«Ва маъбади Худо дар осмон воз шуд, ва сандуқи аҳди Ӯ дар маъбади Ӯ зоҳир гардид» (Ваҳй 11: 19). Сандуқи аҳди Худо дар Қудси кудсҳо, дар кисми дуюми қудсгоҳ ҷойгир аст. Ҳангоми гузаронидани хизмат дар қудсгоҳи заминӣ, ки «сурат ва сояи чизҳои осмонӣ» буд, қисми дуюм танхо дар Рӯзи бузурги фидиягузорӣ барои поксозии кудсгоҳ, кушода мешуд. Бинобар ин фикре ки дар осмон маъбади Худозанд воз шуд ва дар он сандуқи ахди Ӯ дида мешуд, ба кушодашавии Қудси қудсхо дар қудсгоҳи осмонӣ дар соли 1844 ишора мекунад, вақте ки Масеҳ ба он ҷо даромад, то ки ба хизмати анҷомбахшандаи фидиягузорӣ шурӯъ кунад. Ва нафароне ки бо имон ба Саркоҳини бузург пайравӣ карданд, вақте ки Ӯ хизматгузории Худро дар Қудси қудсҳо огоз намуд, сандуқи ахди Ӯро диданд. Дар бораи қудсгоҳ андеша ронда, онҳо тағйиротеро дарк намуданд, ки дар хизматгузории Масеҳ ба миён омад, дарк намуданд, ки акнун Ӯ хизматгузориро дар назди сандуқи Худованд ба ҷо оварда, Хуни Худро чун хизмати шахси гунаҳгор ҳисоб мекунад. MБУБ 457.1
Дар дохили сандуқи ахд, ки дар қудсгоҳи заминӣ ҷойгир буд, ду лавҳаи сангине буд, ки дар онҳо аҳкомҳои Худованд навишта шуда буданд. Сандуқ танҳо макони нигоҳдории лавҳаҳои Шариат буд, муқадцасӣ ва пурарзишии сандуқ дар хамин буд, ки дар дохили он аҳкомқои Илоҳӣ нигоҳ дошта мешуданд. Вақте ки дар осмон маъбади Худованд воз шуд, сандуқи ахди Ӯ намоён гашт. Дар дохили Қудси қудсҳои хаймаи осмонӣ Шариати Илоҳӣ - худи ҳамон шариату муқаддас нигоҳ дошта мешавад, ки аз ҷониби Худованд дар миёни гулдурроси тундар дар болои кӯҳи Сино эълон шуда буд ва Худо онро бо дастони Худ дар лавҳаҳои сангин навишта буд. MБУБ 457.2
Шариати Худо дар қудсгоҳи осмонӣ шариати аслие мебошад, ки нусхаи аниқи он дар лавҳаҳои сангин тасвир ёфта аз ҷониби пайғамбар Мусо дар Таврот навишта шуда буд. Нафа- роне ки тамоми аҳамияти ин масъаларо дарк намуданд, ба ҳамин тариқ ба пойдор ва муқадцас будани шариати Илоҳӣ боварӣ ҳосил карданд. Қувваи суханони Наҷотдиҳандаро аз пештара дида хубтар дарк намуданд: «То осмон ва замин фано нашавад, ҳеҷ як ҳарфе ё нуқтае аз Таврот ба фано нахоҳад рафт, то даме ки ҳамааш иҷро шавад» (Матто 5:18). Шариати Худо чун ошкоршавии иродаи Ӯ, инъикоси хислати Ӯ «мисли шоҳиди содик дар осмон», ҷовидона мемонад. Дар он на ягон аҳком, на ягон ҳарф, на ягон нуқта бекор нашуда буд. Довуд пайғамбар чунин мегӯяд: «Каломи Ту, эй Худованд, то абад аст; дар осмон қоим аст». Ҳамаи аҳкомҳои Ӯ боэътимоданд, «то абадматин аст...» (Забур 118:89; 110:8). MБУБ 457.3
Дар қалби Шариати Худо аҳкоми чорум ҷойгир аст, чӣ тавре ки он ҳанӯз дар оғоз эълон шуда буд: «Рӯзи шанберо дар хотир нигоҳ дор, то ки онро муқаддас нигоҳ дорӣ. Шаш рӯз кор кун ва ҳар амалатро ба ҷо овар; вале рӯзи ҳафтум шанбеи Худованд Худои туст; дар он ҳеҷ кор накун, худат, ва писарат, ва духтарат, ва ғуломат, ва канизат, ва чорпоят, ва ғарибат, ки андаруни дарвозаҳои туст. Зеро ки дар шаш рӯз Худованд осмон ва замин, ва баҳр, ва ҳар он чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овард, ва дар рӯзи ҳафтум ором гирифт; бинобар ин Худованд рӯзи шанберо муборак хонд ва онро муқаддас намуд» (Хуруҷ 20: 8-11). MБУБ 458.1
Рӯҳи Худованд таъсири муқаддаси Худро ба қалбҳои он нафароне расонд, ки Каломи Ӯро бо андеша меомӯхтанд. Онҳо аз фикри устуворе халос шуда наметавонистанд, ки рӯзи оромии Офаридгорро риоя накарда, ин аҳкомро аз рӯи нодонӣ вайрон мекунанд. Ба омӯзиши сабабҳое машгул шуданд, ки одамонро ба ҷашн гирифтани рӯзи якуми ҳафта ба ҷои рӯзе ки онро Худованд муқаддас гардондааст, водор намуда буданд. Ва дар Китоби Муқаддас ҳеҷ асосеро барои бартараф намудани аҳкоми чорум ё ба дигар рӯз гузаронидани муқаддасии рӯзи шанбе пайдо карда натавонистанд. Баракати ибтидоие ки дар рӯзи ҳафтум буд, ҳеҷ гоҳ ин рӯзро тарк накардааст. Бо тамоми қалб кӯшиши донистани иродаи Худоро намуда, онҳо худро дар вайронкунии Шариати Худованд гунаҳгор эътироф кар- данд, ва онҳоро ғаму андӯҳи вазнин фаро гирифт. Он гоҳ ба Худо вафодор будани худро исбот намудан хоста, ба муқаддас нигоҳ доштани шанбеи Ӯ шурӯъ намуданд. MБУБ 458.2
Бисёр кӯшишҳои қатъии заиф гардонидани имони онҳо ба роҳ монда шуда буданд. Ба ҳама маълум буд, ки агар кудсгоҳи заминӣ тимсоли қудсгоҳи осмонӣ бошад, пас Шариате ки дар дохили сандуқи аҳд дар замин нигох дошта мешуд, нусхаи аниқи Шариате буд, ки дар дохили сандуқи аҳд дар осмон ҷойгир буд, ва қабул намудани хақиқат оиди қудсгоҳи осмонӣ эътирофи талаботҳои Шариати Худо ва масъулияти риоя намудани шанберо мувофиқи аҳкоми чорум дар бар мегирад. Маҳз дар ҳамин аст муаммои муқобилияти сахт ва қатъи ба тафсири мутаносиби Китоби Муқаддас, ки ба хизмати Масеҳ дар қудсгоҳи осмонӣ ишора мекунад. Одамон кӯшиш мекарданд дареро пӯшанд, ки онро Худованд кушодааст. Лекин Он ки «мекушояд - ва ҳеҷ кас нахоҳад баст, ва мебандад - ва ҳеҷ кас нахоҳад кушод», гуфтааст: « инак, Ман дареро барои ту кушодаам, ва ҳеҷ кас наметавонад онро бандад» (Ваҳй 3:7,8). Масеҳ дарро кушод, яъне хизматгузории Худро дар Қудси қудсҳо оғоз намуд, ва аз дари кушодаи қудсгоҳи осмонӣ ба замин нур рехт. Ҳама диданд, ки аҳкоми чорум - як қисми Шариате аст, ки дар қудсгоҳи осмонӣ нигоҳ дошта мешавад. Он чизеро ки Худованд амр додааст, инсон наметавонад бекор кунад. MБУБ 459.1
Онҳое ки нурро дар бораи хизматгузории шафоатгаронаи Масеҳ ва пойдории Шариати Худо қабул карданд, ошкор намуданд, ки маҳз ҳамин ҳақиқатҳо дар боби 14-уми Китоби Ваҳй баён шудаанд. Дар ин боб се огоҳие ҷойгиранд, ки бояд сокинони заминро ба Дуюмбора омадани Масеҳ тайёр кунанд. Суханони: «Зеро соати доварии Ӯ фаро расидааст» ба заҳматҳои анҷомбахшанда дар хизматгузории Масеҳ барои фидиягузории одамон ишора мекунанд. Ин суханон дар худ ҳақиқатеро доранд, ки бояд ба одамон мавъиза карда шаванд, пеш аз он ки Наҷотдиҳанда хизмати шафоатгаронаи худро тамом мекунад ва ба замин бармегардад, то ки қавми Худро бо Худ бигирад. Доварии тафтишотӣ, ки соли 1844 оғоз ёфтааст, то он замоне давом мекунад, ки қисмати ҳар як шахс - хоҳ зинда бошад хоҳ мурда, ҳал карда мешавад. Ҳамин тавр он то анҷоми вақти санҷиш давом мекунад. Барои он ки одамон тавонанд ба доварӣ ҳозир шаванд, ин мужда ба онҳо амр мекунад: «Аз Худо битарсанд ва Ӯро ҷалол диҳанд», «ба Офаридагори осмон ва замин, ва баҳр ва чашмаҳои об саҷда кунанд». Натиҷаи қабул намудани ин муждаҳо дар Каломи: «Дар ин ҷост сабри мукадцасон, ки аҳкоми Худо ва имони Исоро риоят мекунанд» (Ваҳй 14:12), баён шудааст. Барои ба доварӣ тайёр шудан, риоя намудани Шариати Худо зарур аст. Маҳз хамин Шариат дар доварии тафтишотӣ чун меъёри хислат хизмат мекунад. Ҳавворӣ Павлус мегӯяд: «... онҳое ки дорои шариат буда, гуноҳ кардаанд, аз рӯи шариат маҳкум хоҳанд шуд... дар ҳамон рӯзе ки Худо амалҳои пинхонии одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард» (Румиён 2:12-16). Барои риоя намудани Шариати Худо имон лозим аст, зеро «... бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест». «... ҳар коре ки мувофиқи имон нест, гуноҳ аст» (Ибриён 11:6: Румиён 14:23). MБУБ 459.2
Фариштаи якум одамонро даъват мекунад, ки « аз Худо битарсанд ва Ӯро ҷалол диҳанд» ва ба Ӯ, ба Офаридагори осмону замин саҷда кунанд. Барои иҷро намудани ин, онҳо бояд ба Шариати Ӯ итоат кунанд. Сулаймони хирадманд гуфтааст: «... аз Худо битарс ва аҳкоми Ӯро риоя намо, чунки ҳама чиз барои инсоният аз ҳамин иборат аст» (Воиз 12: 13). Бе итоаткорӣ ба аҳкомхои Ӯ хеч гуна хизмат писанди Худо буда наметавонад. «Зеро муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоя кунем». «Касе ки гӯши худро аз шунидани шариат дур кунад, дуои вай низ зишт аст» (1 Юҳанно 5:3; Масалҳо 28: 9). MБУБ 460.1
Мо бояд барои он ба Худо саҷда кунем, ки Ӯ - Офаридагор аст, ва ҳамаи махлуқот барои мавҷудияти худ бояд аз Ӯ миннатдор бошанд. Ва дар он ҷое ки дар Китоби Муқаддас сухан дар бораи он меравад, ки Худованд аз инсон саҷда ва эҳтиромро талаб мекунад, дар он ҷо далелҳои қувваи офарандаи Ӯ низ оварда мешаванд: «Зеро ки ҳамаи худоёни қавмҳо бутҳоянд, вале Худованд осмонро офаридааст» (Забур 95:5). «Пас, Маро ба кӣ монанд мекунед, то ки Ман ба вай баробар бошам? - мегӯяд Қудцус. Чашмони худро ба сӯи афроз баланд карда, бубинед: кист, ки онҳоро офаридаст?» «Зеро Худованде ки афлокро офаридааст, чунин мегӯяд; Ӯ Худоест, ки заминро ба вуҷуд овардааст ва сохтааст... Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест» (Ишаъё 40:25; 45:18). Пайғамбар Довуд дар Забур чунин мегӯяд: «Бидонед, ки Худованд Худост; Ӯ моро офаридааст, ва мо аз они Ӯ ҳастем». «Биёед, саҷда намоем ва таъзим кунем; пеши Худованд, ки Офаридагори мост, зону занем» (Забур 99:3; 94:6). Махлуқоти муқаддасе ки дар осмои ба Ӯ саҷда мекунанд, дар чунин суханон сабаби саҷдаи худро баён медоранд: «Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва кудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ» (Ваҳй 4:11). MБУБ 460.2
Дар боби 14-уми Китоби Ваҳй даъвати ба Офаридагор саҷда кардан садо медиҳад ва пешгӯии пайғамбарона одамонеро нишон медиҳад, ки огоҳии се фариштаро қабул намуда аҳкомҳои Худоро риоя мекунанд. Яке аз чунин аҳкомҳо ба Худованд чун ба Офаридагор нишон медиҳад. Аҳкоми чорум мегӯяд: «Рӯзи ҳафтум шанбеи Худованд Худои туст... Зеро ки дар шаш рӯз Худованд осмон ва замин, ва баҳр, ва ҳар он чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овард, ва дар рӯзи ҳафтум ором гирифт; бинобар ин Худованд рӯзи шанберо муборак хонд ва онро муқаддас намуд» (Хуруҷ 20:10,11). Худованд оиди рӯзи шанбе чунин мегӯяд: «Ин - аломате хоҳад буд... «то бидонед, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам» (ниг. Х,изқиёл 20:20). Ва ана бо кадом сабаб: «... зеро ки Худованд дар шаш рӯз осмон ва заминро офарид, ва дар рӯзи ҳафтум ором гирифта, фароғат намуд» (Хуруҷ 31:17). MБУБ 461.1
Шанбе чун ёдгории Офариниш аз барои он муҳим аст, ки он ҳамеша аз сабаби ҳақиқии саҷдаи мо ба Худо шаҳодат медиҳад», ки маънияш аз он иборат аст, ки Ӯ - Офаридагор аст, мо бошем - офаридаҳои Ӯ. «Шанбе аслан аз барои он асоси тамоми ибодатро ташкил медиҳад, ки он ин ҳақиқати бузургро назар ба дигар амрҳо хеле таассуротбахштар пешниҳод мекунад. Сабаби ҳақиқии саҷда ба Худованд на танҳо дар шанбе аст, бал- ки умуман ин фарқияти асосиест, ки миёни Худованд ва офаридаҳои Ӯ вуҷуд дорад. Ин ҳақиқати бузург ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешавад, ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш кардан лозим нест»334Андрюс, «Таърихи рӯзи шанбе», боби 27.. Худо рӯзӣ шанберо дар боги Адан муқаррар намуд, то ки бо ин роҳ ҳамеша ба одамон ин рӯзро хотиррасон кунад, ва то он замоне ки мо ба Худованд чун ба Офаридагори худ саҷда мекунем, рӯзи шанбе чун нишона ва ёдгории фаъолияти офарандаи Ӯ боқӣ мемонад. Агар ҳама муқаддасии рӯзи шанберо риоя мекарданд, он гоҳ фикру ҳиссиётҳои одамон ба Офаридагори онҳо чун ба манбаи саҷца ва эҳтироми умумӣ равона карда мешуд, ва он гоҳ ягон бутпараст, бедин ва худобехабар намемонд. Риоя намудани рӯзи шанбе - аломати вафодорӣ ба Худованди ҳақ «Офаридагори осмон ва замин, ва баҳр ва чашмаҳои об» аст. Пас, муждае ки одамонро ба сачда кардан ба Худованд ва риоя намудани аҳкомҳои Ӯ даъват мекунад, зарурияти риоя намудани аҳкоми чорумро ба таври махсус хотиррасон мекунад. MБУБ 461.2
Аз одамоне ки аҳкомҳои Худоро риоя мекунанд ва ба Исои Масеҳ имон доранд, он нафароне сахт фарқ мекунанд, ки фариштаи сеюм ба онҳо ишора карда бо тантана ва таҳдидомезӣ онҳоро аз гумроҳии марговар огоҳ месозад: «Ҳдр кӣ ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он саҷда кунад ва бар пешонии худ ва бар дасти худ тамга занад, вай аз шароби хашми Худо... хоҳад нӯшид» (Ваҳй 14:9,10). Барои дуруст фаҳмидани ин мужда тафсири дурусти ин рамзҳо зарур аст. Ҳайвони ваҳшӣ, пайкари ӯ ва тамға чиро таҷассум мекунанд? MБУБ 462.1
Пешгӯии пайғамбаронае ки ин рамзҳо дар он оварда мешаванд аз боби 12-уми Китоби Ваҳй бо тасвири аждаҳое оғоз меёбад, ки кӯшиш мекунад Масеҳро ҳангоми таваллудёбии Ӯ нест кунад. Аждаҳо инчунин шайтон низ номида мешавад (ниг. Ваҳй 12:9). Маҳз ӯ Ҳиродусро ба қатл намудани Наҷотдиҳандаи ҷаҳон розӣ кунонд. Лекин аслиҳаи асосии шайтон дар мубориза ба муқобили Масеҳ ва қавми Ӯ дар давоми садсолаҳои аввали масеҳият империяи Рум буд, ки дар он бутпарастӣ дини бартаридошта буд. Ҳдмин тавр, агарчи аждаҳо пеш аз ҳама шайтонро таҷассум кунад ҳам, он инчунин рамзи Руми бутпараст низ ҳаст. MБУБ 462.2
Дар боби 13-уми Китоби Ваҳй (оятҳои 1-10), ҳайвони ваҳшии дигари ба паланг монанд тасвир ёфтааст, ки аждаҳо ба он «қуввати худ ва тахти худ ва қудрати бузург дод». Ин рамз, чӣ тавре ки аксарияти протестантҳо тахмин мекунанд ба ҳокимияте ишора мекунад, ки ҳамчун ворис қувва, тахт ва ҳокимияти империяи Руми қадимаро гирифтааст. MБУБ 463.1
Дар бораи ҳайвони ваҳшие ки ба паланг монанд аст, чунин гуфта шудааст: «Ва даҳонашро барои куфр гуфтан ба Худо воз кард, то ки бар исми Ӯ ва маскани Ӯ ва сокинони осмон кафр гӯяд, Ва ба вай ато шуд, ки бо муқадцасон ҷангида, бар онҳо ғолиб ояд; ва ба вай салтанат бар ҳар сибт, ва қавм, ва забон, ва қабила дода шуд» (Ваҳй 13:5-7). Ин пешгӯии пайғамбаронае ки ба тасвири шохи майда аз боби 7-уми Китоби Дониёл қариб пурра мувофиқат мекунад, бешубҳа ба ҳокимияти папа ишора мекунад. MБУБ 463.2
«Ва ба вай қудрат дода шуд, ки чилу ду моҳ амал кунад ». Ва пайғамбар мегӯяд: «Ва дидам, ки яке аз каллаҳои вай гӯё ба дараҷаи марговар ярадор шудааст». Ва боз: «Ҳар кӣ ба асирӣ мебарад, худаш ба асирӣ хоҳад рафт; ҳар кӣ бо шамшер мекушад, худаш бояд бо шамшер кушта шавад». Чилу ду моҳ - ин ҳамон мӯҳлатеро дар бар мегирад, ки замон ва ду замон ва нисфи замонро дар бар мегирад, яъне сею ним сол, ё ин ки 1260 рӯз, чӣ тавре ки дар боби 7-уми Китоби Дониёл нишон дода шудааст. Дар давоми ин мӯҳлат ҳокимияти папа бояд ба қавми Худованд ҷабру зулм мекард. Ин давра, чӣ тавре ки аллакай дар бобҳои гузашта қайд шуда буд, соли 538 вақте ки фармон дар бораи ҳокимияти олии папа ҳукми қонунӣ гирифт, оғоз ёфт, ва соли 1798 вақте ки папа аз ҷониби қӯшунҳои франсузӣ асир гирифта шуд, анҷом ёфт; ҳокимияти папа захми марговар гирифт ва пешгӯӣ иҷро шуд: «Ҳар кӣ ба асирӣ мебарад, худаш ба асирӣ хоҳад рафт». MБУБ 463.3
Баъдтар боз як рамзи дигар пайдо мешавад. Пайғамбар мегӯяд: « Ва ҳайвони ваҳшии дигаре дидам, ки аз замин берун меояд; вай ду шох дошт монанди шохҳои барра» (Ваҳй 13:11). Намуди ин ҳайвони ваҳшӣ ва худи пайдошавии вай ба он ишо- ра мекунад, ки бо ин рамз халқи тамоман дигар, халқи аз халқҳои пешина фарқ дошта, тасвир шудааст. Салтанатҳои бузурге ки дар ҷаҳон ҳукмрон буданд, дар намуди ҳайвонҳои ваҳшие ки чун «чор боди осмон дар баҳри бузург» мубориза мебурданд, ба пайғамбар Дониёл нишон дода шуда буданд (Дониёл 7:2). Дар боби 17-уми Китоби Ваҳй фаришта фаҳмонд, ки обҳо «одамон ва қавмҳо, ва қабилаҳо ва замонҳо»-ро тасвир мекунанд (Ваҳй 17:15). Бодҳо бошанд рамзи душманӣ мебошанд. Чор боди осмоние ки дар баҳри бузург мубориза мебаранд, ҷангҳои истилогарона ва инқилобҳоеро таҷассум мекунанд, ки салтанатҳо ҳокимиятро бо ёрии онҳо ба даст меоранд. MБУБ 463.4
Вале ҳайвони ваҳшии шохҳояш монанди шохҳои барра, «аз замин» берун меояд. Халқе ки бо чунин рамз тасвир ёфтааст, худро на аз ҳисоби мағлубкунии ҳокимият дигар устувор мегардонад — он дар сарзамини то ҳанӯз аз ҷониби ҳеҷ кас ишғол нашуда маскан мегирад ва оҳиста-оҳиста дар осоиштагӣ равнақ меёбад. Ҳамин тавр ин халқ наметавонист дар миёни давлатҳои сераҳолии Олами Қадим, ки миёни худ душманӣ доштанд, дар миёни баҳри ноороми «халкҳо, одамон, қавмҳо ва забонҳо» пайдо шавад. Онро дар нимкураи ғарбӣ бояд ҷуст. MБУБ 464.1
Кадом миллат соли 1798 дар Олами Нав ба устуворшавӣ ва равнақёбӣ шурӯъ намуда, ваъдаи давлати бузург шуданро медод ва таваҷҷӯҳи ҷаҳонро ба худ ҷалб мекард? Шарҳи ин рамз ҳеҷ гуна шубҳаро ба миён намеорад. Ба ин пешгӯии пайғамбарона як халқ мувофиқат мекунад - он бехато ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка ишора мекунад. Бисёр вақт ин фикр, ва баъзан ҳатто айнан суханони пайғамбар аз ҷониби таърихшиносон ва нотиқон беихтиёр барои тасвири тараққиёти ин миллат истифода мешуданд. Ҳайвони ваҳшй «аз замин берун меомада» дида шуд. Ва ба ақидаи забоншиносон калимаи юноние ки дар ин ҷо бо сифати феълии «бароянда» тарҷума шудааст, айнан маънои: « сабзидан ё ба монанди растанӣ неш задан»-ро дорад. Чӣ таври ки мо аллакай дидем, ташаккули ин миллат бояд дар сарзамини то ин замон ишғолношуда ба амал биёяд. Нависандаи машҳур тараққиёти Иёлоти Муттаҳидаро тасвир намуда дар бораи «асрори пайдоиш аз холигӣ» сухан мегӯяд ва илова мекунад: «Ба монанди тухми хомӯшона мо сабзидем ва ба империя табдил ёфтем»335Таунсенд, «Олами Нав дар муқоиса бо Олами Қадим», саҳ. 462.. Маҷаллаи европоӣ соли 1850 Иёлоти Муттаҳидаро империяи аҷоибе номид, ки ногаҳон «пайдо шуд» ва «дар миёни хомӯшии замин рӯз ба рӯз қувва ва ифтихор пайдо мекунад»336«Халқи Дублин».. Эдуард Эверт дар нутқи худ дар бораи падарон - асосгузорони ин мил лат чунин гуфтааст: «Оё онҳо хилватгоҳ, макони ором ва бехавферо ҷустуҷӯ мекарданд, ки калисои хурди Лейдении онҳо он ҷо ба амри вичдон пайравӣ карда тавонад? Ба ин даштҳои беканор назар андозед, ки онҳоро ин мардон бо роҳи осоишта ба даст оварда, байрақи салибро бар онҳо барафрохтанд!» 337Нутқ дар шаҳри Плимути иёлоти Массачусетс, 22 декабри соли 1824 баён шуда буд, саҳ. 11.. MБУБ 464.2
«Вай ду шох дошт монанди шохҳои барра». Шохҳои ба шохи барра монанд ба ҷавонӣ, бегуноҳӣ ва нармдилӣ ишора мекарданд, ки ба хислати Иёлоти Муттаҳида пурра мувофиқат мекунад ва ба пайғамбар дар соли 1798 ба саҳнаи ҷаҳонӣ «бароянда» нишон дода шуда буд. Дар миёни масеҳиёни бадарғашуда, ки аз ситамгарони шоҳ ва таҳаммулнопазирии динӣ аввалин шуда ба Америка фирор карданд, бисёр одамоне буданд, ки қарори қатъӣ доданд, то давлатро дар асоси таҳкурсии устувори озодии шаҳрвандӣ ва динӣ барпо кунанд. Фикрҳои онҳо дар Декларасияи истиқлолият инъикос ёфтанд, ки ҳақиқати бузургро дар хусуси он пешниҳод намуд, ки «ҳамаи одамон баробар офарида шудаанд» ва соҳиби ҳуқуқҳои дахолатнопазир ба ҳаёт, озодӣ ва кӯшиш ба хушбахтӣ мебошанд». Сарқонуни қабулшуда ба халқ кафолати худидоракуниро медод, ки намояндагони бо роҳи овоздиҳӣ интихобгардидаи он, қонун қабул менамоянд ва адлро амалӣ мекунанд. Озодӣ низ дода мешуд - ба ҳар як одам иҷозат дода мешуд, ки ба Худо мувофиқи эътиқодҳои виҷдони худ саҷда кунад. Принсипҳои ҷумҳурият ва протестантизм принсипҳои асосии ин давлат гардиданд. Асрори иқтидор ва равнақӣ ин давлат аз ҳамин иборат аст. Дар тамоми гӯшаҳои олам масеҳиёни ҷабрдида нигоҳи худро бо ҳавас ва умед ҷониби ин сарзамин равон мекарданд. Миллионҳо одамон ба соҳилҳои он шитоб намуданд. MБУБ 465.1
Лекин ҳайвони ваҳшӣ бо шохҳои барра «чун аждаҳо», сухан мегуфт: «Вай дар пеши он бо тамоми қудрати ҳайвони якум амал мекунад, ба тавре ки тамоми замин ва сокинони онро маҷбур менамояд, ки ба ҳайвони ваҳшии якум, ки яраи марговараш шифо ёфтааст, саҷда кунанд... ба сокинони замин мегӯяд, ки пайкари он ҳайвони ваҳширо, ки аз шамшер ярадор шуда, зинда мондааст, бисозанд» (Ваҳй 13: 11-14). MБУБ 466.1
Шохҳои ба шохҳои барра монанд ва садои аждаҳо ба ихтилофи сахти миёни принсипҳои изҳоргардида ва амалҳои воқеии ин давлат ишора мекунанд. «Садои» ин давлат ҳеҷ чизи дигаре нест, ҷуз амали органҳои қонунбарор ва судии он. Ин амалҳо ба принсипҳои озодӣ ва осоиштагӣ, ки асоси сиёсати ин давлатро ташкил медиҳанд ихтилоф доранд. Пешгӯии пайғамбаронае ки «чун аждаҳо» сухан гуфтан ва бо «тамоми кудрати ҳайвони ваҳшии якум» амал кардани ин давлатро тасдиқ мекунад, инкишофи рӯҳи таҳаммулнопазирӣ ва таъқиботеро возеҳу равшан пешгӯӣ менамояд, ки ба давлатҳои дар намуди аждаҳо ва ҳайвони ваҳшии ба паланг монанд тасвиршуда хос буданд. Ва ҷумла дар бораи он ки ҳайвони ваҳшие ки ду шох дорад «тамоми замин ва сокинони онро маҷбур менамояд, ки ба ҳайвони ваҳшии якум сачда кунанд», ба иттифоқи ин давлат бо ҳокимияти папа ва ба он ишора мекунад, ки ин халқ қудрати худро истифода мебарад, то ки ба шаҳрвандони худ урфу одат ва қонунҳои ҳокимияти папаро зӯран бор кунад. MБУБ 466.2
Чунин амалҳо ба принсипҳои ин давлат, қонунҳои озодихоҳонаи он, ба қоидаҳои муайяну ботантанаи Декрарасияи истиқлолият ва Сарқонун мухолифат мекунанд. Асосгузорони давлати Америка оиди он чиз хирадмандона ғамхорӣ намуданд, то ки Калисоро аз ҳокимияти дунявӣ маҳрум созанд, зеро ба ҳокимияги дунявӣ роҳ ёфтани Калисо метавонист ба чунин оқибатҳои ногузир, чун таҳаммуш юпазирӣ ва таъқибот оварда расонад. Сарқонун ба назари эътибор мегирад, ки «Конгресс ҳуқуқ надорад қонунҳоеро қабул намояд, ки ба пайравии ягон дин маҷбур менамоянд ё озодона пайравӣ кардани онро манъ мекунанд» ва «мансубияти динӣ дар ИМА ҳеҷ гоҳ ҳангоми қабули одам ба вази- фаи масъулиятноки ҷамъшггӣ набояд ба назар гирифта шавад». Шаҳрвандонро ба дилхоҳ ибодатҳои динӣ маҷбур кардани ҳокимияти давлатӣ - вайронкунии гӯшношуниди принсипҳоест, ки озодии шахсро ҳимоя мекунанд. Лекин номунтазамии чунин рафтор маҳз дар рамзе ифода ёфтааст, ки ин ҳокимиятро таҷассум мекунад. Охир ҳайвони ваҳшии шохҳояш ба шохҳои барра монанд, ки ин шохҳо ба покй, бегуноҳӣ ва беозории зоҳирии он ишора мекунанд, бо вуҷуди ин чун аждаҳо сухан мегӯяд. MБУБ 466.3
«Ба сокинони замин мегӯяд, ки пайкари он ҳайвони ваҳширо... бисозанд». Ин суханон ба чунин шакли ҳумкроние ишора мекунанд, ки дар он ҳокимияти қонунбарор дар дасти халқ қарор дорад ва ин шаҳодати аз ҳама ҳайратангезтарини он аст, ки Иёлоти Муттаҳдда ҳамон давлатест, ки дар пешгӯии пайғамбарона дар хусуси он сухан меравад. MБУБ 467.1
Вале «пайкари ҳайвони ваҳшӣ» чист? Ва он чӣ тавр ташкил карда мешавад? Ин пайкар аз ҷониби ҳайвони ваҳшии душоха, ки ҳайвони ваҳшии якумро нусхабардорӣ мекунад, тайёр карда мешавад. Барои он ки моҳияти ин пайкар ва чӣ тавр ташкил ёфтани онро бифаҳмем, мо бояд сифатҳои худи ҳайвони ваҳшӣ, яъне ҳокимияти папаро хуб бидонем. MБУБ 467.2
Вақте ки Калисои ибтидоӣ маросимҳо ва урфу одатҳои бутпарастиро қабул намуда покӣ ва соддагии Инҷилро аз даст дод, он аз Рӯҳ ва қувваи Худо маҳрум гардид ва кӯшиши ба виҷдони одамон ҳукмрон шуданро намуда, аз ҳокимияти давлати дастгириро хоҳон шуд. Дар натиҷа ҳокимияти папа - Калисое ташкил ёфт, ки ҳокимияти давлатиро назорат мекард ва онро ба манфиатҳои худ, махсусан барои ҷазодиҳии «бидъаткорон», истифода мебурд. Барои он ки Иёлоти Муттаҳида пайкари ҳайвони ваҳширо бисозанд, иерархияи калисо бояд ҳокимияти дунявиро то дараҷае назорат кунад, ки ваколатҳои онро барои ба мақсадҳои худ расидан истифода барад. MБУБ 467.3
Дар ҳама давру замонҳо вақте ки Калисо ҳокимияти дунявиро ба даст меорад, онро барои ҷазодиҳии нафароне истифода мебарад, ки таълимоташро қабул намекунанд. Калисоҳои протестантие ки ба Калисои католикӣ пайравӣ намуданд, бо ҳокимияти дунявӣ иттифоқ баста, кӯшиши маҳдуд намудани озодии виҷдонро карданд. Мо инро дар мисоли Калисои англиканӣ мебинем, ки муддати дуру дароз одамони ақидаи дигар доштаро таъқиб мекард. Дар давоми асрҳои XVI ва XVII ҳазорон хизматгузорони калисо, ки таълимоти динии давлатиро пайравӣ кардан намехостанд, маҷбур буданд калисоҳои худро тарк кунанд, рӯҳониён ва аъзоёни қатории калисоҳо бошанд ба ҷарима, маҳбасшавӣ, азоб ва марги пурмашақат гирифтор мешуданд. MБУБ 467.4
Маслакфурӯшии Калисо худи онро маҷбур намуд, ки дастгириро аз ҳокимияти давлатӣ ҷуё шавад — ҳамин тавр шароитҳо барои пайдошавии ҳокимияти папа - ҳайвони ваҳшӣ фароҳам оварда шуданд. Павлус чунин мегӯяд: «...зеро аввал бояд исён (маслакфурӯшӣ) ба вуқӯъ биёяд ва шахси пур аз гуноҳ, яъне писари ҳалокат, пайдо шавад» (2 Таслӯникиён 2:3). Ҳамин тавр маслакфурӯшии Калисо барои офаридани пайкари ҳайвони ваҳшӣ замина тайёр мекунад. MБУБ 468.1
Китоби Муқаддас мегӯяд, ки пеш аз омадани Масеҳ таназзули маънавиёт, ба монанди он ки дар садсолаҳои аввал буд, ҷой хоҳад дошт. «Ва инро бидон, ки дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид. Зеро одамон худписанд хоҳад шуд, ва зарпараст, ва пурғурур, ва ҳавобаланд, ва бадзабон, ва беитоат ба падарону модарон, ва кӯрнамак, ва осӣ, ва ноаҳл, ва номуросо, ва тӯҳматчй, ва бепарҳез, ва бераҳм, ва хоин, ва рӯйнатан, ва бодӣ, ки айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд, ва намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд». (2 Тимотиюс 3:1-5). «Аммо Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шаётин гӯш хоҳанд андохт» (1 Тимотиюс 4:1). Шайтон «бо ҳар гуна қувват ва аломат ва мӯъҷизоти сохта... ва бо ҳар навъ васвасаи ноҳаққӣ» амал мекунад. Ва ҳамаи онҳое ки «муҳаббати ҳақиқиро қабул накарданд, то ки наҷот ёбанд», ба ихтиёри худ гузошта мешаванд «ва ба ин сабаб Худо ба онҳо неруи гумроҳкунандаро мефиристад, бинобар ин онҳо ба дурӯғ бовар мекунанд» (2 Таслӯникиён 2:9- 11). Вақте ки чунин ноҳаққӣ ҳукмрон мегардад, натиҷаҳо чун садсолаҳои аввал мешаванд. MБУБ 468.2
Бисёриҳо чунин мешуморанд, ки гуногунии зиёди ақидаҳо дар калисоҳои протестантӣ далели ҳалкунандаи он аст, ки ба даст овардани якрангӣ дар таълимот бо роҳи зӯроварӣ номумкин аст. Вале дар давоми якчанд садсола дар калисоҳои протестантӣ кӯшиши пурзӯр ва афзоишёбандае баҳри ягонагии таълимоти динӣ дар асоси қоидаҳои умумии доктриналӣ вуҷуд дорад. Барои таъмини чунин ягонагӣ ба калисоҳо аз муҳокимаи он масъалаҳое даст кашидан лозим меояд, ки оиди онҳо фикрҳои ягона вучуд надоранд, новобаста ба он ки ин масъалахо аз нуқтаи назар Китоби Муқаддас хеле муҳиманд. MБУБ 469.1
Чарлз Бичер соли 1846 бо мавъиза баромад намуда, гуфта буд, ки хизматгузорони «мазҳабҳои инҷилӣ-протестантӣ ҳама корро дар зери фишори аз ҳад зиёди тарси инсонӣ иҷро мекунанд, дар муҳити фосиқтарин зиндагӣ ва ҳаракат мекунанд ва нафас мегиранду ба хислатҳои табиии қабехи худ гузашт намуда, ҳақиқатро пинҳон месозанд ба ҳокимияти маслакфурӯш саҷда мекунанд. Магар бо калисои католикӣ низ ҳамин тавр набуд? Оё мо онро пайравӣ намекунем? Ва чӣ чизеро мо дар пеш мебинем? Боз як анҷумани Умумиҷаҳонии калисоҳо! MБУБ 469.2
Боз як созиши умумиҷаҳонӣ! Иттиҳоди масеҳӣ ва доктринаи ягонаи умумӣ!» 338Мавъизаи «Китоби Муқадцас - рамзи имон». ки дар шаҳри Форт-Уэйни иёлоти Индиана, 22 феврали соли 1846 гуфта шуда буд.. Вақте ки ин созиш ба даст оварда мешавад, он замон барои истифодаи қувва як қадам мемонад, зеро ки ҳимояи ягонагии пурра ҳаминро талаб хоҳад кард. MБУБ 469.3
Вақте ки калисоҳои асосии Иёлоти Муттаҳида, калисоҳои дар атрофи доктринаҳое муттаҳидгардида, ки дар онҳо зиддият надоранд, бо мақсади ҷорӣ намудани қонунҳои худ ва дастгирии ташкилотҳои худ ба давлат таъсир расондан мегиранд, он замон гуфтан мумкин аст, ки дар Америкаи протестантӣ пайкари калисои католикӣ ташкил ёфтааст, ки натичаи ногузири он истифодаи чораҳои давлатии ҷазодиҳӣ нисбати одамони ақидаи дигар дошта мегарданд. MБУБ 469.4
Ҳайвони ваҳшие ки ду шох дорад ҳамаро - хурдон ва бузургон, сарватдорон ва мискинон, озодон ва ғуломонро - маҷбур менамояд, ки «бар дасти росташон ё бар пешониашон», тамғаи ҳайвони ваҳширо қабул кунанд, «ва ҳеҷ кас харидан ва фурӯхтан нахоҳад тавонист, ҷуз касе ки чунин тамға: ё номи ҳайвони ваҳшӣ ё шумораи номи онро дорад» (Ваҳй 13:16,17). Огохии фариштаи сеюм чунин садо медиҳад: «Ҳар ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он саҷда кунад ва бар пешонии худ ё бар дасти худ тамға занад, — вай аз шароби хашми Худо... хоҳад нӯшид». «Ҳайвони ваҳшӣ»-и дар ин мужда ёдрасшуда, ки ҳайвони ду шох дошта ҳамаро барои ба ӯ сачда кардан мачбур мекунад, - ҳайвони ваҳшии якум ё ҳайвони ваҳшии ба паланг монанд (Вахй боби 13) - ҳокимияти папа мебошад. «Пайкари ҳайвони ваҳшӣ» рамзи он гуногунии протестантизми маслакфурӯшест, ки замоне рӯи саҳнаи таърих мебарояд, ки калисоҳои протестантӣ барои маҷбуран паҳн намудани доктринаҳои худ барои кӯмак ба ҳокимияти давлатӣ муроҷиат мекунанд. Боз ба масъалаи «тамғаи ҳайвони ваҳшӣ» равшанӣ андохтан мемонад. MБУБ 469.5
Баъди огоҳии ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он саҷда накардан, дар пешгӯии пайғамбарона гуфта шудааст: «Дар ин ҷост сабри муқаддасон, ки аҳкоми Худо ва имон ба Исоро риоят мекунанд». Азбаски риоякунандагони аҳкомҳои Худо бо хамин тарик ба нафароне муқобил гузошта мешаванд, ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари вай сачда ва тамғаи вайро қабул мекунанд, аз ин бармеояд, ки риояи Шариати Худо аз як ҷониб, ва вайронкунии он - аз ҷониби дигар, ба фарқ намудани нафароне ки ба Худо сачда мекунанд, аз онҳое ки ба ҳайвони ваҳшй сачда мебаранд, имконият медиҳад. MБУБ 470.1
Сифати асосии ҳайвони ваҳшӣ, ва ҳамин тавр сифати пайкари вай низ аз вайронкунии аҳкомҳои Худо иборат аст. Пайгамбар Дониёл дар бораи шохи майда, яъне ҳокимияти папа, чунин мегӯяд: «Ва дар роҳи тағйир додани мӯҳлатҳои идона ва шариат хоҳад кӯшид» (Дониёл7:25). Ва ҳавворӣ Павлус худи ҳамин ҳокимиятро «шахси пур аз гуноҳ», ки худро аз Худо баланд мегирад, номид. Як пешгӯии пайғамбарона дигарашро пурра мегардонад. MБУБ 470.2
Танҳо Шариати Худоро тағйир дода, ҳокимияти папа тавонист худро аз Худо боло бардорад, ва шахсе ки дидаву дони- ста ин шариати вайроншударо риоя мекунад, эҳтироми олитаринро ба ҳокимияте баён мекунад, ки ин тағйиротро амалӣ намудааст. Шахсе ки ба қонунҳои ҳокимияти папа итоат мекунад, бо ин амал ба ҷои ҳокимияти Худо ҳокимияти папаро эътироф мекунад. MБУБ 470.3
Ҳокимияти папа кӯшиши тағйир додани Шариати Худоро кард. MБУБ 471.1
Аҳкоми дуюм, ки сачдакуниро ба расмхо манъ мекард, аз Шариат гирифта шуд, аҳкоми чорум бошад барои он тағйир дода шуд, то ки ҷашнгирии рӯзи якуми ҳафтаро ба ҷои рӯзи ҳафтум - яъне ба ҷои рӯзи шанбе қонунӣ гардонад. Дар баробари ин пайравони папа изҳор медоранд, ки аҳкоми дуюм дар якум ҷойгир аст ва онҳо Шариатро маҳз дар ҳамон намуде баён мекунанд, ки он дар ибтидо аз ҷсниби Худо дода шуда буд. Лекин пайғамбар дар хусуси тағйирот сухан намегӯяд. Сухан дар бораи тағйироти ғаразнок, қасдан ва бо андеша меравад: ««Вай дар роҳи тағйир додани мӯҳлатҳои идона ва шариат хоҳад кӯшид». Тағйироте ки дар аҳкоми чорум ба амал омад, айнан иҷрошавии пешгӯии пайғамбарона аст, зеро ки дар ин маврид калисои Румӣ-католикӣ худро аз Худо боло бардошта, даъвои ваколатҳои танҳо ба Худо мансуб бударо кард. MБУБ 471.2
Пайравони ҳақиқии Худо ҳамеша бо эҳтироми махсуси худ ба аҳкоми чорум фарқ мекунанд, зеро ки рӯзи шанбе нишонаи қувваи офарандаи Худо буда аз ҳуқуқи Ӯ ба эҳтиром ва саҷда аз ҷониби одамон шаҳодат медиҳад. Онҳое ки ба ҳайвони ваҳшӣ сачда мекунад, бо кӯшиши нест намудани рӯзи ёдгории Худо фарқ мекунанд ва дар баробари ин қонунҳои калисои Румӣ-католикиро боло мебардоранд. Ҳокимияти папа аввалин маротиба даъвохои ҳавобаландонаи худро он замоне пешниҳод намуд, ки сухан дар бораи рӯзи якшанбе мерафт, вақте ки маротибаи якум барои кӯмак ба ҳокимияти давлатӣ муроҷиат намуд, то одамонро маҷбур намояд, ки ин рӯзро чун «рӯзи Худованд» эҳтиром кунанд. Лекин Китоби Муқадцас нишон медиҳад, ки рӯзи Худованд - рӯзи ҳафтум аст, на якум. Исои Масеҳ чунин гуфт: «Бинобар ин Писари Одам оғои рӯзи шанбе низ мебошад» (Марқӯс 2:28). Аҳкоми чорум мегӯяд: «Рӯзи ҳафтум - шанбеи Худованд аст». Ва Худованд ба воситаи пайгамбар Ишаъё рӯзи шанберо рӯзи муқаддаси Ман» меномад (Ишаъё 58:13). MБУБ 471.3
Далеловариҳои зуд-зуд такрорёбанда оиди он ки Масеҳ рӯзи шанберо бекор кардааст бо суханони Худи Ӯ рад карда мешаванд. Дар Мавъизаи болои кӯҳ Ӯ гуфтааст: «Гумон накунед, ки барои вайрон кардани Таврот ё суҳафи анбиё омадаам; наомадаам, ки вайрон кунам, балки ба ҷо оварам. Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин фано нашавад, ҳеҷ як ҳарф ва ё нуқтае аз Таврот ба фано нахоҳад рафт, то даме ки ҳамааш иҷро шавад. Пас, ҳар кӣ яке аз ин аҳкоми хурдатаринро вайрон кунад ва ба мардум чунин таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон хурдтарин шумурда хоҳад шуд; вале ҳар кӣ ба амал оварад ва таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон бузург хонда хоҳад шуд» (Матто 5:17,19). MБУБ 472.1
Протестантҳо ба куллй эътироф мекунанд, ки Китоби Муқаддас барои тағйир додани рӯзи шанбе ҳеҷ асос намедиҳад. Ин дар нашрияҳои Ҷамъияти америкоии нашриётҳои машҳур ва Иттиҳоди америкоии мактабҳои якшанбегӣ кушоду равшан баён шудааст. Дар яке аз чунин мақолаҳо «хомӯшии томи Аҳди Ҷадид оиди масъалаи риояи аҳкоми рӯзи якшанбе» эътироф шудааст339Ҷорҷ Элиот, «Шанбеи доимӣ», саҳ. 184.. MБУБ 472.2
Чунин андеша низ баён мешавад: «То марги Масеҳ ин рӯз бе тағйирот монд ва чӣ тавре ки аз Навиштаҳои Аҳди Ҷадид маълум мешавад, ҳаввориён ҳеҷ гуна дастурҳоро оиди бекор кардани рӯзи ҳафтум - рӯзи шанбе - ва ба ҷои он риоя намудани рӯзи якуми ҳафта надодаанд»340 Уофл, «Рӯзи Худованд», саҳ. 186-188.. MБУБ 472.3
Пайравони калисои Румй-католикӣ инкор намекунанд, ки рӯзи Худовандро Калисои онҳо тағйир додааст, ва дар баробари ин кдйд мекунанд, ки протесгантҳо рӯзи якшанберо риоя намуда, бо ин амал ҳокимияти онҳоро эътироф мекунанд. Дар «Катехизиси масеҳии католикӣ» ба саволи: «Мувофиқи аҳкоми чорум, мо бояд кадом рӯзро риоя кунем? чунин ҷавоб дода мешавад: «Дар замонҳои Аҳди Қадим шанбе рӯзи муқаддас буд; лекин Ка- лисои аз Исои Масеҳ пандгирифта ва бо Рӯҳи Худованд раҳнамоигардида, шанберо ба рӯзи якшанбе иваз намуд; ҳамин тавр, мо имрӯз рӯзи якумро риоя мекунем, на рӯзи ҳафтумро. Акнун рӯзи якшанбе рӯзи Худовандро ифода мекунад». MБУБ 472.4
Пайравони ҳокимияти папа «худи амали ба рӯзи якшанбе иваз намудани рӯзи шанберо, ки протестантҳо бо он розиянду рӯзи якшанберо риоя намуда ҳуқуки калисоро оиди ҷорӣ намудани идҳо ва ба риояи онҳо маҷбур карданро эътироф мекунанд»341Генри Тубервил, «Таълимоти динии масеҳӣ ба таври мухтасар»,саҳ. 58., аломати эътибору нуфузи Калисои католикӣ мешуморанд. Дар ин сурат тағйирдиҳии шанбе чист, агар аломати эътибору нуфузи калисои калотикӣ - «тамғаи ҳайвони ваҳшӣ» набошад? MБУБ 473.1
Калисои католикӣ аз даъвоҳои худ ба ҳокимияти олӣ даст накашидааст, ва вақте ки тамоми олам ва калисоҳои протестантӣ шанбеи (якшанбе) таъсисдодаи онро қабул карда, шанбеи Китоби Муқаддасро рад намуданд, он гоҳ бо ин кирдор ин даъвоҳоро амалан эътироф карданд. Тағйиротҳои ба амал омадаро бо эътибору нуфузи нақлу ривоятҳо ва падарони Калисо дуруст шуморидан мумкин аст, вале ин тағйиротҳоро қабул намуда, протестантҳо аз принсипи асосие ки онҳоро аз калисои Рум ҷудо мекунад. яъне маҳз аз принсипи: «Китоби Муқаддас ва танҳо Китоби Муқаддас дини протестантҳост», даст мекашанд. Пайравони папа мефаҳманд, ки протестангҳо аз ҳақиқатҳои возеҳу равшан чашм пӯшида, худро фиреб медиҳанд. Онҳо аз дидани он шод мешаванд, ки ҳаракат барои ба таври ҳамешагӣ ҷорӣ намудани ҷашнгирии рӯзи якшанбе чӣ тавр неру мегирад, - ин бовариро дар қалби онҳо оиди он чиз устувор мегардонад, ки оқибат тамоми дунёи протестантӣ дар зери парчами калисои Румӣ-католикӣ қарор мегирад. MБУБ 473.2
Пайравони Калисои католикӣ изҳор мекунанд, ки, «рӯзи якшанберо риоя намуда истода, протестантҳо бар хилофи хоҳиши худ, ҳокимияти калисои католикиро эътироф мекунанд»342Сегур «Сӯхбати ошкоро дар бораи протестантизми муосир», саҳ. 213.. Аз ҷониби калисоҳои протестантӣ риоя шудани рӯзи якшанбе ҳеҷ чизи дигаре неет, ҷуз сачда ба ҳокимияти папа, яъне ба ҳайвони ваҳшӣ. Онҳое ки талаботҳои аҳкоми чорумро қабул мекунанду, вале ба ҷои шанбеи ҳақиқӣ шанбеи бардурӯғро риоя менамоянд, бо ин амал эҳтиромро ба он ҳокимияте баён менамоянд, ки ин тағйиротро ҷорӣ намудааст. Ва бо ёрии ҳокимияти давлатӣ одамонро ба иҷрои талаботҳои динӣ маҷбур намуда, калисоҳо худ пайкари ҳайвони ваҳширо таъсис медиҳанд; ҳамин тавр, маҷбурсозии одамон барои риояи рӯзи якшанбе дар ИМА маънои талаби «ба ҳайвони вахшӣ ва пайкари вай сачда кардан»-ро хоҳад дошт. MБУБ 473.3
Лекин масеҳиёни асрҳои гузашта, рӯзи якшанберо риоя намуда, боварии қатъӣ доштанд, ки онхо шанбеи Китоби Муқаддасро риоя мекунанд, имрӯз низ дар ҳар як калисо, аз ҷумла дар калисои Румӣ-католикй низ, масеҳиёни ҳақиқие ҳастанд, ки боварӣ доранд, ки рӯзи якшанбе шанбеи аз ҷониби Худо муқарраршуда аст. Ва Худо ибодати самимона ва муносибати поквиҷдононаи онҳоро нисбати ин масъала қабул мекунад. Лекин вақте ки риоя намудани рӯзи якшанберо қонун талаб мекунад ва ҷаҳон аз шанбеи ҳақиқӣ хабардор карда мешавад, он гоҳ ҳар як нафаре ки аҳкоми Худоро ба хотири қонунҳои Рум вайрон менамояд, бо ин амали худ хокимияти папаро назар ба Худо бештар эҳтиром мекунад. Ӯ калисои Румй-католикӣ ва он ҳокимиятро иззату эҳтиром мекунад, ки ба иҷрои қонунҳои он маҷбур месозад. Ӯ ба «хайвони ваҳшӣ ва пайкари вай саҷда» мекунад. Қонунҳои Худоро, ки мӯҳри ҳокимияти Ӯ ҳастанд рад ва қонунҳоеро, ки аломати ҳокимияти олии Рум мебошанд, эҳтиром намуда, одамон бо ин амал аломати садоқат ба Рум - «тамғаи ҳайвони ваҳшӣ»-ро қабул мекунанд. Лекин танхо он замоне ки ин масъала ба одамон пурра фаҳмонда мешавад ва онҳо дар назди зурурати интихоби охирин миёни аҳкомҳои Худо ва аҳкомҳои инсонӣ қарор мегиранд. - танҳо он замон нафарони дар гунаҳгории худ истодагарикунанда «тамгаи ҳайвони ваҳшӣ»-ро қабул мекунанд. MБУБ 474.1
Фариштаи сеюм ба одамон яке аз мудҳиштарин огоҳиеро хабар медиҳад, ки ҳеҷ вақт ба инсони миранда фиристода нашуда буд. Сухан дар бораи гуноҳи даҳшатоваре меравад, ки ба сари инсони гунаҳгор ғазаби Худоро меорад, ки бо меҳру- бонии Ӯ нарм нашудааст. Ва албатта, одамон набояд оиди чунин масъалаи муҳим бехабар бимонанд. Пеш аз он ки Худо довариҳои Худро ин ҷаҳон мефиристад, одамон бояд аз ин гуноҳ огоҳ карда шаванд. Ҳар як нафар бояд бидонад, ки ин довариҳо чиро ба сари ӯ меоранд. то ки ҷазоҳoи наздикшаванда ҳеҷ нафареро дар хоби ғафлат наёбанд ва ҳама имконияти наҷот ёфтанро дошта бошанд. Пешгӯии пайғамбарона баён медорад, ки фариштаи якум бо муждаи худ «ба ҳар қабила ва сибт, ва забон ва кавм» муроҷиат мекунад. Огоҳии фариштаи сеюм, ки як қисми ҳамон муждаи секарата аст, бо фарохии на камтар фарк мекунад. Дар пешгӯии пайғамбарона гуфта шудааст, ки ин муждаро фариштаи дар миёни осмон парвозкунанда бо садои баланд хабар медиҳад ва ин диққати тамоми чаҳонро ҷалб мекунад. MБУБ 474.2
Дар охири мубориза ҳамаи масеҳиён ба ду қисм ҷудо карда мешаванд - ба онҳое ки аҳкомҳои Худоро риоя мекунанд ва ба Исои Масеҳ имон доранд, ва ба онҳое ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари вай саҷда ва тамғаи вайро қабул мекунанд. Гарчанде ки калисо ва давлат қувваҳои худро муттаҳид месозанд, то ки «хурдон ва бузургон, сарватдорон ва мискинон, озодон ва ғуломон»-ро (Ваҳй 13:16), ба қабул намудани тамғаи ҳайвони ваҳшӣ маҷбур кунанд, бо вуҷуди ин қавми Худо онро қабул намекунад. Пайғамбар дар ҷазираи Патмӯс аллакай нафаронеро дида буд, ки «бар ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он ва тамғаи он ва шумораи номи он» ғолиб омаданд. Онҳо «бар... баҳри пштия истодаанд, ва барбатҳои Худо дода дар дасти онҳост» ва суруди Мусо ва Барраро мехонанд (Ваҳй 15:2,3). MБУБ 475.1