Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents

МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН

 - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 31. - ФАРИШТАГОНИ ХУДО ВА РӮҲҲОИ БАД

    Алоқаи ҷаҳони аён бо ноаён, хизматгузории фариштагони Худо ва фитнаҳои рӯҳҳои бад - дар хусуси ҳамаи ин зуҳуротҳо, ки аз таърихи инсоният ҷудонашавандаанд, дар Китоби Муқаддас ба таври равшан сухан гуфта мешавад. Одамони замони мо ба мавҷудияти рӯҳҳои бад ҳарчи камтар бовар мекунанд, фариштагони муқаддасро, ки барои нафароне хизмат мекунанд, ки «вориси наҷот хоҳанд шуд», (Ибриён 1:14), чун рӯҳи мурдагон қабул мекунанд. Вале Китоби Муқаддас на фақат аз мавҷудияти ҳам фариштагони нек ва ҳам бад шаҳодат медиҳад, балки ба таври баҳснопазир исбот менамояд, ки онҳо рӯҳҳои беҷисми одамони фавтида нестанд.MБУБ 542.1

    Фариштагон ҳанӯз то офариниши одам вуҷуд доштанд - вақте ки асоси замин гузошта мешуд, «дар сурате, ки еиторагони субҳ якҷоя тараннум мекарданд, ва ҳамаи фарзандони Худо нидоҳои шодӣ медоданд» (Айюб 38:7). Баъди гунаҳгоршавии одам фариштагонро барои ҳимоя намудани дарахти ҳаёт фиристоданд, гарчанде он замон ягон одам ҳанӯз намурда буд. Фариштагон аз рӯи табиати худ аз одамон пурқудраттаранд, зеро Довуд мегӯяд, ки одам аз фариштагон андак паст карда шуда буд (ниг. Забур 8:6).MБУБ 542.2

    Мо аз Китоби Муқадцас дар бораи шумора, кувва ва чалоли мавҷудотҳои осмонй, дар бораи он ки онҳо ба ҳукмронии Худованд ва ба кори фидиягузорй чӣ гуна муносибат доранд, маълумот пайдо мекунем. «Худованд ба осмон тахти Худро барқарор намудааст, ва малакути Ӯ бар ҳама ҳукмфармост» (Забур 102: 19). Ва пайғамбар мегӯяд: «Ман... овози Фариштагони бисёрро дар гирдогирди тахт шунидам» (Ваҳй 5:11). Онҳо дар қабулгоҳи Шоқи шоҳон мунтазиранд - «Фариштагони Ӯ, ки дар қувват паҳлавон ҳастед, каломи Ӯро ба ҷо меоваред, ба овози каломи Ӯ итоат мекунед... хизматгузорони Ӯ, ки иродаи Ӯро ба ҷо меоваред» (Забур 102:20, 21). Дониёл ҳазорон, даҳҳо ҳазор фиристодагони осмониро дид. Ҳавворӣ Павлус дар хусуси «беварҳои фариштагон», (ниг. Дониёл 7:10; Ибриён 12:22), сухан мегӯяд. Супоришҳои Худоро ба ҷо оварда, фариштагон ба мисли барқ парвоз мекунанд (ниг. Ҳизкиёл 1:14). Чӣ гуна боҳашаматанд онҳо, чӣ гуна босуръатанд ҳаракатҳои онҳо! Фариштаи дар назди қабри Наҷотдиҳанда пайдошуда «монанди барқ буд, ва либосаш чун барф сафед»; намуди вай посбононро ба даҳшат овард, ва онҳо «мисли мурда шуданд» (Матто 28: 3, 4). Вақте ки Санҳериб, ашшурии магрур, Исроилро бо марг тахдид намуда, Худоро масхара мекард ва куфр мегуфт, он гоҳ «дар он шаб чунин воқеъ шуд: Фариштаи Худованд берун омада, саду ҳаштоду панҷ ҳазор нафарро дар ӯрдугоҳи Ашшур зарба зад». «Вай ҳамаи мардони ҷангӣ ва раисон, ва сарваронро» аз лашкари Санҳериб нобуд кард. «Ва ӯ шарманда шуда, ба кишвари худ баргашт» (4 Подшоҳон 19:35; 2 Вақоеънома 32:21).MБУБ 542.3

    Фариштагон ба назди фарзандони Худо барои хизмати меҳрубонӣ фиристода мешаванд. Ҳамин тавр, онҳо ба Иброҳим пайгамбар ваъдаи баракатро хабар доданд; ба назди дарвозаҳои Садӯми ба марг маҳкумшуда бо мақсади устувори аз марги даҳшатангез наҷот додани Лути порсо омаданд; ба назди Илёс он замоне ҳозир шуданд, ки ӯ, марди азияткашида, дар биёбон аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасид; ба назди Элишоъ аробаҳои оташин ва савораҳо ба шаҳр фиристода шуданд, ки он ҷо ӯро душманон иҳота карда буданд; ба Дониёл кӯмак расонданд, вақте ки ӯ дар дарбори шоҳи бутпараст хиради Илоҳиро дархост намуд ва вақте ки ӯ ба назди шерҳо барои пора-пора шудан партофта шуда буд; фариштагон ба назди Петрус, ки дар зиндони Ҳиродус маргро интизор буд, ва ба назди Павлус ва Сило - дар Филиппӣ ҳозир шуданд; онҳо ба Павлус ва ҳамроҳони ӯ барои ҳангоми тӯфон зинда мондан ёрӣ расонданд, Петрусро бо муждаи наҷот ба назди бутпарастон фиристода, чашмони Корнилиюсро ба ҳақиқатҳои Инҷил кушоданд. Ба ҳамин тариқ, фариштагони муқаддас дар ҳама давру замонҳо ба қавми Худо хизмат мекарданд.MБУБ 543.1

    Ҳар як масеҳӣ фариштаи муҳофизро дорад. Ин муҳофизони осмонӣ шахси порсоро аз фитнаҳои шайтон ҳимоя мекунанд. Ва худи шайтон инро эътироф намуда, мегӯяд: «Оё Айюб бесабаб аз Худо метарсад? Оё Ту барои ӯ ва барои хонаи ӯ ва барои ҳар чизе ки ӯ дорад, гирдогирд ҳисор насохтаӣ?» (Айюб 1:9,10). Аз рӯи суханони Довуд, Худованд кавми Худро ба ин тариқ ҳимоя мекунад: «Фариштаи Худованд дар гирду пеши тарсгарони Ӯ ҳозир аст ва онҳоро халосӣ медиҳад» (Забур 33:8). Наҷотдиҳанда дар ҳаққи нафароне, ки ба Ӯ имон дорад, ғамхорӣ мекунад: «Зинҳор, ҳеҷ яке аз ин тифлонро хор нашуморед; зеро ба шумо мегӯям, ки Фариштагони онҳо дар осмон ҳамеша рӯи Падари Маро, ки дар осмон аст, мебинанд» (Матто 18:10). Фариштагоне ки барои хизмати фарзандони Худо таъйин гардидаанд, ҳамеша ҳуқуқ доранд озодона ба назди Падари Осмонӣ ворид шаванд.MБУБ 544.1

    Тамоми васвасаҳои маккорона ва фитнаҳои бешумори мири торикй, тамоми қувваи бадӣ бар сари қавми Худо фурӯ мерезанд, вале ҳимояи хастанашавандаи фариштагони осмонӣ ба вай таъмин гардидааст. Имондорон дар ҳақиқат ба ин эҳтиёҷ доранд. Худованд ба фарзандони Худ ваъдаи файз ва ҳимояро барои он медиҳад, ки ба Ӯ маълум аст, ки бо кадом қувваҳои тавоно - бо қувваҳои сершумори пур аз ҷасорат ва хастанашаванда; бо қувваҳое, ки хатарашонро ба эътибор нагирифтан мумкин нест, сарукор доштани онҳо лозим меояд.MБУБ 544.2

    Дар ибтидо рӯҳҳои бад бегуноҳ буданд ва аз рӯи табиат, қувва ва ҷалол ба мавҷудоти муқаддасе баробар буданд, ки акнун фиристодагони Худо мебошанд. Вале онҳо гуноҳ содир намуда муттаҳид гардиданд, то ки Худоро бадном карда инсонро нест кунанд. Шайтонро дар исёнаш дастгирӣ намуда, онҳо якҷоя бо ӯ аз осмон ронда шуданд ва баъд дар давоми тамоми асрҳо ба муқобили ҳокимияти Илоҳӣ мубориза бурданд. Китоби Муқаддас ба мо аз суиқасд ва ҳукмронии онҳо, инчунин аз қудрат, ҳилагарӣ ва маккории рӯҳҳои бади мартабаҳояшон гуногун хабар медиҳад, ки кӯшиш мекунанд одамонро аз осудагию хушбахтӣ маҳрум намоянд.MБУБ 544.3

    Дар Ахди Қадим фақат гоҳ-гоҳ дар хусуси мавҷудияти онҳо ёдрас карда мешавад, рӯҳҳои бад ба таври аз ҳама ошкортар қувва ва қудрати худро дар замони хизмати заминии Масеҳ нишон доданд. Масеҳ ба замин омад, то ки нақшаи пешбинишудаи фидиягузории инсонро ба ҷо биёрад ва шайтон қарор дод ҳуқуқҳои худро ба ин ҷаҳон ҳимоя намояд. Ба ӯ дар тамоми гӯшаҳои замин, ғайр аз Фаластин, коштани тухми бутпарастӣ муяссар гардид. Ва Масеҳ ба ин ҷо, ягона маконе, ки таъсири васвасакор ҳанӯз он қадар сахт набуд, омад, то ки ин қавмро бо нури осмонӣ мунаввар гардонад. Ва дар ин ҷо ду қувваи муқобилаткунанда бо ҳам вохӯрданд. Исои Масеҳ дастони Худро бо муҳаббат дароз намуда, ҳамаро даъват мекард, ки назди Ӯ омада, дар Ӯ омурзиш ва осоиш ба даст оваранд. Қувваҳои зулмот медиданд, ки ҳокимияти онҳо том нест, ва дар сурати муваффақият пайдо кардани вазифаи Масеҳ ҳукмронии онҳо зуд ба анҷом мерасад. Шайтон мисли шери занҷирбандшуда ба ғазаб меомад ва қудрати худро бар ҷисмҳо ва ҷонҳои одамон густохона нишон медод.MБУБ 545.1

    Аҳди Ҷадид равшан аз он сухан мегӯяд, ки одамони ҷинзада вуҷуд доштанд. Ва онҳо на фақат ҷисман азият мекашиданд. Масеҳ хуб дарк мекард, ки бо кӣ сарукор дорад. Ӯ ҳузури бевоситаи рӯҳҳои бадро медид ва аъмоли онҳоро медонист.MБУБ 545.2

    Мо дар Китоби Муқаддас намунаи равшани сершумори қувва ва маккории рӯҳҳои бад, инчунин қудрат ва меҳрубонии Масеҳро пайдо мекунем. Ин ҳодисаи шифоёбии шахсони ҷинзада дар кишвари Ҷарҷасиён буд. Ин шахсони ҷинзадаи бадбахт, ки ҳама гуна завлонаҳоро меканданд, доду фарёд мебардоштанд, худро маъюб кардаю ба ҳама нафароне, ки ба онҳо наздик мешуд хатар эҷод мекарданд, бо кафк дар даҳон ба хашм меомаданд. Ҷисмҳои хуншор ва азиятдида ва хиради тарагардидаи онҳо аз худ манзараеро мемонд, ки мири зулмотро шод мегардонд. Нафаре аз ҷинзадаҳо баён намуд: «Номи ман легион аст, чунки мо бисёрем» (Маркӯс 5:8). Дар лашкари румиён легион аз се ё панҷ ҳазор одам иборат буд. Лашкари шайтон низ ба гурӯҳҳо ҷудо карда шудааст, ва гурӯҳе, ки ин ҷинҳо ба он тааллуқ доштанд, на камтар аз як легионро дар бар мегирифт.MБУБ 545.3

    Ба амри Исои Масеҳ итоат намуда, рӯҳҳои бад қурбониҳои худро тарк карданд ва онҳо осудаву ором ва бо ақли солим, дар назди Наҷотдиҳанда хомӯш менишастанд. Вале ҷинҳое, ки ба рамаи хукҳо даромадани онҳо иҷозат дода шуд, ҳайвонҳоро ба қаъри баҳр андохтанд. Ин талафот барои сокинони кишвари Ҷарҷасиён ончунон бузург намуд, ки онҳо аз баракати Масеҳ даст кашиданд ва Шифодиҳандаи Илоҳӣ маҷбур шуд баромада равад. Шайтон маҳз ҳаминро комёб шудан мехост. Исои Масеҳро дар марги рама айбдор намуда, вай дар қалби одамон ҳисси тарси худпарастонаро бедор сохт, ва онҳо Устоди Илоҳиро шунидан нахостанд. Шайтон ҳамеша масеҳиёнро дар ҳамаи талафотҳо, бадбахтиҳо ва азобҳо айбдор мекунад, ба ҷои ин ки худ ва шарикони худро гунаҳкор кунад. Вай ҳамеша айбро аз шахси гунаҳкор ба бегуноҳ мегузаронад.MБУБ 546.1

    Вале нақшаҳои Масеҳ вайрон нашуданд. Ӯ ба рӯҳҳои бад иҷозат дод, то рамаи хукҳоро нест кунанд ва дар баробари он яҳудиёнеро, ки ин ҳайвонҳои нопокро барои манфиат нигоҳ медоигганд, сарзаниш намуд. Агар Масеҳ рӯҳҳои бадро бознамедошт, онҳо на фақат хукҳо, балки соҳибони онҳоро низ ба баҳр меандохтанд. Фақат ба шарофати марҳамат ва дилсӯзии Масеҳ ин одамон наҷот дода шуданд. Зиёда аз ин, ин воқеъа барои он роҳ дода шуд, то шогирдони Ӯ имконияти дар амал боварӣ ҳосил намуданро пайдо кунанд, ки шайтон аз болои одамон ва ҳайвонҳо чӣ гуна бераҳмона ҳукмронӣ мекунад. Наҷотдиҳанда мехост, то пайравони Ӯ душманеро беҳтар бидонанд, ки бо вай вохӯрдан лозим меояд, беҳтар бидонанд, то ки бо ҳилагарӣ ва маккории фиребхӯрда ва мағлубшуда набошанд. Масеҳ инчунин мехост, то сокинони он маҳал бинанд, ки Ӯ қудрати шикастани завлонаҳои шайтон ва озод кардани асиронро соҳиб аст. Ва гарчанде ки ба Масеҳ тарк кардани ин сарзаминҳо лозим омад, одамоне ки Ӯ онҳоро ба таври мӯъҷизаосо озод намуд, дар он ҷо монданд, то дар бораи Накӯкори худ шаҳодат диҳанд.MБУБ 546.2

    Дар Навиштаҷоти Муқаддас намунаҳои дигари ба ин монанд дида мешаванд. Исои Масеҳ рӯҳи нопокро аз духтари зани финиқӣ пеш кард (ниг. Маркӯс 7:26-30). «Шахсе гирифтори деви гунг ва кӯр буд» (ниг. Матто 12:22), ҷавоне гирифтори рӯҳи гунг буд, ки чандин марогиба «вайро дар оташ ва об афканд, то ки вайро ҳалок кунад» (ниг. Марқӯс 9:17-27); ҷинзадае, ки ӯро «рӯҳи нопок» азоб медоду ӯ ибодати рӯзи шанберо дар Кафарнаҳум вайрон кард (ниг. Луқо 4:33-36), - ҳамаи ин бадбахтҳоро Наҷотдиҳандаи мушфиқ шифо бахшида буд. Қариб дар ҳамаи ҳолатҳо Исои Масеҳ ба ҷинҳо чун ба мавҷудотҳои бохирад муроҷиат карда, ба онҳо тарк намудани курбонии худ ва дигар азоб надодани ӯро амр медод. Вақте ки дуогӯяндагон дар Кафарнаҳум кудрати Масеҳро диданд, онҳо ҳама ба ҳайрат омаданд ва нидо мекарданд: «Ин чӣ гапест, ки Ӯ бо кудрат ва кувват ба рӯҳҳои палид амр мефармояд, ва онҳо берун меоянд?» (Луқо 4:36).MБУБ 547.1

    Нафарони ҷинзада одатан азобҳои бузургтаринро аз cap мегузарониданд, вале аз ин қоида истисноҳо низ буданд. Барои ба қувваи фавқуттабиӣ соҳиб шудан баъзеҳо ихгиёран худро ба дасти шайтон месупориданд. Бешубҳа, чунин одамон бо ҷинҳо душманӣ намеварзиданд. Ба ин гурӯҳ ғайбгӯйҳо Шимъӯни ҷодугар ва Алимои ҷодугар ва канизак, ки дар Филиппӣ аз паси Павлус ва Сило роҳ мерафт, тааллуқ доштанд.MБУБ 547.2

    Таъсири рӯҳҳои нопок барои нафароне хатари азим дорад, ки ба шаҳодатҳои муайян ва мукаммали Китоби Муқадцас нигоҳ накарда, мавҷудияти шайтон ва фариштагони ӯро инкор мекунанд. To он даме ки мо оиди ҳилагарӣ ва маккории онҳо дар ғафлат мемонем, онҳо ба афзалияти бузург соҳибанд; бисёриҳо ба маслиҳатҳо ва пешниҳодҳои онҳо пайравӣ намуда, андеша мекунанд, ки аз рӯи ақли худ амал менамоянд. Ба андозаи он ки замони охир, вақте наздик мешавад, ки шайтон бо қувваи ғайриоддӣ амал мекунад, то ба васваса андозад ва ба ҳалокат расонад, вай дар ҳама ҷо нобовариро ба мавҷудияти худ паҳн месозад. Маккории шайтонӣ низ аз ҳамин иборат аст, то ки комилан ноаён ва пинҳонӣ амал кунад.MБУБ 547.3

    Фиребгари бузург аз ҳеҷ чиз ин қадар наметарсад, чун аз ошкоршавии ҳилаву найрангҳои худ. Барои беҳтар ниқобпӯш намудани хислати аслӣ ва мақсадҳои худ вай кӯшиш мекунад худро дар чунин намуде нишон диҳад, ки дар одамон фақат масхарабозии таҳқиромезонаро ба миён биёрад. Вақте ки ӯро баднамо, хандаовар ва мавҷудоти нафратовар - нимҳайвон, нимодам тасвир мекунанд, ин ӯро пурра қонеъ мегардонад. Ба ӯ писанд меояд, вақте ки одамони соҳибмаълумот дар бораи вай бо оҳанги шӯхиомезу масхараомез сухан мегӯяд.MБУБ 548.1

    Ва маҳз аз барои он ки ба вай бо чунин маҳорати беназир пинҳон намудани моҳияти аслии худ муяесар гардидааст, дар ҳама ҷо як савол садо медиҳад: «Оё ӯ дар ҳақиқат вучуд дорад?». Олами дин таълимотҳоеро қабул намуд, ки бо шаҳодатҳои равшани Навиштаҷоти Муқаддас мухолифати сахт доранд - ин низ аз муваффақияти кори ӯ гувоҳӣ медиҳад. Ва маҳз аз барои он ки шайтон бо чунин осонӣ одамонеро мутеъ месозад, ки аз таъсири ӯ гумонбар намешаванд, дар Каломи Худо намунаҳои сершумори фаъолияти мудҳиши ӯ оварда мешаванд, ки пеши назари мо қувваҳои махфии ӯро ошкор месозанд ва моро водор мекунанд, ки ҳамеша ба зада гардондани ҳамлаҳои ӯ омода бошем.MБУБ 548.2

    Агар мо дар қувваи тавонои Фидиягузори худ паноҳгоҳи боэътимодро намедоштем, қувва ва ғазаби шайтон ва лашкари ӯ метавонистанд дар мо ҳисси бархақи ташвишу изтиробро ба вуҷуд оваранд. Мо хонаҳои худро бодиққатона бо ғалақаҳо ва қуфл маҳкам мекунем, то ки молу мулк ва ҳаётамонро аз одамони бадкирдор ҳифз намоем, аммо дар бораи рӯҳҳои бад, ки доимо ҷониби қалбҳои мо роҳ мечӯянд ва мо қобилияти бо қувваи худ аз онҳо ҳимоя намудани хешро надорем, чӣ қадар кам андеша мекунем. Агар ба онҳо фақат иҷозат дода мешуд, онҳо ақли моро тира ва ҷисми моро пора-пора менамуданд, молу мулк ва ҳаёти моро нест мекарданд. Азобҳо ва вайронй ба онҳо шодии ҳақиқӣ меоранд. Чӣ гуна даҳшатовар аст вазъияти нафароне, ки то замоне ба фароизҳои Илоҳӣ муқобилат мекунанд ва ба васвасаҳои шайтон гузашт менамоянд, ки Худованд онҳоро ба ихтиёри рӯҳҳои нопок гузошта, аз онҳо даст мекашад. Вале онҳое ки ба Масеҳ пайравӣ мекунанд, ҳамеша дар зери ҳимояи Ӯ қарор доранд. Барои ҳимояи онҳо фариштагони пурқудрати осмонӣ фиристода шудаанд, ки аз ҷиҳати қувва бартарӣ доранд. Ва барои гузаштан аз миёни посбононе, ки Худо қавми Худро бо онҳо иҳота менамояд, шайтон нотавон мемонад.MБУБ 548.3

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents