Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents

МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН

 - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 2. - ТАЪҚИБОТ ДАР САДСОЛАҲОИ АВВАЛ

    Вақте ки Исои Масеҳ ба шогирдони Худ қисмати Ерусалим ва воқеаҳои алоҳидаи ба Дуюмбора омадани Худ алокдмандро ошкор кард, Ӯ инчунин он санҷишхоеро пешгӯи намуд, ки қавми Худованд бояд баъди ба осмон сууд кардани У то бозгашти пуршарафаш ба замин аз cap гузаронад. Аз баландии кӯҳи Зайтун Наҷотдиҳанда тӯфонҳоеро медид. ки тайёр буданд бо тамоми қувва ба муқобили Калисои шогирдони Ӯ бо шиддат cap зананд; нигоҳи Ӯро, ки ба қаъри асрҳо ворид гашт, тундбодқои харобкунанда ва даҳшатоваре аён гаштанд, ки бояд бар сари шогирдони ӯ дар садсолаҳои ояндаи ҷаҳолату таъқибот фурӯ мерехтанд.MБУБ 30.1

    Таърихи аввалин Калисои ҳаввориён шаҳодат медиҳад: суханони Наҷотдиҳанда иҷро шуданд. Кувваҳои замин ва дӯзах муттаҳид шуданд то дар симои пайравони Масеҳ ба муқобили У мубориза баранд. Бутпарастон фаҳмиданд, ки агар Инҷил ғолиб ояд, он гоҳ маъбадҳо ва қурбонгоҳҳои бутҳо вайрон мешаванд, бинобар ин онҳо сафҳои худро мустаҳкам намуда ба масеҳиён ҷанг эълон карданд. Оташи таъқибот даргирифт. Масеҳиёнро аз молу мулкашон маҳрум мекарданд ва аз хонаҳо меронданд. Онҳо «бори гарони азобҳоро бардоштанд»; «ҳақоратҳо ва шаллоқҳо, ҳамчунин занҷирҳо ва зиндонро аз cap гузаронданд» (ниг. Ибриён 10: 32; 11:36). Шумораи зиёди онҳо бо Хуни Худ аз имон шаҳодат доданд. Ашрофзодагон ва ғуломон, сарватмандон ва камбағалон, олимон ва бесаводонро бераҳмона ба қатл мерасонданд.MБУБ 30.2

    Ин таъқиботҳо, ки ҳанӯз дар давраи Нерон, тахминан аз замони марги пурмашаққати Павлус оғоз ёфта буданд, бо шиддати каму беш садсолаҳои дуру дароз давом карданд. Масеҳиёнро дар ҳама ҷиноятҳои сахттарин бардурӯғ айбдор мекарданд, онҳоро гунаҳкорони чунин бадбахтиҳо чун гуруснагй, бемориҳо ва заминҷунбихо мешумориданд. Вақте ки онҳо мояи нафрат ва шубҳаи умум гаштанд, хабаркашҳо тайёр буданд, ки бар ивази пул ин бегуноҳонро фурӯшанд. Онҳоро чун исёнгарони зидди давлат, чун душманони дин ва захми ҷамъият гунаҳгор мекарданд. Бисёриҳоро чун хӯрок ба назди ҳайвонҳои ваҳшӣ партофтанд; қисми зиёдеро дар амфитеатрҳо дар оташ сӯзонданд. Баъзеҳоро ба салиб кашиданд, дигаронро дар пӯсти ҳайвонҳо дӯхта барои порапора кардан ба назди ҳайвонҳои дарранда мепартофтанд. Қатли масеҳиён аксар вақт дар идҳо вақтхушии асосй башумор мерафт. Шавқмандони зиёде ҷамъ меомаданд, то ки аз тамошои ин саҳнаҳо ҳаловат баранд, ва азобҳои пеш аз марг ва ҷонкании масеҳиёнро бо хандаву қарсакзаниҳо пешвоз мегирифтанд.MБУБ 30.3

    Пайравони Масеҳ дар ҳар куҷое ки пинҳон мешуданд, дар ҳама ҷо онҳоро чун ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳангоми шикор, таъқиб мекарданд. Онҳо маҷбур буданд барои худ дар биёбонҳо ва ҷойҳои дурдаст паногоҳ ҷӯянд, ба «мӯҳтоҷӣ, тангӣ, ва уқубат» сабр намоянд, «онҳое ки ҷаҳон лоиқашон набуд, дар биёбонҳо ва кӯҳҳо, дар мағораҳо ва дараҳои замин овора шуда гаштанд» (Ибриён 11: 37,38). Барои ҳазорҳо имондорон гузаргоҳҳои печ дар печи зеризаминӣ чун паноҳгоҳ хизмат карданд. Дар гирду атрофи Рум дар зери теппаҳо гузаргоҳҳои зеризаминии дароз кофта шуда буданд, ки печдарпечии мураккабашон аз деворҳои шаҳр ба чандин километр тӯл мекашид. Дар ин гузаргоҳҳои торики зеризаминӣ пайравони Масеҳ наздикони худро ба хок месупориданд, ва вақте ки онҳоро дар амале гумонбар медонистанд ва аз ҳимояи қонун берун эълон мекарданд, онҳо барои худ дар ҳамин ҷо паноҳгоҳ меёфтанд. Вақте ки Такдимкунандаи хаёт онҳоеро эҳё мекунад, ки талоши қаҳрамонии имони некро кардаанд, он гоҳ аз ин ғорҳои торик бисёр азияткашидагони барои номи Масеҳ ҷон дода берун меоянд.MБУБ 31.1

    Ҳангоми рӯй додани ҳама гуна таъқиботҳои ваҳшиёна ин шоҳидони Масеҳ имони худро бе доғ нигоҳ доштанд. Аз ҳама гуна шароитҳо ва ҳатто нурҳои офтобӣ маҳрум гардида, барои худ дар гузаргоҳҳои торик, аммо замини хайрхоҳ хона пайдо намуда, онҳо ягон садои шикоят набароварданд. Бо суханони умедбахш, имондорӣ ва сабру тоқат ба якдигар барои мардо- навор аз cap гузарондани маҳрумиятҳо ва бадбахтиҳо кӯмак мекарданд. Аз даст додани ҳама сарватҳои заминӣ онҳоро ба аз даст додани имон ба Масеҳ маҷбур сохта натавонист. Санҷишҳо ва таъқиботҳо барои онҳо танҳо зинапояҳое буданд, ки бо онҳо ба осоиштагии дилхоҳ ва мукофот наздик мешуданд.MБУБ 31.2

    Ба монанди пайғамбарони Худо дар айёми қадим, бисёриҳо «аз шиканҷа нобуд шуданду озодиро қабул накарданд, то ки ба эҳёи беҳтаре ноил гарданд» (Ибриён 11:35). Онҳо суханони Худовандро доимо дар хотир нигоҳ медоштанд: «Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ хар навъ ғайбат кунанд, шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки пайғамбарони пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд» (Матто 5: 11,12). Онҳо аз он хушҳол буданд, ки барои ҳақиқат сазовори азобу машаққат гардиданд ва аз миёни гулханҳое ки онҳоро месӯзонданд сурудҳои ситоиш ва шодй садо медоданд. Бо имон ба осмон назар андохта, Масеҳ ва фариштаҳои Уро медиданд, ки бо ҳамдардӣ ва таҳсини бузургтарин матонати қавии онҳоро назорат мекарданд. Онхо садои Худовандро, ки аз тахти Ӯ ба гӯш мерасид мешуниданд: «То дами марг вафодор бош, ва тоҷи ҳаётро ба ту хоҳам дод» (Ваҳй 2: 10).MБУБ 32.1

    Ҳамаи кӯшишҳои шайтон барои бо роҳи зӯроварӣ нест кардани Калисои Худованд беҳуда буданд. Муборизаи бузурге ки шогирдони Исои Масеҳ дар он ҷони худро қурбон карданд, он замоне ҳам қатъ нагардид, ки ин байрақбардорони вафодор дар мавқеи худ ба ҳалокат расиданд. Мағлубияти онҳо дар асл ғалаба буд.MБУБ 32.2

    Фиристодагони Худоро ба қатл расониданд, вале кори У устуворона пеш мерафт. Инҷил паҳн шудан гирифт, ва шумораи зиёди одамон Хушхабарро қабул карданд. Он ба ҷойҳое ворид гашт, ки ҳатто барои уқоби румй дастнорас буд. Як масеҳӣ ба ҳокимони бутпараст, ки таъқиботҳои навбатиро ба масеҳиён оғоз карда буданд, ҷавоб дода, чунин гуфт: «Шумо метавонед моро ба қатл расонед, азоб диҳед, лаънат хонед... Беадолатии шумо исботи бегуноҳии мост!.. Ҳатто бераҳмии сахттаринатон ба шумо кумак расонда наметавонад». Таъқиботи масеҳиён бар хилофи интизориҳо дар қалби одамон хоҳиши Қабул кардани Масеҳро мустаҳкам гардонд. «Ҳар чӣ бештар шумо моро нобуд кардан гиред, мо боз ҳам зиёдтар мешавем: хуни масеҳиён - тухмӣ аст» (Тертулиан, Апология, § 50).MБУБ 32.3

    Ҳазорҳо масеҳиёнро дар зиндон маҳкам ва аз ҳаёт маҳрум карданд, аммо ба ҷои онҳо дигарон бармехостанд. Ва онҳое ки барои имон аз марги пурмашақат ҷон доданд, ба Наҷотдиҳандаи худ наздик шуданд, ва У онҳоро ғолиб шуморид. Онҳо талоши қаҳрамонии некро кардаанд. ва дар рӯзи бозгашти У онҳоро тоҷи адолат интизор аст. Машаққатҳои аз cap гузаронидаи масеҳиён, онҳоро боз ҳам муттаҳид гардонд, ва Фидиягузор ба онҳо боз ҳам наздиктар мешуд. Ҳаёт ва суханони пеш аз маргии онҳо ба паҳншавии ҳақиқат мусоидат мекарданд, ва ҳатто дар қароргоҳи шайтон, аз он ҷое ки аз ҳама камтаР муваффақиятро интизор шудан мумкин буд, пайравони ҳокими зулмот алоқаро бо салтанати бади вай қатъ намуда дар зери оайрақи Масеҳ ва Калисои Ӯ саф меоростанд.MБУБ 33.1

    Ва он гоҳ шайтон кӯшиши ба ҳукумронии Худованд муқобилият нишон доданро намуда, қарор дод, ки байрақи худро дар Калисои масеҳй барафрозад. Агар ба вай муяссар гардад, ки пайравони Масеҳро фиреб диҳад ва онҳоро ба иҷрои корҳои ношоям дар назди Худо маҷбур намояд, он гоҳ онҳо аз қувва ва ҳимоя У маҳрум гардида, тӯъмаи вай мегарданд.MБУБ 33.2

    Ҳамин тавр фиребгари ботаҷриба кӯшиш намуд, ки дар он ҷое ки бо зӯри қувва ба чизе муваффақ нагаштааст бо маккорӣ ва ҳилагарӣ ба муваффақият ноил гардад. Таъқиботҳо қатъ гардиданд ва ба ҷои онҳо васвасаҳои хатарнок ва дилфиреби некӯаҳволии заминӣ ва иззату эҳтироми дунявй пайдо шуданд. Бутпарастон як қатор ақидаҳои масеҳиро қабул карданду дар баробари ин бисёр ҳақиқатҳои муҳимро рад намуданд. Исоро Масеҳ шуморидану ба марг ва эҳёшавии У имон доштанро изҳор намуда, дар баробари ин гунаҳкории худро эҳсос намекарданд ва ҳеҷ гуна ҳоҷатро ба тавбакунй ва дигаргуншавии куллии ботинй ҳис намекарданд. Дар баъзе чизҳо ба масеҳиён гузашт намуда, ба онҳо низ гузашт карданро пешниҳод намуданд, то ки дар асоси имони масеҳӣ бо онҳо ҳамроҳ шаванд.MБУБ 33.3

    Акнун Калисо дар вазъияти хатарнок қарор дошт. Зиндон, ҷазо, оташ ва шамшер - ин ҳама дар муқоиса бо ин санҷиш баракат ба ҳисоб мерафтанд. Баъзе масеҳиён дар ақидаҳои худ устувор монда, изҳор доштанд, ки ба ҳеҷ гуна созишкори рози намешаванд.MБУБ 34.1

    Дигарон тайёр буданд гузашт кунанд е ин ки баъзе аҳкомҳои динро тағйир диҳанд ва бо ҳамин восита бо нафароне ҳамроҳ шаванд, ки масеҳиятро фақат қисман қабул кардаанд. Тахмин карда мешуд, ки чунин гузашткуниҳо метавонанд сабаби ба пуррагӣ имон овардани бутпарастон гарданд. Ин замони ғаму андӯҳи бепоёне буд барои пайравони содиқи Масеҳ. Дар зери ниқоби масеҳияти бардурӯғ шайтон ба Калисо ворид гашт, то ки имонро палид ва ақлҳои масеҳиёнро аз Каломи ҳақ дур созад.MБУБ 34.2

    Дар охир қисми зиёди масеҳиён бо шартҳои пешниходшуда розӣ шуданд ва байрақи худро паст фуроварда, бо бутпарастон иттифоқ бастанд. Гарчанде ки бутпарастон худро масеҳии ҳақиқӣ эълон карда бошанд ҳам, вале мисли пештара урфу одати бутпарастонаи худро нигоҳ медоштанд, танҳо бо он фарқияте ки ашёҳои пеш саҷда мекардагиро бо расмҳои Исо, модари Ӯ ва дигар муқаддасон иваз намуданд. Ҳамин тавр хамиртуруши дилбеҷокунандаи бутпарастии ба Калисо воридшуда корҳои ҳалокатовари худро давом медод. Таълимотҳои бардурӯғ, урфу одати хурофотӣ ва маросиму оинҳои беасос як қисми дини масеҳи гаштанд. Вақте ки пайравони Масеҳ бутпарастонро дар калисо қабул карданд, дини масеҳи палид гашт ва калисо покӣ ва қувваи худро аз даст дод. Лекин чунин масехиёне низ буданд, ки иҷозат надоданд, то ки онҳоро ба гумроҳӣ андозанд. Онҳо мисли пешина ба Муаллифи ҳақикат содиқ буданд ва фақат ба Худои ягона саҷда мекарданд.MБУБ 34.3

    Пайравони дини Масеҳ доимо ба ду гурӯҳ тақсим мешуданд. Як гурӯҳи имондорон аз таҳти дил зиндагии Наҷотдиҳандаро омӯхтаю бо Намунаи бузург мувофиқат ҷуста, самимона кӯшиши ислоҳ намудани нуқсонҳои худро мекарданд; гурӯҳи дигар кӯшиш намекарданд ҳақиқатҳои равшан ва ҳаётан муҳимеро бинанд, ки гумроҳии онҳоро ошкор месохтанд. Ҳатто дар давраҳои беҳтарини худ калисо фақат аз одамони еамимӣ, пок ва худотарс иборат набуд. Наҷотдиҳандаи мо таълим медод, ки одамони дидаю дониста гуноҳ кунандаро ба калисо қабул кардан лозим нест. Дар баробари ин Ӯ одамони бисёр номукаммалро ба Худ наздик мекард, бо таълимот ва намунаи шахсии Худ ба онҳо имкон медод, ки хатогиҳои худро бинанд ва ислоҳ намоянд. Дар миёни дувоздаҳ шогирд яке хоин буд. Яҳудоро сарфи назар аз нуқсонҳояш ба доираи шогирдон қабул карданд. Дар ҷамъияти шогирдон бо Масеҳ ва таълимоти У наздик шинос шуда, Яҳудо метавонист донад, ки хислати масеҳй бояд чӣ гуна бошад ва бо ҳамин тариқ хатогиҳои худро бубинад, тавба кунад ва бо ёрии файзи Илоҳй чони худро «бо итоат ба ҳақиқат» пок гардонад. Вале Яҳудо «дар нур зиндагӣ намекард», ки бо ин қадар меҳрубонй ба ӯ дода мешуд.MБУБ 34.4

    Аз гуноҳҳои худ чашм пӯшида, ӯ ихтиёран худро ба ҳукми васвасаи шайтон супорид. Хислатҳои бади ӯ бартарӣ пайдо карданд. У иҷозат дод, то ки қувваҳои зулмот бар қалбаш ҳукмронй кунанд; вақте ки хатогиҳояшро ошкор мекарданд ӯ ба ғазаб меомад, ва оҳиста-оҳиста барои иҷрои ҷинояти пурдаҳшат - хиёнат ба Масеҳ паст рафтан мегирифт. Бо ҳамаи нафароне ки гуноҳро дар зери ниқоби парҳезгорй навозиш мекунанд, нафароне ки ошкоркунандагони худро, ки оромии пургуноҳашонро вайрон мекунанд, бад мебинанд, чунин рӯй медиҳад. Ва ҳамин ки фурсати мувофиқ фаро расид, ин одамон ба монанди Яҳудо ба нафароне хиёнат мекунанд, ки кӯшиш мекарданд гуноҳҳояшонро ба манфиати худи онҳо ошкор созанд.MБУБ 35.1

    Шогирдони Масеҳ дар калисо нафаронеро вомехӯрданд, ки дар зери ниқоби парҳезгорй дар дили худ гуноҳро пинҳон мекарданд. Ҳанониё ва Сафира чун фиребгарон рафтор карданд; як қисми пулҳоро аз ҳарисии худ пинҳон намуда, онҳо баён намуданд, ки ҳамаи маблағро барои кори Худованд супориданд. Рӯҳи ҳақиқат ба шогирдон чеҳраи ҳақиқии ин одамонро ошкор сохт ва ҷазои Худованд калисоро аз доғе ки либоси поки онро доғдор мекард, пок намуд. Ин амали аҷиби Руҳи Масеҳ дар калисо ба гунаҳкорон ва дурӯягон даҳшат овард. Онҳо наметавонистанд муддати дароз дар миёни нафароне бимонанд, ки Масеҳро дар зиндагии худ ба таври сазовор зоҳир менамуданд ва вақте ки пайравони У ба санҷишҳо ва таъқиботҳо гирифтор мешуданд, садоқатро ба У танҳо нафароне нигоҳ медоштанд, ки ҳеҷ чизеро барои ҳақиқат дареғ намедоштанд. Ба хамин тариқ дар тамоми давраи таъқибот калисо ба андозае покиро нигоҳ дошт. Аммо вақте ки таъқиботҳо қать гардиданд, ба калисо одамони чанде пеш имоноварда ворид шуданд, ки оо самимият ва вафодории худ фарқ намекарданд, ва шайтон оа воситаи онҳо имкони оғоз намудани кори ҳалокатовари худро пайдо кард.MБУБ 35.2

    Аммо чунон ки миёни Ҳокими нур ва ҳокими зулмот ҳеч чизи умумие нест, он гоҳ умумияте миёни пайравони онҳо низ буда наметавонад. Вақте ки масеҳиён оарои бо оутпарастони пурра имон наоварда муттаҳид гардидан розӣ шуданд, онҳо бо роҳе қадам гузоштанд, ки аз ҳақиқат ҳарчи бештар дур мебурд. Шайтон тантана мекард, вақте медид, ки ба гумроҳӣ андохтани чунин шумораи зиёди пайравони Масеҳ ба вай муяссар гаштааст. Оҳиста-оҳиста вай аз болои онҳо ҳукми боз ҳам бештаре ба даст овард ва онҳоро водор намуд, то ки нафаронеро таъқио кунанд, ки ба мисли пештара ба Худованд содиқ мондаанд. Ба муқобили имони ҳақиқии масеҳӣ чӣ гуна мубориза бурданро аз ҳама беҳтар онҳое медонистанд, ки як замон ҳомии он буданд ва ин масеҳиёни тарки имон карда бо бутпарастони пурра имон наоварда муттаҳид гардида, ба муқобили мазмуну маънии аз ҳама асосии таълимоти Исои Масеҳ мубориза мебурданд.MБУБ 36.1

    Ин муқобилияти сахтро аз ҷониби нафароне ба миён овард, ки кӯшиш мекарданд ба Худованд содиқ бимонанд ва ба фиребу палидиҳое ки ба калисо дар либоси муқдддас ворид гаштаанд, дода нашаванд. Китоби Муқаддас аҳамияти худро чун меъёри имондорӣ гум кард. Таълимотро дар бораи озодии дин бидъат номиданд; ҷонибдорони онро чашми дидан надоштанд ва аз ҳама ҷой пеш мекарданд.MБУБ 36.2

    Баъди муборизаи сахту дароз шумораи начандон зиёди масеҳиёни содиқ қарор доданд, то ҳама гуна алоқаро бо калисои муртад қатъ кунанд, чунки ин калисо хоҳиши аз бутпарастй ва гумроҳӣ пок шуданро надошт. Онҳо дарк мекарданд, ки агар ба Каломи Худо содиқу итоаткор буданро хоҳон бошанд, пас бояд ҷудо шаванд. Онҳо дигар наметавонистанд бо он чиз розй шаванд, ки ин бидъатхои ҳалокатовар қалбҳои онҳоро зери хатар мегузоранд ва таҳдиди нест кардани имони ҳақиқии фарзандони онҳо ва наслҳои ояндаро мекунанд. Барои нигоҳ доштани оромию ягонагӣ онҳо ба ҳама гуна гузаштҳое, ки ба принсипҳои асосии онҳо дар хизмати Худо мухолифат намекарданд, омода буданд, зеро дарк мекарданд, ки оромӣ бо қимати баланде ба даст меояд, агар аз баҳри он принсипхои ҳақиқатро қурбон кардан лозим ояд. Агар ягонагиро танҳо бо қимати аз ҳақиқат ва адолат даст кашидан, нигоҳ доштан мумкин бошад, пас беҳтараш бигузор ҷудоӣ ва ҳатто мубориза ба миён биояд. Чунин буд мавқеи масеҳиёни ба Худованд содиқ.MБУБ 37.1

    To кадом андоза ҳам барои калисо ва ҳам барои ҷаҳон беҳтар мебуд, агар имрӯз дар қалбҳои фарзандони Худован он принсипҳое аз нав тавлид мешуданд, ки ин одамони ҷасур роҳнамои худ карда буданд. Дар ҳақиқат муносибати дилхунукона ба таълимотҳое, ки сутунҳои имони масеҳиятанд, ба изтироб меоварад. Андешае машҳур мегардад, ки дар ниҳояти кор ин принсипҳо аҳамияти ҳаётан муҳим надоранд. Чунин фаҳмиши нодуруст ба пайравони шайтон нерӯ ва устувории боз ҳам мустаҳкамтар мебахшад, ки дар натиҷаи он таълимоти бардурӯг ва гумроҳии марговар, ки ба муқобилаш дар асрҳои гузашта фарзандони содиқи Худо мубориза бурда баъзан ҷони худро қурбон карданд, имрӯзҳо хайрхоҳона аз ҷониби нафароне қабул карда мешавад, ки худро пайравони Масеҳ мешуморанд.MБУБ 37.2

    Масеҳиёни аввалин дар ҳақиқат қавми ғайриоддӣ буданд. Рафтори беайб ва имони мустаҳками онҳо барои гунаҳкорон сарзаниши доимие буданд ва оромии онҳоро вайрон мекарданд. Онҳо ки камшумору камбағал буданду, ягон унвони фахри надоштанд, бо вуҷуди ин бо олиҳимматии ҳаёти худ ва бузургии таълимоташон гунахкоронро ба воҳима меандохатнд. Барои хамин гунахкорон аз онҳо нафрат доштанд, ба монанди оне ки Қобил аз Ҳобил нафрат дошт. Кӯшиши аз таъсири нигоҳдорандаи Рӯҳи Худованд озод шуданро карда, кавми Худовандро ба ҳамон сабабе ки Қобил Ҳобилро кушта оуд, ба марг медоданд. Яҳудиён бо ҳамон сабаб Наҷотдихандаро инкор ва дар салиб мехкӯб карданд — покӣ ва мукаддасии У сарзаниши доимие буданд ба худпарастӣ ва расвоии онҳо. Аз замони Масеҳ то ба рӯзгори мо шогирдони содиқи Исо нафрат ва муқобилияти нафаронеро бармеангезанд, ки гуноҳро дӯст медоранд ва онро парастиш мекунанд.MБУБ 37.3

    Барои чӣ дар чунин маврид Инҷилро муждаи сулху осоиштагй меноманд? Вакте ки Ишаъё дар бораи таваллуди Масеҳ пешгӯй карда буд, вай ба Ӯ унвони «Мири осоиштагӣ»-ро дод. Вақте ки фариштагон ба чӯпонҳо хабари таваллуди Масеҳро расонданд, онҳо дар водихои Байт-Лахм замзама мекарданд: «Худоро ҷалол дар арши аъло, ва осоиштагй бар замин, ва ҳусни таваччӯҳ дар миёни мардум бод» (Луқо 2:14). Дар нигоҳи аввал ба назар чунин менамояд, ки миёни ин пешгӯиҳои пайғамбарона ва суханони Масеҳ: «наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер» (Матто 10:34) мухолифат вуҷуд дорад. Лекин, агар хубтар андеша кунем ҳар ду баёнотҳо ҳам миёни ҳамдигар хеле хуб мувофиқат мекунанд. Инҷил - муждаи осоиштагист. Агар ақидаҳои масеҳи қабул ва дар хаёт татбик карда шаванд, онҳо ба тамоми замин сулх, ягонагӣ ва хушбахтй меоранд. Дини Масеҳ қабулкунандагони таълимоти Уро бо риштаҳои бародарӣ муттаҳид мегардонад. Вазифаи Масеҳ аз он иборат буд, ки одамонро бо Худо ва бо якдигар оштй диҳад. Аммо дунё ба таври пурра дар зери ҳукми шайтон, душмани бадтарини Масеҳ карор дорад. Дар Инҷил одамон чунин принсипҳоеро ошкор месозанд, ки бо ба хоҳишу одатҳои онҳо сахт мухолифат мекунанд, ва онҳо аз ин таълимот ба ғазаб меоянд. Онҳо покии Каломи Худоро, ки гуноҳҳояшонро ошкор месозад ва маҳкум мекунад бад мебинанд, нафаронеро, ки ба тала- ботҳои муқаддас ва одилонаи он нишон медиҳанд, таъқиб -мекунанд ва ба қатл мерасонанд. Маҳз аз барои он ки ҳақиқатҳои олии Каломи Худо нафрату душманиро ба миён меоранд, Инҷилро бо шамшер баробар мекунанд.MБУБ 38.1

    Амалҳои Худованди пешбини пурасрор, ки ба он роҳ медиҳад, то порсоён аз дасти гунаҳкорон азият бикашанд, дар аксар мавридхо нафарони дар имон устувор набударо ба изтироб ва ҳайронӣ меоранд. Ва ҳатто баъзеҳо тайёранд аз имон ба Худо даст кашанд, вақте мебинанд. ки Ӯ ба он чиз роҳ медиҳад, ки одамони бадхислаттарин нағз зиндагй мекунанд, дар холе ки порсоён ва олихимматон аз зулми золимон азобу машаққат мекашанд, Чй тавр ин мумкин аст, савол мекунанд онҳо, ки Худованди мехрубон ва одил, соҳиби қудрати беинтиҳо, беадолатӣ ва зулму ситамро раво мебинад? Ин савол набояд диққати моро ҷалб кунад. Худованд ба қадри кофӣ ба мо далелҳои мухаббати Худро додааст ва лозим нест ки мо ба некии Ӯ фақат аз барои он шубҳа кунем, ки қобилияти дарк намудани амалҳои Пешбинро надорем. Магар Наҷотдиҳанда шубхаҳои шогирдони Худро, ки дар рӯзҳои тираю тори таъқибот бар онҳо голиб меоянд, пешбинй карда нагуфта буд, ки: «Каломеро, ки ба шумо гуфтам, дар хотир нигоҳ доред: «Ғулом бузургтар аз оғои худ нест. Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард» (Юҳанно 15:20). Исои Масеҳ назар ба ҳамаи пайравонаш, ки аз берахмии одамони худобехабар азият кашидаанд, азоби бештареро аз барои мо аз cap гузаронд. Нафароне, ки барои аз cap гузаронидани азобу машаққат ва ҳатго марги пуразоб даъват шудаанд, танҳо ба Масеҳи азизи худ пайравӣ мекунанд.MБУБ 39.1

    «Худованд дар иҷрои ваъда таъхир наменамояд» (2 Петрус 3:9). Ӯ ҳеҷ гоҳ фарзандони Худро фаромӯш намекунад ва танҳо намегузорад; аммо Ӯ ба гунахкорон имкон медиҳад, ки чеҳраи аслии худро нишон диҳанд, то ки ҳеҷ касе аз одамони хоҳиши иҷрои иродаи Худоро дошта, нисбати мақсадҳои онҳо дар фиреб намонад.MБУБ 39.2

    Акср вақт порсоён ба азобу санҷишҳо гирифтор мешаванд, то ки пок гарданд. то ки дигарон ба ҳақиқй будани имон ва парҳезгории онҳо боварй ҳосил кунанд ва инчунин барои он ки бо ҳаёти порсоёнаю бомантиқи худ беимонҳоро маҳкум кунанд.MБУБ 39.3

    Худованд роҳ медиҳад, ки то гунахкорон комёб гарданд ва ба Ӯ муносибати душманона нишон диҳанд, лекин вақте ки онҳо косаи бадкирдории худро лабрез мекунанд, хама метавонанд адолатпарварӣ ва мехрубонии Ӯро дар пурра нест кардани ОНХО бубинанд. Рӯзи қасоси Ӯ наздик мешавад, вақте ки ҳамаи онҳое ки Шариати Ӯро вайрон кардаанд ва бар қавми У зулм намудаанд, ҷазои одилонаро барои амалҳои худ мегиранд; вақте ки ҳар як бераҳмӣ ва беадолатй ба фарзандони Худованд ончунон ҷазо дода мешавад, ки гӯё он ба Худи Масеҳ расонда шуда бошад.MБУБ 40.1

    Масъалаи боз ҳам муҳим ва ҷиддие вуҷуд дорад, ки калисои замони мо бояд ба он диккат диҳад. Ҳавворӣ Павлус мегӯяд: «Ҳамаи онҳое ки мехоханд парҳезгорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор хоҳанд шуд» (2 Тимотиюс 3:12). Барои чӣ ин таъқиботҳо қатъ гаштанд? Сабаби ягонааш ин аст: калисо ба меъёрхои ин ҷаҳон ончунон мутобиқ шудааст, ки дигар ҳеҷ гуна мукобилиятро вонамехӯрад. Диндории замони мо покӣ ва муқаддасиеро, ки имони масеҳиро дар замони Масеҳ ва шогирдони Ӯ фарқият мебахшид аз даст додааст. Дар замони мо имони масеҳӣ дар ҷаҳон танҳо ба он сабаб ин қадар шӯҳрат дорад, ки ҳақиқатҳои бузургтарини Каломи Худовандро қадр намекунанд, барои он ки дар калисо парҳезгории амалӣ, ҳаётӣ кам вомехӯрад, барои он ки он чо рӯҳи созишкорӣ бо гуноҳ ҳукмрон аст. Агар дар Калисои масеҳӣ имон ва нерӯи масеҳиёни аввалин эҳё мешуд, он гоҳ рӯҳи таъқибот низ зинда мешуд; оташи таъқибот он замон бо қувваи нав аланга мезад.MБУБ 40.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents