Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents

МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН

 - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 3. - ДАВРАИ ҶАҲОЛАТ ДИНЙ

    Ҳавворӣ Павлус дар номаи дуюми худ ба Таслӯникиён маслакфурӯшии бузургеро пешгӯи карда буд, ки бо барқароршавии ҳокимияти папа анҷом меёбад. Ӯ навишта буд, ки рӯзи Худованд фаро намерасад, то замоне ки «исён ба вуқӯъ биёяд ва шахсӣ пур аз гуноҳ, яъне писари ҳалокат, зоҳир шавад. Вай ба ҳар чизе ки Худо ё чизи муқаддас ном дорад, муқобилият нишон медиҳад ва худро аз он баланд мегирад, ба тавре ки дар маъбади Худо нишаста, худро Худо эълон мекунад» (2 Таслӯникиён 2:3,4). Зиёда аз ин ҳавворӣ бародаронро аз он огох мекунад, ки «сирри гуноҳ аллакай амал мекунад». Ҳанӯз дар он давраи ибтидоии масеҳият ӯ дида буд, ки ба калисо гумроҳиҳое ворид мегарданд, ки барои ҳокимияти папа роҳ омода мекунанд.MБУБ 41.1

    «Сирри гуноҳ» дар ибтидо аъмоли васвасаандозанда ва куфронаи худро махфиёна, ноаён иҷро мекард, ва баъд оҳистаохиста қудрати бештар пайдо намуда, аллакай кушоду равшан шуури одамонро ба даст даровард. Урфу одати бутпарастон ба таври махсусан ноаён ба калисои масеҳй ворид шуданд. Ин рӯҳи созишкорй ва гузашткунӣ як чанд вақт бо таъқиботҳои сахт нигоҳ дошта мешуд. Аммо вақте ки таъқиботҳо қатъ гардиданд ва масеҳият ба қасрҳои подшоҳй ва палатаҳо ворид шуд, он гоҳ софдилӣ ва фурӯтании Масех ва шогирдони Ӯро такаббур ва ҳавобаландии қоҳинон ва ҳокимони бутпараст, фароизҳои Илоҳиро бошад - дурӯғҳои бофта ва урфу одатҳои одамӣ иваз намуданд. Имоноварии рӯякии подшоҳ Константин дар ибтидои садсолаи IV хурсандии зиёдеро дар миёни масехиён ба вуҷуд овард ва таъсири ин дунё дар намуди парҳезгорӣ ба Калисо ворид шуд. Калисо зуд вайрон шудан гирифт. Бутпарастии зоҳиран мағлубшуда голиб баромад. Рӯҳи он тамоми калисоро фаро гирифт. Таълимот, урфу одат ва хурофотҳои бутпарастон бо имони бо ном пайравони Масеҳ муттаҳид шуданд.MБУБ 41.2

    Ин созиш миёни бутпарастӣ ва масеҳият ба пайдошавии «шахси пур аз гуноҳ» оварда расонид. ки дар хусусаш пешгӯии пайғамбарона гуфта буд, ки он худро аз Худо баланд мегирад ва ба муқобили Ӯ мубориза мебарад. Ин системаи бузурги дини бардурӯғ шоҳкории ҳукмронии шайтон, ёдгории кӯшишҳои ба тахт нишастан ва худсарона ҷаҳонро идора кардани ӯст.MБУБ 42.1

    Шайтон аллакай боре кӯшиши бо Масеҳ созиш намуданро карда буд. Вай дар биёбони васваса ба назди Масеҳ омада ба ӯ тамоми салтанатҳои ҷаҳон ва шӯҳрати онҳоро нишон дода, ваъда дод, ки ҳамаи онро бо иҷрои як шарт ба дасти У медихад - Исо бояд ҳокимияти олии ҳокими зулмотро эътироф кунад. Масеҳ ин пешниҳоди васвасакори бешармро рад намуда ӯро ба дур шудан маҷбур намуд. Лекин худи хамин васвасаро ба одам пешниҳод намуда, шайтон ба комёбии зиёде ноил гашт. Калисо кӯшиши ба даст овардани шӯхрату сарватмандиро намуда дастгирӣ ва ҳимоятгариро аз бузургони ин ҷаҳон ҷӯстуҷӯ мекард; бо ҳамин амал Масеҳро рад намуда, калисо маҷбур буд ба намояндаи шайтон - ускуфи Рум итоат кунад.MБУБ 42.2

    Яке аз аҳкомҳои асосии Калисои румӣ ин эътироф намудани папа чун пешвои Калисои Масех дар тамоми ҷаҳон ба шумор меравад, ки пешвои тамоми рӯҳониёни олам ҳисооида мешавад. Ба замми ин ба папа боз унвони Илоҳӣ низ дода шуда аст, ӯ «Худованд Худо — Папа» номида шуда, шахси дурусткор шуморида мешавад. У талаб мекунад, ки ҳамаи одамон ӯро эҳтиром кунанд. Ба воситаи Калисои румӣ шайтон хамон даъвоҳоеро пешниҳод мекунад, ки дар биёбони васваса баён карда буд ва бисёрихо омоданд ин иззату эҳтиромро нисбати ӯ нишон диҳанд.MБУБ 42.3

    Лекин одамоне, ки дар тарси Худованд зиндаги мекунанд, ин изҳоротҳои густохонаро ончунон қабул карданд, ки Масеҳ васвасаи душмани ҳилагарро _қабул карда буд: «Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Уро ибодат намо» (Луқо 3:8). Дар Каломи Худованд ягон ишорати хурдтарине ба таъйин намудани нафаре чун пешвои Калисо ҷой надорад. Ин таълимот дар бораи ҳокимияти олии папа бар мухолифи Китоби Муқаддас аст. Папа ягон ҳокимияте бар Калисои Масеҳ дошта наметавонад, ғайр аз оне ки ӯ худ ба таври ғайриқонунӣ ба худ лоиқ донистааст.MБУБ 42.4

    Пайравони калисои румӣ протестантҳоро дар бидъат ва ба худсарона аз Калисои ҳақиқӣ ҷудошавй гунаҳкор мекунанд. Аммо чунин айбдоркуниҳо аниқтараш ба худи онҳо тааллуқ доранд. Маҳз онҳо байрақи Масеҳро фурӯ афтонданд ва аз имони ҳақиқӣ даст кашиданд, ки «боре ба муқаддасон супурда шуда буд» (Яҳудо 3).MБУБ 43.1

    Шайтон бениҳоят хуб медонист, ки одамон ба шарофати Китоби Муқаддас метавонанд ба васвасаҳои ӯ сарфаҳм раванд ва ба қувваи ӯ муқобилият нишон диҳанд. Наҷотдиҳандаи ҷаҳон низ ҳамлаҳои шайтонро бо ёрии Калом зада бармегардонд. Масеҳ ба ҳар як ҳамлаи шайтон сипари ҳақиқатҳои ҷовидонаро гузошта, мегуфт: «Чунин навишта шудааст». Ба ҳар як пешниҳоди бешармонаи душман Ӯ бо хирад ва нерӯи Калом ҷавоб медод. Ва шайтон фаҳмид: барои бар сари одамон ҳукмронӣ кардан ва ташкил кардани ҳокимияти забткунандаи папа, Ӯ бояд халқро нисбати таълимоти Китоби Муқаддас дар ғафлат нигоҳ дорад. Китоби Муқаддас Худовандро ситоиш мекунад ва мавқеи ҳақиқии одамони мирандаро ошкор месозад, бинобар ин шайтон тамоми имкониятҳоро истифода мебарад, то ки хақиқатҳои муқаддаси он пинҳон ва дастнорас бимонанд. Калисои румӣ низ чунин дастурро чун аслиҳа қабул кард. Дар давоми чандин асрҳо Калисои румӣ ба паҳншавии Китоби Муқаддас монеъ мешуд. Ба халқ хондан ва ҳатто дар хонаҳо нигоҳ доштани он манъ шуда буд, дар ҳоле ки рӯҳониёни бадахлоқ бо худсарона маънидодкунии ҳақиқатҳои Калом кӯшиши исбот намудани қонунӣ будани даъвоҳои худро мекарданд. Бо ҳамин тариқ қариб ҳама папаро ноиби Худо дар замин қабул карданд, ки ҳам дар калисо ва дар давлат соҳиби ҳокимияти олӣ башумор мерафт.MБУБ 43.2

    Китоби Муқаддасро, ки гумроҳӣ ва дурӯғро ошкор мекунад, дур намуда, шайтон ба амалӣ гардонидани мақсадҳои худ имкон пайдо кард. Пешгӯиҳои пайғамбарона шаҳодат медо- данд, ки Калисои католикӣ «дар роҳи тағйир додани муҳлатҳо ва шариат хоҳад кӯшид» (Дониёл 7:25). Ва ҳокимияти папа фавран ба иҷрои чунин кӯшиш шурӯъ намуд. Барои он ки имоноварии бутпарастонро ба масеҳият то андозае сабук гардонанд ва бо чизе маросимҳои пешинаи ба бутҳо саҷдакунии онҳоро пурра гардонанд, ба ибодати масеҳиён оҳиста-оҳиста саҷдакунӣ ба суратҳо ва ба ҷасади мурдаҳои муқаддас ҷорӣ карда шуд. Ва дар охир маҷлиси Умумиҷаҳонии католикҳо ин шакли бутпарастиро қонунӣ гардонд. Дар анҷоми ин кори куфрона Рум ҷуръат намуда аз Шариати Худо аҳкоми дуюмро, ки сачдакуниро ба дигар худоҳо манъ мекунад гирифт ва ахкоми даҳумро ба ду қисм чудо намуд, то ки шумораи авваларо нигоҳ дорад.MБУБ 43.3

    Рӯҳи бо бутпарастӣ созишкор барои дар оянда нисбат ҳокимияти Осмонӣ нишон додани беэътиноӣ роҳ кушод. Шайтон ба воситаи пешвоёни беимони калисо аҳкоми чорумро низ вайрон намуда, кӯшиш кард шанбеи қадима, рӯзи муқаддас ва баракатдодашудаи Худовандро бартараф намуда (ниг Ҳастӣ 2: 2, 3), онро бо «рӯзи мӯътабари офтоб», ки бутпарастон эхтиром ва риоя мекарданд, иваз намояд. Дар аввал ин кӯшишҳо бодиққатона ниқобпӯш шуда буданд. Дар садсолаҳои аввал шанбеи ҳақиқӣ аз ҷониби ҳамаи масеҳиён риоя карда мешуд. Бо эҳтиёткорй ва хилагарии бузургтарин шайтон ба воситаи пайравони худ дар замин ба мақсадаш расид. Барои он ки диққати халқро ба рӯзи якшанбе ҷалб карда шавад, ин рузро ба муносибати эҳёи Масеҳ рӯзи ид эълон карданд. Ва гарчанде дар ин рӯз ибодат гузаронида мешуд ва онро рӯзи истирохат мешумориданд, ба ҳар ҳол рӯзи шанбе чун рӯзи муқаддас риоя мегардид.MБУБ 44.1

    Барои омода намудани роҳ барои иҷрои амалҳои худ, шайтон пеш аз омадани Масеҳ яҳудиёнро водор намуд шанберо бо ҳама талаботҳои сахтарин иҳота кунанд, то ки онро ба бори гароне барои халқ табдил диҳад. Акнун бошад аз фаҳмиши нодурусти шанбе ки худ ба онҳо омухта буд, бо нияти бад истифода намуда одамонро маҷбур кард, ки онро бо нафрат иди яҳудӣ шуморанд. Дар он замоне ки масеҳиён рӯзи якшанберо чун иди шодию хурсандӣ ҷашн мегирифтанд, ӯ онҳоро бо мақсади намоиш додани нафрати худ нисбати яҳудиён водор сохт, ки рӯзи шанберо ба рӯзи рӯзадорӣ ва ғаму андӯҳ табдил диҳанд.MБУБ 44.2

    Дар ибтидои асри IV император Константин бо қарори худ риояи оммавии рӯзи якшанберо дар тамоми империяи Рум қонунҳ гардонд. Рӯзи офтоб, ки онро бутпарастон эҳтиром мекарданд, дар айни замон аз тарафи масеҳиён низ ид карда мешуд. Сиёсати подшоҳ ба он равона шуда буд, ки манфиатҳои бо ҳам муқобили масеҳият ва бутпарастиро муттаҳид гардонад. Ба ин кор ӯро пешвоёни рӯҳоние водор карданд, ки ба сӯи шӯҳрат ва ҳокимият ҷидду ҷаҳд намуда, дарк менамуданд, ки як рӯзро муқаддас шуморидани ҳам бутпарастон ва ҳам масеҳиён ба бутпарастон барои рӯякӣ қабул кардани масеҳият кӯмак мерасонад, ки дар навбати худ ба пурзӯршавии қудрати Калисо мусоидат мекунад. Аммо гарчанде ки масеҳиёни худотарс бо гузашти вақт якшанберо ба андозаи маълум рӯзи муқадцас мешумориданд, онҳо мисли пешина шанбеи ҳақиқиро чун рӯзи муқаддаси Худованд риоя мекарданд ва онро аз рӯи аҳкоми чорум қадр менамуданд.MБУБ 45.1

    Лекин фиребгари ботаҷриба бо ин ором нагирифт. Ӯ қарор дод, ки дар зери байраки шайтонии худ ҳама дунёи масеҳиро ҷамъ оварда, ҳокимияташро ба воситаи шарики вафодори худ - папаи худписанд, ки худро ноиби Масеҳ эълон кардааст, ҷорӣ созад. Ва бо кӯмаки бутпарастони пурра имон наоварда, прелатҳо ва усқуфҳои худписанд, ки ҷаҳонро бештар дӯст медоштаанд, ӯ ба мақсади худ расид. Ҳар сари чанд замон маҷлиси Умумиҷаҳонӣ ҷамъ меомад, ки дар он саррӯҳониён аз тамоми мамлакатҳои масеҳӣ иштирок мекарданд. Қариб дар ҳар як маҷлис маънии шанбе, ки Худованд онро муқаддас эълон карда буд, паст зада мешуд, дар ҳоле ки рӯзи якшанбе ҳарчи болобардорӣ карда мешуд. Ва охируламр ба иди бутпарастон чун ба фароизи Илоҳӣ муносибат кардан гирифтанд, шанбеи муқаддас бошад боқимондаи дини яҳудӣ эълон карда шуд, ва онҳое ки онро муқаддас мешумориданд ба маҳкумшави ва лаънат гирифтор мешуданд.MБУБ 45.2

    Ба маслакфурӯши бузург муяссар гардид, ки бар ҳамаи он чизе ки «Худо ва маъбуд» ном дорад боло барояд (2 Таслӯникиён 2:4). Шайтон ҷурьат намуд ягона аҳкомро аз шариати Илоҳй, ки ба одамон Худованди зиндаю ҳақро бехато нишон медиҳад, тағйир диҳад. Дар аҳкоми чорум Худованд чун Офаридгори осмону замин ошкор мегардад - У бо ҳамин аз дигар худоҳои дурӯғин фарқ мекунад. Шанбе ёдгории заҳматҳои эҷодкорист ва аз он шаҳодат медиҳад, ки рӯзи ҳафтум чун рузи оромгирии инсон муқадцас гардонда шуда буд. Вай барои он муқаррар шудааст, ки доимо ба одамон аз Худованди зинда — сарчашмаи ҳастӣ ва Зоти сазовори эҳтирому саҷда ёдоварӣ кунад. Шайтон кӯшиш мекунад,_ки одамон садоқатро ба Худованд вайрон намуда Шариати Уро риоя накунанд; бинобар ин у тамоми ҷидду ҷахди худро махз ба ин аҳком, ки дар бораи Худованд чун Офаридгор сухан мегӯяд, равона мекунад.MБУБ 46.1

    Дар замони ҳозира протестантҳо тасдиқ мекунанд, ки эҳёшавии Масеҳ дар рӯзи якшанбе ин рӯзро ба шанбеи масеҳи табдил дод.MБУБ 46.2

    Вале Китоби Муқаддас барои ин ягон асос намедиҳад. На Масеҳ, на ҳаввориён бо ягон чиз рӯзи якшаноеро муқаддас нагардондаанд. Аз ҷониби масеҳиён ид гардидани рӯзи якшанбе аз «сирри гуноҳ» сарчашма мегирад (2 Тас. 2:7), ки ибтидояш ҳанӯз аз замонҳои ҳавворй Павлус ошкор мегардад. Кай ва дар куҷо Худованд ин зодаи ҳокимияти папаро писархонд кард? Бо кадом далелҳои оқилона тағйиротҳоеро, ки Каломи Худованд муқаддас нагардондааст, ҳақ шуморидан мумкин аст?MБУБ 46.3

    Дар садсолаи IV ҳокимияти папа дар ҷаҳон сахт устувор гашт. Маркази он шаҳри император интихоб шуд, усқуфи Рум бошад сарвари калисои умумиҷаҳонӣ таъйин гардид. Бутпарастӣ ҷои худро ба ҳокимияти папа дод. Аждаҳо ба ҳайвони ваҳшӣ «қуввати худ ва тахти худ ва қудрати бузурге дод» (Ваҳй 13:2). Давраи 1260-соли таъқиботи ҳокимияти папа, ки дар пешгӯиҳои пайғамбаронаи Дониёл ва Китоби Ваҳй пешгӯи шуда буд (Дониёл 7:25; Ваҳй 13:5-7), огоз ёфт. Масеҳиён бояд интихоб мекарданд: ё ин ки аз ақидаҳои худ даст кашида қонунҳо ва расму таомули папаҳоро қабул мекарданд, ё ин ки ҷони худро дар зиндон, дар оташ ё дар зери дор бо азобу машақат аз даст медоданд. Суханони Масеҳ иҷро шуданд: «Ва шуморо падару модарон, ва бародарон, ва хешовандон, ва дӯстон таслим хоҳанд кард. Ва баъзе шуморо ба қатл хоҳанд расонд; Ва ҳама аз барои исми Ман ба шумо нафрат хоҳанд дошт» (Луқо 21:16,17). Имондорон ба таъқиботи бемисл гирифтор шуданд ва ҷаҳон ба майдони умумии задухӯрд табдил ёфт. Дар давоми садсолаҳои дуру дароз калисои ҳақиқӣ дар биёбонҳо ва ҷойҳои дурдаст, паноҳгоҳ меёфт. Пайғамбар чунин мегӯяд: «Зан ба биёбон гурехт, ки дар он ҷо барои вай аз ҷониби Худо маконе муҳайё гардидааст, то ки ба вай ҳазору дусаду шаст рӯз ғизо дода шавад» (Ваҳй 12: 6).MБУБ 46.4

    Бо ба сари ҳокимият омадани Калисои Рум ба асрҳои миёнаи тираю тор ибтидо гузошта шуд. Ба андозаи мустаҳкамшавии ин ҳокимият тирагӣ низ тиратар мегашт. Одамон на ба Масеҳ чун ба таҳкурсии ҳақиқӣ, балки ба папаи Рум бовар мекарданд. Ба ҷои умед бастан ба Масеҳ, ки гуноҳҳоро мебахшаду наҷоти абадӣ медиҳад, одамон ба папа ва ба рӯҳониёну прелатҳое нигоҳ мекарданд, ки ӯ мансаб додааст. Ба одамон таълим медоданд, ки папа миёни Худо ва одамон миёнарав аст ва ҳеҷ кас наметавонад ба Худо наздик шавад, ҷӯз ба воситаи ӯ; ва папа барои онҳо ба ҷои Худост, бинобар ин ҳама бояд ба ӯ бегуфтугӯ итоат кунанд. Аз талаботҳои ӯ саркашӣ кардан сабаби асосноке шуда метавонист барои он ки гунаҳкоронро ба ҷазоҳои сахттарин гирифтор кунанд. Бо ҳамин роҳ диққати халқ аз Худованд дур карда шуда, ба одамони гунаҳкор, сангдил ва аз ин ҳам зиёдтар - ба худи ҳокими зулмот, ки ӯ ба воситаи онҳо ҳокимияти худро ҷорӣ мекард, равона шуда буд. Гуноҳ бо либосҳои муқаддас оро дода шуда буд. Вақте ки Китоби Муқаддас ба канор гузошта мешавад ва инсон худро меъёри ҳақиқат мешуморад, он гоҳ танҳо фиребгарӣ ва фисқу фуҷури нанговарро интизор шудан мумкин аст. Бо боло- бардории қонунҳо ва урфу одатҳои инсонӣ расвоӣ ва фисқу фасод ошкор гардиданд, ки ҳама вақт натиҷаи фаромӯшавии Шариати Худо мебошанд.MБУБ 47.1

    Он рӯзҳо барои Калисои Масеҳ рӯзҳои пуризтироб буданд. Чӣ қадар кам монданд байрақбардорони содиқи ҳақиқат! Гарчанде дар ҳама давру замонҳо шоҳидони содиқи ҳақиқат вучуд доштанд, аммо баъзе вақтҳо чунин ба назар мерасид, ки гумроҳй ва хурофотҳо аллакай ғалаба кардаанду дини ҳақиқӣ барҳам зада шудааст. Дар он замоне ки Инҷил аз дасти одамон гирифта шуда буд, урфу одатҳо ва расму оинҳои динй зиёд шуданд ва мардум дар зери бори гарони талаботҳо ва маҳдудиятҳо азият мекашид.MБУБ 48.1

    Ба одамон таълим медоданд, ки ба папа на танҳо чун ба миёнарави худ нигоҳ кунанд, балки омурзиши гуноҳҳои худро бо иҷрои ин ё он кор ба даст биёранд. Зиёраткуниҳои хастакунанда ва дуру дароз, епитимяҳо*Епитимя — иҷрои корҳои муайяне, ки иҷрои онҳо аз ҷониби руҳониён аз шахси тавбакунанда талаб карда мешуданд., саҷда ба турбатҳо, сохтмони калисоҳо, меҳробҳо, хайркуниҳои калон барои калисо - ин ҳама ва бисёр чизҳои дигар аз одамон талаб карда мешуд, то ки ғазаби Худовандро паст гардонанд ва ҳусни таваҷҷӯҳи Ӯро ба даст биёранд, гӯё ки Худованд ба одамон монанд бошад, ки аз барои чизҳои пасту суханон беҳуда ба ғазаб меомада бошаду дили Ӯро бо ҳадияҳо ва епитимяҳо, ки ба гардани гунаҳкорони тавбакунанда гузошта мешуданд, нарм кардан мумкин бошад!MБУБ 48.2

    Сарфи назар аз бадкирдориҳое, ки ҳатто дар миёни сарварони Калисои Рум ривоҷ меёфтанд, нуфузи он зиёд ва баланд мешуд. Дар охяри садсолаи VIII пайравони папа изҳор мекарданд, ки дар садсолаҳои аввал усқуфҳои Рум чунин ҳокимияти рӯҳониеро соҳиб буданд, ки акнун онҳо ба худ сазовор донистаанд. Барои он ки ба ин изҳорот намуди эътимодбахш диҳанд, фавран чораҳои муайянеро қабул кардан лозим оуд, ва «падари ҳама гуна дурӯг» бо тайёрии зиёд ба онҳо чӣ кор карданро гуфт. Роҳибон дастнависҳои қадимаро тағйир медоданд. Қарорҳои то ба ҳол номаълуми ҷамъомадҳои рӯҳониён пайдо шуданд, ки гӯё ҳокимияти ягонаи папаро аз давраҳои аввал тасдиқ мекарда бошанд. Ва Калисои ҳақиқатро радкарда, ин фиребро низ қабул кард.MБУБ 48.3

    Бунёдкорони содиқу камшумор, ки дар таҳкурсии ҳақиқӣ бунёд мекарданд (1Қӯринтиён 3:10:11), ба ташвиш ва ҳайрат афтоданд, вақте ки сари роҳи онҳо бо таълимотҳои бардурӯғ банд шуданд. Ба монанди бунёдкунандагони девори Ерусалим дар замони Наҳемё пайғамбар баъзеҳо тайёр буданд бигӯянд: «Қуввати замбарбардорон суст шудааст, ва хок ҳанӯз бисёр аст, ва мо наметавонем деворро бино кунем» (Наҳемё 4:10). Аз муборизаҳои доимй, таъқиботҳо, тӯҳматҳо, бадкирдориҳо ва ҳар гуна мушкилотҳо, ки шайтон ба сари онҳо оварда кӯшиш менамуд бо ҳар роҳ ба муваффақияти онҳо монеъ шавад, азият кашида, баъзе аз ин бунёдкорони содиқ рӯҳафтода шуданд. Барои нигоҳ доштани оромӣ, ҳаёт ва молу мулки худ онҳо таҳкурсии ҳақиқиро тарк карданд. Дигарон, баръакс аз душманони худ наҳаросида, бебокона изҳор мекарданд: «Аз онҳо натарсед! Худованди азим ва саҳмгинро ба ёд оваред!» (Наҳемё 4:14) ва шамшери ҳақиқатро ба миён баста кори худро давом медоданд (ниг. Эфсӯсиён 6: 17).MБУБ 49.1

    Дар ҳама садсолаҳо душманони Худованд бо нафрат ва қувваи тағйирнопизир ба ҳақиқат ҳамла мекарданд, ва аз пайравони Масеҳ доимо ҳушёрӣ ва садоқат талаб карда мешуд. Суханони як замон ба шогирдони аввалин гуфтаи Масеҳ ба он пайравонаш низ ки дар охири замон зиндагӣ мекунанд, тааллуқ доранд: «Аммо он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама мегӯям: Бедор бошед» (Марқус 13:37).MБУБ 49.2

    Торикӣ боз ҳам ториктар мешуд. Саҷдакунии бутҳо дар ҳама ҷо паҳн гашт. Дар назди тасвирҳо шамъҳоро меафрӯхтанд, ба онҳо дуо мегуфтанд. Дар ҳама ҷо урфу одатҳои бемаънӣ ва хурофӣ паҳн шуданд. Одамон ончунон дар зери таъсири хурофот афтода буданд, ки ба назар чунин менамуд, ки гӯё ақли солим тамоман аз даст рафтааст. Оё чизи дигареро аз одамон интизор шудан мумкин буд, ғайр аз дағалӣ ва фисқу фуҷур, дар сурате ки худи аҳли дин ва рӯҳониёне, ки мардум барои маслиҳат ба онҳо муроҷиат мекарданд, расвою фосиқ буданд.MБУБ 49.3

    Калисо дар роҳи болошавии мағруронаи худ боз як қадам ба пеш ниҳод, вақте ки дар садсолаи XI папа Григорий VII бехатоии калисои Румро эълон кард. Яке аз ақидаҳои пешниҳодшудаи онҳо чунин садо медод, ки мувофиқи Китоби Муқаддас Калисо ҳеҷ гоҳ гумроҳ нашуда буд ва гумроҳ намешавад. Аммо Китоби Муқаддас ҳеҷ гоҳ чунин ақидаро ҷонибдорӣ накарда буд. Усқуфи худпараст инчунин ҳуқуқи сарнагун кардани подшоҳонро ба худ сазовор дониста, тасдиқ мекард, ки ҳеҷ кас ҳуқуқи рад кардани қарорҳои қабул кардаи ӯро надорад, ва танҳо як худи ӯ бояд аз ҳуқуқи бекор кардани қарорҳои дигарон истифода барад.MБУБ 50.1

    Хислати золимонаи ин ҳомии дурусткори ба таври пурра дар ҷанҷоли ӯ бо императори Германия Генрихи IV ошкор гашт. Барои беҳурматии густохона ба обрӯ ва нуфузи папа ин шоҳ аз калисо хориҷ ва аз тахт маҳрум карда шуд. Аз танҳо мондан ва аз таҳдидҳои ҳокимоне, ки ваколатномаи папаро гирифта буданд, ба ҳарос афтода, Генрих дарк намуд, ки уро бо Рум оштй кардан лозим аст. Бо ҳамроҳии ҳамсар ва хизматгори вафодори худ ӯ дар зимистон аз кӯҳҳои Алп гузашт, то ки бо ин рох итоаткории худро дар назди папа исбот кунад. Ба назди қасре ки дар он папа истиқомат мекард расида, Генрих бе ҳамроҳони худ ба ҳавлии беруна гусел карда шуд, ки дар хунукии қаҳратуни зимистон бо сари луч ва пойҳои бараҳна, бо либосхои камбағалона вохӯриро бо папа интизор буд. Ва баъд аз гузаштани се рӯзи рӯзадорй ва тавбакунӣ папа дар охир уро бахшид ва изҳор кард, ки аз ин рӯз эътиборан император танҳо бо иҷозати папа амал мекунад. Мутеъгардонии подшоҳони ҳавобаландро вазифаи муқаддаси худ шуморида. григорий ғолибиятро тантана мекард.MБУБ 50.2

    Чй гуна мухолифати ҳайратангез миёни худпарастии аз ҳад зиёди ин рӯҳонии ҳавобаланд ва фурӯтании меҳрубононаи Масеҳ, ки дар назди дари қалби инсон ростистода тасвир ёфта зорию тавалло мекунад Ӯро қабул кунанд, то ки тавонад ворид шавад ва ба шахси гунаҳкор бахшоиш ва осоиш ато кунад. Масеҳ ба шогирдон чунин таълим медод: «Ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи шумо шавад» (Матто 20:27).MБУБ 50.3

    Садсолаҳои баъдина шоҳидони боз ҳам бештар ғалат маънидод шудани ҳақиқат бо таълимотҳои аз Рум бармеомада, гардиданд. Ҳанӯз пеш аз барқароршавии ҳокимияти папа ақидаҳои файласуфони бутпараст диққатро ба худ ҷалб менамуданд ва ба Калисо таъсир мерасонданд. Бисёриҳо худро имоноварда ҳисобида, ба мисли пешина ақидаҳои фалсафии бутпарастиро пайравӣ мекарданд ва на танҳо худ онҳоро меомӯхтанд, балки ба дигарон чун воситаи паҳншавии нуфузи худ бар бутпарастон пешниҳод мекарданд. Бо ҳамин тариқ ба дини масеҳӣ гумроҳиҳои зиёде ворид шуданд. Асоситарин дар миёни онҳо, ин: боварӣ ба фанонопазирии табиии инсон ва ба ҳаёти бошуурона баъд аз марг мебошанд. Дар асоси ин таълимот Рум дуои ҳимоятхоҳонаро ба муқадцасон ва худо шуморидани Марями бокираро тасдиқ кард. Аз ин ҷо инчунин бидъат дар бораи азобҳои ҷовидонаи гунаҳкорони тавбанокарда пайдо шуд, ки зуд як қисми рамзи имони калисои католикӣ гардид.MБУБ 51.1

    Ҳамин тавр барои қабули дурӯғи дигари бутпарастона - ақидаи аъроф, ки бо ёрии он Рум мардуми зудбовар ва хурофотпарастро ба воҳима меандохт, замина тайёр шуда буд. Дар зери ибораи аъроф макони азобе дар назар дошта шуда буд, ки ба он ҷо нафарони ба марги абадӣ гирифтор нашуда меафтиданд ва баъди ҷазои муносиб барои гуноҳҳо, пок гардида ба осмон роҳ дода мешуданд.MБУБ 51.2

    Ва Рум боз ба як дурӯғи дигаре эҳтиёҷ дошт, то ки тарс ва айбу нуқсонҳои пайравони худро истифода барад. Ин таълимот дар бораи индулгенция буд. Бахшоиши пурраи гуноҳҳои гузашта, ҳозира ва дар оянда содиршаванда ва инчунин озодй аз ҳама гуна азобу ҷазоҳо ба нафароне ваъда дода мешуд, ки дар ҷангҳое иштирок мекунанд, ки папа барои васеъгардонии қаламрави худ ва ё несткунии нафароне мебарад, ки ҷуръати инкор намудани ҳокимияти рӯҳонии ӯро кардаанд. Ба одамон таълим медоданд, ки ба калисо пул супорида, онҳо аз гуноҳҳо озод мешаванд ва якҷоя бо ин метавонанд ҷонҳои дӯстони мурдаи худро, ки дар оташи азобовари дӯзах азият мекашанд наҷот диҳанд. Аз ҳисоби ҳамаи ин Рум дар карруфар, бадахлоқӣ ва фисқу фасоди намояндагони дурӯяи Масеҳ, ки ҷои cap гузоштан надошт. ғарқ гардида сарватманд мешуд.MБУБ 51.3

    Фароизи Китоби Муқаддас оиди Шоми Худованд оа Mec¬can (намози пешин дар калисои католикӣ) бутпарастон иваз карда шуд. Рӯҳониёни папа даъвои онро мекарданд, ки бо ёрии маросими бемаънй ва пуч онҳо қодиранд нон ва шароби оддиро ба «ҷисм ва Хуни ҳақиқии Масеҳ»3Кардинал Уайзмен. «Ҷисм ва хуни воқеии Худованд Исои Масеҳ дар евхаристияи муборак, ки дар асоси Навиштаҷоти Муқаддас исбот шудааст», лексияи 8, фасли 3, §26. табдил диҳанд. Онҳо бо худбоварии таҳқиромез қувваи офарандаи Худо, Офаридгори тамоми мавҷудотро аз худ мекарданд. Аз масеҳиён бо тахдиди марг ошкоро эътироф намудани имони худро ба ин бидъати даҳшатовари барои Осмон таҳқиромез талаб мекарданд. Бисёр нафарони аз ин амал даст кашида ба оташ дода шуданд.MБУБ 52.1

    Дар асри XIII яке аз даҳшатноктарин аслиҳаи ҳокимияти папа — инкивизисия (ташкилоти судии тафтишотии калисои католикӣ) таъсис дода шуд. Ҳокими зулмот дар ин масъала оо намояндагони ҳокимияти папа ҳамкорӣ мекард. Дар ҷамъомадҳои махфии онҳо шайтон ва фариштаҳои ноаён ҳузур доштаи вай андешахои ин одамони гунаҳгорро идора мекарданд, дар он замоне ки фариштаи ноаёни Худо қонунҳои даҳшатовар ва таърихи ҳамаи бадкирдориҳои мудҳиши онҳоро, ки қобилияти тарсондани дилхоҳ шахси мирандаро доштанд, сабт мекард. «Бобили бузург аз хуни муқаддасон маст шуд». Ҷисмҳои баднамошудаи миллионҳо азиятдидагон барои қасос ситонй аз ин ҳокимияти маслакфуруш ба даргоҳи Худо дуо мегуфтанд.MБУБ 52.2

    Ҳокимияти папа ҳокими мустабиди умумиҷаҳони гардид. Императорҳо ва подшоҳон ба фармонҳои папаи Рум итоат мекарданд. Ба назар чунин менамуд, ки қисмати заминӣ ва абадии ҳар як нафар дар дасти ӯст. Дар давоми садсолаҳои зиёд ҳама бе хурдтарин эътироз ба таълимотҳои Рум итоат мекарданд, ва расму маросимҳо ва ҷашнҳои он бо кадом эҳтиром ба ҷо овар- да мешуданд! Аҳли дини Рум аз эҳтироми умумй истифода мебурд, хайркуниҳои саховатмандона чун селоб ба хазинаи он ворид мешуданд. Аз он замон Калисои Рум дигар ҳеҷ гоҳ ба чунин шарафи бузург ва қудрат нарасидааст.MБУБ 52.3

    Вале «дурахши нисфирӯзии ҳокимияти папа барои ҷаҳон торикии нимашаби буд»4Уайлӣ , «Таърихи протестантизм», китоби 1, боби 4.. Китоби Муқаддас на фақат ба халқ, балки ба рӯҳониён низ қариб ношинос буд. Ба монанди фарисиёни замони қадим. пешвоёни калисои католикй аз нуре нафрат доштанд, ки гуноҳҳояшонро ошкор мекард. Шариати Худоро чун меъёри порсоӣ як тараф гузошта, онҳо ҳокимияти беканорро ба даст оварданд ва дар фисқу фасоди худ боздоштанашавада буданд. Дар ҳама ҷо фиреб, пулпарастӣ ва бадахлоқӣ равнақ меёфтанд. Одамон аз ҳеҷ гуна ҷиноят наметарсиданд, агар он сарват ва мавқеи баландро дар ҷамъият ваъда медоданд. Қасрҳои папаҳо ва прелатҳо ба макони фиску фасод табдил дода шуда буданд. Баъзе аз усқуфони асосй дар чунин ҷиноятҳои гӯшношуниде айбдор буданд, ки ҳокимияти дунявй кӯшиш менамуд ин амалдоронро аз мансабҳояшон чун золимони бадкирдоре, бартараф намояд, ки онҳоро дигар таҳаммул кардан мумкин набуд. Дар давоми садсолаҳо Европа дар соҳаи илм, маданият ва санъат ба ҳеҷ пешрафт муваффақ нашуд. Масехият аз фалачи ахлоқй ва ақлонӣ иллат бардошт.MБУБ 53.1

    Ҳолати ҷаҳоне ки дар зери ҳокимияти Рум карор дошт, бо худ ичроиши даҳшатовар ва ҳайратангези суханони пайғамбар Ҳушаъро нишон медод: «Қавми Ман аз камии дониш нобуд шудаанд; азбаски ту аз дониш нафрат кардӣ, Ман низ аз ту нафрат кардам... ва азбаски ту шариати Худои худро фаромӯш кардӣ, ман низ писарони туро фаромӯш хоҳам кард». «На ростй ҳаст, ва на марҳамат, ва на шинохтани Худо бар ин замин. Қасам хӯрдан ва қасамро шикастан, ва қатл ва дуздй ва зино кардан бағоят паҳн шудааст, ва ҷараёни хун бо ҷараёни хун мепайвандад» (Хушаъ 4:6,1,2). Ана натиҷаи радкунии Каломи Худо.MБУБ 53.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents