Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents

МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН

 - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 33. - АСРОРИ ФАНОНОПАЗИРӢ

    Ҳанӯз дар сапедадами таърихи башарият шайтон кӯшиши ба васваса андохтани нахустволидони моро пеш гирифт. Дар осмон исён бардошта, мехост сокинони заминро ҳам маҷбур намояд, то ӯро дар мубориза ба муқобили ҳукмронии Худо дасттирӣ кунанд. Одаму Ҳавво ба Шариати Худо итоат намуда, комилан хушбахт буданд. ва ин фарзу тахминҳои беасоси шайтонро, ки дар осмон тасдиқ мекард, ки Шариати Худо ба шахсият ситам мекунад ва офаридаҳои Худовандро аз шодӣ маҳрум месозад, рад мекард. Ғайр аз ин, вақте шайтон дид, ки барои ҷуфти порсо чӣ гуна гӯшаи хилвати аҷиб омода шудааст, ӯро ҳасад фаро гирифт. Вай қарори қатъӣ дод онҳоро ба гуноҳ кардан маҷбур намояд, то ки аз Худо ҷудо намудаву ба иродаи худ тобеъ сохта, заминро ба тасарруфи худ дарорад ва подшоҳии ба Подшоҳии Худои Таоло муқобилаткунандаи худро барпо намояд.MБУБ 565.1

    Агар шайтон асли ҳакикии худро ошкор мекард, вай фавран зарба мехӯрд, зеро ки Одаму Ҳавворо оиди ин душмани хавфнок огоҳ карда буданд; вале мақсадҳои худро пинҳон намуда, вай барои он дар торикӣ амал намуд, ки яқинан ба мақсади худ комёб гардад. Морро, ки он замон қиёфаи дилрабо дошт, чун миёнарав истифода бурда, вай ба Ҳавво муроҷиат кард: «Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред» (Ҳастӣ 3:1). Ва агар Ҳавво аз ҳамроҳ шудан ба сӯҳбат даст мекашид, ба ӯ ҳеҷ чиз тахдид намекард, вале ӯ чуръат намуд бо вай ба сухангӯӣ дарояд ва қурбонии фитнаҳои маккорона гардид. Алҳол низ бисёриҳо маҳз ба ҳамин тариқ мағлуб мегарданд. Онҳо ба аҳкомҳои Худо шубҳа мекунанд ва онҳоро мавриди баҳс қарор медиханд; ба ҷои он ки ба амрҳои Худованд итоат кунанд, онҳо назарияҳои инсониро қабул менамоянд, ки ҷуз бофтаҳои бардурӯти иблисона ҳеҷ чизи дигар нестанд.MБУБ 565.2

    «Ва зан ба мор гуфт: «Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонем, лекин аз меваи дарахте ки дар васати боғ аст, Худо гуфт, ки нахӯред ва онрю ламс накунед, мабодо бимиред. Мор ба зан гуфт: «Не, нахоҳед мурд; балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд» (Ҳастӣ 3;2-5). Мор тасдиқ мекард, ки одамон ба мисли Худо мешаванд, саршори хирад мегарданд ва ба зинаи баландтари инкишоф мебароянд. Ҳавво ба ин васваса дода шуд ва баъд Одамро ҳам ба гунох гирифтор кард. Онҳо ба суханони мор, ки Худо он чизеро, ки гуфт онро дар назар надошт, 60Bap карданд: онҳо ба Офаридагори худ шубҳа карданд ва ба хулосае омаданд, ки Худо озодии онҳоро махдуд мекунад, ва бо вайрон намудани Шариати Худо онхо зинаи баландтари ҳастӣ мебароянд ва хиради бузург пайдо мекунанд.MБУБ 566.1

    Лекин ана Одам гуноҳ кард ва ба маънии суханони зерин сарфаҳм рафт: «Дар он рӯзе ки мехӯред, ҳатман хоҳед мурд». Оё ӯ, чуноне ки шайтон талқин мекард, ба зинаи баландтари ҳастӣ баромад? Агар ин ҳамин тавр мебуд, он гоҳ вайронкунии шариат некию манфиати бузург мегардид, шайтон бошад некӯкори насли башарият мешуд. Аммо Одам ошкор намуд, ки ҳукми Худованд тамоман чунин маъно надорад. Худо гуфт, ки ҳамчун ҷазо барои гуноҳ одам бояд ба замин баргардад, ки аз он ҷо гирифта шуда буд. «Зеро ту хок ҳастӣ ва ба хок хохӣ баргашт» (Ҳастй 3:19). Суханони шайтон: «Ва чашмони шумо боз хоҳад шуд». факат ба он маъное ҳак баромаданд, ки чашмони Одаму Ҳавво, ки ба Худованд беитоатӣ карданд, ба хатои худи онҳо кушода шуданд: онҳо аз бадӣ воқиф гаштанд ва меваи талхи беитоатиро чашиданд.MБУБ 566.2

    Дар боғи Адан дарахти ҳаёт месабзид, ки меваҳои он ҳаётро абадан дароз мекарданд. Агар Одам ба Худо содиқ мемонд, минбаъд ҳам ба дарахти ҳаёт дастрасӣ медошт ва ҷовидона зиндагӣ мекард. Вале гунох содир намуда, ӯ аз ин ҳуқуқ маҳрум гашт ва миранда гардид. Ҳукми Илоҳӣ: «Ту аз хок гирифта шудаӣ ва ба хок бармегардӣ» ба пурра қатъ гардидани ҳаёт ишора мекунад.MБУБ 566.3

    Ҷовидоние, ки ба инсон бо шарти итоаткорӣ ваъда шуда буд, баъди гунахкоршавӣ аз даст дода шуд. Одам наметавонист ба наслҳои хеш он чизеро бидиҳад, ки худ надошт ва барои инсонияти гунаҳкор ҳеҷ умеде боқӣ намемонд, агар Худованд бо қурбон кардани Исои Масеҳ, ба ӯ ҳуқуқро ба ҳаёти ҷовидона барнамегардонд. «Ончунон марг низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки дар ӯ ҳама гуноҳ карданд», вале Масеҳ «ҳаёт ва бефаноиро ба воситаи башорат» зоҳир намуд (Румиён 5:12; 2 Тимотиюс 1:10). Ҳаёти човидонаро фақат ба воситаи Масеҳ ба даст овардан мумкин аст. Исои Масеҳ мегӯяд: «Ҳар кӣ ба Писар имон оварад. ҳаёти ҷовидона меёбад; ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид» (Юҳанно 3:36). Ҳар касе ки шартҳои пешниҳодшударо ба ҷо оварад, метавонад соҳиби ин баракати пурарзиш гардад. Ҳамаи «онҳое ки доим кори нек карда, толиби ҷалол, шараф ва ҷовидонӣ мешаванд», ҳаёти абадиро ба даст меоваранд (Румиён 2:7).MБУБ 567.1

    Ва он ягона махлуқе, ки ба Одам ҳаётро ба воситаи беитоатӣ ваъда дод, фиребгар баромад. Дар асл, фикри мор дар боги Адан: «Не, нахоҳед мурд», аввалин мавъизаест дар бораи фанонопазирии ҷон. Вале ин суханон, ки фақат дар нуфузи шайтон асоснок шудаанд, дар ҳамаи калисоҳои масеҳӣ садо медиҳанд, ва аксарияти одамон онҳоро бо ҳамон тайёрӣ, чун бобокалону момокалони мо, қабул мекунанд. Ҳукми Илоҳӣ: «Ҷоне ки гуноҳ карда бошад, хоҳад мурд» (Ҳизқиёл 18:20), дар намуди нодуруст маънидодшуда чунин пешниҳод мегардад: «Ҷоне ки гуноҳ карда бошад намемирад, балки ҷовидона зиндагӣ хоҳад кард». Мо фақат метавонем аз он дар ҳайрат бимонем, ки одамон бо кадом зудбоварии кӯр-кӯрона ба суханони шайтон муносибат мекунанд ва ба суханони Худованд чӣ қадар нобоварӣ нишон медиҳанд.MБУБ 567.2

    Агар одам баъди гунаҳкоршавӣ ба назди дарахти ҳаёт роҳ дода мешуд, ӯ ҷовидона зиндагӣ мекард ва ба ҳамин тариқ гуноҳ абадӣ гардонида мешуд. Аммо каррубие бо шамшери оташбор барои посбонии роҳ ҷониби дарахти ҳаёт гузошта шуда буд (ниг. Ҳастӣ 3:24), ва ба ҳеҷ нафаре аз оилаи Одам иҷозати аз ин ҳад гузаштан ва ба меваи ҳаётбахш шиносоӣ пайдо кардан дода нашудааст. Бинобар ин гунаҳкорони фанонопазир вуҷуд надоранд.MБУБ 567.3

    Вале баъди гунаҳкоршавӣ шайтон ба фариштагони худ амр фармуд, то ба одамон бовариро ба фанонопазирии табиии одам талқин намоянд, баъд онҳо тавонистанд ҳамаро ба он 60Bap кунонанд, ки шахси гунаҳкор ба азобҳои абадии дӯзах маҳкум мешавад. Ҳоло мири зулмот ба воситаи хамнишинони худ амал намуда истодаву Худовандро ситамгари интиқомҷӯй нишон дода, тасдиқ мекунад, ки Худо ҳамаи одамони ба Ӯ писанд нобударо ба оташи дӯзах меандозад ва бо ин амал онҳоро маҷбур месозад аз ғазаби Ӯ ба таври абадӣ азоб кашанд. Шайтон таъкид мекунад, ки азобҳои тоқатфарсои гунаҳкорон дар оташи хомӯшнашаванда ба Офаридагор ҳаловат мебахшанд.MБУБ 568.1

    Ин душмани бузургтарин ба Офаридагор - Некӯкори тамоми башарият - сифатҳои шахсии худашро нисбат медиҳад. Бераҳмӣ - нишонаи хислати иблисӣ аст. Худо муҳаббат аст; ва ҳамаи офаридаҳои Ӯ пок, муқаддас ва зебо буданд, то замоне ки нахустин исёнгари бузург дар ҷаҳон тухми гуноҳ корид. Душмане, ки одамро барои гуноҳ кардан ба васваса меандозад, ва баъд, агар муяссар гардад, ба ҳалокат мерасонад, - шайтон аст. Одамро ба худ мутеъ гардонда, вай кори харобиовари васвасаандозиро давом медиҳад; ва ҳалокати курбониҳояш ба вай чӣ қадар хушнудӣ меорад! Агар хости вай мебуд, ӯ тамоми насли башариятро ба доми худ меафтонд. Агар дахолати қудрати Илоҳӣ намебуд, он гоҳ ягон нафар аз насли Одам ба наҷот умед намедошт.MБУБ 568.2

    Шайтон имрӯз ҳам кӯшиш мекунад одамонро бо хамон воситае мағлуб намояд, ки дар замони худ бо он бобокалону бибикалони моро ба васваса андохта буд, - боварии онҳоро ба Офаридагор бар бод дода ва ба хирадмандона будани ҳукмронии Ӯ ва одилона будани фароизҳои Ӯ шубҳа кардан маҷбур намояд. Шайтон ва шарикони ӯ Худоро назар ба худ боз ҳам бадтар нишон медиҳанд, то ки ғазаб ва беитоатии худро сафед кунанд. Фиребгари бузург кӯшиш мекунад Падари Осмонии моро дар бераҳмие айбдор кунад, ки ба худи ӯ хос аст. Вай кӯшиш мекунад худро курбонӣ, ҷафодидаи аз осмон фақат барои он рондашудае вонамуд кунад, ки ба чунин ҳокими беадолаг итоат накард. Вай ба ҷаҳон озодие медиҳад, ки одамон тавонанд дар ахди ҳукмронии ӯ - ҳокими камталабу нармдил, ки ба Воҷибулвуҷуд ва фароизи қатъии Ӯ ин қадар монанд нест, аз он ҳаловат бурда тавонанд. Ва ба вай фирефта кардани одамон ва аз роҳи садоқат ба Худо баровардаии онҳо муяссар мегардад.MБУБ 568.3

    Таълимот дар бораи он ки гунаҳкорони мурда дар оташи шиканҷаҳои абадӣ азоб мекашанд, ва барои кирдорҳо дар ҳаёти кӯтохи худ бояд азиятҳои абадиро аз cap гузаронанд, чӣ гуна бо муҳаббат, меҳрубонӣ ва ҳатто бо фаҳмиши мо оиди адолат номувофиқ аст. Вале ин таълимот дар ҳама ҷо мавъиза карда мешавад ва ба рамзи имони бисёр калисоҳо медарояд. Як доктори бомаърифати илми фиқҳ чунин мегӯяд: «Манзараи одамони дар дӯзах азияткашанда хушбахтии абадии порсоёнро тақвият мебахшад. Вақте ки онҳо дар он ҷо нафарони ба худ монанд, нафарони худи ҳамон табиат доштаро ва дар чунин шароитҳо таваллудёфтаро дар ин гуна вазъияти ҳузнангез, худро бошад чунин иззатманд мебинанд, ин ба онҳо дар дарк намудани он ки онҳо чӣ қадар хушбахтанд, ёрӣ мерасонад». Фақеҳи дигаре чунин гуфтааст: «Ба андозаи он ки ҳукми маҳкумкунанда ба таври абадӣ бар одамони азияткашанда амалй мегардад, дуди азоби онҳо абадан дар пеши назари одамони марҳаматёфта боло хоҳад баромад, ки ба ҷои он ки ин мавҷудотҳои ҳақирро ҷонибдорӣ кунанд, чунин хоҳанд гуфт: «Омин, Ҳалилуё, чалол бар Ту бод, Худовандо!».MБУБ 569.1

    Чунин таълимотро дар кучои сахифаҳои Китоби Муқаддас пайдо кардан мумкин аст? Наход нафарони фидиягузоришуда дар осмон аз ҳама гуна ҳисси рахму дилсӯзӣ ва ҳатто оддитарин ҳисси одамдӯстӣ маҳрум карда шаванд? Ё шояд, ҷои ин ҳиссиётҳоро хунсардии равоқиҳо ва сангдилии одамони ваҳшӣ мегирад? He, ва боз як маротибаи дигар не; ҳеҷ чизи ба ин монанде дар Китоби Худо нест. Шояд, нафароне ки чунин ақидаҳоро мавъиза мекунанд. одамони соҳибмаълумот ва ҳатто поквиҷдон бошанд, вале онҳо бо ҳилаву найрангҳои шайтон фиреб дода шудаанд. Ӯ онҳоро ба нодуруст тафсир намудани ибораҳои сахти Каломи Муқаддас водор сохта, барои дар Китоби Муқаддас пайдо кардани бераҳмӣ ва таҳдидҳо, ки на ба Наҷотдиҳандаи мо, балки ба худи ӯ хос ҳастанд, маҷбур месозад. «Ба ҳаёти Худам қасам, ки мегӯяд Худованд Худо, Ман мурдани шарирро хоҳон нестам, балки онро, ки шарир аз рохи худ тавба карда, зинда монад. Аз рохи бади худ тавба кунед, тавба кунед, эй хонадони Исроил! Пас чаро бимиред?» (Ҳизкиёл 33:11).MБУБ 569.2

    Ҳатто агар мо фарз кунем, ки ба Худованд азобҳои гунаҳкорон, нолаҳо ва оҳу фиғони нафароне, ки Ӯ дар оташи тоқатшикан нигоҳ медорад, хуш меоянд, ин азобҳо чӣ маънӣ доранд? Оё мумкин аст, ки ин оҳу фиғонҳои даҳшатангез дар гӯши Муҳаббати Беинтиҳо мусиқии ширинтарин бошанд? Тасдиқ мекунанд, ки азобҳои беинтиҳои гунаҳкорон аз нафрати Худо нисбати гуноҳ, ки дар Коинот оромию осоиштагиро вайрон мекунад, шаҳодат медиҳанд. Оҳ, чӣ гуна куфргӯии даҳшатангез?! Он гоҳ маълум мешавад, ки нафрати Худо нисбат ба гуноҳ саоаби абадигардонии гуноҳ аст. Охир агар ба ин фақеҳон бовар кунем, он гоҳ азобхои доими бе умед ба авфшавӣ ин одамонро боз ҳам хашмгин месозанд, ва газаби худро дар ҳақоратҳои куфромез баён намуда,онҳо мунтазам гаронии айби худро афзун менамоянд. Афзункунии мунтазами гуноҳ дар давоми асрҳои беохир ба ҷалолёбии Худо мусоидат карда наметавонад.MБУБ 570.1

    Хиради инсонӣ қобилияти баҳогузорӣ намудани он бадиеро, ки доктринаи бидъатона дар бораи азобҳои абадӣ бо худ овард, надорад. Таълимоти динии Китоби Муқаддас, ки саршори муҳаббат, некӣ ва пур аз дилсӯзӣ аст, бо хурофотҳо тира гардонида ва бо дахдгат обуранг дода шудааст. Ва агар ба назар гирифта шавад, ки шайтон Худовандро чӣ гуна бардурӯғ тасвир мекунад, пас оё кирои ҳайрон шудан ҳаст, ки одамон аз Офаридагори меҳрубони мо метарсанд ва Ӯро бад мебинанд? Чунин тасаввуротҳои даҳшатро дар бораи Худо талқинкунанда, ки ба воситаи мавъизаҳои калисо дар тамоми ҷаҳон паҳн мешаванд, ҳазорон ва ҳатто миллионҳо шаккокон ва худоношиносонро тавлид кардаанд.MБУБ 570.2

    Назария дар бораи азобҳои абадӣ - яке аз таълимотҳои бардурӯғу таркибдиҳандаи шароби нафратангези Бобил аст, ки ин зинокори бузург аз он ҳамаи халкхоро нӯшонидааст (ниг. Ваҳй 14:8; 17:2). Он далел, ки хизматгузорони Масеҳ ин бидъатро қабул кардаанд ва онро пахн менамоянд, дар ҳақиқат асрор аст. Онҳо ин таълимотро чун шанбеи бардурӯг аз Рум қабул карданд. Он чиз ҳақ аст, ки чунин ақидаҳоро одамони бузург ва нек мавъиза намудаанд, вале онҳо бо нуре, ки сели он бар мо фурӯ рехтааст, мунаввар нагардида буданд. Ин одамон фақат барои он нуре масъул буданд, ки дар замони онҳо медурахшид; мо бошем барои он нуре ҷавобгарем, ки дар рӯзгори мо медурахшад. Агар мо аз шаҳодатҳои Каломи Худо рӯй мегардонем ва таълимоти бардурӯғро факат аз барои он қабул мекунем, ки падарони мо чунин таълим дода буданд, он гоҳ ҳукми нисбати Бобил баровардашуда ҳукми мо низ мегардад, зеро мо шароби палиди онро менӯшем.MБУБ 571.1

    Бисёр одамони аз таълимот дар бораи азобҳои абадй ба ғазаб омада, ба гумрохии мукобил меафтанд. Онҳо мебинанд, ки Худованд, чигунае, ки Ӯро Китоби Муқаддас тасвир мекунад, саршори муҳаббат ва меҳрубонист, ва қобилияти бовар кардан надоранд, ки гӯё Ӯ метавонад офаридаи Худро ба сӯхтан дар оташи дӯзах маҳкум кунад. Вале нуқтаи назареро ҷонибдорӣ намуда, ки мувофиқи он ҷон аз рӯи табиати худ фанонопазир аст, онҳо хулоса мебароранд, ки оқибат тамоми инсоният наҷот дода мешавад. Бисёриҳо ба таҳдидҳои дар Китоби Мукаддас ҷой дошта, чун ба воситаи тарсонидан ва омили итоаткорӣ нигоҳ мекунанд, вале ба айнан иҷрошавии онҳо бовар намекунанд. Маълум мешавад, ки шахси гунаҳкор метавонад ба талаботҳои Худо беэътиноӣ намуда дар ҳаловатҳои гу- наҳкорона зиндагӣ кунад, ва бо вуҷуди ин ба меҳрубонии Худо нисбати худ умед бандад. Чунин таълимот, ки файзи Худоро эътироф мекунад, вале адолати Ӯро қадр намекунад, мувофиқи табъи шахси ҷисмонист ва гунаҳгоронро дар бадкирдориҳои онҳо боз ҳам густохтар мегардонад.MБУБ 571.2

    Барои нишон додани он ки нафарони ба наҷотёбии умумӣ боваридошта Навиштаҷоти Муқаддасро аз баҳри асосноккунии таълимотҳои ҳалокатовари худ чӣ гуна нодуруст маънидод мекунанд, ба гуфтаҳои худи онҳо рӯ овардан басандааст. Дар маросими дафни як ҷавони беимоне, ки дар натиҷаи фалокат ба ҳалокат расид, рӯҳонии-универсалист аз Китоби Муқаддас ояти ба Довуд дахлдоштаро интихоб намуд: «Зеро дар бораи Амнӯн, ки мурда буд, тасаллӣ ёфта буд» (2 Подшоҳон 13:39).MБУБ 572.1

    «Бисёр вақт аз ман мепурсанд. - гуфт ин рӯҳонӣ, - нафаронеро, ки ин ҷаҳони гуноҳро тарк мекунанд, масалан, дар ҳолати мастй, шахсе аз либосҳои худ доғҳои хунини ҷиноятро нашуста мемирад, ё ин ки ба монанди ин ҷавон хушнудии ошноиро ба имон ҳис накарда ба ҳалокат мерасад, чӣ интизор аст? Мо пурра аз он каноатмандем, ки Навиштачот чӣ гуна ин мушкилии мудҳишро ҳал мекунад. Амнӯн ба дараҷои олй шахси гунаҳкор буд; ӯ ҷинояткори тавбанакарда буд; ӯро дар ҳолати маст буданаш ба қатл расонданд. Довуд бошад пайғамбари Худо буд. Охир ба вай-ку бояд маълум бошад, ки писари ӯро дар он дунё чӣ интизор аст - ғаму андӯҳ ва ё хушбахтӣ. Нияту орзуи қалби ӯ чӣ гуна буд? «Ва дигар шох Довуд Абшолӯмро таъкиб накард, зеро ки дар бораи Амнӯн, ки мурда буд, тасаллӣ ёфта буд».MБУБ 572.2

    Аз ин суханон чӣ хел хулоса баровардан мумкин асг? Магар маълум нест, ки Довуд ба азобҳои беохир бовар намекард? Нн аён аст, ва дар ин ҷо мо тасдиқи равшану тобони фарзияи тасаллобахштар, маърифатноктар ва меҳрубонтарро пайдо мекунем, ки мувофиқи он охируламр дар Коинот осоиштагӣ ва покӣ ҳукмрон мегардад. Ӯ писари худро мурда дида, тасаллӣ ёфт. Чӣ хел ин тавр? Барои чӣ? Барои он ки Довуд бо нигоҳи пайғамба- рона ояндаи пуршарафро дид, ӯ дид, ки писараш аз ҳар гуна васваса раҳо, аз асорати гуноҳ озод ва аз таъсири зарарноки он пок карда шудааст; ки вай ба қадри кофӣ муқаддас ва бомаърифат гардида, ба ҷамъияти рӯҳҳои болобаромада ва шод роҳ дода шудааст. Тасаллоӣ ягонаи ӯ аз он иборат буд, ки писари маҳбуби аз қудрати гуноҳ ва азобҳо раҳоёфта дар он ҷое қарор дорад, ки Рӯҳи Муқаддас бар ӯ мевазад ва ҷони тираи ӯро боло мебардорад, ҷое ки хирад барои ҳикмати осмонӣ ва шодиҳои ширини муҳаббати ҷовидона кушода мешавад, ва ба ҳамин тариқ табиати покгардидаи ӯ барои он омода карда мешавад, то ки аз оромӣ ҳаловат барад ва дар ватани осмонӣ ҷовидона шодӣ кунад.MБУБ 572.3

    Ва ба мо маълум мешавад, ки наҷоти осмонӣ аз кирдорҳои мо дар ин зиндагӣ вобастагӣ надорад; он на аз дигаргуншавии қалб вобаста аст, на аз имони мо, на аз пайрави ягон дин будан».MБУБ 573.1

    Ба ҳамин тариқ, рӯҳонии дурӯғгӯйи Масеҳ суханони фиребгаронаи як замон дар боғи Адан баённамудаи морро такрор намуд: «Не, нахоҳед мурд... дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо монанди худоҳо... хоҳед шуд». Ӯ изҳор менамояд, ки гунаҳкорони ашадцитарин - қотил, роҳзан ва зинокор - баъди марги худ метавонанд ҳаёти ҷовидонаи саодатмандонаро мерос гиранд.MБУБ 573.2

    Ин рӯҳонӣ, ки Навиштаҷоти Муқадцасро ин гуна нодуруст маънидод кард, суханони худро дар чӣ асоснок намуд? Дар ягона ҷумлае ки итоати Довудро ба иродаи Пешбин баён кардааст. «Ва дигар шоҳ Довуд Абшолӯмро таъқиб накард, зеро ки дар бораи Амнӯн, ки мурда буд, тасаллӣ ёфта буд» (2 Подшоҳон 13:39). Вақт сахтии дард ва талафотро нарм кард, ва фикрҳои ӯ аз писари фавтида ба писари зинда равона шуданд, ки аз тарс дар назди ҷазои одилона барои ҷинояти содирнамудааш азият мекашид. Ва ин ба сифати далеле пешниҳод карда мешавад, ки Амнӯни масти ба номуси хоҳари худ таҷовузкарда, дарҳол баъди марг ба маконҳои саодатмандона гузашт, ки он ҷо поку сафед шуда, узви оилаи фариштагони бегуноҳ гардид! Ҳа, бале, албатта, ин гапи бофтаи хеле хушоҳангест, ки қалби ҷисмониро ҳаловат мебахшад. Ин гапи бофтаи худи шайтон аст, ва он меваҳои худро ба бор меоварад. Ва агар одамонро ҳамин тавр панд медода бошанд, магар аз он ҳайрон шудан мумкин аст, ки гуноҳу фисқу фуҷур инкишоф меёбад?MБУБ 573.3

    Бисёр нафарони ба ин муаллими дурӯғгӯй рӯҳан наздик ба мисли ӯ амал мекунанд. Аз Китоби Муқаддас якчанд калимаро мегиранд ва онҳоро аз матн ҷудо менамоянд, дар ҳоле ки матни пурра гирифташуда ба тафсири ба он нисбат додашуда мухолифат мекунад, ва чунин порчаҳои бо ҳеҷ чиз алоқамандӣ надоштаро нодуруст маънидод мекунанд ва барои он истифода мебаранд, то ки доктринаи дар Каломи Худо ҳеч гуна асос надоштаро тасдиқ намоянд. Шаҳодате, ки бо он кӯшиш менамоянд исбот созанд, ки Амнӯни маст дар биҳишт аст, - фақат хулосаи баровардаи инсонӣ аст. ки ба фикри аниқу бешарти Китоби Муқаддас дар хусуси он, ки бадмастон вориси Малакути Худо намешаванд (ниг. 1 Қӯринтиён 6:10), мухолифат мекунад. Ана бо ҳамин роҳ ҳамаи шаккокон, шубҳакунандагон, ва беимонон ҳақиқатро ба дурӯг табдил медиҳанд. Ва бисёриҳо, шумораи хеле зиёди одамон бо чунин фалсафафурӯшиҳо фиреб дода шудаанд ва бо андешаҳо дар бораи он ки ба онхо ҳеҷ чиз таҳдид намекунад, хотирҷамъ шуда хоб рафтаанд.MБУБ 574.1

    Агар дар ҳақиқат ҳамаи одамон дарҳол баъди марг ба Осмон меафтоданд, он гоҳ мо назар ба ҳаёт, маргро бештар хоҳон мебудем. Ин гумроҳй бисёриҳоро ба қарори ба худкушӣ даст задан оварда расонд. Вақте ки мо бо ғам, мушкилиҳо ва ноумедӣ рӯҳафтода шудаем, он гоҳ кандани риштаи ҳаёти худ ва ба дунёи хушбахтии ҷовидона гузаштан ба назар ин қадар дилфиребона ва осон менамояд.MБУБ 574.2

    Худованд дар Каломи Худ далелҳои раднопазири онро овардааст, ки вайронкунандагони Шариати Ӯ чазо дода мешаванд. Нафароне, ки худро бо фикре тасалло медиҳанд, ки Худо ниҳоят меҳрубон аст, то ки ба шахси гунаҳкор аз рӯи адолат ҷазо диҳад, бигзор ба салиби Ҷолҷолто назар андозанд. Марги Исои Масеҳи бегуноҳ аз он шаҳодат медиҳад, ки «музди гуноҳ - марг аст», ва ҳама гуна вайронкунии Шариати Худо боиси қасоси одилона мегардад. Масеҳи бегуноҳ ба ҷои мо гунаҳгор гашт. Ӯ гуноҳро барои бадкирдорӣ ба дӯши Худ гирифт, ва Худо аз Ӯ рӯй гардонд. Қалби Масеҳ бардошт накард ва Ӯ ҷон дод. Ин Қурбонии бузург аз баҳри он оварда шуда буд, то ки гунаҳгорон фидиягузорӣ карда шаванд. Инсон бо ҳеҷ воситаи дигар наметавонист аз ҷазо барои гуноҳ озод шавад. Ва ҳар нафаре, ки аз ширкат варзидан дар мусолиҳаи бо чунин арзиши баланд ба даст омада cap мепечад, бояд шахсан айб ва ҷазоро барои гуноҳ ба дӯши худ бигирад.MБУБ 574.3

    Назар меандозем, ки Китоби Муқаддас боз дар бораи худоношиносон ва тавбанакардагон, ки рӯҳонӣ-унивесалист онҳоро дар Осмон якҷоя бо фариштагони муқадцас ҷой дод, чӣ мегӯяд.MБУБ 575.1

    «Ба ташна аз чашмаи оби ҳаёт муфт хоҳам дод». Ин ваъда фақат ба нафароне дахл дорад, ки ташнаанд. Танҳо онҳое, ки дар ҳақиқат ниёзро ба оби ҳаёт ҳис мекунанд ва дар бораи ҳама чиз фаромӯш карда ин обро ҷӯё мешаввнд, онро ба даст меоранд. «Касе ки ғолиб ояд, вориси ҳама чиз хоҳад шуд, ва Ман барои ӯ Худо хоҳам буд, ва ӯ барои Ман писар хоҳад буд» (Ваҳй 21: 6,7). Дар ин ҷо, чӣ тавре ки мо мебинем, шартҳо нишон дода шудаанд; барои вориси ҳама чиз гардидан, мо бояд бо гуноҳ мубориза барем ва онро мағлуб намоем.MБУБ 575.2

    Худованд ба воситаи пайғамбар Ишаъё мегӯяд: «Ба порсо бигӯед, ки ӯ некӣ хоҳад дид, зеро ки аз самари аъмоли худ хоҳад хӯрд. Вой бар ҳоли шарир, ки вай бадӣ хоҳад дид, зеро ки мукофоти амали дастҳои вай ба вай дода хоҳад шуд» (Ишаъё 3:10,11). «Агарчи гунаҳкор сад бор бадӣ мекунад ва умри дароз мебинад, дар асл ман медонам, ки дар оқибат некӯӣ фақат барои тарсгарони Худо хоҳад буд» (Воиз 8:12,13). Павлус ҳам шаҳодат медиҳад, ки «аз боиси саркашӣ ва дили тавбанопазири худ, ту ғазабро барои худ дар рӯзи ғазаб ва зуҳури доварии ҳаққонии Худо афзун мегардонӣ, ки Ӯ ба ҳар кас мувофиқи аъмоли вай подош хоҳад дод». «Андӯҳу фалокат ояд бар ҷони ҳар одаме, ки кори бад мекунад» (Румиён 2: 5,6,9).MБУБ 575.3

    «Ҳеҷ як зинокор, ё нопок, ё тамаъкор, ки вай бутпараст аст, дар Малакути Масеҳ ва Худо мерос надорад» (Эфсӯсиён 5:5). «Осоиштагиро бо ҳама пеша кунед ва қудсиятро толиб бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид» (Ибриён 12:14). «Хушо онҳое, ки аҳкомҳои Ӯро риоят мекунанд, то ки ба дарахти ҳаёт ҳуқуқдор шаванд ва ба шаҳр бо дарвоза дароянд. Вале сагон, ва ҷодугарон, ва зинокорон, ва қотилон, ва бутпарастон, ва ҳар касе ки дурӯғро дӯст медорад ва ба амал меоварад, - берун аз он хоҳанд буд» (Ваҳй 22:14,15).MБУБ 575.4

    Худованд ба одам хислати Худ ва инчунин муносибати Худро ба гуноҳ ошкор намудааст: «Худованд, Худованд, Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо, ки марҳаматро барои ҳазорон насл нигоҳ медорад, гуноҳ ва маъсият ва хаторо мебахшад» (Хуруҷ 34: 6,7). «Худованд ҳамаи дӯстдорони Худро нигаҳбонӣ мекунад, ва ҳамаи шариронро нест хоҳад кард» (Забур 144:20). «Ва ҷинояткорон аз як cap маҳв хоҳанд шуд; фарҷоми шарирон нест шудан аст» (Забур 36:38). Худованд аз ҳокимият ва қудрати Худ истифода мебарад, то ки ба исён хотима гузорад; бо вуҷуди ин ҳамаи довариҳои ҷазодиҳанда одилона, ба хислати мерубонона, пурсаброна ва дилсӯзонаи Худо пурра ҷавобгӯ хоҳанд буд.MБУБ 576.1

    Худованд ҳеҷ касро маҷбур намекунад, иродаи ҳеҷ нафареро фурӯ наменишонад. Итоати гуломона ба Ӯ ҳаловат намеорад. Ӯ хоҳони он аст, ки офаридаи дасташ Ӯро дӯст дорад, зеро Ӯ сазовори муҳаббат аст. Ӯ хоҳони он аст, ки одамон ихтиёран ба Ӯ итоат кунанд, зеро ки ба онҳо имкони дарк намудани хирад, адолат ва некӯии Ӯ дода шудааст. Ва ҳамаи онҳое, ки дар бораи Ӯ тасаввуроти дуруст доранд, аз хислати Ӯ мафтун гардида Ӯро дӯст хоҳанд дошт ва ба Ӯ наздикӣ хоҳанд ҷуст.MБУБ 576.2

    Принсипҳои некӯӣ, меҳрубонӣ ва муҳаббат, ки Наҷотдиҳанда дар намунаи шахсй ба мо таълим дод, асли Худоро комилан аниқ баён мекунанд. Масеҳ гуфтааст, ки Ӯ ҷуз он чи аз Худои Худ қабул кардааст, ҳеҷ чизи дигарро таълим намедиҳад. Принсипҳои ҳукмронии Илоҳӣ дар ҳамоҳангии комил бо аҳкоми Наҷотдиҳанда қарор доранд: «Душманони худро дӯст доред». Худо адолати Худро нисбат ба гунаҳкорон зоҳир мекунад ва инро аз баҳри манфиати тамоми Коинот ва аз баҳри онҳое ки довариҳои Ӯ бар сарашон меоянд, ба ҷо меоварад. Ӯ мехоҳад онҳоро мувофиқи қонунҳои Илоҳӣ ва адолат хушбахт гардонад. Ӯ онҳоро бо аломатҳои муҳаббати Худ иҳота мекунад. Ӯ ба онҳо дониши Шариати Худро ато мекунад ва ба меҳрубониҳо сарфароз мегардонад, вале онҳо аз муҳаббати Ӯ нафрат мекунанд, Шариат ва меҳрубонии Ӯро таҳқир менамоянд. Мунтазам аз Ӯ ҳадия қабул намуда, Такдимкунандаи ҳамаи накӯиҳоро бадном месозанд; онҳо Худоро бад мебинанд, зеро медонанд, ки Ӯ ба гуноҳҳои онҳо нафрат дорад. Худованд ба саркашии онҳо бо пурсабрӣ муносибат мекунад, ва оқибат он соате фаро мерасад, ки қисмати онҳо ҳал карда мешавад. Оё Ӯ исёнгаронро бо зӯри қувва ба ҷониби Худ мекашад? Оё Ӯ онҳоро ба иҷро намудани иродаи Худ маҷбур мекунад?MБУБ 576.3

    Нафароне, ки шайтонро пешвои худ интихоб кардаанд ва дар ихтиёри ӯ қарор доранд, барои дар назди Худо ҳозир шудан омода нестанд. Дар қалби онҳо мӯҳри ғурур, дурӯғ ва фосиқи гузошта шудааст. Ва магар онҳо метавонанд ба Осмон роҳ ёбанд ва ҷовидона дар паҳлӯи нафароне бимонанд, ки онҳоро дар ин ҷо, дар замин бад медиданд? Ҳақиқат ҳеҷ гоҳ ба дурӯғгӯй хуш намеояд; фурӯтанӣ наметавонад бо худбоварӣ ва мағрурӣ созиш кунад; покӣ - бо бадахлоқӣ, ва муҳаббати беғаразона - бо худпарастӣ. Нафаронеро, ки пурра ба майлу рағбатҳои заминии тамаъкорона фаро гирифта шудаанд, дар Осмон чӣ гуна хушнудиҳо метавонанд интизор шаванд?MБУБ 577.1

    Оё нафароне, ки ба муқобили Худо исён бардошта, ҳаёти худро беҳуда сарф кардаанд, метавонанд ногаҳон ба Осмон гузаранд ва камолоти олӣ ва муқаддасро мушоҳида кунанд, ки дар маконе ҳукмрон аст, ки он ҷо ҳар як қалб аз шодӣ медурахшад, ҷое ки дар ҳар як чеҳра муҳаббат навишта шудааст, ҷое ки Худо ва Барраро мусиқии ҷовидона ситоиш мекунад, ҷое ки аз чеҳраи Нишинандаи тахт селҳои пайвастаи нур берун меоянд ва дар фидиягузоришудагон ором меёбанд; магар онҳое, ки қалбҳояшон саршори нафрат ба Худованд, ба ҳақиқат ва муқаддасот ҳастанд, метавонанд дар мулоқот бо ин мавҷудотҳои муқадцас бошанд ва якҷоя бо онҳо сурудҳои сито- ишӣ бихонанд? Магар онҳо метавонистанд ба ҷалоли Худо ва Барра тоб оваранд? He, ва боз як маротибаи дигар не; ба онҳо солҳои дарози санҷиш дода шуда буданд, то ки хислати худро барои Осмон ташаккул диҳанд; вале онҳо худро ба дӯст доштани покӣ одат накунонданд; онҳо ҳамин тавр забони Осмонро аз худ накарданд, акнун бошад ниҳоят дер шуд. Ҳаёт дар исён ба муқобили Худо онҳоро барои Осмон ношоям гардонд. Покӣ, муқаддасӣ ва оромии он барои онхо боиси азобу азият мегардиданд, ҷалоли Худо бошад - оташи несткунанда. Онҳо ба ҳамаи ин тоб намеоварданд, ва танҳо як хоҳиш медоигганд; аз ин макони муқаддас гурехтан. Онҳо аниқтараш мурданро афзалтар мешумориданд, фақат аз назари Он, ки баҳри фидиягузории онҳо ҷон дод, пинҳон шаванд. Қисмати гунаҳкоронро интихоби шахсии онҳо ҳал мекунад. Онҳо ихтиёран худро аз Осмон маҳрум сохтанд, Худованд бошад онҳоро ба маконе, ки барояшон тоқатфарсо мебуд, роҳ надода, мисли пешина одил ва меҳрубон мемонад.MБУБ 577.2

    Оташи рӯзи бузург ба мисли обҳои тӯфон барои бадкирдорӣ ҳукми Худо мегардад. Гунаҳкорон ҳеҷ гуна хоҳиши ба ҳокимияти Илоҳӣ итоат карданро нишон надоданд. Иродаи онҳо дар ғазаб баён ёфт, ва вақте ки ҳаёт ба анҷом расидааст, аллакай дигар намудани андешаҳо номумкин аст; барои аз бадкирдорӣ ба итоаткорй, ва аз нафрат ба муҳаббат рӯ овардан ниҳоят дер шуд.MБУБ 578.1

    Ҳаёти Қобили қотилро амон дода, Худо бо ин амал ба ҷаҳон нишон дод, ки ба шахси гунаҳкор иҷозати зиндагии ҷовидона ва ба ҷо овардани хости дилашро додан, ба чӣ оварда мерасонд. Қобил бо таъсир ва намунаи худ наслҳои зиёди худро ба гуноҳ гирифтор кард ва оқибат «замин пеши Худо фосид шуд, ва замин аз ситам пур шуд» (Ҳастӣ 6:11), ва «фикру андешаҳои дили ӯ ҳамеша фақат бад аст» (ояти 5).MБУБ 578.2

    Худованд дар замони Нӯҳ аз ҳисси дилсӯзӣ ба ҷаҳон сокинони заминро нест кард. Аз рӯи ҳамон майлу ниятҳо Ӯ сокинони фосиқи Садӯмро ҳам ба ҳалокат расонд. Дар зери таъсири санъати маккоронаи васвасаандозӣ офарандагони дурӯғ аз ҳамдардӣ ва дастгирии халқ истифода мебаранд ва ҳамин тавр мунтазам дигаронро ба исён ҷалб мекунанд. Дар рӯзгори Қобил ва Нӯҳ, дар замони Иброҳим пайғамбар чунин буд, дар замони мо ҳам ҳамчунин рӯй дода истодааст. Худованд аз рӯи раҳму ғамхорӣ нисбати тамоми Коинот оқибат нафаронеро ба таври ҳамеша нест мекунад, ки файзи Ӯро рад месозанд.MБУБ 578.3

    «Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ» (Румиён 6:23). Дар он вақте ки мероси порсоён ҳаёти ҷовидона аст, қисмати гунаҳкорон марг аст. Мусо ба Исроил гуфт: «Инак, ман имрӯз ба ту ҳаёт ва некӯӣ, ва мамот ва бадиро пешниҳод кардам» (Такрори Шариат 30:15). Марге, ки дар хусусаш ин ҷо сухан меравад, на он маргест, ки ба сари Одам омад, зеро тамоми инсоният барои гуноҳи ӯ ҷазо мегирад. Дар ин ҷо дар хусуси «марги дуюм» сухан гуфта мешавад, ки ба ҳаёти ҷовидона муқобил гузошта шудааст.MБУБ 579.1

    Дар натиҷаи гуноҳи Одам тамоми насли инсоният мутеи марг гардид. Ҳама ба таври баробар ба қабр мераванд. Вале аз ҷониби дигар, нақшаи наҷот озодиро аз қабр пешниҳод мекунад. Дар охир «эҳёи мурдагон, ҳам порсоён ва ҳам гунаҳкорон» мешавад (Аъмол 24:15). «Чунон ки дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд» (1 Қӯринтиён 15:22). Вале миёни ин ду гурӯҳи зиндашудагон ҳад гузаронида шудааст. «Хдмаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Исои Масеҳро хоҳанд шунид, ва берун хоҳанд омад - некӯкорон барои эҳёи ҳаёт ва бадкорон барои эҳёи маҳкумшавӣ» (Юҳанно 5:28,29). «Хушбахт ва қудцус аст касе, ки дар эҳёи якум иштирок дорад: бар онҳо мамоти дуюм қудрат надорад» (Ваҳй 20:6). Вале онҳое, ки ба воситаи тавба ва имон омурзида нашудаанд, бояд барои бадкирдорӣ ҷазо бигиранд — «музди гуноҳ». Онҳо ҷазоҳои давомнокӣ ва гарониашон гуногунро мутобиқ ба кирдорҳои худ хоҳанд кашид, ва баъд онҳоро марги дуюм ба коми худ мекашад. Азбаски Худованд мувофиқи принсипҳои адолат ва меҳрубонии Худ наметавонад шахси гунаҳкорро дар гуноҳҳояш наҷот диҳад, Ӯ вайро аз ҳаёте маҳрум месозад, ки ҳуқуқро ба он ӯ худаш аз даст додааст ва бо аъмолаш исбот намудааст, ки сазовори он нест. Нависандаи илҳомёфта мегӯяд: «Боз андак, ва шарир боқӣ нахоҳад монд; ба маконаш назар хоҳй андохт, ва ӯ нахоҳад буд». «Ва тавре хоҳанд шуд, ки гӯё мутлақо мавҷуд набуданд» (Забур 36:10; Убадё 16). Бадному шарманда гардида, онҳо ба фаромӯшии абадӣ дода хоҳанд шуд.MБУБ 579.2

    Ҳамин тавр ба гуноҳ бо тамоми гаму андӯҳ ва азобҳояш хотима бахшида мешавад. Довуд мегӯяд: «Ту бар қавмҳо итоб намудай, шарирро нест кардаӣ, номи онҳоро маҳв намудаӣ то абад. Душман барҳам хӯрда, ба сурати абадӣ хонавайрон гардидааст; шаҳрҳояшро бе беху бунёд кардаӣ, зикрашон нест шудааст» (Забур 9:6,7). Юҳанно дар китоби Ваҳй ба абадият назар андохта, суруди ситоишии аҳли Коинотро мешунавад, ки дар он ноҷӯрии оҳанг нест. Тамоми офаридаҳо, ҳам дар осмон ва ҳам дар замин Худоро ҷалол мегуфтанд (ниг. Ваҳй 5:13). Ва дар ин вақт дар он ҷо ҷони мурдаистодае, ки тавонад ба Худованд куфр гӯяд, нахоҳад буд, ва нолаҳои азияткашандагони дар оташи дӯзах печутобхӯранда бо сурудҳои наҷотёфтагон омезиш нахоҳанд ёфт.MБУБ 580.1

    Доктрина дар бораи фанонопазирии табиӣ тасаввуротро дар бораи ҳолати бошуурона баъди марг ба вучуд овард, ки ба монанди тасаввурот дар бораи азобҳои абадй, ба таълимоти Китоби Муқадцас, ақли солим ва ҳисси инсондӯстии мо мухолифат мекунад. Мувофиқи доктринаи машҳур, наҷотёфтагон дар осмон ҳама он чизеро, ки дар замин чӣ рӯй медиҳад назорат мекунанд, махсусан зиндагии дӯстон ва азизони дар замин гузоштаи худро. Лекин чӣ тавр наҷотёфтагон дар осмон, ҳамаи мусибатҳои наздикони худро назорат карда, гуноҳҳои содир намудаи онҳо, ғаму андӯҳи онҳо, ноумедӣ ва азобҳои онҳоро дида, метавонанд худро хушбахт ҳис кунанд ? Ҳамаи инро назорат намуда, чӣ тавр метавонанд худро хушбахт шуморанд? Ва то чӣ андоза нафратовар аст таълимот дар бораи он ки ҳамин ки рӯҳ танро тарк мекунад, ҷони тавбанакарда ба оташи дӯзах меафтад! Нафароне, ки ба марг омодагӣ надидан ва ба- рои гуноҳ ба азоби абадӣ мубтало шудани дӯстони худро мебинанд, чӣ гуна азоби рӯҳиро бояд аз cap гузаронанд! Бисёриҳо аз ин фикри дилхарош аз ақл бегона шудаанд.MБУБ 580.2

    Китоби Муқаддас роҷеъ ин масъалаҳо чӣ мегӯяд? Довуд тасдик мекунад, ки одам баъди марг шуурашро гум мекунад. «Рӯҳи вай берун меравад, вай ба хоки худ бармегардад; дар ҳамон рӯз андешаҳои вай нест мешаванд» (Забур 145:4). Сулаймон низ ҳамин фикрро тасдиқ мекунад: «Ҳам муҳаббаташон, ҳам нафраташон ва ҳам рашкашон барбод рафтааст, ва дигар то абад барои онҳо аз ҳар коре ки дар таҳти офтоб карда мешавад, насибае нахоҳад буд». «Ҳар коре ки карданаш аз дасти ту ояд, алоқадри қуввати худ бикун, зеро дар гӯр, ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст. на тафаккур, на дониш, ва на ҳикмат» (Воиз 9:6,10).MБУБ 581.1

    Вақте ки дар ҷавоб ба дуои Ҳизқиё ҳаёти ӯ боз ба понздаҳ сол дароз карда шуд, подшоҳи сипосгузор Худовандро барои марҳамати бузургаш ситоиш намуд. «Зеро ки дӯзах Туро ҳамд намегӯяд, мамот Туро ситоиш намекунад, ба гӯр фурӯ рафтагон ростии Туро интизор надоранд. Зинда, факат зинда Туро ҳамд мегӯяд, чунон ки ман имрӯз мегӯям» (Ишаъё 38:18,19). Илми машҳури илоҳиётшиносӣ шахси порсоӣ фавтидаро гӯё дар осмон, дар масканҳои сафобахш Худоро бо забони фанонопазир ҷовидона ситоишкунанда тасвир мекунад, вале Ҳизкиё дар марг чунин дурнамои олиро дида наметавонист. Ба суханони ӯ шаҳодати Довуд низ мувофиқат мекунад; «Дар мамот зикри Ту нест: дар гӯристон кӣ Туро ҳамд мегӯяд?» «На мурдагон Худовандро мадҳ мекунанд, ва на ҳамаи фурӯравандагони гӯр» (Забур 6:6; 113:25). ‘ Ҳавворӣ Петрус дар рӯзи Пантикост баён намуд, ки пайғамбар Довуд «вафот ёфта, дафн карда шудааст, ва қабраш то имрӯз дар миёни мо боқист». «Зеро ки Довуд ба осмон набаромад» (Аъмол 2:29,34). Довуд дар қабр мемонад ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки порсоён баъди марг дар осмон ҷо намегиранд. Факат ҳангоми эҳёшавӣ ва ба шарофати он ки Масеҳ эҳё шуд, билохира Довуд метавонад дар паҳлуи рости Худованд нишинад.MБУБ 581.2

    Ҳавворӣ Павлус мегӯяд: «Зеро агар мурдагон эҳё нашаванд, Масеҳ низ эҳё нашудааст; ва агар Масеҳ эхё нашуда бошад, имони шумо бар абас аст: шумо ҳанӯз дар гуноҳҳои худ мебошед; бинобар ин онҳое ҳам, ки дар Масеҳ мурдаанд, нобуд шуданд» (1 Қӯринтиён 15: 16 - 18). Ва агар дар давоми чор ҳазор сол порсоён ба осмон рафта бошанд, чӣ хел Павлус гуфта метавонист, ки агар эхёшавӣ набошад ҳамаи дар Масеҳ мурдагон мемиранд? Он гоҳ ба эҳёшавӣ ҳеҷ зарурат намебуд.MБУБ 582.1

    Риёзаткаш Тиндал дар бораи ҳолати мурдагон чунин гуфтааст: «Ман ошкоро иқрор мешавам, ки тамоман боварӣ надорам, ки гӯё онҳо аллакай дар камолоти ҷалоле қарор доранд, ки Масех ва фариштагони интихобшудаи Худо дар он қарор доранд. Имони ман бо ин розӣ шуда наметавонад, зеро агар ин тавр мебуд, он гоҳ беҳуда аст мавъиза дар бораи эҳёшавӣ дар ҷисм»343Уилм Тиндал, «Сарсухан ба Ахди Ҷадид», нашри соли 1534. Дар китоби «Ислоҳотчиёни англис - Тиндал, Фрайт, Барнс», саҳ. 349, аз нав чоп шудааст..MБУБ 582.2

    Номумкин аст инкор кардани он ҳақиқат, ки умед ба фанонопазирй ба беэътиноии умумӣ нисбати таълимоти Китоби Муқадцас оиди эҳёшавӣ оварда расонд. Ин тамоюл аз ҷониби Адам Кларк дида баромада шуда буд, ки гуфтааст: « Таълимот дар бораи эҳёшавӣ, назар ба замони хозира, дар миёни масеҳиёни аввалин эътибори хеле бештаре дошт! Барои чӣ ин тавр шуд? Ҳаввориён ҳамеша ин таълимотро махсусан қайд мекарданд ва бо ёрии он имони пайравони Худовандро илҳом мебахшиданд. дастгирӣ менамуданд ва устувор мегардонданд. Пайравони онҳо бошанд дар замони мо дар бораи эҳёшавӣ аҳён-аҳён хотиррасон мекунанд. Масеҳиёни аввалин ба эҳёшавӣ бо ҳамон қуввае бовар мекарданд, ки ҳаввориён дар бораи он бо ҳамон қувва мавъиза менамуданд, вале чӣ тавр мавъиза кардани мо аз он маълум аст, ки шунавандагони мо ба ин масъала чӣ гуна бовар мекунанд. Дар Инҷил таваҷҷӯҳи дақиқтарин ба муждаи эҳёшавӣ дода мешавад, дар мавъизаҳои ҳозира бошад ба ҳеҷ як банди имон бо чунин беэътиноӣ муносибат намекунанд, чун ба ин банд»344Тафсири 1 Қӯринтиён, боби 15, § 3..MБУБ 582.3

    Ва чунин вазъият то замоне давом кард, ки ҳакикати пуршараф дар бораи эҳёшавӣ қариб пурра бо зулмот фаро ги- рифта шуд ва ҷаҳони масеҳй онро қариб аз даст дод. Як нависандаи барҷастаи динӣ суханони ҳавворӣ Павлусро (ниг. 1 Таслӯникиён 4:13-18), шарҳ дода, мегӯяд: «Бо мақсадҳои амалии тасаллобахш ва қулай будан доктрина дар бораи фанонопазирии хушҳолонаи порсоён аз шуури мо ҳама гуна таълимоти шубҳанокро оиди Дуюмбора омадани Масеҳ берун мекунад. Баъди марги мо Худованд барои бо Худ бурдани мо меояд. Мо маҳз ҳаминро интизорем ва ба ин умед дорем. Фавтидагон аллакай ба ҷалол гузаштаанд. Онҳо садои карнайеро мунтазиранд, ки аз доварӣ ва хушҳолии абадӣ хабар медиҳад».MБУБ 582.4

    Аммо вақте ки Исои Масеҳ аллакай нияти тарк кардани шогирдони Худро дошт, Ӯ ба онҳо нагуфт, ки ба зудӣ онҳо ба назди Ӯ меоянд. «Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам, - гуфт Ӯ, - ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада шуморо бо Худ мебарам, то дар он ҷое ки Ман ҳастам, шумо низ бошед» (Юҳанно 14: 2, 3). Ва Павлус мегӯяд: «Чунки Худи Худованд бо бонги даъват, бо садои Фариштаи муқарраб ва карнайи Худо, аз осмон нузул хоҳад кард, ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаанд, аввал эҳё хоҳанд шуд; баъд мо, зиндаҳо, ки бокӣ мондем, бо якҷоягии онҳо бар абро бурда хоҳем шуд, то ки Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд хоҳем буд». Ва ӯ боз илова мекунад: «Пас ҳамдигарро бо ин суханон тасаллй диҳед» (1 Таслӯникиён 16-18). Ин суханони тасаллӣ то чӣ андоза мухолифанд ба он суханоне, ки мо пештар аз мавъизаи рӯҳонии калисои универсалистӣ иқтибос овардем! Ин рӯҳонӣ дӯстони гамзадаи худро тасалло мебахшид, ки сарфи назар аз ҳама гунохҳо, фавтидагон ба осмон, ба ҷамъияти фариштагон қабул карда мешаванд. Павлус бошад ба бародарони худ бозгашти ояндаи Масеҳ, замонеро нишон медиҳад, ки завлонаҳои қабр шикаста мешаванд ва «дар Масеҳ мурдагон» барои ҳаёти ҷовидона эҳё мегарданд.MБУБ 583.1

    Пеш аз он ки одам ба масканҳои саодатмандона ворид шавад, ҳаёт ва хислати ӯ бояд бодиққат тафтиш карда шаванд; аъмоли ҳар нафар бояд аз ҷониби Худо санҷида шаванд. Ҳама мутобиқ ба қайдҳои дар китобҳо сабтшуда аз доварӣ мегуза- ранд ва аз рӯи аъмоли худ мукофот мегиранд. Ин доварӣ баъди марг ба амал намеояд. Ба суханони ҳавворӣ Павлус таваҷҷӯҳ кунед: «Зеро ки Ӯ рӯзеро муқаррар намудааст. ки аҳли ҷаҳонро ба василаи Марде ки баргузидаи Ӯст, аз рӯи инсоф доварӣ кунад, ва барои он ки инро ба ҳама исбот намояд, Ӯро аз мурдагон эҳё кард» (Аъмол 17:31). Дар ин ҷо хавворӣ кушоду равшан дар хусуси вақти муайяне ки барои ӯ он замони оянда буду баҳри доварии ҷаҳон муқаррар шудааст, сухан мегӯяд.MБУБ 583.2

    Яҳудо низ ба ин замон ишора мекунад: «Ва фариштаҳоеро, ки маргабаи худро маҳфуз надоштанд, балки манзили худро тарк карданд, дар қайду банди абадӣ, дар зулмот, барои доварии рӯзи бузург нигоҳ медорад». Ва баъд ӯ суханони Ҳанӯхро иқтибос меорад: «Инак, Худованд бо бевархои муқадцасони (Фариштагони) Худ меояд, то ки бар ҳама доварӣ кунад» (Яҳудо 6, 14, 15). Юҳанно мегӯяд: «Ва мурдагонро, хурдон ва бузургонро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва китобҳо кушода буданд... ва мурдагон бар тибқи он чи дар китобҳо навишта шудааст, яъне мувофиқи аъмолашон доварй карда шуданд» (Ваҳй 20:12).MБУБ 584.1

    Вале агар баъзе аз мурдагон аллакай дар Осмон шодӣ кунанд, ва дигарон дар дӯзах азоб кашанд, он гоҳ доварии оянда барои чӣ лозим аст? Таълимоти Каломи Худо оиди ин масъалаҳои муҳим аник ва равшан аст, ва ҳатто оддитарин одамон метавонанд ба он сарфаҳм равад. Вале шахси ҷидцию андешаманд дар ин назарияи хеле паҳнгардида чӣ чизи одилона ва хирадмандонаро пайдо карда метавонад? Чӣ тавр порсоён метавонанд баъди доварии тафтишотӣ ин суханонро шунаванд: «Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад... ба шодии оғои худ шарик шав», дар ҳоле ки онҳо аллакай бо Ӯ, шояд, ки дар давоми асрҳои зиёд, якҷоя ҳастанд? Наход, ки гунаҳкорон аз тамоми гӯшаҳои дӯзах ҷамъ оварда мешаванд, то ки аз забони Довари тамоми замин ин ҳукмро бишнаванд: «Эй малъунон, аз Ман дур шавед ва ба оташи ҷовидона... биравед» (Матто 25:21,41). Оҳ, чӣ гуна тамасхури даҳшатангез! Чӣ гуна бадномкунии шармовари ҳикмат ва адолати Худо!MБУБ 584.2

    Назария дар бораи фанонопазирии ҷон ба яке аз он таълимотҳои бардурӯғе тааллуқ дорад, ки Рум аз бутпарастӣ қабул карда, ба дини масеҳӣ ворид намуд. Мартин Лютер ин таълимотро ба «масалхои бемаънӣ, ки тӯдаи поруи дастурҳои румиро ташкил медиҳанд»345Петавел, «Масъалаи фанонопазирӣ», саҳ. 225., нисбат дода буд. Суханони Сулаймонро аз Китоби Воиз дар хусуси он ки «мурдагон баъди марги худ ҳеҷ чизро намедонанд», шарҳ дода, ислоҳотчӣ менависад: «Ин боз як оятест, ки исбот мекунад, ки мурдагон ҳеҷ чизро... ҳис намекунанд. Он ҷо ҳисси вазифа, илм, дониш ва ҳикмат нест. Бинобар ин Сулаймон мегӯяд, ки онҳо хоб рафтаанд ва ҳеҷ чизро ҳис намекунанд. Барои онҳо рӯз ва сол вуҷуд надорад, ва вақте ки онҳо бедор мешаванд, ба назарашон чунин менамояд, ки фақат лаҳзае хоб рафтаанд»346 \Мартин Лютер, «Тафсири китоби Воиз», саҳ. 152..MБУБ 585.1

    Дар ягон ҷои Китоби Муқаддас мо тасдиқи онро пайдо намекунем, ки порсоён дарҳол баъди марг мукофоти худро мегиранд, гунаҳкорон бошанд - ҷазо мебинанд. На нахустпадарон, на пайғамбарон ба мо чунин фикрро боқӣ нагузоштаанд. На Масеҳ, на ҳаввориёни Ӯ оиди ин масъала ҳеҷ гуна ишора накардаанд. Дар бораи мурдагон чун дар хусуси ҷонҳои то эҳёи умумӣ хобрафта сухан гуфта мешавад (1 Таслӯникиён 4:14; Айюб 14: 10-12). Дар он рӯзе ки занҷири нуқрагин канда мешавад ва бандинаи тиллогин пора-пора мегардад (ниг. Воиз 12:6), ҳамаи андешаҳои одам низ нест мешаванд. Фурӯравандагон ба гӯр ба олами хомӯшӣ медароянд. Онҳо дигар дар хусуси он чизе ки дар таҳти офтоб карда мешавад, ҳеҷ чизро намедонанд (ниг. Айюб 14:21). Истироҳати саодатмандона барои шахси порсои хасташуда! Вакт, хоҳ дароз бошад ё кӯтоҳ, барои онҳо ба як лаҳза баробар мешавад. Онҳо хоб рафтаанд, ва карнайи Худованд онҳоро барои фанонопазирии пуршараф бедор мекунад. «Зеро карнай садо хоҳад дод, ва мурдагон ба таври бефано эҳё хоҳанд шуд, ва мо тағйир хоҳем ёфт; зеро он чи фонист, бояд либоси бефаноӣ бипӯшад, ва он чи миранда аст, — либоси ҷовидӣ бипӯшад. Ва ҳар гоҳ ин фонӣ либоси бефаноӣ бипӯшад ва ин миранда либоси ҷовидӣ бипӯшад, он гоҳ ин каломе ки навишта шудааст, ба амал хоҳад омад: «ғалаба маргро фурӯ бурд»» (1 Қӯринтиён 15: 52 - 54). Ва онҳо аз хоби сахт бедор шуда, мавҷудияти худро аз он лаҳзае оғоз менамоянд, ки он бо марг канда шуда буд. Охирин лаҳзаи шуури онҳо бо азоби марг тира гардонида шуда буд; фикри охирин дар бораи он буд. ки онҳо ба ихтиёри қабр мегузаранд. Вақте ки онҳо аз қабр бармехезанд, фикри аввалину шодиёнаи онҳо дар нидои ғалабаовар садо медиҳад: «Эй марг! Неши ту куҷост? Эй дӯзах! Ғалабаи ту куҷост?» (ояти 55).MБУБ 585.2

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents