Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents

МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН

 - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 37. - ЯГОНА ҲИМОЯИ МО

    «Ба шариат ва шаҳодат рӯ оваред! Агар онҳо чун ин калом харф нагӯянд, пас дар онҳо нур нест» (Ишаъё 8:20). Пайғамбар қавми Худоро ба сӯи Навиштаҳо чун ба ҳимояи боэътимод аз таъсири устодони дурӯггӯй ва васвасаҳои шайтонӣ равон мекунад. Шайтон хама гуна воситаҳоро истифода мебарад, то ки дар роҳи дарк намудани Китоби Муқадцас ба одамон халал расонад, зеро ки фикрҳои равшани ин Китоб фиреби ӯро ошкор месозанд. Ҳангоми ҳар як эҳёшавии кори Худо мири бадӣ боз ҳам фаъолонатар амал мекунад; дар айни замон вай тамоми қувваҳои худро чамъ меорад, то ки Масех ва пайравони Ӯро маглуб намояд. Ба зудӣ мо бо охирин фиреби бузург дучор мешавем. Зидцимасеҳ дар пеши назари мо мӯъҷизаҳои худро хоҳад офарид. Сохтакорӣ ба зоҳиршавии қувваи Худо чунон монанд хоҳад буд, ки ҳақиқатро аз дурӯғ фақат бо ёрии Китоби Муқаддас фарқ кардан мумкин мешавад. Ҳар як мӯъҷиза ва ҳар як фикрро бо шаҳодати Китоби Муқаддас санҷидан лозим аст.MБУБ 635.1

    Нафарони ба аҳкомҳои Худо итоаткунанда ба мукобилат ва масхара рӯ ба рӯ мешававд. Онҳо фақат дар Худо истодагарӣ карда метавонанд. Барои он ки санҷишҳои дар пеш истодаро аз cap гузаронанд, онҳо бояд иродаи Худоро. ки дар Каломи Ӯ ошкор шудааст, дарк кунанд - фақат он вакт онҳо метавонанд ба таври муносиб Ӯро қадр кунанд, ки агар хислати Ӯро, принсипхои ҳукмронӣ ва мақсадҳои Ӯро дуруст фаҳм намоянд ва ба таври мувофиқ амал кунанд. Фақат нафароне, ки ақли худро бо ҳақикатҳои Китоби Муқаддас обутоб додаанд, дар муборизаи охирин истодагарӣ карда метавонанд. Ба ҳар як нафар ҳал намудани масъалаи зерин лозим меояд: оё ман аз одамон дида бояд ба Худо бештар итоат кунам? Соати ҳалкунандаи санҷиш аллакай хеле наздик аст. Оё қадамҳои мо дар сахраи қавии Каломи Худо устуворанд? Оё мо омодаем аҳкомҳои Худо ва имон ба Масеҳро бо қатъият ҳимоя намоем?MБУБ 635.2

    Вақте ки пеш мехкӯб шудан Наҷотдиҳанда ба шогирдони Худ фаҳмонд, ки Ӯ ба марг дода мешавад ва боз аз қабр бармехезад, фариштагони Худо тамоми корхои имконпазирро ба ҷо оварданд, то ки суханони Ӯро дар қалбҳои ҳаввориён ҷой кунанд. Вале шогирдони Масеҳ ташнаи озодшавии заминӣ аз асорати румиён буданд, ва худи фикр дар бораи он ки Хдмон ки тамоми умеду орзуҳои онҳо дар Ӯ таҷассум ёфтаанд, бояд бо марги шармсор ҷон диҳад, барояшон таҳаммулнопазир буд. Суханонеро, ки бояд дар қалбҳояшон нақш мебастанд, онҳо зуд фаромӯш карданд, ва санҷиш онҳоро дар ғафлат ёфт. Марги Исо ҳамаи умедҳои онҳоро барбод дод, гӯё ки Ӯ хеҷ гох онхоро қаблан огоҳ накарда буд. Ҳамин тавр дар пешгӯихои пайғамбарона низ оянда пеши назари мо ҳамчунон равшан ошкор мешавад, ки ба шогирдони Масеҳ ошкор шуда буд. Воқеаҳои ба анҷомёбии вақти санҷиш алоқаманд ва зарурияти омодашавӣ ба замони ғаму андӯҳ ба таври равшану аниқ баён ёфтаанд. Вале бисёриҳо ин ҳакиқатҳои муқимро комилан дарк намекунанд, гӯё ки онҳо дар саҳифаҳои Китоби Муқаддас чой надошта бошанд. Шайтон ҳушёрӣ мекунад ва ҳама гуна таъсиреро, ки метавонист одамонро дар наҷотёбӣ оқил гардонад, заиф месозад, то ки замони ғаму андӯҳ барои онҳо воқеаи ногаҳонӣ гардад.MБУБ 636.1

    Вақте Худо ба одамон чунин огоҳиҳои пешакии муҳимеро мефиристад, ки онҳоро фариштагони муқаддаси дар миёни осмон парвозкунанда хабар медиҳанд, Ӯ талаб мекунад, ки ҳар як нафаре ки ба ӯ хирад ато шудааст, ба ин муждаҳо таваҷҷӯҳи лозимӣ диҳад. Ҳукми даҳшатангезе ки нисбати нафароне бароварда шудааст, ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он (Ваҳй 14:9 — 11), саҷда мекунанд, бояд одамонро ба омӯзиши бодиққатонаи пешгӯиҳои пайғамбарона водор созад, то ки дар шуури онҳо дар бораи тамғаи ҳайвони ваҳшӣ ва дар бораи чӣ тавр аз он раҳоӣ ёфтан, тасаввуроти дуруст пайдо шавад. Вале халқ ҳақиқатро гӯш кардан нахоста, ба қиссаҳо рӯ меорад. Ҳавворӣ Павлус фарорасии рӯзҳои охирро қаблан дониста, навишта буд: «Зеро замоне фаро хоҳад расид, ки таълимоти солимро қабул нахоҳанд кард» (2 Тимотиюс 4:3). Ин замон аллакай фаро расидааст. Одамон хоҳиши қабул кардани ҳақиқати Китоби Муқаддасро надоранд, зеро ки он бо хоҳишҳои қалби гунаҳкор мувофиқат надорад, ва шайтон онҳоро бо хаёлҳои хоми фиребанда тасалло медиҳад.MБУБ 636.2

    Вале Худованд дар рӯи замин қавме дорад, ки барои он Китоби Муқаддас ва танҳо Китоби Муқаддас меъёри ҳама таълимотҳо ва асоси ҳама гуна ислоҳотҳост. Ҳеҷ гуна фикрҳои олимон, хулосаҳои илм, рамзҳои имон ва қарорхои анҷуманҳои Калисо, ки ҳамчунон сершумор ва ихтилофноканд, чун калисоҳое, ки онҳоро баровардаанд, на овози аксарият - ҳеҷ чиз наметавонад далел ё радсозии ягон банди имони динӣ ҳисобида шавад. Пеш аз қабул кардани ягон таълимот ё фароиз, мо бояд далели равшанро аз Каломи Худо: «Худованд чунин мегӯяд», талаб намоем.MБУБ 637.1

    Шайтон пайваста кӯшиш мекунад таваҷҷӯҳи моро на ба Худо, балки ба инсон ҷалб намояд. Вай одамонро водор месозад ба усқуфон, рӯҳониён, профессорҳои илоҳиётшиносӣ чун ба устодон нигоҳ кунанд, ба ҷои он ки Навиштаҷотро омӯхта, худ бидонанд, ки вазифаи онҳо аз чӣ иборат аст. Ва бо ҳамин роҳ шуури роҳбаронро идора намуда, шайтон метавонад ба воситаи онҳо ба салохдиди худ ба одамон таъсир расонад.MБУБ 637.2

    Вақте ки Масеҳ Каломи ҳаётро баён мекард, Ӯро на фақат одамони оддӣ бо хушнудӣ гӯш мекарданд, ҳатто бисёр рӯҳониён ва ҳокимон ба Ӯ имон оварданд. Вале саркоҳинон ва пешвоёни миллат бо қатъият қарор доданд таълимоти Ӯро маҳкум ва рад кунанд. Агарчи онҳо дар кӯшишҳои ба муқобили Ӯ пайдо намудани айбномаҳо ба бемуваффақиятӣ дучор шуданд. агарчи онҳо таъсири қувва ва хиради Илоҳии аз суханони Ӯ барояндаро ҳис накарда наметавонистанд, бо вуҷуди ин дар асорати гумҳроҳиҳо қарор гирифта, далелҳои аз ҳама равшани Масеҳ будани Ӯро рад карданд, то ки фақат шогирди Ӯ нашаванд. Душманони Масеҳ одамоне буданд, ки эҳтиром кардани онҳоро яҳудиён аз айёми кӯдакй омӯхта буданд ва бечуну чаро ба онҳо итоат кардан барояшон одат шуда буд. «Барои чӣ, - мепурсиданд онҳо аз худ, - сарварон ва олимони китобдони мо ба Исо бовар надоранд? Агар Ӯ Масеҳ мебуд, наход ки ин мардони парҳезкор Ӯро қабул намекарданд?» Маҳз таъсири чунин устодон ба он оварда расонд, ки қавми яҳуд Наҷотдиҳандаи худро рад кард.MБУБ 637.3

    Рӯҳе ки дар қалби ин рӯҳониён ва сарварон амал мекард, имрӯз низ дар вуҷуди бисёр одамони зоҳиран парҳезкор ошкор мегардад. Онҳо хоҳиш надоранд шаҳодатҳои Навиштаҷотро дар хусуси ҳақиқатҳои махсус барои замони ҳозира биомӯзанд. Ба сершуморӣ, сарват ва маъруфияти худ ишора мекунанд ва ба якчанд тан ҳомиёни бечораи ҳақиқат, ки дастгирии васеъро аз барои пайравӣ ба имоне пайдо намекунанд, ки онҳоро аз ҷаҳони боқимонда ҷудо месозад, ба нафрат менигаранд.MБУБ 638.1

    Масеҳ пешбинӣ карда буд, ки тасарруфи ғайриқонунии ҳокимият, ки китобдонон ва фарисиён ба кор мебурданд, бо парокандашавии яҳудиён ба анҷом намерасад. Ӯ бо нигоҳи пешбинона болобароии ҳокимияти инсониро дид, ки бар виҷдон ҳукмронӣ мекунад, ва дар тамоми асрҳо барои Калисо лаънат буд. Ва фошсозиҳои даҳшатомези китобдонон ва фарисиён аз ҷониби Ӯ, огоҳиҳои қаблии Ӯ ба қавм барои пайравӣ накардан ба ин устодони кӯр ба наслҳои оянда чун панд навишта шуда буданд.MБУБ 638.2

    Калисои Румӣ-католикӣ ҳуқуқи тафсири Навиштаҷотро фақат ҳуқуқи рӯҳониён мешуморад. Дар асоси он ки фақат рӯҳониён ба таври кофӣ доноянд, то ки Каломи Худоро шарҳ диҳанд, он аз халқ пинҳон карда мешавад. Гарчанде Ислоҳот Китоби Муқадцасро ба дасти ҳар нафар дод, принсипе ки Рум онро зӯран ҷорӣ мекард, дар калисоҳои протестантӣ низ ба бисёриҳо барои мустақилона омӯхтани Навиштаҷот халал мерасонад. Ба онҳо таълим медиҳанд, ки Каломро он тавре қабул кунанд, ки Калисо онро тафсир мекунад; ҳазорон одамон ҷуръат намекунанд аз он чизе ки дар Навиштаҷот ин қадар равшан баён шудааст чизеро қабул кунанд, агар ин ба рамзи имон ё таълимотҳои анъанавии Калисои онҳо мухолифат дошта бошад.MБУБ 638.3

    Сарфи назар аз он ки дар Китоби Муқаддас огоҳиҳои пешакӣ ба муқобили таълимотҳои бардурӯғ зиёданд, бисёриҳо калбҳои худро бо омодагӣ ба ихтиёри рӯҳониён медиҳанд. Ҳазорон масеҳиёни замони мо барои ҳимояи бандҳои таълимоти динии худ далели дигаре оварда наметавонанд, ба ҷуз он ки роҳбарони Калисо онҳоро чунин насиҳат кардаанд. Онҳо ба таълимоти Наҷотдиҳанда қариб диққат намедиҳанд ва ба суханони рӯҳониён комилан бовар мекунанд. Вале магар ин рӯҳониён иштибоҳ карда наметавонанд? Чӣ тавр қалбҳои моро ба онҳо бовар кардан мумкин аст, дар сурате ки Каломи Худо тасдиқ намекунад, ки онҳо ба нур соҳибанд? Барои аз роҳи маъмулӣ баромадан мардонагии маънавӣ талаб карда мешавад, мавҷуд набудани он бошад бисёриҳоро ба пайравӣ аз мардони донишманд маҷбур месозад; хоҳиши мустақилона омӯхтани Навиштаҷотро надоигга, онҳо бо занҷирҳои гумроҳӣ баста мемонанд. Онҳо дарк мекунанд, ки ҳақиқат барои замони ҳозира дар саҳифаҳои Китоби Муқадцас равшан ошкор карда шудааст, онҳо қувваи Рӯҳи Муқаддасро, ки мавъизаи онро ҳамроҳӣ менамояд, ҳис мекунанд, ва сарфи назар аз ҳамаи ин, роҳ медиҳанд, то ки рӯҳониён нурро аз онҳо пинҳон кунанд. Гарчанде ҳам хирад ва ҳам вичдон ин одамонро ба тағийрнопазирии ҳақиқат бовар мекунонанд, бо вуҷуди ин қалбҳои кӯр гардондашуда ҷуръати фикри шахси доштанро намекунанд ва манфиатҳои абадият қурбони беимонӣ, мағрурӣ ва фикрҳои беасоси рӯҳониён мешаванд.MБУБ 639.1

    Шайтон воситаҳои зиёди асир гардондани инсонро дар ихтиёр дорад. Риштаҳои пурқувваттарини муҳаббати меҳрубононаро нисбати душманони салиби Масеҳ ба кор бурда, ҳазорон қалбҳоро ба даст медарорад. Ин робитаҳои дӯстӣ ҳар навъе ки бошанд - хешовандӣ, заношӯӣ, дӯстона ё иҷтимоӣ - оқибатҳо як хеланд: душманони ҳақиқат ба виҷдон фишор меоваранд ва қалбҳои дар ихтиёри онҳо афтода ҷуръат ва мустақилияти кофӣ надоранд, то ки ба амри виҷдон итоат кунанд.MБУБ 639.2

    Ҳақиқат ва ҷалоли Худо ҷудоинопазиранд; аз Китоби Муқаддас воқиф будаву ақидаҳои барғалатро баён намуда, мо Худоро ситоиш карда наметавонем. Муҳим нест, ки мо ба чӣ бовар мекунем, муҳим дуруст зиндагӣ кардан аст, тасдиқ мекунанд бисёриҳо. Вале охир маҳз имони мо зиндагиямонро ташаккул медиҳад. Вақте ки нур ва ҳақиқат дар ихтиёри мо қарор доранд, вале мо ба афзалияти дарк намудани онҳо нописандӣ мекунем, он гоҳ мо дар амал ҳақиқатро рад менамоем ва зулмотро аз нур афзалтар мешуморем.MБУБ 640.1

    «Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд, вале оқибаташ роҳи мамот аст» (Масалҳо 16:25). Гумроҳӣ ё гуноҳро бо бехабарӣ сафед кардан мумкин нест, дар сурате ки имконияти донистани иродаи Худо мавҷуд аст. Сайёҳ ба чорроҳае мерасад, ки аз он ҷо роҳҳо ба ҷонибҳои гуногун ҷудо мешаванд ва нишона ба куҷо бурдани ҳар яке аз ин роҳҳоро ёдрас мекунад. Агар ӯ ба ин диққат надиҳад, он гоҳ барои худ роҳеро интихоб мекунад, ки ба ӯ бештар писанд аст, ва бо вуҷуди комилан самимӣ будан, эҳтимоли қавӣ меравад, ки ӯ ба роҳи нодуруст меафтад.MБУБ 640.2

    Худо ба мо Каломи Худро додааст, то ки мо тавонем бо таълимоти Ӯ шинос шавем ва талабҳои Ӯро нисбати худ донем. Вақте ки марди китобдон назди Масеҳ омада, пурсид: «Чӣ кунам, ки вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?», Наҷотдиҳанда таваҷҷӯҳи ӯро ба Навиштаҷоти Муқаддас равона намуда, гуфт: «Дар Таврот чй навишта шудааст? Ва ту чӣ тавр мехонй?» Нодонӣ на ба ҷавон авфнопазир аст, на ба пирамард, ва онҳоро аз ҷазо барои вайронкунии Шариати Худо раҳо намекунад, зеро ки шаҳодати амини ин Шариат, принсипҳо ва талаботҳои он дар дасти онҳо қарор дорад. Фақат нияти нек доштан кофӣ нест; иҷро кардани коре, ки инсон нек мешуморад, коре ки рӯҳонӣ одилона меҳисобад, кофӣ нест. Масъалаи наҷоти хешро инсон худ ҳал мекунад, бинобар ин ӯ бояд Навиштаҷоти Муқаддасро мустақилона омӯзад. Ҳар қадар ақидаҳои ӯ пурқувват бошанд, ҳар кадар ӯ боварӣ дошта бошад, ки рӯҳонй ҳақиқатро медонад, - ҳамаи ин таҳкурсии имони ӯ буда наметавонад ва набояд бошад. Ӯ дар даст харитае дорад, ки дар он ҳамаи марҳалаҳои сафари ӯ ба осмон қайд шудаанд, вай набояд таваккалан роҳ равад.MБУБ 640.3

    Вазифаи муҳимтарин ва баландтарини ҳар як инсони бохирад омӯзиши Навиштаҷоти Муқадцас аст. Ҳақиқатро дарк намуда ва баъд нури онро паҳн карда ва бо намунаи худ дигаронро ҳавасманд гардондан - ҳамин аст вазифаи мо. Мо бояд ҳар рӯз Китоби Муқаддасро бо ҷидду ҷаҳд омӯхта, ҳар як фикрро санҷида бароем ва оятҳоро муқоиса намоем. Бо мадади Илоҳӣ мо бояд фикри шахсии худро ҳосил намоем, зеро ки ҳар нафарро лозим аст дар назди Худо барои худ ҷавоб гӯяд.MБУБ 641.1

    Ҳақиқатҳое ки дар Китоби Муқаддас ин қадар равшан баён ёфтаанд, аз ҷониби олимоне зери шубҳа гузошта шудаанд, ки даъвои хиради олиро карда, таълим медиҳанд, ки Навиштаҳо маънои мистикӣ, ниҳонӣ ва рӯҳӣ дорад, ки барои инсони оддӣ дастнорас аст. Ин шахсон устодони дурӯғтӯй ҳастанд. Суханони Масеҳ маҳз ба онҳо равона шудаанд: «Гумроҳ ҳастед, аз он рӯ, ки на Навиштаҳоро медонем, на кудрати Худоро» (ниг. Марқӯс 12:24). Ибораҳои Китоби Муқаддасро он тавре фаҳмидан лозим аст, ки онҳо навишта шудаанд, албатта, ба ғайр аз рамзҳо ва маҷозҳо. Масеҳ ваъда додааст: «Агар касе хоҳад иродаи Ӯро ба амал оварад, дар ин таълим хоҳад донист» (Юҳанно 7:17). Агар одамон Китоби Муқадцасро он тавре қабул мекарданд, ки он навишта шудааст, агар устодони дурӯғгӯе, ки ба гумроҳӣ меандозанд ва ақлхои одамонро безобита месозанд, намебуданд, он гоҳ фариштагон метавонистанд аз он шод шаванд, ки ба қавми Масеҳ ҳазорон ҳазор ҷонҳое ҳамроҳ шудаанд, ки ҳозир дар зулмот сарсону саргардонанд.MБУБ 641.2

    Тамоми қувваи хиради худро мо бояд ба омӯзиши Навиштаҷоти Муқадцас бахшида, то андозае ки ин ба инсони миранда дастрас аст, дар назди худ вазифаи дарк намудани ниятҳо ва мақсадҳои амиқи Худоро гузорем, вале дар баробари ҳамаи ин ҳеҷ гоҳ фаромӯш кардан лозим нест, ки рӯҳи аслии шогирди — зудбоварӣ ва соддадилист. Бо истифодаи ҳамон усулҳое, ки ҳангоми ҳалли мушкилиҳои фалсафӣ кор фармуда мешаванд, ҷойҳои мушкили Навиштаҳоро тафсир кардан номумкин аст. Онҳое ки ба омӯзиши Китоби Муқаддас шурӯъ мекунанд, бояд аз худбоварии ба бисёр олимон хос озод шаванд, ва дар дуогӯӣ аз Худо вобаста будану хоҳиши самимии дарк намудани иродаи Ӯро дар қалби худ инкишоф диҳанд. Мо бояд дар рӯҳи шогирдӣ бо фурӯтанӣ донишро аз Воҷибулвучуди бузург биомӯзем. Дар акси ҳол фариштагони бад он қадар ақли моро ба иштибоҳ меандозанд ва қалби моро сангин мегардонанд, ки ҳақиқат моро бовар кунонда наметавонад.MБУБ 641.3

    Дар Навиштаҷоти Муқаддас зиёданд ҷойҳое ки ҳатто барои олимон асроромез ва ё камаҳамият менамоянд, вале барои нафароне, ки дар мактаби Масех таълим мегиранд, онҳо саршори тасалло ва панд ҳастанд. Бисёр илоҳиётшиносон Каломи Худоро бағоят рӯякӣ қабул мекунанд, - сабабаш дар он аст, ки ин мардон ба он ҳақикатҳое чашм мепӯшанд, ки онҳоро риоя кардан намехоҳанд. Фаҳмиши ҳақиқати Китоби Муқаддас на аз қобилиятҳои ақлонӣ, балки аз устувории мақсадҳо ва аз самимияти кӯшишҳо баҳри порсой вобаста астMБУБ 642.1

    Китоби Муқаддасро бе дуо омӯхтан мумкин нест. Танҳо Рӯҳи Муқаддас метавонад ба мо кӯмак расонад то муҳим будани ҳақиқатҳои барои фаҳмиш осонро дарк намоем ва ё моро аз тафсирҳои нодурусти ҷойҳои барои фаҳмиш мушкил нигоҳ дорад. Фариштагони осмонӣ барои қабул намудани Каломи Худо қалбҳои одамонро омода карда, дар хусуси он ғамхорӣ мекунанд, ки зебоии он моро мафтун созад, огоҳиҳои он фаҳм бахшанд, ваъдаҳо бошанд - ҳавасманд ва қавӣ гардонанд. Дуои Довуд бояд дуои мо гардад: «Чашмони маро воз кун, то ки аз Тавроти Ту корҳои аҷоибро бубинам» (Забур 118: 18). Баъзан васвасаҳо рафънопазир менамоянд, зеро ки аз боиси нописандӣ нисбати дуо ва омӯзиши Китоби Муқаддас ба шахсе ки ба васваса афтодааст дархол ба хотир овардани ваъдаи Худо ва шайтонро бо аслиҳаи Навиштаҷот пешвоз гирифтан муяссар намегардад. Вале онҳоеро, ки пандҳои Илоҳиро бо омодагӣ гӯш мекунанд, фариштагон иҳота менамоянд ва ҳангоми андӯҳи бузург фариштагон он ҳақиқатҳоеро ба онҳо ёдрас мекунанд, ки ин одамон аз ҳама бештар ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Бинобар ин «агар душман мисли наҳре ба ҳучум ояд, нафаси Худованд варо хоҳад ронд» (Ишаъё 59: 19).MБУБ 642.2

    Масеҳ ба шогирдони Худ ваъда додааст: «Лекин Тасаллибахш, яъне Рӯҳулқудс, ки Падар Ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард» (Юҳанно 14: 26). Вале пандҳои Масеҳ бояд сараввал дар акди мо ҷой гиранд, то ки Рӯҳи Худо дар лаҳзаи хатарнок тавонад онҳоро ба ёди мо расонад. «Сухани Туро дар дили худ ниҳон доштаам, - гуфта буд Довуд, - то ки пеши Ту гуноҳ накунам» (Забур 118:11).MБУБ 643.1

    Ҳамаи онҳое, ки ба қадри манфиатҳои абадӣ мерасанд, бояд дар посбонӣ ба муқобили шаккокӣ биистанд. Пояҳои асоситарини ҳақиқат ба ҳамла дучор хоҳанд шуд. Аз масхараҳо, оқилтарошиҳои гуногун, таълимотҳои маккорона ва ҳалокатовари худоношиносии муосир гурехтан номумкин аст. Барои ҳар кадоми мо шайтон васвасаҳои тайёр дорад. Вай ба камсаводон латифаҳо ва шӯхиҳои бешармона пешниҳод мекунад: ба босаводон далелҳои шшӣ ва назарияҳои фалсафиро медиҳад, вале ҳам ину ҳам он бояд нисбати Навиштаҷоти Муқадцас нобоварӣ ва беписандиро ба миён оваранд. Ҳатго ҷавонони бетаҷриба худро соҳиби ҳаққи ба принсипҳои асосии масеҳият шубҳа кардан мешуморанд. Ва ин нобоварии ҷавонон чӣ гунае соддадилона намояд ҳам, он таъсири муайян мерасонад. Бисёриҳо ба ҳамин тариқ ба имони падарони худ ҳазл ва Рӯҳи файзро таҳқир мекунанд (ниг. Ибриён 10:29). Ҳаёти бисёр одамоне, ки метавонист Худовандро ситоиш кунад ва барои ҷаҳон баракат бошад, бо нафаси бадбӯи худоношиносӣ заҳролуд гаштааст. Ҳамаи онҳое, ки ба хулосаҳои мағруронаи инсонӣ бовар карда, чунин мешуморанд, ки дарк намудани асрорҳои Илоҳӣ ва расидан ба ҳақиқат бе кӯмаки хиради Худо мумкин аст, дар домҳои шайтон роҳгум мезананд.MБУБ 643.2

    Мо дар давраи масъулиятноктарини таърихи ин ҷаҳон зиндагӣ мекунем. Қисмати сокинони замин ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Некӯаҳволии ояндаи мо, инчунин наҷотёбии дигар одамон низ ба он вобаста аст, ки мо чиро интихоб мекунем. Моро бояд Рӯҳи ҳақиқат роҳбарӣ кунад. Ҳар як пайрави Масеҳ бояд самимона савол диҳад: «Худовандо, чӣ кор карданро ба ман амр мефармоӣ?» Мо бояд худро дар назди Худованд бо рӯзадорӣ ва дуогӯӣ фурӯтан созем ва оиди Каломи Ӯ бисёр андеша ронем, махсусан дар бораи саҳнаҳои доварӣ. Моро лозим аст то таҷрибаи амиқ ва зиндаро дар ҳақиқатҳои Худо ҷӯё шавем. Мо наметавонем лаҳзаеро аз даст диҳем. Дар атрофи мо воқеаҳои бузургтарин ба амал меоянд; мо дар замини аз ҷониби шайтон афсуншуда зиндагӣ мекунем. Посбонони Худо! Аз хоб бедор шавед, зеро душман дар наздикӣ таку дав мекунад, ва омода аст дар ҳар лаҳза ба мо ҳамла оварад ва моро тӯъмаи худ гардонад, агар шумо хаста шавед ва пинак равед.MБУБ 643.3

    Бисёриҳо нисбати ҳолати аслии худ дар назди Худо фиреб мехӯранд. Онҳо бо он қонеъ мешаванд, ки ҳеҷ гуна амалҳои бадро ба ҷо намеоранд, вале фаромӯш месозанд, ки Худо аз онҳо амалҳои нек ва олиҳимматонаро талабгор аст. Дар боғи Худованд дарахт будан кофӣ нест. Одамон бояд сазовори умедвории Худованд бошанд ва самар оваранд. Худо онҳоро барои ҳамаи он чизе ки метавонистанд ба воситаи файзи қавикунандаи Ӯ ба ҷо оваранд, вале накарданд, масъул мешуморад. Онҳо дар китобҳои осмонӣ чун дарахтони бесамар дар замин қайд шудаанд. Вале ҳатто ҳолати онҳо низ ноумедона нест. Худованд ба нафароне ки ба марҳамати Ӯ беэътиноӣ менамоянд ва файзро рад мекунанд, муроҷиат карданро давом медиҳад). «Эй ту, ки хоб рафтай, бархез ва аз мурдагон эҳё шав, ва Масеҳ ба ту нур хоҳад пошид. Пас, боэҳтиёт рафтор кунед... фурсатро ғанимат донед. чунки ин рӯзҳо шарир аст» (Эфсӯсиён 5: 1 -16).MБУБ 644.1

    Вақте ки замони санҷиш фаро мерасад, ҳамаи онҳое, ки Каломи Худоро дастури зиндагии худ карда буданд, ошкор мегарданд. Тобистон тафовут миёни набототи ҳамешасабз ва муқаррарӣ аён нест, вале вақте ки сардиҳо ва бӯронҳои замистон фаро мерасанд, дарахтони ҳамешасабз тағйир намеёбанд, боқимондаҳо бошанд аз баргҳои худ маҳрум мешаванд. Ҳам- чунин имрӯз низ масеҳии ҳақиқиро аз масеҳии бардурӯғ фарқ кардан номумкин аст. Лекин андак баъд замоне фаро мерасад, ки ин тафовут аён мегардад. Вале ҳамин ки мубориза оғоз ёфт, ҳам фанатизм ва ҳам тоқатнопазирии динӣ аз нав бо тамоми қудрати худ ошкор мегарданд, ҳамин ки таъқиботҳо аз нав cap мешаванд, масеҳиёни пурра имон наоварда ва мунофик, дудила мешаванд ва аз имони худ даст мекашанд, аммо масеҳии ҳақиқӣ чун харсанг устувор хоҳад истод; аз замони осудаҳолӣ дида имони ӯ боз ҳам бештар устувортар, умедаш боз ҳам равшантар мегардад.MБУБ 644.2

    Довуд пайғамбар мегӯяд: «Зеро ки фикру хаёлам дар 60pan шаҳодати Туст» (Забур 118: 99). «Аз фармудаҳои Ту бомаърифат шудаам; бинобар ин аз ҳар гуна роҳи кизб нафрат дорам» (Забур 118: 104).MБУБ 645.1

    «Хушо касе ки ҳикмат пайдо кардааст». «Зеро ӯ мисли дарахте хоҳад буд, ки назди об шинонда шудааст, ва решаҳояшро ба сӯи ҷӯйҳо равона мекунад; ва омадани гарморо намедонад, баргҳояш сабз аст, ва дар хушксолӣ ғам намехӯрад, ва аз мева додан бознамемонад» (Масалҳо 3: 13; Ирмиё 17: 8).MБУБ 645.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents