Масъалаи қудсгоҳ чун калиде хизмат кард, ки барои ба асрори ноумедии соли 1844 сарфаҳм рафтан ёрӣ расонд. Он системаи ҳақиқатҳои мутаносиб, анҷомёфта ва бо ҳам алоқамандидоштаро ошкор кард ва исбот намуд, ки ба ҳаракати бузурги адвентистӣ Худованд роҳбарӣ намуда, мавқеъ ва ӯҳдадориҳои қавми Худро равшан мегардонд. Ба монанди он ки шогирдони Исо баъди шаби даҳшатовари бо азобҳои ҷонкоҳ ва ноумедиҳо паси cap намуда, «Масеҳро дида, хурсанд шуданд», алҳол низ ҳамаи онҳое ки ба Дуюмбора омадани Масеҳ боварӣ доштанд, эҳсосоти хурсандиро аз cap мегузаронданд. Онҳо интизор буданд, ки Масеҳ дар ҷалол меояд ва ба пайравони Худ подош медиҳад. Вақте ки орзуҳояшон амалӣ нашуданд, онҳо Исоро аз назар гум карданд ва дар якҷоягӣ бо Марям дар назди қабр зор-зор гиристанд: «Масеҳро бурдаанд, ва намедонам, ки Ӯро куҷо гузоштаанд». Акнун онҳо бори дигар Ӯро дар Қудси қудсҳо диданд: дар он ҷо онҳо Саркоҳини дилсӯзи худро пайдо намуданд, ки ба наздики чун Шоҳ ва Озодкунандаи онҳо бармегардад. Нури ҳақиқат аз қудсгоҳ гузашта, ҳозира ва ояндаро мунаввар мегардонд. Онҳо медонистанд, ки пешбинии бехатоӣ Худо роҳнамоияшон мекунад. Гарчанде ки ба монанди шогирдони аввалини Исо онҳо он ҳақиқатеро, ки мавъизааш мекарданд, пурра намефаҳмиданд, бо вуҷуди ин он аз ҳама ҷиҳатҳо дуруст буд. Ин ҳақиқатро мавъиза карда, онҳо хости Худовандро ба ҷо оварданд, ва заҳмати онҳо дар назди Худованд беҳуда набуд. Баҳри «умеди зинда» таҷдид ёфта, онҳо «бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол» шодӣ мекарданд. MБУБ 447.1
Х,ам пешгӯии пайғамбаронаи Дониёл: «То ду ҳазору се сад шом ва субҳ; ва он гоҳ адл дар қудсгоҳ барқарор хоҳад шуд» (Дониёл 8:14), ва ҳам муждаи фариштаи якум: «Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст» (Ваҳй 14:7), ба хизмати Масеҳ дар Қудси қудсҳои қудсгоҳи осмонӣ ва ба доварии тафтишотӣ ишора мекарданд, на ба Дуюмбора омадани Масеҳ, ки бояд қавми Худро фидиягузорӣ намояд ва гунаҳгоронро нест кунад. Хато на дар ҳисобкуниҳои давраҳои пайғамбарона буд, балки дар он ки дар анҷоми 2300 рӯз кадом ҳодиса бояд ба амал меомад. Ин хато ба фарзандони Худованд ноумедӣ овард, аммо ҳамаи он чизе ки аз ҷониби пешгӯиҳои пайгамбарона пешгӯӣ шуда буд, ва ҳамаи он чизеро, ки метавонистанд мувофиқи Китоби Муқаддас интизор шаванд, иҷро шуд. Дар худи ҳамон вақте ки барои умедҳои амалиношудаи худ гиря мекарданд, ҳодисаи аз ҷониби ин мужда пешгӯишуда ба амал омад, ки бояд пеш аз он ки Масеҳ барои подош додани бандагони Худ меомад, иҷро мешуд. MБУБ 447.2
Масеҳ омад, лекин на ба ин замин, чӣ тавре ки онҳо интизор буданд, балки мувофиқи тимсоли рӯзи доварӣ, Ӯ ба Қудси қудсҳои маъбади осмонии Худо даромад. Пайгамбар Дониёл Ӯро чун ба назди «Атиқулайём» ҳозиршуда, тасвир мекунад. «Дар рӯъёҳои шаб ман дидам, ва инак, мисли Писари одам бо абрҳои осмон меояд, ва то Атиқулайём расид, ва ба ҳузури Ӯ наздик оварда шуд» (Дониёл 7:13). MБУБ 448.1
Пайгамбар Малокӣ низ дар ин бора сухан мегӯяд: «Ва ногаҳон Худованд, ки шумо толиби Ӯ ҳастед, ба маъбади Худ хоҳад омад, ва Қосиди ахд низ, ки шумо муштоқи Ӯ мебошед; инак, Ӯ меояд, мегӯяд Худованди лашкарҳо» (Малокӣ 3:1). Ба маъбад омадани Масеҳ барои қавми Ӯ ҳодисаи ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт буд. Онҳо интизор набуданд Ӯро дар он ҷо бинанд. Онҳо фикр мекарданд, ки Ӯ ба замин «дар оташи фурӯзон зуҳур намуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба башорат итоат намекунанд, интиқом мегирад» (2 Таслӯникиён 1:8). MБУБ 448.2
Лекин халқ ҳанӯз барои пешвоз гирифтани Масеҳи худ тайёр набуд. Он бояд барои ин ҳодиса тайёр мешуд. Одамон ба нуре эҳтиёҷ доштанд, ки акди онҳоро ба маъбади осмонии Худованд равона кунад, ва он гоҳ, бо имон ба Саркоҳини худ дар хизмати Ӯ пайравӣ намуда, ӯҳдадориҳои нави худро дарк мекунанд. Калисо бояд муждаи дигари огоҳсозӣ ва пандро мегирифт. MБУБ 448.3
Пайғамбар чунин мегӯяд: «Ва кист, ки ба рӯзи омадани Ӯ тавонад тоб оварад? Ва кист, ки дар вақти зуҳури Ӯ тавонад истодагӣ намояд? Зеро ки Ӯ мисли оташи гудозанда ва мисли ишқори шустагарон хоҳад буд. Ва ҳамчун гудозанда ва тозакунандаи нуқра нишаста, банӣ-Левиро тоза хоҳад кард, ва онҳоро мисли тилло ва нуқра гудохта, бегаш хоҳад гардонид, то ки ҳадияро барои Худованд аз сидқи дил пешкаш намоянд» (Малокй 3:2,3). Онҳое ки дар вақти анҷом ёфтани хизмати шафоатгаронаи Масеҳ дар қудси осмонӣ дар замин зиндагӣ мекунанд, бояд дар ҳузури Худованди Муқаддас бе Ҳимоятгар бимонанд. Либосҳои онҳо бояд бе доғ бошанд; хислати онҳо бояд аз гуноҳ бо хуни пошидашаванда пок карда шавад. Бо ёрии файзи Худо ва кӯшишҳои шахси онҳо бояд дар мубориза бо бадӣ ғолиб бароянд. Дар он вақте ки дар осмон доварии тафтишотӣ мегузарад, вақте ки гуноҳҳои шахси тавбакунанда аз қудс нест карда мешаванд, дар рӯи замин дар миёни қавми Худованд бояд кори махсуси покшавӣ ва дасткашӣ аз гуноҳ ба амал биёяд. Ин кор дар муждаҳои боби 14-уми Китоби Ваҳй ба таври равшантар баён шудааст. MБУБ 449.1
Вақте ки ин кор анҷом меёбад, пайравони Масеҳ барои пайдошавии Ӯ тайёр мешаванд. «Он гоҳ ҳадияи Яҳудо ва Ерусалим ба Худованд писанд хоҳад омад, чунон ки дар айёми қадим ва дар солҳои пешина буд» (Малокӣ 3:4). Он гоҳ Калисое ки Масехи мо дар рӯзи омаданаш онро бо Худ мегирад, «Калисои пурҷалол мешавд, ки на дог дорад, на нуқсоне, на чизе монанди ин» (Эфсӯсиён 5:27). Он гоҳ он «мисли шафақи субҳ дурахшон, мисли моҳ нозанин, мисли офтоб тобон, мисли фавҷҳои байракдор саҳмгин» хоҳад буд (Суруди Сурудҳо 6:10). MБУБ 449.2
Пайгамбар Малокӣ ғайр аз ба маъбад омадани Масеҳ инчунин Дуюмбора омадани Ӯро низ, вақте ки Ӯ барои доварӣ меояд, пешгӯӣ мекунад: «Ва Ман барои доварӣ назди шумо хоҳам омад, ва ба зидди ҷодугарон ва зинокорон ва касоне ки қасами дурӯғ мехӯранд, ва ба зидци онҳое ки музди муздур, бева ва ятимро намедиҳанд, ва нисбат ба ғарибе каҷкорӣ мекунанд, ва аз Ман наметарсанд, ба зудӣ шаҳодат хоҳам дод, мегӯяд Худованди лашкарҳо» (Малокӣ 3:5). Яҳудо низ худи ҳамин ҳодисаро дар назар дорад: «Инак, Худованд бо беварҳои муқаддасони (Фариштагон) Худ омада истодааст, то ки бар ҳама доварӣ кунад ва ҳамаи осиёнро маҳкум намояд дар тамоми аъмоле ки маъсияташон содир кардааст» (Яҳудо 14,15). Дуюмбора омадан ва ба маъбади осмонии Худ ворид шудани Масеҳ - ҳодисаҳои комилан гуногунанд. MБУБ 449.3
Чун Сарқоҳини мо ба Қудси қудсҳо барои поксозии маъбад ворид шудани Масеҳ, ки дар Китоби Дониёл (8:14) тасвир ёфтааст, ба назди Атиқулайём омадани Писари Одам, ки дар хусуси он мо дар ҳамон ҷо (Дониёл 7:13), мехонем ва омадани Масеҳ ба маъбади Худ, ки аз ҷониби Малокӣ пешгӯи шудааст, - ҳамаи ин тасвири як ҳодиса аст, ки бо омадани домод ба тӯй дар масали Масеҳ дар бораи даҳ бокира низ ифода ёфтааст (Матто 25). MБУБ 450.1
Тобистон ва тирамоҳи соли 1844 муждаи «Инак, домод меояд» мавъиза карда шуд. Он замон ду гурӯҳ одамон, ки дар намуди бокираҳои доно ва нодон тасвир ёфта буданд, бағоят равшан ошкор шуданд. Якеҳо омадани Масеҳро бо шодмонӣ интизор буданд ва бо ҷидду ҷахд барои истиқболи Ӯ тайёрӣ медиданд; дигарон дар зери таъсири тарс ва ҷӯшу хурӯши яклаҳзаина танҳо бо назарияи ҳақиқат қонеъ мешуданд, лекин аз файзи Худованд маҳрум шуда буданд. Дар масал вақте ки домод омад, «онҳое ки тайёр буданд, бо Вай ба тӯйи арусӣ даромаданд». Дар ин ҷо омадани домод пеш аз маросими тӯй ба амал меояд. Тӯй рамзи он аст, ки Масеҳ Подшоҳии Худро қабул мекунад. Шаҳри Муқаддас, Ерусалими Нав, ки пойтахт ва таҷассуми Подшоҳӣ аст, «арӯс ва завҷаи Барра», номида шудааст. Фаришта ба Юҳанно гуфт: «Биё, ба ту арӯсро, завҷаи Барраро нишон диҳам». «Ва маро дар рӯҳ, - мегӯяд пайғамбар, - ба кӯҳи бузург ва баланде бурд ва шаҳри бузург - Ерусалими муқаддасро ба ман нишон дод, ки аз осмон аз ҷониби Худо нузул мекард» (Ваҳй 21:9,10). Ҳамин тавр, арӯс шаҳри муқадцасро ифода мекунад, бокираҳои ба истиқболи домод баромада бошанд, рамзи Калисо мебошанд. Дар Китоби Ваҳй гуфта шудааст, ки фарзандони Худованд дар шоми тӯй меҳмон мешаванд (ниг. Ваҳй 19:9). Агар онҳо меҳмон бошанд, он гоҳ онҳо наметавонанд арӯс бошанд. Чӣ тавре ки дар ин хусус пайгамбар Дониёл мегӯяд, Масеҳ аз Атиқулайём дар осмон «салтанат ва ҷалол ва малакут»-ро мегирад. Ӯ Ерусалими Нав, пойтахти Салтанати Худро, ки «мисли арӯсе ки барои шавҳараш зинат ёфтааст, муҳайё шуда буд» қабул мекунад. Подшоҳии Худро қабул намуда, Ӯ дар ҷалоли Худ чун Шоҳи шоҳон ва Худованди ҳокимикунандагон барои фидиягузории қавми Худ меояд, ки ин қавм дар Салтанати Ӯ «бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб» дар сари суфра хоҳад нишаст, (Матто 8:11; ниг Луқо 22:30), то ки дар шоми тӯйи Барра иштирок кунад. MБУБ 450.2
Муждаи тобистони соли 1844 мавъизашаванда: «Инак, домод меояд», ҳазорон қалбҳоро рӯҳбаланд намуд, то ки фавран омадани Масеҳро интизор шаванд. Дар вақти муайяншуда Домод ба маросими тӯй омад, лекин на ба замин, чи тавре ки инро одамон интизор буданд, балки ба назди Атиқулайём ба осмон, то ки Салтанати Худро қабул кунад. «Онҳое ки тайёр буданд, бо Вай ба тӯи арӯсӣ даромаданд, ва дар баста шуд». Ба иштироки шахсии онҳо дар маросими тӯй зурурат нест, зеро ки тӯй дар осмон ба амал меояд, на дар замин. Пайравони Масеҳ бояд «омадани оғои худро аз тӯй» интизор шаванд (Луқо 12:36). Лекин онҳо бояд кори Ӯро дарк кунанд ва бо имон аз пайи Ӯ ҷониби тахти Худо равон шаванд. Маҳз бо ҳамин маъно гуфта шудааст, ки онҳо ба маросими тӯй даромаданд. MБУБ 451.1
Дар масал гуфта шудааст, ки танҳо нафароне ба тӯй даромаданд, ки дар чарогҳои худ равган доштанд. Онҳое ки ҳақиқати Китоби Муқаддасро дарк намуда, инчунин Рӯҳ ва файзи Худовандро ба даст оварданд, онҳое ки дар миёни зулмоти мушкилтарин санҷишҳо сабрро аз даст надода, дар ҷустуҷӯи нури бештар ба Китоби Муқаддас рӯ оварданд, - ҳақиқатро дар бораи кудси осмонӣ ва хизмати нави Наҷотдиҳанда сарфаҳм рафтанд ва бо имон аз паси Ӯ ба Қудси қудсҳо даромаданд. Ва ҳамаи онҳое ки ба воситаи шаҳодатҳои Китоби Муқаддас ин ҳақиқатҳоро қабул мекунанд, ва бо имон аз он назорат мекунанд, ки чӣ тавр Масеҳ ба назди Худованд ҳозир мешавад, то ки қисмати охирини хизмати миёнаравонаи Худро иҷро кунад ва дар охири он Салтанати Худро қабул кунад, - ҳамаи ин одамон ба таври рамзӣ чун ба маросими тӯй воридшуда тасвир шудаанд. MБУБ 451.2
Дар масали дар боби 22-юми Инҷили Матто баёншуда, худи ҳамон рамзи маросими тӯй истифода шудааст, ва дар он ҷо равшану возеҳ гуфта шудааст, ки доварии тафтишотӣ то тӯй ба амал оварда мешавад. Пеш аз маросими тӯй Шоҳ ворид мешавад, то аз назар гузаронад, ки оё ҳамаи меҳмонон дар тан либоси тӯёна доранд, яъне оё ҳама бо Хуни Барра бегуноҳ, пок ва сафед шудаанд (ниг. Матто 22:11; Ваҳй 7:14). Онҳое ки дар тан либоси туёна надоранду бағоят сабук муайян мешаванд. ронда мешаванд, вале ҳамаи онҳое ки ҳангоми санҷиш дар тан либоси тӯёна доранд, аз ҷониби Худованд қабул мегарданд ва сазовори шарафе мешаванд, ки ба Салтанати Ӯ ворид шуда дар тахти Барра бо Ӯ менишинанд. Ин тафтиши одамон ва охирин муайянкунии нафароне ки барои Салтанати Худо тайёр шудаанд, дар рафти доварии тафтишотӣ чун хизмати анҷомбахшанда дар қудсгоҳи осмонӣ ба ҷо оварда мешавад. MБУБ 452.1
Вақте ки доварии тафтишотӣ анҷом дода мешавад, вақте ки амалҳои пайравони Масеҳ дар ҳама садсолаҳо тафтиш ва аз рӯи онҳо қарорҳо қабул карда мешаванд, танҳо он замон вақти санҷиш анҷом меёбад ва дари лутфу марҳамат пӯшида мешавад. Инак, як ҷумлаи кӯтоҳ - «ва онҳое ки тайёр буданд, бо Вай ба тӯи арӯсӣ даромаданд, ва дар баста шуд» - тамоми давраи охирини хизматгузории Наҷотдиҳандаро дар бар мегирад ва моро ба он замоне мерасонад, ки кори бузурги наҷотдиҳии инсоният анҷом дода мешавад. MБУБ 452.2
Вақте ки дар қудси заминӣ, ки чӣ тавре аллакай дидем, тимсоли кудси осмонӣ буд, саркоҳин дар Рӯзи фидиягузорӣ ба Қудси қудсҳо медаромад, хизмат дар қисми якуми қудс ба охир мерасид. Худованд амр карда буд: «Ва ҳеҷ кас набояд дар хаймаи ҷомеъ бошад, аз вақте ки ӯ барои поксозии қудсгоҳ дохил шавад, то вақге ки берун меояд» (Ибодат 16:17). Бинобар ин, вақте ки Масеҳ ба Қудси қудсҳо даромад, то ки охирин кисми хизмати фидиягузорандаи Худро ичро кунад, Ӯ хизматро дар қисми якум анҷом дод. Лекин вақте ки хизмат дар қисми якум анҷом ёфт, он дар қисми дуюм шурӯъ шуд. Вақте ки сарқоҳин дар Рӯзи фидиягузорӣ дар хизмати тимсолӣ аз қисми якуми қудс мебаромад, ӯ ба ҳузури Худо ҳозир мешуд, то ки ба Ӯ хуни қурбониро барои гуноҳи тамоми қавми Исроил, ки аз гуноҳҳои худ самимона тавба кардааст, пешниҳод кунад. Масеҳ низ ҳамин тавр, танҳо як қисми хизмати миёнаравонаи Худро анҷом дода ба қисми дигар шурӯъ намуда, мисли пешина аз Худованд илтичо дорад, то ки хизматҳои Хуни рехтаи Ӯро чун хизмати гунаҳгорони тавбакарда ҳисоб кунад. MБУБ 452.3
Ин масъала ба адвентистон соли 1344 нофаҳмо буд. Баъди он ки вақти дар назар дошташудаи омадани Наҷотдиҳанда гузашт, онҳо ҳанӯз ҳам боварӣ доштанд, ки Ӯ андак баъд пайдо мешавад, зеро боварии комил доштанд, ки дар замони бӯҳрони бузург зиндагӣ мекунанд ва хизмати миёнаравонаи Масеҳ дар ҳузури Худо анҷом ёфтааст. Ба назари онҳо чунин менамуд: Китоби Муқаддас дар бораи он таълим медиҳад, ки замони озмоиши одамон чанде пеш аз он ки Масеҳ дар ҷалол меояд, анҷом меёбад. Дар баробари ин фикрҳои худро дар оятҳое асоснок мекарданд, ки ин оятҳо ба замоне нишон медоданд, ки одамон дари пӯшидаи файзро бо гиря мекӯбанд. вале он дигар кушода намешавад. Онҳо ба худ чунин савол доданд: оё санае ки онҳо онро ҳамчун рӯзи омадани Масеҳ муайян намуданд, оғози замони андӯҳ нест, ки бояд бевссита пеш аз бозгашти Ӯ фаро мерасид? Тамоми корҳои имконпазирро аз чониби худ барои огоҳсозии одамон ба анҷом расонда, онҳо фикр карданд, ки кори онҳо барои ин ҷаҳон анҷом ёфтааст ва бори масъулиятро барои наҷоти гунаҳгорон дигар бар дӯш надоранд, ва ба масхараю таҳқирҳои ба сарашон фурӯрехта чун ба далелҳое нигоҳ мекарданд, ки Рӯҳи Худованд нафаронеро, ки файзи Ӯро рад кардаанд, тарк кардааст. Ҳамаи ин онҳоро дар фикре устувор мегардонд, ки замони санҷиш анҷом ёфтааст ё чӣ тавре ки онҳо он замон баён мекарданд «дари файз баста шуд». MБУБ 453.1
Лекин ҳангоми омӯзиши масъалаи қудсгоҳ онҳоро нури равшантар илҳом бахшид. Анкун онҳо боварӣ ҳосил намуданд, ки дар тахмини худ оиди он ки дар соли 1844 анҷом ёфтани 2300 рӯз ба ҳодисаи муҳиме ишора мекунад, ҳақ будаанд. Агарчи дари умед ва меҳрубонӣ, ки ба воситаи он дар давоми ҳаждаҳ садсола одамон ба даргоҳи Худованд роҳ меёфтанд, дар ҳақиқат баста шуд, дари дигар кушода шуду омурзиши гуноҳҳо ба воситаи шафоатгарии Масеҳ дар Қудси қудсҳо барои одамон имконпазир гашт. Ҳамин тавр танҳо як кисми хизмати Ӯ анҷом ёфт, то ки ҷои худро ба дигараш бидиҳад. Дари кудсгоҳи осмонӣ, ки дар он ҷо Масеҳ хизмати Худро барои шахси гунаҳгор давом медод, ҳанӯз ҳам кушода буд. MБУБ 454.1
Он гоҳ онҳо маънои аслии суханони Масеҳро аз Китоби Ваҳй, ки Ӯ ин суханонро маҳз барои Калисои замони онҳо гуфта буд, дарк намуданд: «Он Қуддус ва Ҳақ, ки калиди Довудро дорад, ки мекушояд - ва ҳеҷ кас нахоҳад баст, ва мебандад - ва ҳеҷ кас нахоҳад кушод, чунин мегӯяд: инак Ман дареро барои ту кушодаам, ва ҳеч кас наметавонад онро бандад» (Ваҳй 3:7.8). MБУБ 454.2
Онҳое ки дар кори бузурги фидиягузорй бо имон ба Масеҳ пайравӣ мекунанд, аз самари хизмати миёнаравии Ӯ барои онҳо баҳра мебаранд; лекин нафароне ки нури ин хизматро рад мекунанд, аллбата аз он манфиат ба даст намеоранд. Яхудиёне ки нури ба онҳо ҳангоми маротибаи якум омадани Масеҳ додашударо рад карданд ва аз имон овардан ба Ӯ чун ба Hаҷoтдиҳандаи ҷаҳон дасг кашиданд, омурзишро ба воситаи Ӯ соҳиб шуда наметавонистанд. Вақте ки Исои Масеҳ баъди ба осмон рафтан бо Хуни Худ ба қудсгоҳи осмонӣ даромад. то ки ба шогирдони Худ баракатҳои хизмати миёнаравии Худро фурӯ бирезад, яҳудиён дар зулмот монда ба ҷо овардани қурбониҳои беҳударо давом медоданд. Хизматгузориҳои тимсолӣ анҷом ёфтанд. Даре ки дар замони пеш одамон ба воситаи он ба даргоҳи Худо роҳ меёфтанд, пӯшида шуд. Яхудиён нахостанд Масеҳро дар он ҷое биҷӯянд, ки Ӯро дар он ҷо пайдо кардан мумкин буд - дар қудси осмонӣ. Бинобар ин онхо ҳеҷ гуна алоқаро бо Худо комёб нагаштанд. Барои онҳо дар пӯшида шуд. Онҳо Масеҳро чун Қурбонии Ҳақиқӣ ва чун ягона Миёнарав дар назди Худо эътироф накарданд: ҳамин тавр онҳо наметавонистанд аз самари хизмати миёнаравии Ӯ истифода баранд. MБУБ 454.3
Он ҳолате ки яҳудиёни имон наоварда дар он қарор доштанд, тасвири хуби ҳолати масеҳиёни беларво ва беимоне аст, ки дидаву дониста хизмати Саркоҳини меҳрубони моро инкор мекунанд. Дар хизматгузориии тимсолӣ, вақте ки саркоҳин ба Қудси қудсҳо медаромад, ба хамаи исроилиён амр карда мешуд, ки дар гирди қудсгоҳ ҷамъ омада қалбҳои худро дар назди Худо самимона фурӯтан созанд, то ки бо ин роҳ омурзиши гуноҳҳоро ба даст биёранд ва аз ҷамъият ронда нашаванд. Дар ин Рӯзи ҳақиқии фидиягузорӣ дарк намудани кори Саркоҳини мо ва вазифаи шахсии худ то чӣ андоза муҳимтар аст. MБУБ 455.1
Одамон наметавонанд бе ҷазо он огоҳиҳоеро рад кунанд, ки Худованд бо мехрубонии Худ ба онҳо мефиристад. Дар замони пайғамбар Нӯҳ аз осмон муждае фиристода шуд ва наҷоти одамон аз он вобаста буд, ки онҳо ба ин мужда чӣ гуна муносибат мекунанд. Ва азбаски онҳо ҳамаи огоҳиҳоро рад намуданд, Рӯҳи Худованд аз насли гунаҳгори инсоният дур шуд ва он дар обҳои тӯфон ғарқ шуд. Дар замонҳои пайғамбар Иброҳим, вақте ки меҳрубонии Худованд дигар ба сокинони гунаҳгори Садӯм муроҷиат накард, ҳамаи онҳо, ғайр аз Лут, завҷа ва ду духтараш бо оташи осмонӣ кушта шуданд. Дар замони Исои Масеҳ низ ҳамин тавр буд. Исои Масеҳ ба яҳудиёни беимони он насл рӯ оварда гуфт: «Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад» (Матто 23:38). Ва худи ҳамон Қувваи Беинтиҳо ба замонҳои охир муроҷиат намуда эълон мекунад, ки ба он нафароне ки муҳаббати ҳақиқатро барои наҷоти худ қабул накардаанд, «ба ин сабаб Худо ба онҳо нерӯи гумроҳкунандаро мефиристад, то ки ба дурӯғ имон оваранд, то хамаи онҳое ки ба ҳақиқат имон наовардаанд, балки ноҳаққиро дӯст доштанд, маҳкум гарданд» (2 Таслӯникиён 2:11,12). Азбаски ин одамон таълимоти Каломи Ӯро рад мекунанд, Худо Рӯҳи Муқаддасро аз онхо мегирад ва онҳоро дар зери таъсири он гумроҳие мемонад, ки онро дӯст доиггаанд. MБУБ 455.2
Вале Масеҳ шафоатгариро барои инсон давом медиҳад, ва нури ҳақиқат ба ҳамаи он нафароне ато карда мешаванд, ки онро ҷустуҷӯ мекунанд. Агарчи дар аввал ин ба адвентистон нофаҳмо буд, баъд ба шарофати Китоби Муқаддас ҳамааш равшан гашт. MБУБ 456.1
Вакте ки замони интизорӣ дар соли 1844 гузашт, барои нафароне ки мисли пешина ақидаҳои адвентистиро пайравӣ мекарданд, давраи бузургтарин санҷишҳо фаро расид. Ягона нуре ки адвентистонро дар ҳақ будани мавқеи онҳо устувор нигоҳ медошт, он нуре буд, ки акди онҳоро ҷониби қудсгоҳи осмонӣ равон мекард. Баъзеҳо аз ақидаҳои худ оиди дуруст будани ҳисобкуниҳои давраҳои пайғамбарона даст кашида он таъсири пурқудрати Рӯҳи Муқаддасро, ки ҳаракати адвентистиро роҳнамоӣ мекард, ба таъсири инсонӣ ё шайтонӣ нисбат медоданд. Дигарон бошанд боварии комил доштанд, ки онҳоро дар санҷишҳои аз сарашон гузашта Худованд роҳбарӣ мекард, ва барои дарк намудани иродаи Худованд интизорӣ кашидаю дуо гуфта, фаҳмиданд, ки Саркоҳини бузурги онҳо ба қисми дуюми хизмати саркоҳинии Худ шурӯъ намудааст, ва бо имон Ӯро пайравӣ намуда, онҳо маънои кори охирини Калисоро дар замин дарк намуданд. Дар бораи муждаи фариштаи якум ва дуюм фаҳмиши равшану аникро ба даст оварданд ва акнун барои он тайёр карда шуда буданд, то ки огоҳии ботантанаи фариштаи сеюмро, ки дар боби 14-уми Китоби Ваҳй дода шуда аст, қабул кунанд ва онро ба чаҳон мавъиза намоянд. MБУБ 456.2