Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents

МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН

 - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First

    Боби 15. - ДАҲШАТ ВА ҚАСОС ДАР ФРАНСИЯ

    Дар асри XVI Ислоҳот ба халқ кушодани Китоби Муқаддасро пешниҳод намуда, кӯшиши ба тамоми мамлакатҳои Европа роҳ ёфтанро намуд. Баъзе давлатҳо онро чун муждарасони маҳбуби осмонӣ бо шодӣ истиқбол намуданд. Дар он ҷое ки ба ҳокимияти папа ба паҳншавии он монеъ шудан муяссар гардид, нури поки ҳақиқати Китоби Муқаддас бо таъсири хушахлоқкунандааш қариб ҳеҷ паҳн нагашт. Мамлакатеро, ки дар ин боб сухан дар бораи он меравад, нури ҳақиқат мунаввар гардонд, лекин торикӣ аз ин нур ақибнишинӣ накард. Дар давоми асрҳои зиёд муқобилияти миёни ин ду қувва давом мекард. Дар охир бадӣ тантана кард, ва ҳақиқати осмонӣ рад карда шуд. «Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале мардум торикиро бештар аз рӯшноӣ дӯст доштанд» (Юҳанно 3:19). Ва ин халқ маҷбур буд самари роҳи интихобнамудаашро бичашад. Қувваи нигоҳдорандаи Рӯҳи Худо аз халқе ки ҳадияи файзи Ӯро рад карда буд, бозгирифта шуд. Худо раво донист, то ки бадӣ пухта бирасад ва тамоми ҷаҳон оқибатҳои худсарона рад намудани нурро дид.MБУБ 277.1

    Ҷанг ба муқобили Китоби Муқаддас дар Франсия, ки садсолаҳои зиёд давом кард, ҳангоми инқилоб ба қуллаи баландтарин расид. Чунин таркиши даҳшатовар натиҷаи ногузири аз ҷониби Рум аз байн бурдани Китоби Муқаддас буд. Ин ҷанг - яке аз тасвирҳои равшани сиёсати ҳокимияти папа буда, натиҷаҳоеро нишон медиҳад, ки тамоми таълимоти Калисои католикӣ давоми зиёда аз ҳазор сол ба он оварда расонд.MБУБ 277.2

    Аз байн бурдани Китоби Муқадцас дар давраи ҳукмронии ҳокимияти папа аз ҷониби пайғамбарон пешгӯӣ шуда буд ва Юҳанно дар Китоби Ваҳй низ аз оқибатҳои даҳшатовари ҳукмронии «шахси пур аз гуноҳ», ки махсусан ба Франсия таъсири сахт расонда буд, сухан мегӯяд.MБУБ 277.3

    Фариштаи Худованд пешгӯӣ кард: «...онҳо шаҳри муқаддасро чилу ду моҳ поймол хоҳанд кард. Ва ба ду шоҳиди Худ қудрате ато хоҳам кард, ва онҳо ҳазору дусаду шаст рӯз нубувват хоҳанд намуд, дар ҳолате ки палос дар бар карда бошанд... Ва ҳангоме ки онҳо шаҳодати худро анҷом диҳанд, ҳайвони ваҳшие ки аз варта мебарояд, бо онҳо ҷангида, бар онҳо ғолиб хоҳад омад, ва онҳоро хоҳад кушт. Ва ҷасади онҳо дар кӯчаи шаҳри бузург, ки ба киноя Садӯм ва Миср ном дорад, ва дар он ҷо Худованди мо низ маслуб шудааст, воқеъ хоҳад буд... Ва сокинони ҷахон аз ин шод ва хурсанд шуда, ба якдигар инъомҳо хоҳанд фиристод, чунки ин ду набӣ сокинони ҷаҳонро азият додаанд. Валекин баъди аз се ва ним рӯз рӯҳи ҳаёт аз ҷониби Худо андаруни онҳо дохил шуд, ва ҳардуяшон ба по бархостанд; ва касонеро, ки ба онҳо назар мекарданд, тарси азим фаро гирифт» (Ваҳй 11:2-11).MБУБ 277.4

    Муддати вақти дар боло зикршуда - «чилу ду моҳ» ва «ҳазору дусаду шаст рӯз» - як давраро нишон медиҳанд, ки дар давоми он Калисои Масеҳ бояд аз зулми Рум азият мекашид. 1260 соли хукмронии ҳокимияти папа соли 538 огоз ёфта соли 1798, вақте ки қӯшунхои франсузй ба Рум дохил шуданд ва папаро, ки баъд дар бадарға мурд, асир гирифтанд, анҷом ёфт. Гарчанде дере нагузашта папаи навро интихоб карданд, лекин ба хар ҳол шурӯъ аз он замон ҳокимияти папа дигар ҳеҷ гоҳ қудрат ва хукмронии пешинаро ба даст оварда натавонист.MБУБ 278.1

    Таъқиботҳои Калисо дар давоми 1260 сол бетанаффус давом накарданд. Худованд аз рӯи марҳаматаш бар кавми Худ, мудцати санҷишҳои вазнинро кӯтоҳ кард. Нисбати «мусибати бузург», ки Калисоро интизор аст, Начотдиҳанда гуфтааст: «Ва агар он айём кӯтох намешуд, хеҷ касе наҷот намеёфт; лекин барои интихобшудагон он айём кӯтоҳ хоҳад шуд» (Матто 24: 22). Таъсири Ислоҳот ба он оварда расонд, ки таъқиботҳо пеш аз фарорасии соли1798 анҷом ёфтанд. Нисбати ду шоҳидон пайғамбар чунин мегӯяд: «Инҳо ду дарахти зайтун ва ду чароғдоне ҳастанд, ки дар пеши Худои замин истодаанд» «Каломи Ту, - ҳамоҳанг мешавад бо ӯ Довуд, - чароғ аст барои поям ва нур аст барои роҳам» (Ваҳй 11: 4; Забур 118: 105). Ин ду шоҳидон рамзи Ахди Қадим ва Ахди Ҷадид мебошанд. Ҳар дуи онҳо дар дараҷаи баробар аз пайдоиш ва ҷовидонии Шариати Худо, ва инчунин аз нақшаи наҷот шаҳодат медиҳанд. Тимсолҳо, қурбониҳо ва пешгӯиҳои пайғамбаронаи Аҳди Қадим ба Наҷотдиҳандаи дар оянда меомадагӣ ишора мекарданд. Инҷил ва номаҳои Аҳди Ҷадид аз Наҷотдихднде сухан мегӯянд, ки Ӯ ҳамон тавре омад, ки дар тимсолҳо ва пешгӯихои пайғамбарона пешгӯӣ шуда буд.MБУБ 278.2

    «Онҳо хазору дусаду шаст рӯз нубувват хоҳанд намуд, дар ҳолате ки либоси дарида дар бар карда бошанд». Қисми зиёди ин айём шохидони Худо дар номаълумӣ карор доштанд. Ҳокимияти папа тамоми чорахои имконпазирро меандешид, то ки аз халқ каломи ҳақиқатро пинҳон кунад, ва ба халқ шоҳидони дурӯғгӯйро мефиристод, ки ба шоҳидони Китоби Мукаддас ихтилоф доштанд. Вақте ки хондан ва нигоҳ доштани Китоби Муқаддас аз ҷониби ҳокимияти динӣ ва ғайридинй манъ шуда буд, вақте ки шаҳодатҳои он бардурӯғ маънидод карда мешуданд, вақте ки одамон ва шайтон ҳама корхоро ба ҷо меоварданд, то ки ақлҳои одамонро аз он дур кунанд; вақте ки нафаронеро, ки ҷуръат менамуданд ҳақиқатҳои муқаддаси онро мавъиза кунанд, таъқибу хиёнат мекарданд, азоб медоданд, дар таҳхонаҳо зинда гӯр мекарданд, ба қатл мерасонданд ё маҷбур месохтанд, ки дар кӯҳҳои дастнорас, дараҳо ва ғорҳо паноҳгоҳ биҷӯянд, - он гоҳ ин шоҳидони содиқ «бо либоси дарида дар тан нубувват мекарданд». Сарфи назар аз таъқиботҳо онҳо дар давоми 1260 сол шаҳодат доданд. Дар давраҳои аз ҳама мушкилтарин одамони вафодоре ёфт шуданд, ки Каломи Худоро дӯст медоштанд ва рашки ҷалоли Худовандро доштанд. Ба ин бандагони содиқ, хирад, қувва ва қудрати мавъиза намудани ҳақиқатҳои Худо дар давоми ин муддат дода шуда буд.MБУБ 279.1

    «Ва агар касе бихоҳад онҳоро озор диҳад, аз даҳонашон оташ баромада, душманони онҳоро мехӯрад; ба ин тариқ, ҳар кӣ бихоҳад онҳоро озор диҳад, кушта хоҳад шуд» (Ваҳй 11: 5). Одамоне, ки Каломи Худоро поймол мекунанд, беҷазо намемонанд. Маънии ин огоҳии даҳшатовари пешакӣ дар боби охирини китоби Вахй баён шудааст: «Ман низ ба ҳар касе ки сухано- ни нубуввати ин китобро мешунавад, шаҳодат медиҳам: агар касе ба онҳо чизе илова намояд, Худо ба ӯ балоҳое илова хоҳад кард, ки дар бораи онҳо дар ин китоб навишта шудааст. Ва агар касе аз суханони ин китоби нубувват чизе кам кунад, Худо насиби ӯро аз дарахти ҳаёт ва аз шаҳри муқдддас ва аз ҳар чизе ки дар ин китоб навишта шудааст, кам хоҳад кард» (Ваҳй 22 : 18, 19).MБУБ 279.2

    Худо ба одамон чунин огоҳиҳои пешакиро фиристод, то ки онҳоро аз кӯшиши тағйир додани он чизе ки У ошкор мекунад ё амр медиҳад нигоҳ дорад. Ин огоҳиҳои пешакии ботантана ба ҳамаи он нафароне тааллуқ доранд, ки ба шарофати мавқеи ишғолкардаи худ ба одамон ибрати муносибати беэҳтиромонаро нисбати Шариати Худо нишон медиҳанд. Онҳо бояд тарс ва даҳшатро ба нафароне талқин кунанд, ки итоаткориро ба Шариати Худо бепарвоёна нолозим мешуморанд. Нафароне, ки фикри шахсии худро аз ваҳйҳои Худо боло мегузоранд, онҳое ки маънии равшани Навиштаҷотро аз барои манфиатҳои худ ё ин ки барои ба ин ҷаҳон мувофиқ шудан, ғалат маънидод мекунанд, масъулияти даҳшатоварро ба дӯши худ мегиранд. Каломи навипггашуда, Шариати Худо меъёри хислати ҳар як инсон аст; хамаи онҳое ки ба ин намунаи муқадцас мувофиқат намекунанд, маҳкум карда мешаванд.MБУБ 280.1

    «Ва ҳангоме ки онҳо шаҳодати худро анҷом диҳанд...». Мудцати вақте ки дар давоми он ду шоҳид бояд бо либоси дарида дар тан шаҳодат медоданд, соли 1798 ба анҷом расид. Вақте ки кори онҳо дар зулмоти номаълумӣ ба охир мерасад, ҳокимияте бояд бо онҳо ҷанг оғоз намояд, ки чун «ҳайвони ваҳшии аз варта берун бароянда», тасвир шудааст. Дар бисёр мамлакатҳои Европа роҳбарони калисо ва давлат дар давоми асрҳои зиёд дар зери роҳбарии шайтон қарор доштанд, ки ба воситаи ҳокимияти папа амал мекард. Лекин дар ин ҷо мо зоҳиршавии нави қувваи шайтониро мебинем.MБУБ 280.2

    Сиёсати Рум ба он равона шуда буд, то ки дар зери ниқоби муносибати боэҳтиромона нисбати Китоби Муқаддас онро дар зери қулфи забони ба халқ ношинос нигоҳ дорад ва бо ин роҳ аз одамон пинҳон кунад. Дар замони ҳукмронии Рум низ шоҳидон «бо либоси дарида дар тан», нубувват мекарданд. Лекин бояд ҳокимияти дигаре - «ҳайвони ваҳшии аз варта берун бароянда» - пайдо мешуд ва ба Каломи Худо ҷанги ошкоро эълон мекард.MБУБ 280.3

    «Шаҳри бузург», ки дар кӯчаҳои он ин шоҳидон кушта шудаанд ва часадҳои онҳо дар он ҷо мондаанд, ба маънии рӯҳонӣ Миср номида мешавад. Дар миёни ҳамаи халқҳое ки дар Китоби Муқаддас нишон дода шудаанд, Миср назар ба дигарон мавҷудияти Худоро бо дагалии нафратовар рад намуда ба амрхои Ӯ муқобилият нишон дод. Ягон шоҳ ҷуръати ин қадар худсарона ва ошкоро ба муқобили Худо баромад карданро накарда буд, чӣ тавре ки ҳокими Миср амал кард. Вақте ки Мусо бо номи Худованд муждаи ботантанаро ба фиръавн расонд, ин шоҳи худписанд чунин ҷавоб дод: «Худованд кист, ки ба овозаш гӯш дода, ва Исроилро равона кунам? Худовандро намешиносам, ва Исроилро низ равона нахоҳам кард» (Хуруч 5:2). Ин бединӣ аст. Ва халқе ки рамзи Миср аст, айнан хамон тавр бояд талаботхои Худои зиндаро рад мекард ва ҳамон рӯҳи беимонӣ ва бавуҷудоварандаи беитоатиро нишон медод. «Шаҳри бузург» инчунин «рӯҳан» бо Садӯм монанд карда мешавад. Фисқу фасоди Садӯм, ки Шариати Худоро вайрон мекард, бо кувваи махсусе дар бадахлоқии қонунишуда ошкор гардид. Ин гуноҳ бояд хислати хоси қавме мегардид, ки ин пешгӯии пайгамбаронаи Китоби Муқадцас дар саргузашти он иҷро гашт.MБУБ 281.1

    Аз рӯи суханони пайгамбар, чанде пеш аз соли 1798, як ҳокимияти аслу хислати шайтонӣ дошта пайдо мешавад ва ба муқобили Китоби Муқаддас ҷанг мекунад. Ва мамлакатеро, ки дар он овози ин ду шоҳидони Худо хомӯш мешаванд, бединии фиръавн ва фисқу фасоди Садӯм зер мекунанд.MБУБ 281.2

    Ин пешгӯии пайғамбарона бо ҳайратангезии аниқ дар таърихи Франсия ичро гашт. Ҳангоми инқилоби соли 1793 «ҷаҳон аввалин маротиба дар бораи он хабар ёфт, ки одамони дар ҷамъияти мутамаддин таваллуд ва тарбияёфтае ки худро соҳиби ҳуқуқи идора намудани яке аз халқиятҳои боназокати Европа мешумориданд, якдилона ҳақикати олиеро, ки барои тамоми давру замонҳо ба инсоният дода шудааст, инкор карданд ва бо як овоз аз имон ба Худо ва аз хизмат ба Ӯ даст кашиданд»232В. Скотт, «Ҳаёти Наполеон», ҷилди 1, боби 17.. « Франсия - ягона мамалакатест, ки мувофиқи сарчашмаҳои боэътимод, ошкоро ба муқобили Офаридгори Коинот исён бардошт. Гарчанде ки дар Англия, Германия, Испания ва дар дигар мамлакатҳо бисёр беимонҳо ва куфргӯён буданд ва ҳастанд, Франсия - дар таърихи ҷаҳон ягона давлатест, ки бо фармони махсуси маҷлиси қонунбарори худ эълон намуд, ки Худо вучуд надорад, ки баъди ин ҳамаи аҳолии пойтахт ва аксарияти аҳолии мамлакат аз ин қарор шодӣ намуда, суруд мехонданду мерақсиданд»233Маҷаллаи Блеквуд, ноябри 1870..MБУБ 281.3

    Хусусиятҳои фарқкунандаи Садӯм ба таври пурра дар Франсия ошкор гардиданд. Ҳангоми инқилоб дар он ҷо хамон фисқу фасоди разилонае ҳукмрон буд, ки дар замони худ сабаби марги ин шаҳр гардида буд. Таърихшинос бединӣ ва фисқу фасоди Франсияро бо мутобиқати пурра ба пешгӯии пайғамбарона тасвир мекунад: «Дар алоқаи зич бо қонунҳо оид ба дин коидаҳои нав дар бораи ақди никоҳ пайдо шуданд. Риштаҳои муқаддастарини рӯи замин, ки гарави мустаҳкамии ҷамъият башумор мераванд, ба шартномаи оддии муваққатии шаҳрвандӣ расонда шуданд, ки бе ягон мамоният бо хурдтарин хоҳиши ҳамсарон бекор карда мешуданд... Агар шайтон дар назди худ мақсад мегузошт, ки воситаи таъсирбахшеро кашф кунад, то ки ҳама чизи муқаддас, олӣ ва ҷовидонаро дар оила нобуд созад ва кафолати онро дошта бошад, ки бадии коридааш доимо аз як насл ба насли дигар мегузарад, он гоҳ вай чизи дигари мукаммалтаре фикр карда наметавонист... Ҳунарпеша Софӣ Арно, ки бо латифагӯии худ машҳур буд, издивоҷи ғайриқонуниро чун «фарзи зинокорӣ» тасвир карда буд»»234Скотт, ҷилди 1, боби 17..MБУБ 282.1

    «Дар он ҷое ки Худованди мо маслуб шудааст». Дар Франсия ин қисми пешгӯии пайғамбарона низ иҷро шуд. Ягон мамлакати дигар чун Франсия ин қадар душманиро ба Масеҳ нишон надодааст. Дар ягон мамлакат чун дар ин ҷо ҳақиқат ба чунин таъқиботи сахт гирифтор нагаштааст. Франсия Масеҳро дар симои пайравони Ӯ мехкӯб кард, ки бо золимии бемисл таъқибашон менамуд.MБУБ 282.2

    Хуни порсоён садсолаҳои дароз рехта шуд. Дар он замоне ки валденсҳо дар кӯҳҳои Пемонта «барои Каломи Худо ва шаҳодати Исои Масеҳ» ҷон медоданд, бародарони онҳо, албигойсҳои франсӯз, шаҳодати ба ин монандро паҳн мекарданд. Дар замони Ислоҳот пайравони он бо азобу машаққатҳои даҳшатовар ҷон медоданд. Шоҳ ва ахди дарбор, занҳои номдор ва духтарони нозукбадан, ифтихор ва гулҳои сари сабади миллат аз машаққатҳои дами ҷонкании шоҳидони Масеҳ ҳаловат мебурданд. Гугенотҳои далер барои муқаддастарин ҳуқуқҳои инсонӣ мубориза бурда, дар набардҳои бераҳмона хун мерехтанд. Протестантҳо ғайриқонунӣ эълон карда шуданд: барои ҷони онҳо маблағҳои муайян пешниход карда мешуданд, онҳоро чун ҳайвонҳои ваҳшӣ шикор мекарданд.MБУБ 283.1

    «Калисо дар биёбон», наслҳои камшумори масеҳиёни қадима, ки дар кӯҳҳои ҷануби мамалакат паноҳгоҳ ёфтанду имони падарони худро нигоҳ дошта тавонистанд, ҳанӯз ҳам дар Франсия дар асри XVIII боқӣ монда буданд. Агар онҳо ҷуръати баъзан шабона дар ягон дараи кӯҳи ё дигар макони дастнорасе ҷамъ омаданро мекарданд, сарбозони онҳоро шикоркунанда таъқибашон намуда, дастгирашон мекарданд ва онҳо дар киштаҳои калони бодбондор ба таври якумра бадарға шуда, хизмат мекарданд. Беҳтарин, олиҳимматтарин ва донишмандтарин писарон ва духтарони Франсияро ба азобҳои даҳшатовар гирифтор ва бо ҳамроҳии дуздон ва қотилон занҷирбанд мекарданд. Баъзеи онҳо ба қисмати хубтаре сазовор мегаштанд: онҳоро, беҳимояву нотавононро. вақте ки ба зону истода дуо мегуфтанд, дилсардона ба қатл мерасонданд. Садҳо мӯйсафедон, занҳои беҳимоя ва кӯдакони бегуноҳ ҳангоми баргузории ибодат кушта шуданд. Ва аксар вақт, ҳангоми аз миёни дараҳои кӯҳӣ. ки одатан дар он ҷо чамъ меомаданд, гузаштан, баъди ҳар чор қадам «ҷасадҳои одамони кушташуда ва ба дор овехташударо» дидан мумкин буд. Мамлакате, ки бо шамшер ва та- барзин хароб гардида буду дар гулханҳои он «бидъаткорон» сӯзонида мешуданд, «ба биёбони калон табдил дода шуда буд». Ва «ин ваҳшигариҳо... на дар давраи торикии рӯҳонӣ ва фисқу фасод, балки дар давраи тобони Людовики XIV, дар давраи инкишофи илму адабиёт, дар замоне ба ҷо оварда мешуданд, ки рӯҳониёни дарбор ва пойтахт мардони донишманд ва суханваре буданд, ки ба инкишофи чунин некӯкориҳо, чун фурӯтанӣ ва эҳсонкорӣ мусоидат менамуданд»235Скотт, китоби 22, боби 7..MБУБ 283.2

    Ҷинояти вазнинтарин, ваҳшигарии аз ҳама даҳшатноктарини дар он садсолаҳои торик иҷрошуда куштор дар шаби Варфоломеи муқаддас буд. Имрӯз низ ҷаҳон ин ҳамлаи номардона ва даҳшатоварро бо ларза ба хотир меорад. Шоҳи Франсия ба талаботҳои рӯҳониён ва прелатҳои Калисои католикӣ гузаигг намуда, ба қатли ваҳшиёнаи одамони имонашон дигар иҷозат дод. Садои нимашабии зангӯла бонге гардид барои оғози куштор. Ҳдзорон протестантҳо дар хонаҳои худ оромона хоб рафта, гумон доштанд, ки дар зери ҳимояи шоҳ қарор доранд. Онҳоро бе огоҳй ба кӯча кашола карда бароварда, дилсардона ба қатл мерасонданд.MБУБ 284.1

    Ба монанди он ки Масеҳ ноаён ба қавми Худ роҳ нишон дода, онро аз ғуломии Миср озод мекард, ҳамчунин шайтон низ ноаён ба зердастони худ роҳбарӣ мекард, вақте ки онҳо шумораи қурбониҳои бегуноҳро зиёд карданд. Куштор дар Париж як ҳафтаи пурра давом кард, махсусан се рӯзи аввали он бо ваҳшигарии аз ақл берун фарқ мекард. На синну сол, на ҷинс ҳеҷ аҳамияте надоштанд. Ҳам тифли бегуноҳ, ва ҳам мӯйсафеди солхӯрдаро як қисмат интизор буд. Одамони машҳуру одцй, солхӯрда ва ҷавон, модар ва кӯдак якҷоя ҷон медоданд. Ин куштор дар тамоми Франсия дар тӯли ду моҳ давом кард. 70 ҳазор одамон - ҷавҳари миллат - кушта шуданд.MБУБ 284.2

    «Вақте ки Рум дар бораи ин куштор хабар ёфт, хурсандии аҳли динро ҳаду канор набуд. Муждарасонеро, ки бо ин хабар омада буд, кардинал Лоранский мукофоте дар ҳачми ҳазор крон ҳадия кард, тӯпи Анжелои муқаддас ин ҳодисаро бо тирандозӣ истиқбол гирифт. Дар ҳар як манораи калисоҳо зангӯлаҳо садо медоданд; гулҳанҳои оташ шабро ба рӯз табдил доданд; Григорий XIII бо ҳамроҳии кардиналҳо ва дигар намояндагони аҳли дин калисои ҷомеъи Людовики муқаддасро, ки дар он ҷо кардинали ин калисо Лоранский суруди «Ба Ту, Худованд...»-ро замзама мекард, зиёрат намуд. Барои абадигардонии ин куштор медал сикка заданд, ва дар Ватикан то имрӯз низ се сурати рӯидевории византиягӣ, ки дар онҳо ҳамла ба адмирали гугенот, шоҳи бо мушовирони худ куштори дар пеш истодаро муҳокимакунанда ва худи куштор тасвир ёфтаанд. Григорий «Садбарги тиллогин» фиристод, ва бо гузашти чор моҳ аз ин куштор... ӯ бо камоли хушнудӣ мавъизаи рӯҳонии франсузро гӯш мекард... ки дар бораи «он рӯзи пур аз хушҳолӣ ва хурсандӣ сухан мегуфт, вақте ки падари муқаддас чунин хабари хушро шуниду бо тантана ба калисои ҷомеъ рафт, то ки ба Худованд ва Людовики муқаддас миннатдорӣ баён кунад»»236Генри Уайт, «Куштор дар шаби Варфоломейи муқадцас», боби 14, § 34..MБУБ 284.3

    Худи ҳамон рӯҳе ки илҳомбахшандаи шаби Варфоломей буд, қувваи барангезандаи инқилоб гардид. Исои Масеҳ фиребгар эълон карда шуд, ва шиори худобехабарони франсуз суханони «Нобакорро сарнагун мекунем» (Масеҳро дар назар доштанд) гардиданд. Куфргӯии дағалона ва фисқу фасоди нафратовар ҳамқадам буданд; ва одамони пасттарин, разилони ашаддӣ ва фосиқон болобардор карда шуданд. Ва дар баробари ҳамаи ин иззату эҳтироми олиро ба шайтон муносиб медонистанд, дар мавриде ки Масеҳ - таҷассуми ҳақиқат, покӣ ва муҳаббати беинтиҳо - мехкӯб шуда буд.MБУБ 285.1

    «Ҳайвони ваҳшие ки аз варта мебарояд, бо онҳо ҷангида, бар онҳо ғолиб хоҳад омад, ва онҳоро хоҳад кушт». Ҳокимияти худобехабари Франсия, ки ҳангоми инқилоб ва ҳукмронии террор барқарор гардида буд, ба муқобили Худо ва Каломи Муқаддаси Ӯ чунин ҷангеро бурд, ки ҷаҳон мислашро надида буд. Маҷлиси милли ба Худо ибодатро манъ кард. Китобҳои Муқаддасро ҷамъ намуда бо масхарабозиҳо ва таҳқиркуниҳои заҳролуда ошкоро месӯзонданд. Шариати Худо зери по карда шуд. Фароизҳои Китоби Муқаддас низ бекор карда шуданд. Рӯзи истироҳати ҳафтаина бекор карда шуд, ва ба ҷои он ҳар як даҳрӯза ба куфргӯй ва айшу ишрат бахшида мешуд. Таъмид гирифтан ва маросими хӯрдани нону шарбати ангур манъ карда шуданд. Дар қабристонҳо шиорҳое пайдо шуданд, ки маргро хоби абадӣ эълон мекарданд.MБУБ 285.2

    Ақидае паҳн мегардид, ки худотарсӣ - ин ибтидои бехирадист, на хирадмандӣ. Ҳама гуна хизматгузорихои динӣ манъ карда шуда буданд, ғайр аз хизмат ба озодӣ ва ватан. «Усқуфи Париж маҷбур шуд дар мазҳакаи пастарин ва шармовар, ки ҳеҷ гоҳ аз ин пеш аз номи миллати ягона ба саҳна гузошта нашуда буд, нақши асосиро иҷро кунад... Ӯро ба маҷлиси конвент оварда, маҷбур намуданд дар назди ҳама баён намояд, ки дин, ки ӯ солҳои дароз дар хизматаш буд, на дар таърих ва дар ҳақиқати муқаддас ҳеҷ асосе надорад, ва ҳамаи ин фиреби рӯҳониён аст. Ӯ бо тантана ва возеҳу равшан Худоро, ки ба хизмати Ӯ дуо додашуда буд, инкор карда, баён намуд, ки Ӯ вуҷуд надорад, ва аз ин баъд ӯҳдадор мешавад, ки ба ахлоқ, озодӣ, баробарӣ ва некӣ хизмат кунад. Баъд ӯ ба болои миз либоси усқуфиро, ки дар тан дошт гузошт, ки баъди ин раиси конвент бародарона ӯро ба оғӯш гирифт. Якчанд рӯҳониёнии хоин ба ин усқуф пайравӣ карданд»237Скотт, ҷилди 1, боби 17..MБУБ 286.1

    «Ва сокинони ҷаҳон аз ин шод ва хурсанд шуда, ба якдигар инъомҳо хоҳанд фиристод, чунки ин ду набӣ сокинони ҷаҳонро азият доданд». Франсияи худобехабар садои фошкунандаи ду шоҳиди Худоро ба хомӯш мондан маҷбур намуд. Каломи ҳақиқат дар кӯчаҳои он мурда хоб мерафт ва ҳамаи одамони аз маҳдудиятҳо ва талаботҳои Шариати Худо нафратдошта хурсандӣ мекарданд. Одамон ошкоро ба Подшоҳи Осмонӣ ситезагӯӣ мекарданд. Онҳо ба монанди фосиқони қадима фарёд мезаданд: «Худованд чӣ гуна бидонад? Ва оё Ҳақки Таоло дорои дониш аст?» (Забур 72: 11).MБУБ 286.2

    Яке аз коҳинони тартиботи нав бо куфргӯии дағалона, ки ба худ тасаввур карданаш душвор аст, чунин гуфт: «Худо! Агар Ту вуҷуд дошта бошӣ, барои номи таҳқиршудаи Худ қасос бигир. Ман Туро ба баҳс даъват мекунам! Ту хомӯшӣ, Ту ҷуръат намекунӣ бо гулдурроси раъду барқ ҷавоб бидиҳӣ? Баъди ин кӣ ба мавҷудияти Ту бовар мекунад?» 238Лакретел, «Таърих», ҷилди 11, саҳ. 309 дар «Таърихи Аврупо»-и ҷаноби Арчибалд Алисон ҷилди 1 боби 10.. Магар ин акси садои идцаои фиръавн нест: «Худованд кист, ки ба овозаш гӯш дода, Исроилро равон кунам? Худовандро намешиносам».MБУБ 286.3

    «Нокас дар дили худ гуфт: «Худо нест»». Худованд низ нисбати куфргӯяндагони ҳақиқат чунин мегӯяд: «...аблаҳии онҳо дар пеши назари ҳама ошкор хоҳад шуд...» (Забур 13:1; 2 Тимотиюс 3: 9). Баъди он ки Франсия аз ибодати Худои зинда «Олӣ ва Баланд, ва дар абадият Сокин», даст кашид, дере нагузашта мамлакат ба бутпарастии пастарин расида, ба олиҳаи Хирад дар симои зани фосиқе сачда кард. Ва ҳамаи ин аз ҷониби доираҳои баланди ҳокимияти ғайридинӣ ва қонунбарор дар назди вакилони Ассамблей ба ҷо оварда мешуданд. Таърихшинос қайд мекунад: «Яке аз маросимҳои он давраи бехирадӣ дар бемаънигии худ якҷоя бо фисқу фасод беназир боқӣ мемонад. Дарҳои конвент дар пеши маросими ботантана кушода шуданд: аъзоёни раёсати худидоракунии маҳаллӣ бо мусиқанавозон қадам зада сурудеро ба шарафи озодӣ месуруданд. Дар миёни ҷамъомадагон зани бо чодар печондашуда, - рамзи ибодати ояндаи онҳо, ки олиҳаи Хирад номаш ниҳода буданд, ҷой гирифта буд. Ӯро ба назди аъзоёни конвент оварда, бо тантанаи бузург пардаро аз танаш гирифтанд ва дар паҳлуи рости раис шинонданд - ҳама бе мушкилӣ дар симои ӯ раққосаро аз оперетта шинохтанд... Ва ин шахсро, ки он хирадеро, ки онҳо ба он саҷда мекарданд, хеле хуб тасвир мекард, маҷлиси миллии Франсия ошкоро иззату эҳтиром мекард.MБУБ 287.1

    Ин базми фасоду хандаовар тасодуф набуд; точгузории олиҳаи Хирадро дар тамоми мамлакат, дар он ҷойҳое мегузаронданд, ки сокинонаш мехостанд нишон диҳанд, ки онҳо низ аллакай ба ҳамаи баландиҳои инқилоб расидаанд»239Скотт, ҷилди 1, боби 17..MБУБ 287.2

    Нотиқе, ки ба парастиши хирад даъват мекард, чунин гуфт: «Қонунгузорон! Таассуб ҷои худро ба ақли солим дод; нигоҳи хираи он ба чунин нури равшан тоб оварда наметавонист. Имрӯз одамони зиёде дар зери ин гунбазҳои готӣ, ки ин ҷо бори нахуст ҳақиқат садо медиҳад, ҷамъ омаданд. Дар ин ҷо Франсия ягона ибодати ҳақиқӣ - ибодат ба Озодӣ ва Хирадро мегузаронад. Дар ин ҷо мо умедҳои худро ба қувваи аслиҳаи инқилоб баён мекунем. Дар ин ҷо мо бутҳои беҷонро аз баҳри Хирад, ин асари комилу зиндаи табиат, аз худ дур месозем» 240Тирс, «Таърихи инқилоб Франсия», ҷилди 2, саҳ. 370, 371..MБУБ 287.3

    Вақте ки олиҳаи Хирадро ба конвент оварданд, мудири асосӣ аз дасти ӯ гирифта ба ҷамъомад рӯ овард ва чунин гуфт: «Эй, мирандаҳо! Ларзиданро дар назди ғазаби нотавони Худое ки шуморо аз он метарсонданд, бас кунед. Аз ин лаҳза оғоз намуда, шуморо худои дигаре ҷуз Хирад нест. Ман ба шумо намунаи олиҳиматтарин ва поктарини онро пешниҳод мекунам; агар ба шумо касеро парастиш кардан лозим бошад, танҳо ба мавҷудотҳои ба ин монанд қурбонӣ биёред. Дар назди ҳазрати ҳумоюни сенати озодӣ ба зону занед. Оҳ, чодари Хирад!»MБУБ 288.1

    «Баъди ин олиҳа раисро ба огӯш гирифта ба фойтуни бошукӯҳ орододашуда нишаст ва бо ҳамроҳии издиҳоми калон ҷониби калисои ҷомеъи Нотрдам равон шуд, то ки ҷои худоро ишғол намояд. Ва дар он ҷо, дар меҳроби баланд, ӯ аз ҳамаи ҷамъомадагон аломатҳои сачдаро қабул мекард»241Алисон, ҷилди 1, боби 10..MБУБ 288.2

    Дере нагузашта Китоби Муқаддасро ошкоро ба коми оташ андохтанд. Боре аъзоёни «Ҷамъияти халқии осорхонаҳо», ба толори раёсати худидоракунии маҳаллӣ даромада, фарёд заданд: «Зинда бод Хирад!». Онҳо дар чӯби дарозе китобҳои нимсӯхтаро мебурданд. Дар миёни дигар китобҳои калисо Ахди Қадим ва Аҳди Ҷадид низ буданд, ки чӣ тавре ки раис гуфт, «ҳамаи он беақлиҳоеро, ки онҳо одамонро ба иҷро карданашон маҷбур мекарданд, дар оташи бузург фидиягузорӣ намуданд»242Маҷаллаи Париж, соли 1793, № 318. Дар китоби Буше-Ру, «Маҷмӯаи солномаҳои таърихии парламентӣ», ҷилди 30, саҳ. 200, 201, иқтибос оварда мешавад..MБУБ 288.3

    Ҳамин тавр ҳокимияти папа ба он коре ибтидо гузошт, ки онро бединӣ анҷом дод. Сиёсати Рум ба заминаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва динии марги Франсия бунёд гузошт. Ҳамаи онҳое, ки дар бораи даҳшатҳои инқилоб чизе менависанд, одатан дар ин беақдиҳо давлат ва Калисоро айбдор мекунанд. Аз рӯи эҳтиром ба адолат, иқрор шудан лозим аст, ки ба ҳамааш Калисо гунаҳгор аст. Ҳокимияти папа подшоҳонро ба Ислоҳот зид гардонда, ислоҳотро чун душмани тахти подшоҳӣ, чун таҳдиди фалокатовари оромию осудаҳолии давлат тасвир намуд. Маҳз Рум подшоҳонро ба бераҳмии гайриодцӣ ва ҷабру зулми даҳшатовари халқ ҳидоят мекард.MБУБ 288.4

    Китоби Муқадцас бо худ озодӣ меовард. Дар он ҷое ки муждаи Хуш қабул карда мешуд, шуури одамон бедор мешуд. Онҳо аз худ завлонаҳои ҷаҳолати ғуломона, фисқу фасод ва хурофотро дур мекарданд. Онҳо ба мустақилона андеша ва амал кардан, шурӯъ менамуданд. Инро дида подшоҳон аз тарси аз даст рафтани ҳокимияти худ ба ларза меомаданд.MБУБ 289.1

    Рум пайваста ба оташи хавфҳои бадрашконаи онҳо ҳезум меандохт. Соли 1525 папа ноибуссалтанаи Франсияро огоҳ намуд: «Ин васваса (протестантизм) на танҳо дин, балки давлат, аҳли дарбор, қонунҳо, тартибот ва ҳамаи табақаҳои ҷамъиятро захмдор ва нест мекунад»243Де Фелис, «Таърихи протестантҳо дар Франсия», китоби 1, боби 2, § 8.. Баъди якчанд сол сафири папа подшоҳро огоҳ карда буд: «Ҷаноби олӣ, фиреб нахӯред! Протестантҳо ҳам ба ҳокимяти ғайридинӣ ва ҳам ба динӣ ба андозаи баробар тахдид мекунанд. Тахт ҳам дар зери он хатаре қарор дорад, ки меҳроб дар зери он қарор дорад... Ҷорӣ намудани дини нав, ҳатман заруратро дар идоракунии нав ба миён меорад»244Д’Обинйе « Таърихи Ислоҳот дар Аврупои давраи Калвин», китоби 2, боби 36./8. Илоҳиётшиношон аз хурофотпарастии халқ истифода бурда, мекӯшиданд ҳамаро бовар кунонанд, ки таълимоти протестантӣ «одамонро бо навигариҳо ва беақлиҳо ба васваса меандозад; он шоҳро аз садоқати зердастонаш маҳрум месозад, ва ҳам Калисо ва ҳам давлатро вайрон мекунад». Бо ин усулҳо амал намуда, Рум Франсияро ба Ислоҳот зид гардонд. «Дар Франсия аввалин маротиба шамшери таъқибот боло бардошта шуд, то ки тахтро дастгирӣ намояд, аъёну ашрофро ҳимоя кунад ва қонунро нигоҳ дорад»245Уайлӣ, китоби 13, боби 4..MБУБ 289.2

    Ба гумон буд, ки ҳукматдорони ин мамлакат оқибатҳои бади чунин сиёсатро пешбинӣ карда метавонистанд. Таълимоти Китоби Муқаддас дар қалбҳо ва шуури одамон он принсипҳои адолатпарварӣ, парҳезгорӣ, ҳақиқат, баробарӣ ва эҳсонкориро, ки таҳкурсии асосии тараққиёти миллӣ мебошанд, устувор мегардонд. «Порсоӣ қавмро сарбаланд мегардонад», бинобар ин «тахт бо адолат қоим аст» (Масалҳо 14:34; 16:12). «Ва натиҷаи адолат сулҳу осоиштагӣ хоҳад буд», ва чун натиҷа «оромӣ ва амният то абад» (Ишаъё 32:17). Нафаре, ки ба шариати Илоҳӣ итоат мекунад, хусусан қонунҳои мамлакати худро эҳтиром мекунад. Нафаре, ки аз Худо метарсад, ӯ подшоҳи худро дар ҳамаи талаботҳои одилона ва қонунияш эҳтиром мекунад. Лекин Франсияи бадбахт Китоби Муқадцасро манъ ва пайравони онро ғайриқонунӣ эълон намуд. Дар тӯли садсолаҳо одамони устуворақида ва поквиҷдоне, ки соҳиби акди зирак ва нерӯи маънавӣ буданд, ҷасорати кифоя доштанд, то ки аз ақидаҳо ва имони худ шаҳодат диҳанду барои ҳақиқат азоб кашанд; дар тӯли садсолаҳо ин одамон чун ғулом дар корҳои вазнин азоб мекашиданд, дар гулханҳо ҷон медоданд ё дар зиндонҳои зеризаминӣ зинда ба зинда мепӯсиданд. Ҳазорон ҳазор одамон маҷбур буданд бо гурехтан ҷон ба саломат баранд ва ҳамаи ин дар давоми 250 сол баъд аз оғози Ислоҳот давом кард.MБУБ 289.3

    «Аз эҳтимол дур аст ки дар тӯли ин давраи дуру дароз, ақаллан як насли франсузҳо шоҳиди он нагардида бошанд, ки пайравони Инҷил чӣ тавр аз ғазаби беандозаи таъқибкунандагон ба фирор намудан маҷбур мешуданд. Фирориён бо худ дониш, санъат, ҳунармандӣ ва тартиботро мебурданд; ва бо ҳамаи ин сарватҳо онҳо мамлакатҳоеро, ки барояшон дар он ҷо паноҳгоҳ пайдо мешуд, бой мегардонданд. Бо истеъдодҳои барҷастаи худ ба пешрафти дигар мамлакатҳо мусоидат мекарданд, ҳолон ки зодгоҳи онҳо ба таназзул рӯ меовард. Ва агар ҳамаи ин истеъдодҳо дар Франсия мемонданд, агар дар давоми ин 300 сол ҳунармандии бадарғашудагон ба ватани худ хизмат мекард; агар қобилиятҳои рассомии онҳо истифода бурда мешуд, агар дониши эҷодкорона ва қувваи хиради онҳо адабиётро мукаммал мегардонданд ва илмро инкишоф медоданд, агар онҳо бо хирадмандии худ ба ҳукматдорон, ва бо мардонагии худ — ба сарлашкарон ёрӣ мерасонданд; агар бо ёрии андешарониҳои одилонаи онҳо қонунҳо мебароварданд, ва дини Библиявии онҳо қувваҳои ақлонии франсузҳоро устувор мегардонд ва виҷдони онҳоро идора мекард - имрӯз Франсия ба кадом бузургӣ мерасид! Мамлакати бузург, тараққиёфта ва хушбахт - барои ҳамаи халқҳо чӣ намунаи ибрате гардад!MБУБ 290.1

    Лекин таассуби нобиною бераҳм аз ҳудудҳои Франсия ҳамаи муаллимони некукорӣ, ҳимоёнӣ тартибот, муҳофизони содиқи тахтро бадарға кард. Ба нафароне, ки мехостанд мамлакати худро «машҳур ва номдор» гардонанд, чунин гуфта шуда буд: «Чизеро, ки мехоҳед интихоб кунед: гулхани оташ ё бадарғаро». Ва дар охир мамлакат вайрон карда шуд, виҷдон дигар таъқиб карда намешуд, зеро ки халқ дигар виҷдон надошт; дигар барои ақидаҳои динӣ дар оташ намесӯзонданд, зеро ки дин вуҷуд надошт; бадаргашавӣ ба ҳеҷ кас таҳдид намекард, чунки ватанпарварон намонданд»246Уайлӣ, китоби 13, боби 20.. Инқилоб бо ҳамаи даҳшатҳояш самари мудҳиши чунин сиёсат гардид.MБУБ 291.1

    «Бо бадарға шудани гугентҳо дар Франсия бӯҳрони умумӣ огоз ёфт. Шаҳрҳои тараққикарда ба таназзул рӯ оварданд, заминҳои ҳосилхез ба биёбон табдил ёфтанд, тараққиёти бемисл бо сукути акдонӣ ва вайроншавии маънавиёт иваз шуданд. Париж ба мискинхонаи калон табдил ёфт, ва чӣ тавре ки ҳисоб карда шуда буд, дарҳол баъди инқилоб 200 ҳазор мискинон аз шоҳ кӯмакро интизор буданд. Танҳо иезуитҳо дар мамлакаги ғоратшуда хушҳолона зиндагӣ мекарданд ва бо золимии гӯшношунид ҳукмронии худро бар калисоҳо, мактабҳо, зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳоти нишон медоданд».MБУБ 291.2

    Бо ёрии Инҷил дар Франсия он мушкилиҳои сиёсӣ ва иҷтимоиеро ҳал кардан мумкин буд, ки аҳли дин, шоҳ ва қонунгузоронро ба беилоҷӣ гирифтор карданд ва дар охир тамоми миллатро ба беҳокимиятӣ ва марг оварда расонданд. Вале халқ пандҳои пурарзиши Наҷотдиҳандаро дар бораи худфидокунӣ ва муҳаббати беғаразона дар зери таъсири Рум аз даст дод. Одамон аз худфидоӣ баҳри манфиати дигарон хеле дур буданд. Ҳеҷ кас сарватмандонро аз барои он ки камбағалонро азоб медиҳанд, сухане намегуфт, камбагалон бошанд барои меҳнати вазнини худ ҳеҷ подош намегирифтанд. Худпарастии сарватмандон ва ҳукуматдорон ҳарчи бештар золимона ва аёнтар мешуд. Дар тӯли садсолаҳои зиёд чашмгуруснагӣ ва исрофкории аъёну ашроф бар гардани камбағалон чун бори вазнин афтода буд. Сарватмандон камбағалонро истисмор мекарданд ва камбизоатон давлатмандонро бад медиданд.MБУБ 291.3

    Дар бисёр вилоятҳо молу мулк ба аъёну ашроф тааллуқ доштанд, меҳнаткашон танҳо иҷоракор буданд. Зиндагии онҳо аз меҳрубонии соҳибмулкон вобаста буд ва онҳо маҷбур буданд ба ҳама талаботқои ноодилонаи сарватмандон итоат кунанд. Бори вазнини таъминоти Калисо ва давлат бар дӯши табақаҳои миёна ва поёнӣ бор карда мешуд, ки ҳам аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ ва ҳам динӣ бо андозҳои баланд андозбандӣ мешуд. «Инҷиқӣ ва хоҳишҳои аъёну ашроф қонунҳои олитарин шуморида мешуданд; деҳқонон метавонистан аз гуруснагӣ бимиранд, лекин истисморгарони онҳоро ба ин коре набуд. Одамон бояд дар ҳама чиз манфиатҳои заминдоронро ба эътибор мегирифтанд. Зиндагии деҳконон аз меҳнати бетанаффус ва эҳтиёҷоти бепоён пур буд; ҳамаи шикоятҳои онҳо, агар ҷуръати шикоят карданро мекарданд, бо нафрати худписандона рад карда мешуданд. Суд ҳамеша сарватмандонро ҳимоя мекард, на камбағалонро. Судяҳо ҳамеша ришва мегирифтанд ва инҷиқии камтарин аз ҷониби аъёну ашроф ба шарофати вичдонфурӯшии оммавӣ қонунӣ мегашт. Ҳатто нисфи андозе ки аъёну ашрофи олимансаб ва аҳли дин аз халқи оддӣ ҷамъ мекарданд, оа хазинаи шоҳ ва калисо рафта намерасид, бо ин пулҳо фисқу фасоди разилонаи сарватмандон пардохт карда мешуданд. Онҳое ки бо чунин бешармӣ наздикони худро ғораг мекарданд, худ ягон намуд андоз намесупориданд ва аз рӯи қонун ё урфу одат ҳуқуқи дар давлат ишғол намудани дилхоҳ вазифаро доштанд. Табакаҳои соҳибимтиёз қариб 150 ҳазор одамро дар бар мегирифтанд, ва аз барои конеъ гардондани ҳавою хаваси онҳо миллионҳо нафар ба қашшоқии бепоёну заҳмати таҳқиромез ва ақлро тиракунанда маҳкум шуда буданд»MБУБ 292.1

    Дарбор зиндагии бо ҳашамат ва фосиқонаро аз cap мегузаронд. Миёни халқ ва роҳбарони он ҳеҷ гуна боварӣ вуҷуд надошт. Ҳар як қадами доираи ҳукмрон ба назари одамон маккорона ва тамаъкорона менамуд. Дар муддати зиёда аз панҷоҳ соли пеш аз инқилоб тахтро Людовики XV ишгол мекард, ки ҳатто дар он давраҳои мудҳиш бо қоҳилӣ, сабукфикрӣ ва фосиқии худ машҳур гардида буд. Аъёну ашрофи фосиқ ва сан- гдил, одамони ҷоҳилу қашшоқшаванда, мамлакати ба бӯҳрони молиявӣ дучоргардида, халқи ба ноумедӣ гирифторшуда, — ба ҳамаи ин назар андохта, пайгамбар будан лозим набуд, то ки анҷоми даҳшатовар ва ҳатмӣ бо боварӣ пешгӯӣ карда шавад. Шоҳ одатан ба хамаи огоҳиҳои мушовирони худ чунин ҷавоб медод: «Кӯшиш кунед, ки ҳангоми зинда будани ман ягон фалокате рӯй надиҳад; баъди марги ман бигзор он чизе ба амал биёяд, ки бояд иҷро шавад». Бенатиҷа буданд ҳамаи сӯҳбатҳо оиди зарурияти ислоҳот. Ӯ бадиро медид, вале на қувва ва на ҷасорати ба он муқобилият нишон доданро надошт. Ҷавоби кӯтоҳандешона ва худписандонаи ӯ: « Баъди ман бигзор тӯфон шавад!» қисмати минбаъдаи Франсияро хеле хуб муайян мекард.MБУБ 292.2

    Рум шубҳаю ҳасади подшоҳон ва доираҳои ҳукмронро барангехта, кӯшиш мекард онҳоро маҷбур намояд, ки халқро дар ғуломӣ иигоҳ доранд, худ бошад хуб медонист, ки ин мамалакатро ба заифшавӣ меорад, ва он гоҳ ҳукуматдорон ва халқ тобеъи ҳокимияти он мегарданд. Кардиналҳои дурандеши Рум хуб мефаҳмиданд, ки барои ғулом гардондани одамон ақлҳои онҳоро ғулом гардондан лозим аст, ва беҳтарин воситаи одамонро дар гуломӣ нигоҳ доштан - онхоро аз қобилияти оқилона истифода бурдани озодии худ маҳрум намудан аст. Таназзули маънавиёт, ки натиҷаи табиии чунин сиёсати Рум гардида буд, аз азобу машаққатҳои ҷисмонӣ ҳазорон маротиба даҳшатноктар буд. Халқи аз Китоби Мукаддас маҳрумгардида ва дар ихтиёри таълимоти хурофотпарастона гузошташуда, ки дар худидоракунӣ комилан беқобилият буд, дар фисқу фасод, хурофот ва чоҳилӣ ғарк мешуд.MБУБ 293.1

    Лекин ҳамаи ин ба он натичаҳое, ки Рум чашми умед дошт, оварда натавонист. Кӯшиши дар итоати кӯркӯронаи аҳкомҳои динии худ нигоҳ доштани халқро намуда, Рум ба он муваффақ гардид, ки одамон худобехабар ва инқилобчӣ шуданд. Аз католисизм нафрат намуда, онро ба макру ҳилаи рӯҳониёне монанд мекарданд, ки дар мавқеи мазлумии худ гунаҳкорашон медонистанд. Ягона худое, ки онҳо мешинохтанд, худои Рум - дин бошад - таълимоти динии калисои Румикатоликӣ буд. Чашмгуруснагӣ ва золимии Румро меваи қонунии таълимоти Китоби Муқаддас медонистанд ва аз он рӯ гардонданд.MБУБ 293.2

    Рум хислати Худовандро бардурӯғ тасвир карда, талаботҳои Ӯро ғалат маънидод намуд, ки дар натиҷаи ин одамон ҳам Китоби Муқаддас ва хам Муаллифи онро рад карданд. Имони кӯркӯронаро ба аҳкомҳои динии худ талаб намуда, Рум тасдиқ мекард, ки Навиштаҷот чунин таълим медиҳанд. Дар муқобили ин Волтер ва ҷонибдорони ӯ Каломи Худовандро рад намуда, дар ҳама ҷо заҳри беимониро паҳн мекарданд. Рум бо пои оҳанини худ халқро зер мекард, ва акнун одамони таҳқиршуда ва ваҳшигардидаю симои инсониро аз даст дода. аз он рӯ гардонданд ва ба зулму истибдодаш нафрат пайдо намуда аз худ ҳама гуна маҳдудиятҳоро дур карданд. Аз он ки онхоро дар ин муддати дароз фиреб додаанд, ба ғазаб омада хақиқатро якҷоя бо дурӯғ рад намуданд ва фисқу фасодкориро чун озодӣ қабул карда, асирони гунох хурсандӣ намуда, худро озод тасаввур карданд.MБУБ 294.1

    Бевосита пеш аз инқилоб, ба шарофати гузашткуниҳои шоҳ, халқ дар парламент назар ба аъёну ашроф ва аҳли дин дар якҷоягӣ бештар овоз гирифт. Ҳамин тавр ҳокимият дар дасти халқ қарор гирифт, вале онҳо барои хирадмандона ва эҳтиёркорона истифода кардани он тайёр набуданд. Кӯшиши гирифтани подоши ҷабру зулми ба онҳо расонидашударо намуда, онҳо ба дигаргунсозии ҷамъият шурӯъ намуданд. Ғазаби халқе, ки муддати дароз дар қалбҳои худ аламу озурдагии талхро барои таҳқиркунии беохир нигоҳ медошт, ба сари нафароне фурӯ рехт, ки дар азобҳои худ гунаҳгорашон медонист. Ҷабру зулм бенатиҷа намонданд: онҳое, ки тамоми умр азоб медиданд, ба ситамгарони худ фишор оварданд.MБУБ 294.2

    Франсияи бадбахт огӯштаи хун гардида, он чизеро, ки корида буд дарав мекард. Итоати куркӯрона ба Рум чӣ гуна оқибатҳои даҳшатовар овард. Дар он ҷое ки Франсия дар огози Ислоҳот дар зери фишори рӯҳониёни католик аввалин «бидъаткор»- ро сӯзонд, инқилоб аввалин гилотинаи (мошини сарбурӣ) худро сохт. Дар худи ҳамон ҷое ки дар асри XVI аввалин азиятдидагонпротестантҳо сӯзонда шуда буданд, бо гузашти ду садсола аввалин одамон бо мошини сарбурӣ ба қатл расонда шуданд. Инҷилеро, ки ба он шифо меовард, рад намуда, Франсия дари бехудоӣ ва вайрониро кушод. Вақте ки маҳдудиятҳои Шариати Худо дур андохта шуданд, он гоҳ беқобилиятии қонунҳои инсонӣ дар нигоҳ доштани сели даҳшати инсонӣ ошкор гардид, ва халқ дар гирдоби бетартибӣ ва беҳокимиятӣ ғарқ шуд. Ҷанг ба муқобили Китоби Муқаддас саҳифаи наверо дар таърихи ҷаҳон кушод, ки чун «ҳукмронии террор», маъруф аст. Оромию саодат хонаҳо ва қалбҳои одамонро тарк карданд; ҳеҷ кас худро дар бехатарӣ ҳис карда наметавонист. Он нафаре ки имрӯз тантана мекард, фардо метавонист дар шумораи гумонбаршудагон ва маҳкумшудагон афтад. Зӯроварӣ ва фисқу фасод дар ҳама ҷо ҳукмрон буданд.MБУБ 294.3

    Шоҳ, аҳли дин ва аъёну ашроф маҷбур буданд ба ваҳшигарии халқи ба ғазабомада таҳаммул кунанд. Қатли шоҳ оташи қасосро боз ҳам зиёдтар гардонд, ва онҳое ки ӯро ба қатл маҳкум карданд, дере нагузашта худ аз паи ӯ ба майдони қатл рафтанд. «Марг!» - ин хукм нисбати ҳамаи нафароне бароварда мешуд, ки дар муносибати душманона ба инқилоб гумонбар дониста мешуданд. Зиндонҳо пур буданд; як замон дар онҳо зиёда аз 200 ҳазор маҳбусон азият мекашиданд. Дар шаҳрҳо саҳнаҳои дилсардкунандаро дидан мумкин буд. Дар миёни инқилобчиён низ муборизаи оштинопазир давом мекард, ва Франсия ба майдони бузурги муборизаҳо ва авҷи даҳшат табдил ёфт. «Дар Париж як ошӯб аз паси дигараш аланга мегирифт; сокинони он ба гурӯҳҳои зиёд ҷудо шуданд, ки ба назар чунин менамуд, ки фақат кӯшиши нест кардани якдигарро мекунанд». Вайронии умумӣ бо он мураккаб мегардид, ки Франсия ба ҷанги дарозмудцат ва харобкунанда бо мамлакатҳои пуриқгидори Европа ҷалб гардида буд. «Мамлакат дар дами муфлисии пурра қарор дошт; артиш пул талаб мекард; сокинони Париж аз гуруснагӣ мемурданд; дастаҳои роҳзанон музофотҳоро ғорат мекарданд, ва тамаддун қариб аз беҳокимиятӣ ва фисқу фучур ба нестӣ расида буд».MБУБ 295.1

    Халқ дарси дуруштию дағалиро, ки Рум онро бо кӯшишу ғайрати зиёд ташвиқ менамуд, бениҳоят хуб аз худ карда буд. Ва инак рӯзи қасосгирӣ фаро расид. Акнун на шогирдони Исо зиндонҳоро пур мекарданд ва дар майдонҳо хун мерехтанд. Онҳо дер боз ё ҷон дода буданд ё дар бадарға қарор доштанд. Руми бераҳм акнун қувваи марговари одамонеро эҳсос кард, ки ба онҳо аз ҷазодиҳиҳои хунин ҳаловат бурданро омӯхта буд. «Таъқиботҳо, ки дар тӯли ин асрҳо аслиҳаи аҳли дини Франсия буданд, акнун ба сари онҳо бо газаби ғайриоддӣ фурӯ рехтанд. Дар майдонҳои қатл хуни рӯҳониён ҷорӣ буд. Галераҳо ва зиндонҳо, ки як замон аз гугенотҳо пур буданд, акнун ҷои зисти таъкибкунандагони онҳо гардиданд. Рӯҳониёни католик, ки ба харакҳо ва белҳо занҷирбанд шуда буданд. ҳамаи он азобу машаққатҳоеро аз cap мегузарониданд, ки калисои онҳо протестантҳои фурӯтанро бераҳмона ба он азобҳо гирифтор мекард».MБУБ 296.1

    «Рӯзҳое фаро расиданд, ки аз ҷониби судҳои бераҳмтарин қонунҳои ваҳшиёнатарин дар тамоми таърихи инсоният қабул карда шуданд, вақте ки ҳеҷ кас наметавонист бо шиноси худ салом кунад ё ин ки дуо бикунаду худро зери хатари айбдоршавӣ дар ҷинояте ки бо ҳукми марг ҷазо дода мешуд, намонад; вақте ки ҷосусон дар ҳар кунҷ пинҳон мешуданд; вақте ки аз субҳи барвақт мошини сарбурӣ беист кор мекард; вақте ки зиндонҳо пур буданд, ба монанди маҳбасҳои киштиҳои гуломнигохдорӣ; вақте ки бо новаҳо ба Сена хуни кафкзадаистодаи инсонӣ чорӣ мешуд... Дар он замоне ки дар кӯчаҳои Париж ҳамарӯза қатори аробаҳои бо одамони ба марг маҳкумшуда тӯл мекашиданд, ҳокимони вилоятҳо, ки аз ҷониби кумитаи олӣ ба округи маъмурӣ фиристода шуда буданд, бо ваҳшигарии тасвирнашавандае амал мекарданд, ки ҳатто барои Париж гӯшношунид буд. Теғи марговари мошини сарбурӣ ниҳоят оҳиста баланд ва паст мешуд, то ки кори худро анҷом диҳад. Ва бисёре аз маҳбусон, аз тири душман кушта шуданд. Дар таги қаиқҳои боркаше, ки аз маҳбусон пур буданд, сӯрохи махсус мекарданд. Шаҳри Лион ба биёбон табдил дода шуд. Дар Арес ба маҳбусон ҳатто чунин «имтиёзро», чун марги зуд, намедоданд. Дар тамоми да- розии дарёи Лаура - аз Сомур то бахр - селаи калони зогҳо ва калхотҳо ҷисмхои бараҳнаи аз оғӯшгирии даҳшатовари пешазмарги бо ҳамдигар печидаро, мехӯрданд. На ба занҳо на ба кӯдакон рахм намекарданд. Садҳо ҷавонон ва духтарони навраси ба синни 17 нарасида аз дасти ин режими золимона нобуд карда шуданд. Тифлони аз синаи модар ҷудо кардашударо якобиҳо, аз нӯги як найза ба найзаи дигар дар тамоми саф мепартофтанд». Дар тӯли даҳ сол одамони зиёде кушта шуданд.MБУБ 296.2

    Ҳамааш ҳамон тавре амалӣ шуд, ки шайтон ба нақша гирифта буд. Дар тӯли асрҳои зиёд шайтон кӯшиши ба ин мақсади худ расиданро мекард. Сиёсаташ - дурӯғи комил аст аз ибтидо то анҷом. Мақсади тағйирнопазири вай - ба одамон овардани машаққату бадбахтӣ, бадном ва нодуруст маънидод кардани мақсади Худованд; нест кардани муҳаббат ва илтифоти Илоҳӣ ва бо ин тамоми Осмонро ба ғам гирифтор кардан аст. Шайтон одамонро моҳирона ба фиребхӯрдагон табдил дода, Худовандро гунаҳгори ҳамаи ҳодисаҳои ба амал омада нишон медиҳад ва онҳоро маҷбур мекунад, андеша кунанд, ки гӯё ҳамаи бадбахтиҳо - натиҷаи амалишавии мақсадҳои Худованд мебошанд. Вақте ки одамони фосиқу бадахлоқ ва аз дасти шайтон ба хайвони ваҳшӣ монандшуда, аз Худованд дур мешаванд, вай онҳоро ба ваҳшигарии гӯшношунид тела медиҳад. Ва баъд бадахлоқии белаҷом аз ҷониби ситамгарон ва золимон чун меваи озодӣ пешкаш мегардад.MБУБ 297.1

    Вақте ки гумроҳӣ дар зери як парда ошкор карда мешавад, шайтон онро фақат дар намуди дигар либос мепӯшонад, ва одамон онро мисли пешина бо ҷону дил қабул мекунанд. Вақте халқ фахмид, ки ҳокимияти папа - ин фиребу дурӯғ аст, ва шайтон натавонист дигар бо ин роҳ одамонро ба вайрон кардани Шариати Худо маҷбур намояд, вай онҳоро маҷбур намуд, ки ҳама гуна динро фиребгарӣ, Китоби Муқаддасро бошад - афсона шуморанд. Онҳо аҳкомҳои Илоҳиро дур партофта, ба амалҳои нопок даст заданд.MБУБ 297.2

    Хатоии марговаре, ки ба Франсия ин қадар бадбахтӣ овард, аз рад намудани як ҳақиқати бузург иборат аст: озодии ҳақиқӣ аз доираи Шариати Худо берун нест. «Кошки ба аҳкоми Ман гӯш медодӣ! Он гоҳ осоиштагии ту мисли наҳр. ва адолати ту мисли мавҷҳои баҳр мебуд». «Барои шарирон осоиштагӣ нахоҳад буд, мегӯяд Худованд». «Валекин ҳар кӣ маро бишнавад, дар амният сукунат хоҳад дошт ва аз бими шарорат эмин хоҳад буд» (Ишаъё 48:18, 22; Масалҳо 1: 33).MБУБ 297.3

    Бединҳо, шаккокон ва муртадон Шариати Худоро рад мекунанд ва ба муқобили он мубориза мебаранд; лекин оқибати ҳамаи ин аз он хеле равшан шаҳодат медиҳад, ки некӯаҳволии инсон - дар итоат ба аҳкомҳои Илоҳӣ аст. Нафаре, ки аз Каломи Худо таълим гирифтан намехоҳад, метавонад аз таърихи халқҳо дарси ибрат бигирад.MБУБ 298.1

    Вақте ки шайтон бо ёрии Калисои католикй одамонро маҷбур намуд, ки аз роҳи итоат ба Худо дур шаванд, вай мақсадҳои аслии худро дақиқона пинхон кард, кори вай ончунон моҳирона ниқобпӯш карда шуда буд, ки таназзули маънавиёт ва бесарусомониҳо оқибати вайронкунии қонун дониста намешуданд. Дар баробари ин Рӯҳи Худованд ба шайтон муқобилат нишон медод, ва шайтон мақеадҳои худро пурра амалӣ карда натавонист. Лекин дар давраи инқилоб Шариати Худо аз ҷониби шӯрои миллӣ ба таври ошкоро бекор карда шуд, ва дар солқои террор алоқаи миёни сабабу натиҷа барои ҳама ошкор гардид.MБУБ 298.2

    Вақте ки Франсия ба таври оммавӣ Худо ва Китоби Муқаддасро рад кард, гунаҳгорон ва шайтон ба мақсади дилхоҳи худ расида, шодӣ мекарданд, - як кишвари том аз талаботҳои Шариати Худо озод гардид. Доварй барои корҳои бад дарҳол ба ҷо оварда намешавад «бинобар ин дили банӣ-одам барои бадкории онҳо пур аз ҷуръат мегардад» (Воиз 8: 11). Лекин вайронкунии шариати адолатпарвар ва пок ҳатман бояд ба бадбахтӣ ва харобӣ меовард. Гарчанде ки бадкориҳои одамон дарҳол ҷазо дода намешуданд, онҳо бешубҳа ба ҷониби марги ногузир қадам мезаданд. Дар давоми садсолаҳо муртадӣ ва ҷинояткорӣ косаи қасосро пур мекарданд, ва вақте ки он лабрез шуд, бадбинони Худо донистанд, ки чӣ гуна даҳшатовар аст лаҳзае ки сабру таҳаммули Худо ба охир мерасад. Қувваи ни- гохдорандаи Рӯҳи Худо дигар қудрати ҷинояткори шайтонро маҳдуд намекард, ва оне ки ҳамеша аз азобу машақкатҳои инсонӣ ҳаловат мебарад, озодии амалро ба даст овард. Ба онҳое ки роҳи нафрат ва қаҳру ғазабро интихоб карданд, имконият дода шуд, то меваҳои онро бичашанд, то замоне ки тамоми мамлакат аз ҷиноятҳое пур гашт, ки тасвир карданашон номумкин аст. Аз музофотҳои холишуда ва шаҳрҳои вайронгардида ба осмон доду фарёди даҳшатангез ва ғаму андӯҳи баённашаванда мерасиданд. Ба назар чунин менамуд, ки гӯё Франсия аз заминларзаи сахт ба харобазор табдил ёфта бошад. Дин, қонун, асосҳои ҷамъият, оила, давлат, Калисо, - ҳамаи ин бо дасти нопоке ки бар зидди Шариати Худо боло бардошта шуд. аз миён бурда шуд. Ҳақ гуфтааст хирадманд: «.. .шарир дар шарорати худ фурӯ меғалтад». «Агарчи хатокор сад бор бадӣ мекунад ва умри дароз мебинад, дар асл ман медонам, ки дар оқибат некӯӣ фақат барои тарсгорони Худо хоҳад буд, ки инҳо ба ростӣ аз Ӯ метарсанд; валекин барои шарир некӯӣ нахоҳад буд»(Масалҳо 11: 5; Воиз 8:12,13). «Азбаски онҳо ба дониш адоват доштанд ва худотарсиро интихоб накарданд»; «бинобар ин аз меваи рафтори худ хоҳанд хӯрд ва аз дасисаҳои худ сер хоҳанд шуд» (Масалҳо 1: 29, 31).MБУБ 298.3

    Шоҳидони содиқи Худо, ки аз ҷониби ҳокимияти куфронаи «аз варта баромада», маглуб шуда буданд, муддати дароз хомӯш намонданд. «Валекин баъди се ва ним рӯз рӯҳи ҳаёт аз ҷониби Худо андаруни онҳо дохил шуд, ва ҳар дуяшон ба по бархостанд; ва касонеро, ки ба онҳо назар мекарданд, тарси азиме фаро гирифт» (Ваҳй 11:11). Соли 1793 аз ҷониби маҷлиси миллии Франсия қарорҳое қабул гардиданд, ки дини масеҳӣ ва хондану нигоҳ доштани Китоби Муқаддасро манъ карданд. Лекин бо гузашти сею ним сол ҳамин маҷлис аз нав озодии хондани Каломи Худоро баргардонд. Тамоми дунё чӣ гуна даҳшатовар будани радшавиии Китоби Муқаддасро дид, ва одамон зарурияти имон ба Худо ва ба Каломи Ӯро чун асоси некӯкорӣ ва маънавиёт эътироф карданд. Худованд чунин мегӯяд: «Киро ту таҳқир намудаӣ ва дашном додай? Ва дар ҳаққи кӣ овоз баланд кардаӣ ва чашмони худро боло бардоштаӣ? Дар ҳаққи Исроили Муқаддас!» (Ишаъё 37: 23). «Бинобар ин, инак Ман ҳамин даъфа ба онҳо нишон хоҳам дод; дасти Худ ва иқтидори Худро ба онҳо нишон хоҳам дод, ва онҳо хоҳанд донист, ки исми Ман Худованд аст» (Ирмиё 16: 21).MБУБ 299.1

    Нисбати ду шоҳид пайғамбар чунин мегӯяд: «Ва онҳо овози баланде аз осмон шуниданд, ки ба онхо мегуфт: «Ба ин ҷо сууд кунед». Ва онҳо бар абр ба осмон сууд карданд; ва душманонашон ба онҳо назар мекарданд» (Ваҳй 11:12). Франсия ба муқобили ду шоҳиди Худованд ҷанг эълон кард, вале акнун онҳо аз пештара дида бештар муаззам гардонда шуданд. Соли 1804 ҷамъияти Британӣ ва хоричии Китоби Муқаддас ташкил карда шуд. Ин ба ҷамъиятҳои ба он монанд ва шӯъбаҳои сершумор дар тамоми Европа асос гузошт. Соли 1816 - рӯзи таъсисёбии ҷамъияти Америкоии Китоби Муқаддас аст. Вақте ки чамъияти Британӣ ташкил карда шуд, Китоби Муқаддас аллакай ба панҷох забон нашр ва пахн карда мешуд. Аз он замон он ба садҳо забон ва лаҳҷаҳои ҷахон тарҷума шудааст.MБУБ 300.1

    Дар давоми ним асри пеш аз соли 1792, ба ташкилкунии ҷамъиятҳои таблиғгаронаи хориҷӣ таваҷҷӯҳи кам дода мешуд. Ҳеҷ гуна ҷамъиятҳои нав ташкил карда нашуданд. ва танҳо якчанд калисо дар паҳн намудани масеҳият дар мамлакатҳои бутпараст ҷидцу ҷахд мекарданд. Лекин дар охири асри XVIII вазъият як бора дигар шуд. Расионализм дигар одамонро қаноъатманд намегардонд, ва онҳо талаботро ба Каломи Илоҳӣ ва дини амалию зинда эҳсос мекарданд. Аз ин давра огоз намуда фаъолияти ҷамъиятҳои таблигкунандаи хориҷӣ ба баландии мислаш вуҷуд надошта расид.MБУБ 300.2

    Тараққиёти кори нашр ба паҳншавии Китоби Муқадцас таъсири мусбат расонд. Беҳтаршавии воситаҳои алоқа, бартарафсозии хурофотҳои кӯҳна ва махсусиятҳои миллӣ; маҳрумшавии папаи Рум аз ҳокимияти дунявӣ - ҳамаи ин ба Каломи Худо роҳ кушод. Баъди якчанд сол Китоби Мукаддас аллакай дар кӯчаҳои Рум озодона фурӯхта мешуд ва ба гӯшаҳои дурдасти олам роҳ меёфт.MБУБ 300.3

    Волтери худобехабар боре мағрурона баён намуд: «Ман аз шунидани ибораи забонзадае ки дувоздаҳ нафар ба дини масеҳӣ асос гузоштаанд, хаста шудам. Ман исбот мекунам, ки як нафар басанда аст, то ки онро несту нобуд кунад». Баъди марги ӯ на як насл зиндагӣ кард... Миллионҳо одамон ба ҷанги зидди Китоби Мукаддас ҳамроҳ шуданд. Вале чӣ гуна дастнорас аст ин Китоб, чӣ гуна дур аст аз нестшавӣ!. Агар дар замони Волтер Китоби Муқаддас дар садҳо нусха вуҷуд дошт, пас имрӯз шумораи он ба садҳо ҳазор мерасад. Яке аз аввалин ислоҳотчиён чунин гуфгааст: «Китоби Муқаддас - ин сандонест, ки дар он на як болға шикастааст». Худованд чунин мегӯяд: «Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт; ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад, айбдор хоҳӣ кард» (Ишаъё 54:17).MБУБ 301.1

    «.. .Каломи Худои мо то абад қоим хоҳад монд». «.. .ҳамаи фармудаҳои Ӯ боэътимод аст: то абад матин аст; бар ростӣ ва росткорӣ асос ёфтааст» (Ишаъё 40: 8; Забур 110: 7,8). Ҳамаи он чизе ки дар эътибору нуфузи инсон асос ёфтааст, дер ё зуд нест мешавад, вале он чизе ки дар сахраи Каломи тағйирнопазири Худо бунёд меёбад, ҷовидона боқӣ мемонад.MБУБ 301.2