мекарданд. Ҳар яке аз онҳо имондоронро барои ҷанг ба муқобили гурӯҳи дигар даъват намуда, муроҷиатҳои худро бо лаънатхониҳои даҳшатовар ба ҷониби ҳариф ва бо ваъдаи мукофотҳо дар биҳишт ба пайравони худ, мустаҳкам мегардонданд. Ин воқеаҳо ҳокимияти папаро хеле заиф гардонданд. Дар давраи ин муқобилиятҳои сахт Уиклифро ором гузоштанд. Папаҳо бошанд якдигарро лаънат мехонданд ва гунаҳгор мекарданд; кӯшишҳои устуворгардондани қудрату нуфузро хунрезиҳо ҳамроҳй мекарданд. Ҷинояткориҳо ва хархашаҳои оммавӣ дар калисо амалҳои одатӣ гардиданд, дар айни ҳол ислоҳотчӣ дар танҳоии калисои Люттерворт ҳаммаи қувваи худро ба он равона карда буд, ки диққати халқро аз папаҳои бо ҳам муқобилияткунанда ба Мири осоиштагӣ - Исои Масеҳ равона созад.MБУБ 81.3

    Ҷудоӣ бо тамоми адоватҳои минбаъда ва таназзули маънавиёт барои Ислоҳот роҳ омода кард, зеро халк имкони дидани чеҳраи аслии папаро пайдо кард. Дар рисолаи худ «Дар бораи адовати папаҳо» Уиклиф халқро даъват намуд, мулоҳиза кунанд, ки оё ин ду руҳони ин қадар ноҳақанд, ки якдигарро зиддимасеҳ меноманд. «Худованд дигар наметавонад ба он чиз иҷозат диҳад,то ки шайтон танҳо яке аз онҳоро дар зери дасти худ нигоҳ дорад, - мегуфт ӯ - балки... пешонаҳои ҳар дуи онҳоро бо ҳам зад, то ки бо ин роҳ одамон ба осонӣ ба исми Масеҳ аз зери ҳукми онҳо озод шаванд»13Воган, «Ҳаёт ва ҷаҳонбинии Иоанн Уиклиф», ҷилди 2, саҳ. 6..MБУБ 82.1

    Уиклиф ба монанди Устоди худ Инҷилро ба мискинон мавъиза мекард. Ӯ роҳ дода наметавонист, ки нур танҳо дар оилаҳои фурӯтани калисои ӯ дар Люттерворт паҳн гардад, ва қарор дод, ки онро ба тамоми Англия ҳадия кунад. Бо ин мақсад ӯ гурӯҳи мавъизачиёнро аз одамони оддию вафодор ва ба ҳақиқат содиқ ташкил дод, ки хоҳиши ҳеҷ чизи дигареро то ин андоза надоштанд, ҷуз паҳнкунии он. Ин одамон ба ҳама ҷо сафар намуда, дар майдонҳои бозор, дар кӯчаҳои шаҳрҳои калон ва шоҳроҳҳо ҳақиқатро мавъиза мекарданд. Онҳо одамони пиронсол, бемор ва мискинонро ҷустуҷӯ намуда, муждаро дар бораи файзи Худо ба онҳо мерасонданд.MБУБ 82.2

    Дар Оксфорд ба унвони доктори илми илоҳиётшиносӣ соҳиб буда, Уиклиф Каломи Худоро дар синфхонаҳои до- нишгоҳ мавъиза мекард. Ӯ ончунон саргарми ба донишҷӯён расондани ҳақиқат буд, ки ӯро «доктори Инҷил» ном мегирфтанд. Лекин бузургтарин кори зиндагии ӯ, тарҷумаи Китоби Муқаддас ба забони англисӣ гардид. Дар китоби худ бо номи «Ҳақиқат ва маънии Навиштаҳо», ӯ дар бораи хоҳиши тарҷума намудани Китоби Муқаддас сухан гуфтааст, то ки ҳар як шаҳрванди Англия тавонад дар хусуси аъмоли аҷиби Худованд ба забони модарии худ маълумот пайдо кунад.MБУБ 82.3

    Лекин кори ӯ ногаҳон бозистод. Гарчанде ки ӯ ҳанӯз ба синни 60 солагӣ нарасида буд, вале заҳмати бетанаффус, корҳои илмӣ, ҳамлаҳои душманон қувваҳои ӯро заиф гардонданд, ӯ пеш аз вақт пир гашт ва ба бемории хавфнок гирифтор шуд. Роҳибон бо хурсандии бузургтарин ин хабаро истиқбол гирифтанд. Бо гумони он ки Уиклиф аз он бадии ба калисо расондааст бо андӯҳ тавба мекунад, онҳо ба назди ӯ шитоб намуданд, то ки тавбаи ӯро бишнаванд. Дар гирди бистари беморе ки душманонаш умед доштанд бистари марги ӯ мегардад, намояндагони чор иттиҳод дар якҷоягӣ бо чор мансабдори давлатй ҷамъ омаданд. «Марг наздик аст - муроҷиат намуданд онҳо ба ӯ - аз гумроҳиҳои худ тавба кунед ва дар ҳузури мо аз ҳамаи он чизе ки ба муқобшш мо гуфтаед даст кашед». Ислоҳотчӣ бо хомӯшӣ ҳамаи ин суханонро гӯш кард; баъд Уиклиф аз хизматгори худ хоҳиш кард, ки ӯро дар рӯи бистар бардорад ва бо нигоҳи оромона ба одамони дар наздаш истода, ки ҷавоби ӯро интизор буданд, назар андохта бо садои баланд ва қатъӣ, ки онҳоро доимо ба ларза меовард, чунин гуфт: «Ман намемирам, балки зинда мемонаму боз амалҳои бадкирдоронаи роҳибонро ошкор месозам»14Д’Обинйе, китоби 17, боби 7.. Роҳибони шармдорондашуда ва ба ҳайратзада бо шитоб ӯро тарк карданд.MБУБ 83.1

    Суханони Уиклиф иҷро шуданд. Ӯ зинда монд, то ки ба дасти халқи худ яке аз пурқудраттарин аслиҳаро ба муқобили Рум - Китоби Муқаддасро, ки аз ҷониби Осмон барои озодгардй, маърифатнокшавӣ ва мавъизаи ҷаҳон таъйин шуда буд, бидиҳад. Ба тарҷумаи Китоби Муқаддас машгул буда, мунтаззам ба мушкилиҳо ва монеаҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардид. Ӯ, ки аз бемори заиф гардида буд, хуб медонист, ки барои кор ба у вақти кам боқӣ мондааст: ӯ медид, ки чӣ гуна муқобилатро бояд бартараф кунад, бо вуҷуди ин аз ваъдаҳои Каломи Худованд рӯҳбаланд гардида, далерона ба пеш ҳаракат мекард. Хиради равшани аз таҷриба бойро нигоҳ дошта, ӯ бо пешбинии махсуси Худо барои амалӣ намудани ин заҳмати бузург тайёр шуда буд. Дар он замоне ки ҳамаи масеҳиёнро изтироб ва таҳлуқа фаро гирифта буд, Уиклиф дар калисои худ дар Люттерворт, дар дурй аз тӯфони наъразананда, оромона мақсади дар наздаш гузоштаро ба ҷо меовард.MБУБ 83.2

    Дар охир кор ба анҷом расонида шуд - Китоби Муқаддас бори аввал ба забони англисӣ тарҷума шуд. Акнун Каломи Худованд барои Англия низ дастрас гардид. Ислохотчӣ акнун на аз маҳбас ва на аз гулхан намеҳаросид. У ба халқи англис нуреро дод, ки ҳеҷ гох хомӯш намегардад. Хамватанони худро бо Китоби Муқаддас шинос намуда, ӯ назар ба дилхоҳ сарлашкаре ки бузургтарин ғалабаро дар майдони набард ба даст меорад, баҳри равнақ ва озодии ватани худ аз асорати ҷаҳолат ва фисқу фасод кори бештареро ба анҷом расонд.MБУБ 84.1

    Дар он замон китобчопкунӣ ҳанӯз маълум набуд ва Китоби Муқаддас метавонист танҳо бо роҳи заҳмати хастакунанда паҳн гардад. Хоҳиши доштани Китоби Муқаддас ончунон баланд буд, ки бисёр касон ба дастнавис намудани он шурӯъ карданд, лекин ин кор талаботро қонеъ гардонда натавонист. Харидорони сарватманд Китоби Муқаддасро пурра харидораӣ мекарданд. Дигарон бошанд - танҳо қисмҳои алоҳидаи онро. Дар бисёр мавридҳо барои ба таври пурра харидор намудани Китоби Муқаддас якчанд оила бо ҳам муттаҳид мешуданд. Бо ҳамин тариқ Китоби Муқаддас, ки онро Уиклиф тарҷума карда буд дар муддати кӯтоҳ ба хонаҳои мардуми оддӣ роҳ ёфт.MБУБ 84.2

    Даъват ба хиради одамон, онҳоро аз ҳолати тобеияти беирода ба аҳкомҳои динии папа берун кард. Уиклиф оа мавъизаи ақидаҳои асосии протестантизм - наҷот ба василаи имон ба Масеҳ ва бехатоии Китоби Муқаддас оғоз намуд. Мавъизачиёни тайёрнамудаи ӯ дар якҷоягӣ бо Китоби Муқад- дас асарҳои ӯро низ паҳн мекарданд ва фаъолияти кории онҳо ончунон бомувафақият буд, ки қариб ними аҳолии Англия ақидаҳои протестантизмро қабул карданд.MБУБ 84.3

    Паҳнкунии Китоби Муқаддас ба сардорони калисо нооромии зиёд овард. Акнун онҳоро лозим буд назар ба Уиклиф бо қувваи боз ҳам пурқувваттар - қуввае ки ба муқобили он шамшери онҳо нотавон буданд, мубориза баранд. Дар он замон дар Англия ҳанӯз ягон қонун набуд, ки паҳнкунии Китоби Муқаддасро манъ кунад, зеро ки он ҳеҷ гоҳ пеш аз ин ба забони модарии ин халк нашр нашуда буд. Баъдан чунин қонунҳо қабул шуданд ва ба таври қатъӣ ба ҷо оварда мешуданд, лекин ҳоло, ба муқобилияти аҳли дин нигоҳ накарда, Каломи Худованд пахн мегашт.MБУБ 85.1

    Ва пешвоёни Калисои католикӣ аз нав воситаҳои ба хомӯшй маҷбур намудани ислоҳотчиро андеша мекарданд. Се трибунал Уиклифро шикаст дода натавонистанд. Дар аввал шӯрои олии усқуфҳо асарҳои ӯро бидъатона номид ва аҳли дин дастгирии шоҳи ҷавон Ричарди II ба даст оварда, фармони шоҳро дар бораи ҳукуқи зиндонӣ намудани ҳар нафаре, ки ин таълимоти лаънатшударо пайравӣ мекунад, комёб шуд.MБУБ 85.2

    Уиклиф ба парламент муроҷиат кард; ӯ далерона иерархияро дар назди маҷлиси миллӣ сахт сарзаниш карда, талаб намуд, ки ҳамаи ҷиноятҳои аз ҷониби калисо иҷозат додашуда, дида баромада шаванд. Ӯ бо боварии қатъӣ ҳарисӣ ва расвоии ахли дини калисои католикиро тасвир кард. Суханони ӯ душманонашро ба изтироб оварданд. Ҷонибдорон ва дӯстони пешинаи Уиклиф ба таслим шудан маҷбур шуданд ва душманони ӯ интизор буданд, ки ислоҳотчии пиронсолу яккаву танҳо ва аз ҷониби дӯстон таркшуда дар назди ҳокимияти шоҳ ва папа cap хам мекунад. Лекин ба ҷои намояндагони папа худ мағлуб шуданд. Парламент, ки аз суханронии рӯҳбаландонаи Уиклиф ба изтироб омада буд, фармонро дар бораи таъқиботи ӯ бекор кард, ва ислоҳотчӣ боз дар озодӣ монд.MБУБ 85.3

    Маротибаи сеюм ӯ дар назди суди олии рӯҳонии шоҳигарӣ қарор гирифт. Папистҳо бовари доштанд, ки ин навбат ба ин марди бидъаткор раҳм намекунанд ва Рим ғолиб меояду ба фаъолияти Уиклиф бошад анҷом бахшида мешавад. Агар онҳо мақсадҳои худро амалӣ карда метавонистанд, Уиклиф маҷбур мешуд, ки аз таълимоти худ даст кашад - дар акси ҳол ӯро гулхани оташ интизор буд.MБУБ 85.4

    Лекин Уиклиф даст накашид - ӯ дурӯягӣ кардан намехост. Ӯ далерона таълимоти худро ҳимоя мекард ва ба гунаҳгоркуниҳои душман мардонавор ҷавоб мегардонд. Дар бораи худ, ва мавқеъи худ фаромӯш карда, ӯ шунавандагони худро аз доварии Худованд ёдрас мешуду андешаҳо ва ҳилаю найранги онҳоро дар тарозуҳои ҳакикати ҷовидона бармекашид. Дар толори суд ҳузури Рӯҳи Муқаддас эҳсос мешуд. Шунавандагон аз қуввае ки аз ҷониби Худованд бармеомад мафтун гашта буданд. Ба назар чунин менамуд, ки онҳо қувваи тарк намудани толори судро надоштанд. Суханони ислоҳотчӣ ба монанди тирҳои Худованд қалбҳоро сӯрох мекарданд. Уиклиф гуноҳи дар бидъаткорӣ ба гарданаш боршударо бо кувваи маглубкунанда ба муқобили душманон равона кард. Барои чӣ, бо катъият суол мекард ӯ, ки папистҳо дар гумроҳиҳои худ истодагарӣ мекунанд ва онҳоро дар миёни халқ паҳн мегардонанд? Онҳо файзи Худоро аз барои манфиати худ мефурӯшанд.MБУБ 86.1

    «Шумо чӣ фикр доред, бо кӣ мубориза мебаред? - дар охир пурсид ӯ. Бо пирамарди дар лаби гӯр истода? He! Шумо бо Ҳақиқат мубориза мебаред. лекин Ҳақиқат аз шумо пурқуваттар аст, ва он ғолиб меояд»15 Уайлӣ , китоби 2, боби 13.. Бо ин суханон ӯ ҷамъомадро тарк кард ва ҳеҷ нафаре аз душманонаш ҷуръати боз доштани ӯро накард.MБУБ 86.2

    Заҳматҳои Уиклиф қариб ба охир расонда шуда буданд, дасти ӯ ки дар ин қадар вақт байрақи ҳақдқатро боло мебардошт, ба поён шудан наздик буд, лекин ӯ бояд боз як маротибаи дигар аз садоқати худ ба Инчил шаҳодат медод. Ба ӯ лозим буд, ки ҳақиқатро дар такягоҳи салтанати гумрохӣ мавъиза кунад. Уиклиф ба суд ба назди трибунали папа ба Рум даъват шуда буд, ки дар он ҷо чандин маротиба хуни мукаддасон рехта шуда буд. Уиклиф ҳама хатари ба ӯ тахдидкунандаро дарк ме- кард, вале бо вуҷуди ин ба ин даъват итоат мекард, агар зарбаи бемории фалаҷ ба сафараш монеъ намешуд. Ва гарчанде ки овози Уиклифро дар Рум нашуниданд, лекин ӯ ҳанӯз қобилияти дар даст нигоҳ доштани қаламро соҳиб буд ва аз он истифода бурд. Ислоҳотчӣ аз калисои худ ба папа мактуб навишт, гарчанде ки мактуб дар рӯҳияи масеҳӣ ва бо одоби муошират навишта шуда бошад ҳам, лекин бо қатъият шукӯҳу шаҳомат ва гурури тахти папаро сарзаниш мекард.MБУБ 86.3

    «Ман бисёр шодам, - навишта буд ӯ, - ки метавонам ба таври ошкоро дар бораи эътиқоди худ ба ҳар як шахс ва махсусан ба усқуфи Рум сухан бигӯям. Азбаски ман худро соҳиби ақли солим мешуморам, пас умед дорам, ки ӯ ё эътиқоди имони маро тасдиқ мекунад, ё, агар ман гумрох бошам, маро ба роҳи ҳақиқат ҳидоят менамояд.MБУБ 87.1

    Пеш аз ҳама ман андеша дорам, ки Инҷили Масех - аслу моҳияти Шариати Худованд аст... ва аз сабаби он ки усқуфи Рум дар рӯи замин ноиби Масеҳ ба шумор меравад, пас ӯ бояд назар ба дигарон бештар ба қонунҳои Инҷил итоат кунад. Зеро ки бузургии шогирдони Масех на дар шаъну шуҳрати заминӣ, балки дар наздики бо Масеҳ ва пайравии аниқ аз Масех дар ҳамаи амалҳои Ӯ иборат буд... Масеҳ дар зиндагии оворагардонаи худ яке аз камбизоаттарин одамоне буд, ки ягон салтанат ва шӯхрати заминӣ надошт...MБУБ 87.2

    Ягон нафари ба Худованд содиқ, ҳатто ба папа ё ба ягон шахси муқаддаси дигарро набояд тақлид кунад, балки танҳо Исои Масеҳро, зеро ки Петрус ва писарони Забдой бар хилофи намунаи Масеҳ кӯшиши ба даст овардани шӯхрати заминиро намуда, гуноҳ содир карданд, бинобар ин мо бояд аз хатогиҳои онҳо эҳтиёт бошем...MБУБ 87.3

    Папа бояд ҳамаи корҳои заминиро ба ҳокимияти ғайридинӣ супорад ва рӯхониёнро панд диҳад, зеро ки Масеҳ ва ҳаввориён чунин рафтор мекарданд. Агар ман дар чизе иштибоҳ карда бошам, он гоҳ бо фурӯтании пурра тайёрам дилхоҳ сарзаниш ва ислоҳро қабул кунам, ҳатто маргро низ, агар ин зурур бошад; ман шахсан ба назди усқуфи Рум ҳозир мешудам, агар имконияти сафар карданро медоштам, лекин Худованд бо хоҳиши Худ амал намуд ва ман бояд аз одамон дида бештар ба Худованд итоат кунам...»MБУБ 87.4

    Дар хотима ӯ навишта буд: «Ба Худо дуо мегӯем, то ки У папаи мо Урбани VI ва ҳамаи рӯҳониёни ӯро водор намояд, ки дар ҳаёт ва корҳои худ ба Исои Масеҳ пайравӣ кунанд, то ки онҳо халқро содиқона рохнамоӣ намуда дар хама чиз ба Худованд содиқ бошанд»16Ҷон Фокс, «Аъмол ва ёдгориҳо», ҷилди 4, сах, 49,50..MБУБ 88.1

    Ҳамин тавр Уиклиф дар назди папа ва кардиналҳо фурӯтанй ва нармдилии Масеҳро ошкор намуда, на танҳо ба онҳо балки ба ҳамаи масеҳиён фарқияти миёни Масеҳ ва пайравони папаро, ки онҳо худро намояндагони У мешумориданд, нишон дод.MБУБ 88.2

    Уиклиф тахмин мекард, ки ба ӯ барои садоқаташ ҷон додан лозим меояд. Шоҳ, папа ва усқуфҳо - ҳама мутаҳҳид шуданд, то ки ӯро ба қатл расонанд, ва ба назар чунин менамуд, ки ӯро аз гулхани оташ раҳой нест. Лекин мардонагии ӯ устувор буд. «Барои чй шумо андеша мекунед, ки тоҷи риёзаткашй аз шумо дур аст? Мавъизаи Инҷили Масехро ба прелатҳои мағрур cap кунед - ва марги пуразоб шуморо интизор мешавад. Чӣ? Ман бояд зиндагӣ кунам ва хомӯш монам?... Ҳеч гоҳ! Бигзор зарба ба сари ман фурӯ резад, ман онро интизорам. . . .» 17Д’Обинйе, китоби 17, боби 8..MБУБ 88.3

    Лекин пешбинии Худо бандаи Худро ханӯз ҳам ҳимоя мекард. Марде ки дар тӯли тамоми ҳаёти худ ҳақикатро ҳимоя мекарду ҳамарӯза ба хатарҳои марговар дучор мегардид, набояд тӯъмаи душманони оштинопазираш мегашт. Уиклиф ҳеҷ гоҳ дар хусуси он ғамхорӣ намекард, ки худро аз хатарҳо ҳимоя кунад: ҳимоятгарӣ ӯ Худованд буд. Ва акнун, ки душманон ба ғалабаи худ бовари доштан, дасти Худованд ӯро дар макони барои онҳо дастнорас пинхон кард. Маҳз дар ҳамон вақте ки Уиклиф дар калисои худ дар Люттерворд барои ба ҷо овардани маросими хӯрдани нону шарбати ангур омодагй медид, аз бемории фалаҷ афтода, дере нагузашта ҷон дод.MБУБ 88.4

    Худованд ба Уиклиф иҷрои вазифаи муайянеро супориш дод. Ӯ Каломи ҳақиқатро ба забони Уиклиф гузошта ӯро муҳо- физат мекард, то ки ин Калом тавонад сарвати халқ гардад. Худованд ҳаёт ва асарҳои ӯро ҳифз мекард, то замоне ки барои кори бузурги Ислоҳот замина гузошта шуд.MБУБ 88.5

    Уиклиф аз торикии асримиёнагӣ берун баромад. Ӯ аввалин шуда дар ин роҳ қадам гузошт, пеш аз ӯ нафарони дар ин кор собиқадоре набуданд, ки ӯ принсипҳои Ислоҳотро аз онҳо биомӯзад. Ӯ ба монанди Яҳёи Таъмиддиҳанда барои иҷрои вазифаи махсус даъват шуда, қосиди давраи нав буд. Бо вуҷуди ин дарки ҳақиқат аз ҷониби ӯ бо пуррагӣ ва мукаммалӣ фарқ мекард, таълимоти ӯ ҳатто баъди сад сол беназир монд. Таҳкурсии гузоштаи ӯ ончунон фарох ва чуқуру бинои дар он сохташуда ончунон устувор ва бенуқсон буд, ки он ба таъмир ва азнавсозй аз ҷониби одамони ба ӯ пайравӣ карда, эҳтиёҷ надошт.MБУБ 89.1

    Ҳаракати бузурге ки Уиклиф ба он ибтидо гузошт, ки бояд виҷдон ва ақлҳои одамон, халқҳои ба аробаи дучархаи ғалабаовари Рум бандшударо озод мекард, аз Китоби Муқаддас сарчашма мегирад. Ин сарчашмаи баракат, ки аз ин ҷо ҷорй мешавад, ба мисли оби зинда шурӯъ аз асри XIV дар тӯли тамоми садсолаҳо фаввора зада берун мебарояд. Уиклиф Китоби Муқаддасро бо имони комил, чун ваҳйи пурилҳоми иродаи Худованд, чун қоидаи ҳамарофарогирандаи имон ва ҳаёт қабул кард. Ӯ дар эҳтироми бешубҳа ба Калисои Рум чун ба эътибору нуфузи раднопазири Илоҳй тарбия ёфта буд, ва бе ҳеҷ шубҳа, ба ӯ таълим дода буданд, ки бо эҳтироми зиёди урфу одатҳо ва таълимотҳои садсолаҳо пеш ба вуҷуд омадаро қабул кунад; лекин ӯ ҳамаи инро як тараф гузошт, то ки ба Каломи муқаддаси Худованд мурочиат кунад. Ин ҳамон эътибору нуфузе буд, ки барои ба он эътимод овардан халқро низ бовар мекунонд. Ӯ бо исрор баён мекард, ки на калисо, ки ба халқ ба воситаи папа муроҷиат мекунад, балки танҳо Худованд соҳиби эҳтирому нуфузи ҳақиқист, ки ба халқ бо ёрии Каломи Худ муроҷиат мекунад. Ва ӯ боз фаҳмонд, ки Китоби Муқаддас ошкоршавии комили иродаи Худованд аст ва Рӯҳи Муқаддас ягона тафсиркунандаи он мебошаду ҳар як шахс Китоби Муқаддасро омӯхта, бояд бо ёрии он қарз ва ухдадориҳои худро дарк кунад. ӯ бо ин пайравони папа ва Калисои католикиро ба роҳи омӯзиши Каломи Худо ҳидоят мекард.MБУБ 89.2

    Уиклиф яке аз ислоҳотчиёни барҷастатарин буд. Танҳо баъзеҳо аз пайравонаш метавонанд дар расоии ақл, равшании андешаронй, устувории ақидахо ва ҷасорат дар ҳимояи ҳақиқат бо ӯ баробар шаванд. Покии ҳаёт, саъю кӯшиш дар тадқиқотҳо ва заҳматҳо, бошарафии устовор, тақлид ба Масеҳ дар муҳаббат ва садоқат ба хизмат - ана кадом хислатҳо яке аз аввалин ислоҳотчиро тавсиф мекунанд. Ва ҳамаи ин бар хилофи торикии рӯҳонӣ ва харобиҳои маънавии он замон.MБУБ 90.1

    Ин шахсияти барҷаста шаҳодати қувваи тарбиядиханда ва дигаргунсозандаи Китоби Муқаддас мебошад. Китоби Муқаддас ӯро чунин тарбия кард. Кӯшиши донистани ҳақиқатҳои бузурги Каломи Илоҳӣ ҳамаи қобилиятҳои моро зинда месозад ва инкишоф медиҳад, ақлро васеъ, идрокро тез ва мулоҳизаронии моро пухта мегардонад. Омӯзиши Китоби Муқадцас ҳар як фикр, ҳиссиёт ва кӯшиши моро нексиришт мегардонад. Китоби Муқаддас ба мо сабр, ҷасорат, кувваи рӯх ва нерӯи бо мақсад зиндагӣ карданро медиҳад; он хислатро пок месозад ва ҷонро нуронӣ мегардонад. Омӯзиши ҷиддӣ ва боэҳтиромонаи Китоби Муқаддас, ки ақли шахси омӯзандаро бевосита бо Хиради Беинтиҳо мепайвандад, метавонист ба ҷаҳон шахсиятҳои барҷастаро бо истеъдодҳои умедбахш ва ақидаҳои олиҳимматона бидиҳад. Ҳеҷ як таълимоти фалсафӣ ва мактабҳо қобилият надоранд чунин натичаҳои таъсирбахш диҳанд. Довуд пайғамбар чунин мегӯяд: «Оғози каломи Ту - нур мепошад, соддадилонро фаҳм мебахшад» (Забур 118: 130).MБУБ 90.2

    Таълимоте, ки Уиклиф онро мавъиза мекард боз муддате чанд паҳн мегардид. Пайравони ӯ, ки бо номи уиклифистҳо ва лоллардҳо маълуманд, нури Инҷилро на танҳо дар Англия, балки дар мамлакатҳои дигар низ паҳн мекарданд. Онҳо аз пешвои худ маҳрум гардида бо ҷидду ҷаҳди боз ҳам бештар заҳмат мекашиданд, ва издиҳоми одамон ҷамъ меомаданд, то ки ба сухани онҳо гӯш диҳанд. Дар миёни имоновардагон ода- мони баландмартаба низ буданд, ҳатто завҷаи шоҳ ин имонро қабул кард. Дар бисёр ҷойҳо дар урфу одатҳои халқҳо дигаргуниҳои чашмрас ба миён омаданд: рамзҳои бутпарастонаи папизм аз калисоҳо дур карда шуданд. Лекин ба зудӣ бар сари онҳое ки чуръат намуда Китоби Муқаддасро роҳнамои ҳаёти худ гардонданд, тӯфони бадхашм якбора шидцат гирифт. Ҳокимони мутлақи Англия, ки бо ҷидду ҷаҳд кӯшиш мекарданд ҳокимияти худро бо дастгирии Рум устувор гардонанд, бе ҳеҷ як дудилагӣ пайравони Ислоҳотро ба қурбонӣ доданд. Ва маротибаи аввалин дар таърихи Англия гулханҳо оташ гирифтанд, ки дар онҳо паи ҳам пайравони Инҷил бо марги пуразоб ҷон медоданд. Як қатл аз паси дигараш ба ҷо оварда мешуд. Ҳимоятгарони ҳақиқат, ки вайронкунандагони қонун эълон шуда буданду таъқиб мешуданд, танҳо ба Худованди Лашкарҳо метавонистанд доду фарёди худро арз кунанд. Онҳо чун душманони калисо ва чун хоинони ватан таъқиб гардида, барои худ дар хонаҳои бекарруфари халқи камбизоат паноҳгоҳ ёфта, дар дараҳо ва ғорҳо пинҳон мешуданд ва мавъизаи Инҷилро дар ҷойхои бехавф давом медоданд.MБУБ 90.3

    Ба шиддати таъқиботҳо нигоҳ накарда, дар тӯли садсолаҳои дуру дароз садои устувор, фурӯтан, самимӣ ва пурсабрӣ эътироз ба мукобили таҳрифҳои паҳнгардидаи имони инҷилй шунида мешуд. Масеҳиёни он замон ҳақиқатро факат қисман дарк карданд, лекин ба ин нигоҳ накарда, онҳо дӯст доштани Китоби Муқадцас, ба он итоат карда ва бо пурсабрй аз барои он азоб кашиданро омӯхтанд. Ба монанди шогирдон дар замони ҳаввориён, бисёриҳо аз барои кори Худованд сарватҳои заминии худро қурбон карданд. Онҳое ки ҳоло ҳам дар хонаҳои шахсии худ монда буданд, бо шодӣ ба бародарони таъқибшудаи худ сарпанох медоданд ва вақте ки ба сари худи онҳо низ ин бало меомад, оихо мардонавор онро пешвоз мегирифтанд. Албатта, нафароне низ буданд, ки аз даҳшати таъқибкунандагони худ ба тарс омада, озодиро барои худ бо қимати инкоркунии имон ба даст меоварданд. Онҳо аз маҳбасҳо дар либоси гунаҳгори тавбакунанда берун омада, дар назди омма аз ақидаҳои худ даст ме- кашиданд. Вале шумораи одамони вафодор кам набуд, дар миёни онҳо одамони табақаҳои баланду паст ва маҳбасшудагон, «бурҷи лоллардҳо» дида мешуданд, онҳо ҳатто на дар зери азооу шиканҷа ва на дар алангаи оташ аз имони худ даст намекашиданд ва аз он шод буданд, ки сазовор гаштаанд, то «ба азобу шиканҷаи Масеҳ шарик шаванд».MБУБ 91.1

    Ба папистҳо муяссар нагашт, ки Уиклифи зиндаро ҷазо диҳанд, лекин ҷасади ӯ низ онҳоро ором намегузошт. Бо гузашти чил сол баъд аз марги ислоҳотчӣ бо қарори маҷлиси рӯҳониёни Констанс ҷасади ӯ аз кабр берун оварда шуда дар назди оммаи халқ сӯзонида ва хокистараш ба дарёчаҳои наздик партофта шуд. «Ин дарёчаи начандон калон, — қайд карда оуд як нависанда, - хокистари ӯро ба Эйвон, аз он ҷо ба Северн, Северн бошад - ба баҳрхои начандон калон, ва онҳо бошанд дар навбати худ ба уқёнуси бепаҳно бурданд. Ҳамин тавр хокистари Уиклиф рамзи таълимоти ӯ гардид, ки дар замони мо дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст»18Фуллер, «Таърихи калисо дар Британия», китоби 4, фасли 2, §54.. Ба гумон аст, ки душманони Уиклиф маънии амали ҷинояткоронаи худро эҳсос мекарданд!MБУБ 92.1

    Ба шарофати асарҳои Уиклиф Ян Гус аз Богемия аз бисёр гумроҳиҳои католисизм даст кашида, роҳи Ислоҳотро интихоо кард. Ҳамин тавр дар ин ду мамлакати аз якдигар дар масофаи дур ҷойгирифта, тухми ҳақиқат корида шуд. Аз Богемия ин таълимот ба мамлакатҳои дигар низ пахн гардид. Одамон ба Каломи Худо, ки кайҳо боз фаромӯш гардида буд, ру оварданд. Дасти Илоҳй роҳро барои Ислоҳоти бузург тоза кард.MБУБ 92.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents