Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents

МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН

 - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 20. - МАЪРИФАТНОКШАВИИ ГЛОБАЛИИ ДИНӢ

    Маърифатнокшавии бузурги диние ки сабаби он мавъиза дар бораи Дуюмбора омадани Масеҳ аст, дар боби 14-уми Китоби Ваҳйи Юҳаннои Илоҳиётшинос, дар пешгӯии пайғамбарона дар бораи муждаи фариштаи якум пешгӯӣ шудааст. Мо дар бораи фариштае мехонем, «ки дар миёни осмон паровоз мекунад ва Инҷили абадӣ дорад, то ки ба сокинони замин ва ба ҳар қабила ва сибт, ва забон ва қавм башорат диҳад». Ва ӯ «бо овози баланд» хабар медиҳадо «Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст; ва ба Офаридагори осмон ва замин, ва баҳр ва чашмаҳои об сачда кунед» (Ваҳй 14:6,7).MБУБ 374.1

    Муҳим будани ин огохӣ бо он қайд карда мешавад, ки онро фаришта хабар медихад. Хости Хиради Илоҳӣ буд, то ки хислати олӣ ва бузурги кореро, ки ин мужда бояд иҷро намояд ва инчунин қувва ва ҷалоли онро хамроҳикунандаро бо покӣ, ҷалол ва қувваи косиди осмонӣ тасвир кунад. Парвози фаришта «дар миёни осмон», «овози баланд»-и огохии он, ки ба ҳамаи «сокинони замин ва ба ҳар як қабила ва сибт. ва забон ва кавм» равона шуда буд, - ҳамаи ин аз зуд ва дар ҳама ҷо паҳншавии ин мужда огоҳӣ медиҳад.MБУБ 374.2

    Худи мужда ба он вақте равшанӣ меандозад, ки бояд ин ҳаракат оғоз ёбад. Он як қисми «Инҷили абадӣ»-ро ташкил медиҳад ва аз фарорасии доварӣ огоҳ месозад. Муждаи наҷот дар ҳамаи асрҳо мавъиза мешуд, аммо ин мужда як қисми Инҷил аст, ки метавонад фақат дар замони охир мавъиза карда шавад, зеро соати доварӣ танҳо он фақт фаро мерасад. Дар пешгӯиҳои пайғамбарона дар бораи ҳодисахое сухан меравад, ки пеш аз оғози доварӣ ба вукӯъ мепайванданд. Ин махсусан ба Китоби пайғамбар Дониёл дахл дорад. Вале ба Дониёл амр шуда буд, ки пешгӯии пайғамбаронаеро, ки ба рӯзҳои охир дахл дорад, «то охири замон» пинҳон кунад ва мӯҳр занад. Мужда дар бораи довари, ки дар ин пешгуиҳои пайғамбарона асос ёфтааст, наметавонад пеш аз фарорасии ин замон мавъиза карда шавад. Вале чӣ тавре ки пайғамбар мегӯяд, дар охири замон «бисёриҳо онро мехонанд, ва дониш афзоиш хоҳад ёфт» (Дониёл 12:4).MБУБ 374.3

    Ҳавворӣ Павлус Калисоро огоҳ карда буд, ки омадани Масеҳро дар рӯзҳои ӯ интизор нашаванд. «... зеро бояд аввал исён ба вуқӯъ биёяд ва шахси пур аз гуноҳ, зоҳир шавад» (2Таслӯникиён 2:3). Мо наметавонем омадани Масеҳро пеш аз рӯзи бузурги муртадӣ ва ҳукмронии дуру дарози «шахси пур аз гуноҳ», интизор шавем. «Шахси пур аз гуноҳ», ки «сирри гуноҳ», «писари ҳалокат» ва «шарир» низ номида шудааст, - ҳокимияти папа аст, ки чӣ тавре пешгӯии пайғамбарона мегӯяд, бояд дар давоми 1260 сол дар ҷаҳон ҳукмронӣ мекард. Ин давра соли 1798 ба охир расид. Омадани Масеҳ набояд то он замон ба амал меомад.MБУБ 375.1

    Огоҳсозии Павлус ба тамоми давраи масеҳият то худи соли 1798 дахл дорад. Танҳо баъди ин бояд мавъиза дар бораи Дуюмбора омадани Масеҳ огоз мешуд.MБУБ 375.2

    Муждаи ба ин монандро ҷаҳон дар асрҳои пеш нашунида буд. Чӣ тавре ки мо мебинем, Павлус дар ин бора башорат намедод; ӯ таваҷчӯҳи бародарони худро ба ояндаи дур, ба вақти омадани Масеҳ равона мекард. Ин муждаро ислоҳотчиён низ мавъиза накардаанд. Мартин Лютер чунин мешуморид, ки доварӣ баъд аз 300 сол ба амал меояд. Вале баъди соли 1798 мӯхр аз Китоби Дониёл бардошта шуд, донишҳо афзоиш ёфтанд, ва бисёриҳо ба мавъиза намудани муждаи пуртантана дар бораи доварии наздикшаванда оғоз намуданд.MБУБ 375.3

    Ба монанди Ислоҳоти асри XVI ҳаракати адвентистӣ якбора дар мамлакатҳои гуногуни масеҳии ҷаҳон ба миён омад. Ҳам дар Европа ва ҳам дар Америка одамони боимону аз сидқи дил дуогӯйянда, ки ба омӯзиши пешгӯиҳои пайғамбарона водор шуда буданд, суханони илҳомбахшро гаштаю баргашта мехонданд ва далелҳои боварибахшро оиди он ки охири ҷаҳон наздик мешавад, пайдо мекарданд. Дар мамлакатҳои гуногун гурӯҳҳои ҷудогонаи масеҳиёне пайдо шудаанд, ки дар натиҷаи омӯзиши ҷиддии Китоби Муқаддас оиди наздик будани омадани Наҷотдиҳанда хулоса мебароварданд.MБУБ 375.4

    Соли 1821, бо гузашхи се сол баъд аз он ки Миллер пешгӯиҳои пайғамбаронаеро тафсир намуд, ки ба вақти доварӣ ишора мекарданд, Иосиф Волф, «мавъизачии умумиҷаҳонӣ» ба мавъиза намудани мужда оиди ба зудӣ омадани Масеҳ шурӯъ намуд. Волф дар Германия дар оилаи яҳудӣ ба дунё омад. Падари ӯ муаллими дин буд. Ҳанӯз дар айёми кӯдакӣ ӯ ба ҳакконӣ будани дини масеҳӣ боварӣ ҳосил кард. Ӯ соҳиби ақли зиндаю ҷӯянда буда, ба сӯҳбатҳое ки дар хонаи падари ӯ мегузаштанду дар он ҷо ҳамарӯза яҳудиёни худоҷӯй ҷамъ омада дар бораи умеду орзуи қавми худ, дар бораи Масеҳи зухуркунанда ва барқароршавии Исроил андеша меронданд, гӯш медод. Боре дар бораи Исои Ҷалилӣ сухан шунида, писарбача дар бораи Ӯ лурсупос мекард. «Ӯ яҳудии хеле бохирад буд, - ҷавоб доданд ба ӯ, - вале Ӯ Худро Масеҳ эълон намуд, ва шӯрои доварони яҳудӣ Ӯро ба марг маҳкум кард». «Барои чӣ, - пурсупосро давом медод писарбача, - Ерусалим вайрон шудааст, барои чӣ мо дар ғуломӣ қарор дорем?» «Афсӯс, - ҷавоб дод падар, - барои он чунин рӯй дод, ки мо яхудиён пайғамбаронро мекуштем»». Волф тахминеро дар бораи он баён кард, ки «мумкин Исо низ пайғамбаре буд, ва яҳудиён Ӯро, ки ҳеҷ гуноҳе надошт, ба қатл расонданд»301«Сафарҳо ва саргузаштҳои мӯҳтарам Иосиф Волф», ҷилди 1, саҳ. 6.. Ин фикр ӯро ончунон ба худ ҷалб кард, ки сарфи назар аз ҳамаи манъкуниҳо оиди ба калисои масеҳиён нарафтан ӯ аксар вақт дар даромадгоҳи калисо истода, мавъизаро гӯш мекард.MБУБ 376.1

    Ӯ ҳамагӣ ҳафт сол дошт, вақте ки боре дар назди ҳамсояи солхӯрдаи масеҳии худ ояндаи дурахшонеро, ки Исроилро бо омадани Масеҳ интизор аст, таъриф кард, ва ин пирамард бо меҳрубонӣ ба ӯ чунин гуфт: «Писараки азиз, ман ба ту мегӯям, ки Масеҳи ҳақикӣ кист: ин Исои Ҷалилӣ аст, ки Ӯро гузаштагони ту, ба монанди пайғамбарони қадима ба қатл расонданд. Ба хона бирав ва боби 53-юми китоби Ишаъёро бихон, ва ту худ ба он боварӣ ҳосил мекунӣ, ки Исои Масеҳ Худованд аст»302Ҳамон ҷо, саҳ. 7.. Ӯ ба хона омад ва боби нишондодашударо хонда ба ҳайрат омад, ки чӣ гуна пешгӯии пайғамбарона дар бораи Масеҳ дар зиндагии Исои Ҷалилӣ аниқ ичро шудааст. Шояд ҳамсояи масеҳии ӯ дар ҳақиқат ҳак бошад? Писарбача ба падари худ барои фаҳмондани ин пешгӯии пайғамбарона муроҷиат кард, вале ба хомӯшии вазнину боисрор рӯ ба рӯ шуд, ки дигар ҳеҷ гох чуръати ба ин мавзӯъ дахл намуданро накард. Лекин ин амал дар қалби ӯ хоҳиши дар бораи масеҳиён бисёр донистанро, танҳо қувват бахшид.MБУБ 376.2

    Падару модари гшсарбача бо ҷидду ҷахди зиёд ҳақиқатеро аз ӯ пинҳон менамуданд, ки ӯ сӯи он кӯшиш мекард, вале вақте ки ӯ ҳамаги 11 сол дошт, хонаи падарро тарк намуда, ба сафари ҷаҳон баромад, то ки маълумот бигирад, дин ва касби худро интихоб кунад. Ӯ як мудцат дар хонаи хешовандонаш зиндагӣ кард, вале ӯро аз он ҷо чун муртад пеш карданд, ва бе сарпаноҳу бе пул монда, ӯ худ дар ғарибӣ барои кушодани роҳи зиндагии хеш пардохт. Аз як макон ба макони дигар овора гардида, ӯ кӯшиш мекард дониш биомӯзад ва барои рӯзгузаронии худ бо дарс додани забони яхудӣ маблағ ба даст меовард. Ба шарофати таъсири муаллими католики худ ӯ мазхаби румӣ-католикиро қабул кард ва қарор дод, ки дар миёни халқи худ мавъизачӣ шавад. Бо ин мақсад ӯ баьди якчанд сол дар Рум ба коллеҷи мавъизачиёни католик дохил шуд. Вале дере нагузашта андешарониҳои мустақилона ва мулоҳизаҳои ошкорои ӯ бар сараш айбдоркуниҳоро дар бидъат оварданд. Ӯ ба муқобили суиистифодаҳои аҳли дин ошкоро мубориза мебурд ва зарурати ислоҳотро талаб мекард. Дар аввал ӯ соҳиби хайрхоҳии махсуси намояндагони папа буд, вале дар охир ӯро аз Рум пеш карданд. Дар зери назорати доимӣ ва бодиққатонаи Калисо ӯ аз як макон ба макони дигар мерафт, то замоне ки дар охир ошкор шуд, ки ӯ ҳеч гоҳ ба зулми Рум итоат намекунад. Ниҳоят ӯро ислоҳнашаванда шуморида ба ӯ имконияти озодона фаъолият карданро доданд. Он гоҳ ӯ карор дод, ки ба Англия сафар кунад ва ақидаҳои протесгантиро қабул намуда, аъзои Калисои англиканӣ шуд. Баъди таҳсили дусола ӯ соли 1821 фаъолияти таблиғоттарии худро оғоз кард.MБУБ 377.1

    Ҳақиқати бузургро оиди маротибаи якум чун «Марди дардманд ва ранҷур» омадани Масеҳ қабул намуда, Волф инчунин он чизеро низ ошкор намуд, ки пешгӯии пайгамбарона бо чунин равшанӣ ба Дуюмбора омадани Ӯ бо қувва ва ҷалол нишон медиҳад. Ва ба халқи худ дар бораи Исои Ҷалилӣ чун Масеҳи ваъдашуда ва дар бораи маротибаи якум дар хорию залилй чун ба қурбонӣ барои гуноҳҳои одамон омадани Ӯ мавъиза карда, Волф инчунин ба онхо таълим медод, ки Масеҳ маротибаи дуюм чун Шоҳ ва Озодкунанда бармегардад.MБУБ 378.1

    «Исои Ҷалилӣ - Масеҳи ҳақиқӣ аст, - мегуфт ӯ, - ки дастону пойҳои Ӯро сӯрох карданд; Ӯро ба монанди барра ба қурбонй бурданд; Ӯ Марди дардманд ва ранчур буд; Ӯ баъди он ки чӯбдасти салтанат аз Яҳудо ва қонунгузор аз камараш дур шуд, маротибаи аввал омад; лекин Ӯ маротибаи дуюм бар абрҳои осмонӣ ва бо карнайи фариштаи муқарраб303Иосиф Волф, «Тадқиқотҳо ва заҳматҳои миссионерӣ», саҳ.62. меояд ва бар кӯҳи Зайтун қарор мегирад, ва ҳукмроние ки як замон ба Одам бар ҳамаи офаридаҳо дода шуда буду ӯ онро аз даст дод (Ҳастӣ 1:26; 3:17), ба Исо дода мешавад. Ӯ Подшоҳи тамоми замин мешавад. Нолаю гиря қатъ мегарданд ва дар ҳама ҷо сурудҳои мадҳу ситоиш ва сипосгузорӣ садо медиҳанд... ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаанд, аввал эҳё хоҳанд шуд (1Таслӯникиён 4:16; 2 Қӯринтиён 15:52). Ва ин он чизе аст ки мо имондорон онро эҳёи якум меномем. Он гоҳ дар миёни хайвонот низ тағйиротҳо ба амал меоянд (Ишъаё 11:6,9), ва онҳо ба Масеҳ итоат мекунанд (Забур 8). Сулҳу оромии умуми ҳукмрон мешавад304«Маҷаллаи Иосиф Волфи мӯътабар», саҳ. 378, 379.. Ва Худованд аз нав ба замин нигоҳ мекунаду, мегӯяд: « Инак, хеле хуб!»» 305Ҳамон ҷо, саҳ. 294..MБУБ 378.2

    Волф боварӣ дошт, ки омадани Масеҳ наздик аст; тафсирҳои давраҳои пешгӯиҳои пайғамбарона ва муайян намудани вақти анҷоми бузург, ки ӯ амалӣ карда буд аз вақти нишондодаи Миллер начандон фарқ мекарданд. Ба онҳое ки ба суханони зерини Навиштаҳо: «он рӯз ва соатро ҳеҷ кас намедонад», нишон дода, чунин мешумориданд, ки одамон бояд дар бораи наздикии омадани Масеҳ умуман ҳеҷ чизро надонанд, Волф чунин ҷавоб медод: «Магар Худованди мо гуфтааст, ки рӯз ва со- ат ҳеҷ гоҳ маълум намешаванд? Магар У ба мо аломатҳои замонро надодааст, то ки ақаллан дар бораи наздикшавии омадани Ӯ, ба монанди он ки наздикшавии тобистонро аз барг кардани дарахти анчир донистан мумкин аст, бидонем (Матто 24:32). Магар мо бояд дар чунин ғафлат бимонем, дар сурате ки Худи Ӯ ба мо таълим додааст, ки Китоби пайгамбар Дониёлро на танҳо бихонем. балки онро бифаҳмем? Ва дар худи ҳамон Китоби Дониёл, ки гуфта шудааст, ки суханон то охири замон (яъне замони пайгамбар), мӯҳр зада мешаванд, инчунин гуфта шудааст, ки «бисёриҳо онро мехонанд (ибораи яҳудии «андеша ва назорат кардани вақт») ва (нисбати ин вақт) дониш афзоиш хоҳад ёфт» (Дониёл 12:4). Чӣ тавре ки маълум аст, Худо моро на аз он огоҳ кард, ки мо наздикшавии ин вақтро намебинем, балки аз он огоҳ намуд, ки аниқ «дар бораи рӯз ва соат ҳеҷ кас нахоҳад донист». Баръакс, Ӯ ошкоро мегӯяд, ки ба воситаи аломатҳои замон ба мо бисёр чизҳо ошкор мешаванд, то ки мо ба монанди он ки як замон пайғамбар Нӯҳ киштиро тайёр карда буд, ба омадани Ӯ омода шавем»306Иосиф Волф, «Тадқиқотҳо ва заҳматҳои миссионерӣ», саҳ. 404, 405..MБУБ 378.3

    Дар хусуси системаи аз ҷониби ҳама кабул гаштаи тафсирҳо ё нодуруст маънидодкуниҳои Китоби Муқаддас, Волф чунин навишта буд: «Қисми зиёди Калисои масехӣ аз дуруст фаҳмидани Навиштаҳо дур шудаанд ва ба системаи хаёлии будцоиҳо рӯ оварданд, ки боварӣ доранд, ки ояндаи неки инсоният аз он иборат аст, ки одамон бе мамоният дар фазо ҷой иваз мекунанд», ва ин масеҳиён фикр мекунанд, ки дар ҷое ки «яҳудӣ» навишта шудааст, онҳо бояд «бутпараст» бихонанд, дар зери ибораи «Ерусалим» «калисо», ва дар зери ибораи «замин» - «осмон»-ро бифаҳманд; дар зери ибораи «омадани Масеҳ», «пешравии ҷамъиятҳои таблиғотгар»-ро бифахманд, ва «болобароиро ба кӯҳи хонаи Худо» онҳо чун «чамъомади аҷоибу калоыи методистҳо» тафсир мекунанд»307«Маҷаллаи Иосиф Волфи мӯътабар», саҳ, 96..MБУБ 379.1

    Дар давоми 24 сол, аз соли 1821 то 1845, Волф ба Африка, аз он ҷумла Миср ва Абиссония, дар Осиё, ба Фаластин, Сурия, Форс, Бухоро ва Ҳиндустон сафар кард. Ӯ ба Иёлоти Мутаҳида низ сафар намуда, дар сари роҳ дар ҷазираи Елена мавъиза кард. Соли 1837 ба Ню-Йорк омада дар ин шаҳр мавъиза кард. баъд ба Филаделфия, Балтимор ва дар охир ба Вашингтон расид. Дар ин чо, чӣ тавре ки ӯ навишта буд: «бо пешниҳоди ноиби президент Ҷон Куинс Адамс дар яке аз палатаҳои Конгресс ба ман имконият доданд, ки дар толори Конгресс баромад кунам, ва ман дар рӯзи шанбе баромад намудам. Ин мавъизаро бо ҳузури худ ҳамаи аъзоёни Конгресс, инчунин усқуфи Виргиния, аҳли дин ва шаҳрвандони Вашингтон эҳтиром карданд. Маро дар иёлотҳои Ню-Ҷерсӣ ва Пенсилвания, ки дар он ҷо аз тадқиқотҳои худ дар Осиё хабар додам ва инчунин мавъизаро дар бораи хукмронии шахсии Масеҳ хондам, бо чунин эҳтиром сазовор донистанд»308Ҳамон ҷо, саҳ, 398, 399..MБУБ 379.2

    Доктор Волф ба сарзаминхои дурдаст бе ҳимояи ягон мамлакати европоӣ сафар намуда ва мушкилиҳои зиёд ва маҳрумиятҳоро аз cap гузаронда, бо хатарҳои гуногун дучор мешуд. Ӯро калтаккӯбӣ карданд, гурусна мононда азоб доданд, як маротиба чун гулом фурӯхтанд ва се маротиба ба хукми қатл маҳкум карданд. На як маротиба ба дасти роҳзанон афтод ва боре қариб аз ташнагӣ мурда буд. Боре ҳамаи дороияшро аз ӯ кашида гирифтанд, ва ӯ маҷбур шуд садҳо милро аз болои кӯҳҳо пиёда тай кунад: ба чеҳрааш барфи тар мезад, пойҳои лучи ӯ аз сардӣ карахт шуданд, зеро ки ӯ дар болои замини яхбаста роҳ мерафт.MБУБ 380.1

    Вақте ба ӯ маслиҳат медоданд, ки бе силоҳ ба назди қабилаҳои хунхор ва мақсадҳои душманона дошта сафар накунад, ӯ одатан ҷавоб медод, ки ман аслиҳаи «дуо, хоҳиши ба Масеҳ хизмат кардан ва бовариро ба ёрии Ӯ ва инчунин муҳаббати зиёд ба Худованд ва ба наздикон худ ва Китоби Муқаддасро соҳибам»309Адамс, «Мунтазам дар хатарҳо», саҳ. 192.. Ӯ ҳамеша ва ба хама ҷо Китоби Муқаддасро бо забонҳои англисӣ ва яҳудй бо худ мегирифт. Дар бораи сафари охирини худ ӯ чунин навишта буд: «Ман... ҳамеша дар рӯи дастони худ Китоби Муқаддаси кушодаро медоштам. Ман ҳис мекардам, ки қувваи ман - дар ин Китоб аст ва қудрати он маро дастгирӣ мекунад»310Ҳамон ҷо, саҳ. 201..MБУБ 380.2

    Ӯ хаста нашуда захмат мекашид, то замоне ки муждаи фарорасии соати доварӣ, ниҳоят дар кисми зиёди кураи замин садо дод. Ӯ дар миёни яҳудиён, туркҳо, форсҳо, ҳиндуён ва халқиятҳо ва нажодҳои дигар Каломи Худоро ба забонҳои гуногун паҳн намуда, дар ҳама ҷо аз фарорасии Подшоҳии Масеҳ мавъиза мекард.MБУБ 380.3

    Ба Бухоро сафар намуда, ӯ дарёфт, ки таълимот дар бораи ба наздикӣ омадани Масеҳ ба одамоне ки аз ҷаҳони тараққиёфта дур зиндагӣ мекунанд, ошно аст. «Арабҳои Яман, - навишта буд ӯ, - китобе доранд, ки «Сеера» ном дорад_ва дар он дар 60pan Дуюмбора омадани Масеҳ ва ҳукмронии У дар ҷалол сухан меравад; онҳо ҳодисаҳои бузургеро интизоранд, ки бояд соли 1840 ба амал биоянд...» 311«Маҷаллаи Иосиф Волфи мӯътабар», саҳ. 377.. «Дар Яман ман шаш рӯзро бо фарзандони Рекоб гузарондам. Онҳо шароб наменӯшанд, ангур намешинонанд, намекоранд, дар хаймаҳо зиндагӣ карда, писари Рекоб, Йӯнодоби солхӯрдаю некро ба хотир меоранд; ман дар миёни онҳо писарони Исроилро аз қабилаи Дон, ки бо ҳамроҳии фарзандони Рекоб ба наздикй омадани Масеҳро дар абрҳои осмонй интизоранд, пайдо намудам»312Ҳамонҷо, саҳ. 389..MБУБ 381.1

    Таълимоти ба ин монанд, чй тавре ки мавъизачии дигар ошкор намуд, дар Тотористон низ вуҷуд дошт. Муллои тотор аз мавъизачӣ пурсид, ки Исои Масеҳ маротибаи дуюм кай меояд ва вақте мавъизачй ҷавоб дод, ки ӯ дар ин хусус чизе намедонад, мулло аз ҷоҳилии мавъизачии Китоби Муқаддас сахт дар ҳайрат монд. Мулло боварии қатъй дошт, ки Исои Масеҳ тахминан соли 1844 меояд.MБУБ 381.2

    Дар Англия муждаи омадани Масеҳ шурӯъ аз соли 1826 садо медод. Дар ин ҷо ин харакат он шакли муайянеро, ки дар Америка гирифта буд, надошт; дар бораи вақти аниқ дар ҳама ҷо мавъиза карда намешуд, вале хақиқати бузург дар бораи ба наздикй омадани Масеҳ бо қудрат ва ҷалол ба таври васеъ мавъиза карда мешуд. Ин мужда на танҳо дар миёни аҳли мазҳаб ва аҳли бидъат мавъиза мешуд. Нависандаи англис Мюран Брок мегӯяд, ки қариб 700 хизматгузорони Калисои Англиканӣ «Инҷили Малакут»-ро мавъиза мекарданд. Вале дар Британияи Кабир низ муждаи он ки Исои Масеҳ соли 1844 меояд, садо дод. Дар ин ҷо рисолаҳои адвентистӣ, ки аз Иёлоти Мутаҳида оварда мешуданд ба таври васеъ паҳн ва китобу маҷаллаҳо такроран нашр мешуданд. Соли 1842 Роберт Уинтер, ки худ англис буду имони адвентистиро дар Америка қабул карда буд, ба ватанаш баргашт. то ки дар бораи омадани Масеҳ мавъиза кунад. Бисёриҳо дар ин кор ба ӯ ҳамроҳ шуданд ва муждаи доварӣ дере нагузашта дар қисмҳои гуногуни Англия мавъиза карда мешуд.MБУБ 381.3

    Дар Америкаи Ҷанубӣ, ки дар ҷоҳилӣ ва найрангбозиҳои калисо ғарқ шуда буд, шахсе бо номи Лакунза, ки иезуит ва миллаташ испанӣ буд ба Каломи Муқадцас рӯ оварда, ҳақиқатро дар бораи ба наздикӣ омадани Исои Масеҳ қабул кард. Майлу хоҳиши огоҳсозии халқро эҳсос ва дар баробари ин хоҳиши аз сарзанишҳои Рум дурӣ ҷустанро намуда, ӯ фикрҳои худро дар асаре бо номи бофтаи «Равви-бен-Эзро», баён намуда, худро чун яҳудии имон оварда муаррифӣ кард. Лакунза дар асри XVIII зиндагӣ карда буд, лекин китоби ӯ танҳо соли 1825 дар Лондон пайдо ва ба забони англисӣ тарчума шуд. Ин китоб майлу хоҳишро ба масъалаи Дуюмбора омадани Масеҳ, ки аллакай дар Англия бедор шуда буд, кувват бахшид.MБУБ 382.1

    Дар Германия ин муждаро ба одамон Бенгел, рӯҳонии Калисои лютеранӣ, илоҳиётшинос ва мунаққиди машҳури асри XVIII , мавъиза мекард. Бенгел худро ба илми илоҳиётшиносӣ бахшид, ки ба он тарзи тафаккури ҷидцӣ ва маънавие мусоидат карданд, ки дар айёми ҷавонӣ ба шарофати машғулиятҳои собитқадамона ва худинтизом инкишоф ёфта буданд. Ба монанди дигар ҷавонони боандеша, ӯ аз муборизаҳои вазнин бо шубҳаю мушкилиҳо дар ҳаёти маънавӣ раҳо наёфт, ва баъд бо чӣ гуна ҳиссиёти баланд дар бораи «тирҳои бешуморе ки қалби ӯро сӯрох карда ва ҷавонии ӯро ба бори вазнин табдил дода буданд», ба хотир меовард. Аъзои суди калисои Вюртенберг таъйин гардида, ба химояи озодии дин бархост. «Ҳуқуқҳо ва имтиёзҳои Калисоро ҳимоя намуда, дар баробари ин принсипи озодии боақлонаи онҳоеро, ки аз рӯи фаҳмиши вичдон наметавонистанд дар иттиҳод бимонанд, ҳимоя мекард»313«Энсиклопедия Британика» нашри 9-ум, мақолаи «Бенгел».. Таъсири файзбахши фаъолияти ӯ то кунун дар ватанаш эҳсос мешавад.MБУБ 382.2

    Боре ба мавъиза тайёрӣ дида истода ва дар боби 21-уми китоби Ваҳй ба фикр фурӯ рафта, Бенгел аз шаҳодатҳо дар бораи Дуюмбора омадани Масеҳ, ки дар ин боб ҷой доштанд, дар ҳайрат монд. Пешгӯиҳои пайғамбаронаи Китоби Ваҳй дар пеши ӯ бо равшании ғайриоддӣ ошкор шуданд. Аз саҳнаҳои пурмаъно ва боҳашамати аз ҷониби пайгамбар тасвирёфта ба ҳаяҷон омада, ӯ қудрати дар бораи ҳеҷ чизи дигар андеша карданро надошт. Рӯзи дигар ин ҳақиқат бо ҳама равшанӣ ва қувваи худ ба ӯ ошкор шуд. Ва аз он замон оғоз намуда, ӯ худро пурра ба омӯзиши пешгӯиҳои пайғамбарона, махсусан Китоби Ваҳй бахшид, ва дере нагузашта ба ақидае омад, ки онҳо ба наздик будани бозгашти Масеҳ нишон медиҳанд. Санаи ҳисобнамудаи ӯ оиди бозгашти Масеҳ танҳо якчанд сол аз он тахминҳое ки баъдтар Миллер пешниҳод карда буд, фарқ мекард.MБУБ 383.1

    Асарҳои Бенгел дар тамоми ҷаҳони масеҳӣ паҳн мешуданд. Андешаҳои ӯ дар бораи пешгӯиҳои пайғамбарона дар сарзамини Вюртенберг якдилона ва дар дигар қисмҳои Германия то андозаи муайян қабул шуда буданд. Ин ҳаракат баъди марги ӯ низ вусъат меёфт, ва муждаи Дуюмбора омадани Масеҳ дар Германия ҳам, чун дар мамлакатҳои дигар дар як вақт шунида шуд. Баъзе имондорон ба Руссия муҳоҷират намуда, дар он ҷо ҷамоаҳои калонро таъсис доданд, ва то ба имрӯз дар ин мамлакат муждаи Дуюмбора омадани Масеҳ мавъиза карда мешавад.MБУБ 383.2

    Нури ҳақиқат ҳам дар Франсия ва ҳам дар Швейсария дурахшид. Дар Женева, ки Фарел ва Калвин ақидаҳои Ислоҳотро паҳн карда буданд, Гауссен муждаи ба наздикӣ омадани Масеҳро мавъиза мекард. Ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ Гауссен бо рӯҳи мулоҳизакорие рӯ ба рӯ шуд, ки дар охири асри XVII ва оғози асри XIX дар тамоми Европа ҳукмрон буд; ҳатто мансаби рӯҳониро қабул намуда, ӯ на танҳо дар бораи имони ҳақиқӣ чизе намедонист, балки ба шаккокӣ моил буд. Дар ҷавонй ӯ ба пешгӯиҳои пайғамбарона шавқу рағбати зиёд дошт. Китоби «Таърихи қадим»-и Ролланро хонда, ӯ ба боби 2-юми Китоби Дониёл таваҷҷӯҳ намуда, аз аниқии ҳайратовари иҷрошавии ин пешгӯиҳои пайғамбарона, ки дар солномаи таърихӣ навишта шуда буд, дар тааҷҷуб монд. Ин далели илҳоми илоҳй доштани Китоби Муқадцас буд, ки баъд ӯро дар миёни хатарҳои зиндагӣ ба монанди лангар дар рӯи об нигоҳ медошт. Омӯзишҳои мулоҳизакорона ба ӯ қаноатмандӣ наоварданд; танҳо саргарми омӯзиши Китоби Муқадцас гардидаю доимо ҷониби нури зиёдтаре кӯшиш намуда, ӯ бо гузашти якчанд вақт ба имони ҳақиқии амалӣ комёб шуд.MБУБ 383.3

    Дар бораи пешгӯиҳои пайгамбарона андеша карданро давом дода, ӯ ба хулосае омад, ки омадани Масеҳ наздик аст. Аз ҳашамат ва аҳамиятнокии ин ҳақиқати бузург ба ҳайрат омада, ӯ мехост онро ба дигарон мавъиза кунад, лекин боварии умум ба пурмуаммо будани пешгӯиҳои Дониёл ва даркнашаванда будани онҳо монеаи ҷиддие буд дар сари роҳи ӯ. Дар охир ӯ қарор дод, ки ба монанди Фарел рафтор кунад ва корро бо кӯдакон оғоз намуда умед дошт, ки баъд волидайни онҳоро низ ҳавасманд мегардонад.MБУБ 384.1

    Баъд, дар бораи ин усул сухан ронда, ӯ гуфта буд: «Ман бисёр мехоҳам, то ба ҳама фаҳмо бошад, ки чаро ман дар огози кори худ на ба калонсолон, балки ба кӯдакон муроҷиат намудам. Ман ин корро на аз барои он кардам, ки ҳакиқате ки ман мавъиза мекунам беаҳамият буд. Баръакс, маҳз ҳақиқатеро, ки аз худ ганҷи бузургро мемонад, дар намуди дастрастарин баён кардан мехостам. Ман бисёр мехостам, ки шунида шавам, вале хавотир мекашидам, дар сурати дарҳол ба калонсолон муроҷиат кардан комёб намегардам. Бинобар ин қарор додам, ки ба назди хурдсолон биравам. Ман кӯдаконро ҷамъ оварда, чунин андеша мекардам: агар гурӯҳи ман зиёд шавад, агар маълум гардад, ки барои онҳо шавқовар аст ва онҳо дарк намоянд, ки сухан дар бораи чӣ меравад, ва аз шунидаҳои худ андеша кунанд, он гоҳ ман метавонам ба гурӯҳи дигар умед бандам, ва калонсолон, дар навбати худ боварӣ ҳосил мекунанд, ки оиди ин мавзӯъ нишаста андеша рондан арзанда аст. Вақте ки ин ба амал ояд, кор пеш меравад»314Гауссен, «Пайғамбар Дониёл», ҷилди 2, сарсухан..MБУБ 384.2

    Интизориҳои Гауссен ҷомаи амал пӯшиданд. Ба хурдсолон муроҷиат намуда, ӯ калонсолонро низ ҳавасманд гардонд. Калисои ӯ аз шунавандагони сертаваҷҷӯҳ пур буд. Дар миёни онҳо мардони донишманд ва бонуфуз, хориҷиёне ки ба Женева меомаданд, ҳузур доштанд ва муждаи Дуюмбора омадани Масеҳ дар дигар сарзаминҳо низ паҳн мешуд.MБУБ 384.3

    Гауссени аз муваффақият рӯҳбаландгардида маърӯзаҳои худро бо умеди он нашр намуд, ки омӯзиши пешгӯиҳои пайғамбарона калисоҳоеро низ ҳавасманд мегардонанд, ки дар онҳо ибодатро ба забони франсузӣ мегузаронанд. «Насиҳатҳоро барои кӯдакон нашр намуда, - навишта буд Гауссен, - ман дар ҳақиқат ба калонсолон муроҷиат мекардам, ки мунтазам ин китобҳоро рад намуда, даркнашаванда ва асрорангез будани онҳоро далел меоранд. Чӣ чизе дар ин ҷо даркнашаванда аст, дар сурате ки онҳоро кӯдакон дарк мекунанд ? Ман бисёр мехостам калисои худро бо ин пешгӯиҳо шинос намоям. Онҳо ба назари ман бамавқеъ менамоянд. Омӯзиши онҳо ба мо ёрӣ мерасонад то ба санҷишҳои наздикшаванда омода шавем ва Исои Масеҳро бо умед интизорӣ кашида, ҳушёр бошем».MБУБ 385.1

    Сарфи назар аз он ки Гауссен яке аз мавъизачиёни дӯстдоштаи сокинони Женева буду хизматро ба забони франсузй мегузаронд, бо гузашти андак вақт ӯро аз кор пеш карданд. Асли гуноҳи ба муқобили ӯ баёншуда аз он иборат буд, ки ба ҷои кетхизиси берӯҳу расионалии калисо, ӯ ҳангоми панддиҳии ҷавонон Китоби Муқаддасро истифода мебурд. Баъд ӯ муаллими мактаби илоҳиётшиносӣ таъйин гардид, вале ба мисли пешина дар рӯзҳои якшанбе ба кӯдакон дар намуди саволу ҷавоб таълим додани Китоби Муқаддасро давом медод. Таҳқиқотҳои ӯ оиди пешгӯиҳои пайғамбарона шавқу ҳаваси зиёдро ба миён овард. Аз минбари профессорӣ, аз саҳифаҳои китобҳо ва аз курсии омӯзгории худ ӯ дар давоми солҳои зиёд ба одамон андешаҳои файзбахшро баён намуда, таваҷҷӯҳӣ бисёриҳоро ба пешгӯиҳои пайғамбарона, ки ба наздикшавии омадани Масеҳ ишора мекарданд, равона мекард.MБУБ 385.2

    Муждаи Дуюмбора омадани Масеҳ дар Скандинавия низ мавъиза шуда, дар ҳама ҷо шавқу ҳаваси зиёдро ба миён овард. Бисёриҳо аз хоби ғафлат бедор шуданд ва гуноҳҳои худро дарк намуда, аз онҳо даст кашиданд ва омӯрзишро дар номи Масеҳ ҷустучӯ мекарданд. Вале роҳбарони калисои давлатӣ ба муқобили ин фаъолият бархостанд, ва бо таъкиду истодагарии онҳо баъзе аз ин мавъизачиён ба зиндон андохта шуданд. Лекин дар бисёр ҷойҳое ки қосидони омадани Масеҳро ба хомӯш мондан маҷбур намуданд, хости Худованд буд, ки ин муждаро бо таври аҷоиб - ба воситаи кӯдакони хурд хабар диҳад. Азбаски ки кӯдакон ноболиғ буданд, дар назди қонунҳои давлатӣ ҷавобгар намешуданд, бинобар ин метавонистанд бе мамониат дар бораи ҳақиқат сухан гӯянд.MБУБ 385.3

    Мавъиза дар чунин шакл асосан дар миёни заҳматкашони оддие машҳур буд, ки дар кулбаҳои хоксоронаи онҳо халқ барои шунидани муждаи огоҳкунанда ҷамъ меомаданд. Кӯдаконмавъизачиён асосан аз оилаҳои камбизоат буданд, на калонтар аз шаш-ҳафт сола, ҳаёти онҳо аз он шаҳодат медод. ки Наҷотдиҳандаро дӯст медоранд ва кӯшиш мекунанд ба талаботҳои муқаддаси Ӯ пайравӣ кунанд, бо вуҷуди ин онҳо кӯдакони оддие буданд, ки инкишофи онҳо ба синну солашон мувофиқат мекард. Лекин вақте ки онҳо дар назди халқ баромад мекарданд, равшан мегардид, ки онҳоро кувваҳои осмонӣ роҳбарӣ мекунанд. Ҳатто овози онҳо ба таври дигар садо медод, вақте ки огоҳиро дар бораи доварии наздикшаванда ботантана хабар дода, суханони худро бо оятҳои Китоби Муқаддас тақвият мебахшиданд. «Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст». Гуноҳҳои одамонро сарзаниш намуда, на танҳо бадахлоқӣ ва фисқу фуҷур, балки инчунин дилбастагиро ба. ҳама чизҳои дунявӣ ва дуршавиро аз имон мазаммат мекарданд, ва шунавандагони худро ба он даъват мекарданд, ки дер намонда ба омадани Масеҳ тайёр шаванд, то ки аз ғазаби наздикшаванда раҳо ёбанд.MБУБ 386.1

    Одамон ба суханони онҳо бо ҳаяҷон гӯш медоданд. Қувваи Рӯҳи Худо ба қалбҳо таъсир расонд. Бисёриҳо бо шавқу завқи тоза ба омӯзиши Китоби Муқадцас пардохтанд; одамони бадахлоқ ва фиребгарон тарзи ҳаёти худро дигар мекарданд, аз хислатҳои бад даст мекашидад, ва бозгашт ба зиндагии беҳтар ончунон чашмрас буд, ки ҳатто рӯҳониёни калисои давлатӣ маҷбур шуданд амали дасти Худовандро дар ин ҳаракат эътироф кунанд.MБУБ 386.2

    Хости Худованд буд, ки мамлакатҳои Скандинавия, муждаро дар бораи омадани Наҷотдиҳанда ба даст биёранд, ва вақте ки садои бандагони Ӯ хомӯш шуд, Худо Рӯҳи Худро дар забони кӯдакон гузошт, то ки кори оғоз шударо анҷом диҳанд. Вақте ки Исои Масеҳ бо ҳамроҳии одамони шодикунандае ба Ерусалим наздик мешуд, ки шохаҳои дарахти хурморо бо хушнудӣ алвонҷ дода, Ӯро Писари Довуд эълон мекарданд, фарисиёни ҳасадхӯр талаб намуданд, то ки Масеҳ онҳоро ба хомӯш мондан маҷбур созад, вале Исо ҷавоб дод, ки ҳамаи он чизе ки ба амал омада истодааст, иҷрошавии пешгӯиҳои пайғамбарона аст, ва агар одамон хомӯш шаванд, он гоҳ сангҳо нидо хоҳанд кард. Халқи аз тахдидҳои рӯҳониён ва сарварон ба тарс омада ҳангоми воридшавӣ ба дарвозаи Ерусалим хомӯш монд, вале кӯдакони ба ҳавлии маъбад дохилшуда, ки ҳеҷ гуна тарсро намедонистанд, шохаҳои дарахти хурморо алвонҷ дода, фарёд мезаданд: «Ҳӯшаъно ба Писари Довуд!» (Матто 21:8-16). Вақти ки фарисиёни сахт ранҷида ба Ӯ гуфтанд: «Оё Ту мешунавӣ, ки онҳо чӣ мегӯянд?», Исо ба онҳо гуфт: «Оре! Магар нахондаед: « аз даҳони кӯдакон ва ширмакон Ту ҳамдро барои Худ ба вуҷуд овардаӣ?». Ба монанди он ки Худованд ба воситаи кӯдакон ҳангоми маротибаи якум омадани Масеҳ амал карда буд, Ӯ ончунон онҳоро барои мавъизаи муждаи Дуюмбора омадани Масеҳ ҷалб намуд. Каломи Худо дар бораи он ки муждаи омадани Наҷотдиҳанда ба ҳамаи халқҳо, забонҳо ва қавмҳо мавъиза карда мешавад, бояд иҷро шавад.MБУБ 387.1

    Ба Уилям Миллер ва ҳамфикрони ӯ дар Америка мавъиза намудани ин мужда амр шуда буд. Ин мамлакат маркази ҳаракати бузурги адвентистӣ гардид. Дар ин ҷо аз ҳама пурратар пешгӯии муждаи фариштаи якум иҷро шуд. Аз ин ҷо асарҳои Миллер ва ҳамкорони ӯ ба мамлакатҳои гуногун паҳн мешуданд. Ба ҳар ҷое ки мавъизачиён роҳ меёфтанд, ба он ҷо муждаи хушро дар бораи ба зудӣ омадани Масеҳ бо худ мебурданд. Ба тамоми гӯшаю канори кураи замин ҳақиқати Инҷил: «Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст», паҳн мешуд.MБУБ 387.2

    Дар ақдҳои одамӣ шаҳодати пайгамбарона ҷой гирифт, ки гӯё ба омадани Масеҳ дар баҳори соли 1844 нишон медод. Ин муждаро мавъизачиён аз як иёлот ба иёлоти дигар бурда дар ҳама ҷо шавқу ҳаваси зиёдро ба миён меоварданд. Бисёриҳо ба дуруст будани ҳисобҳои давраҳои пешгӯиҳои пайғамбарона боварӣ ҳосил намуда, аз кӯшиши худпарастонаи нуқтаи назари худро доштан даст кашида, ҳақиқатро бо хушнудӣ қабул мекарданд. Баъзе рӯҳониён аз нуқтаи назар ва ақидаҳои мухолифаткунандаи пешинаи худ ва маош даст кашида ва калисоҳои худро гузошта, барои мавъиза кардани бозгашти Масеҳ ба сафар мебаромаданд. Лекин чунин рӯҳониён зиёд набуданд: бештар ин мужда аз ҷониби заҳматкашони оддӣ паҳн карда мешуд. Заминдорон заминҳо; косибон - асбобу олот; тоҷирон - савдо; хизматчиён - идораҳои худро мегузоштанд, бо вуҷуди ин барои иҷрои он кори бузурге ки амали намуданаш дар пеш буд, мавъизачиён бениҳоят кам буданд. Ҳолати раҳмовари Калисои камимон, чаҳони дар фисқу фасод ғарқшуда, - ҳамаи ин чун боре вазнине қалбҳои ҳомиёни ҳақиқиро азият медод, ва онҳо ихтиёран мушкилиҳо, маҳрумиятҳо, азобу машаққатҳоро аз cap мегузаронданд, то ки одамонро ба тавба даъват кунанд ва ба онҳо роҳи наҷотро нишон диҳанд. Ба муқобилати шайтон нигоҳ накарда, кор устуворона пеш мерафт, ва муждаи адвентистиро ҳазорон одамон қабул мекарданд.MБУБ 388.1

    Дар ҳама ҷо овозе садо медод, ки гунаҳгоронро - ҳам имондорон, ва ҳам беимонҳоро — ба иҷро намудани ҳама чизҳои имконпазир даъват мекард, то ки аз ғазаби наздикшаванда раҳо ёбанд. Ба монанди Яҳёи Таъмиддиҳанда, пешгузаштаи Исои Масеҳ, қосидони ҳақиқат ба решаи дарахт табар бардошта, бо қатъият аз ҳама илтимос мекарданд, ки ба таври ҳақиқӣ тавба кунанд. Муроҷиати онҳо ба ҷаҳон, ки пур изтироб ва нооромӣ буд, ба суханони аллагӯяндаи неъматбахше монандӣ надоштанд, ки аз минбарҳои калисо садо медоданд. Шаҳодатҳои оддӣ ва аниқи Китобҳои Муқаддас дар зери таъсири Рӯҳи Муқаддас қалбҳои одамонро ончунон омирона тобеъ мекарданд, ки танҳо шумораи каме ба онҳо муқобилат нишон дода тавонистанд. Устодони дин аз худбоварӣ ва фориғболӣ бедор шуданд. Онҳо гумроҳиҳо, муҳаббат ба чизҳои дунявӣ, нобоварӣ, худпарастӣ ва ҳавобаландии худро диданд. Бисёриҳо Худовандро бо тавба ва фурӯтанӣ пайдо намуданд. Акнун ҳиссиётҳо ва андешаҳои онҳо, ки дар ҷунин муддати дароз ба чизҳои заминӣ ҷалб шуда буданд, ҷониби осмон равона шуданд. Рӯҳи Худо ба онҳо нозил шуд, ва онҳо бо қалбҳои хоксору меҳрангез хушнудона ба суханони «Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст», ҳамрох шуданд.MБУБ 388.2

    Гунаҳгорон бо чашмони ашколуд мепурсиданд: «Мо чӣ кор кунем, то ки наҷот ёбем?» Фиребгарон кӯшиш мекарданд зарарҳои расондаи худро ба нафароне баргардонанд, ки як замон фиребашон карда буданд. Ҳамаи онҳое ки дар Масеҳ оромиро ба даст оварда буданд, ин баракатро ба дигарон расондан мехостанд. Қалбҳои волидайн ба фарзандон ва қалбҳои фарзандон ба волидайн рӯ оварданд. Мағрурӣ ва дарундорӣ дигар барои муносибатқо монеа буда наметавонистанд. Дар ҳама ҷо икроршавиҳои самимона шунида мешуд, одамон сидқан дар бораи наҷотёбии наздикон ва хешовандон ғамхорӣ мекарданд, дуоҳои оташбори шафоатгаронаро барои якдигар ба даргоҳи Худо равона менамуданд. Дар ҳама ҷо нафароне вомехӯрданд, ки наҷотро аз Худо сахт илтиҷо мекарданд. Бисёрихо шабҳои дарозро дар дуо гузаронида мехостанд боварӣ ҳосил кунанд, ки Худованд гуноҳҳои онҳоро бахшидааст, дигарон барои имон овардани наздикон ва ҳамсояҳои худ дуо мегуфтанд.MБУБ 389.1

    Одамони табақаҳои гуногун ба ҷамъомади адвентисгҳо ҷамъ меомаданд. Сарватмандон ва камбағалон, соҳибқудратон ва беҳуқуқон саршор аз як хоҳиш буданд — таълимоти Дуюмбора омадани Масеҳро шуниданд. Дар он вақте ки бандагони Худо таҳкурсии имони худро барпо мекарданд, Худованд рӯҳи муқоби- латро пахш мекард. Баъзан Рӯҳи Худо аслиҳаҳои заиф ва нотавонро истифода бурда, ба онҳо кувваи аз ҳақиқати Ӯ шаҳодат доданро ато мекард. Дар чунин ҷамъомадҳо ҳамеша ҳузури фариштагони муқаддас эҳсос мешуд ва ҳамарӯза бисёриҳо ба имондорон ҳамроҳ мешуданд. Издиҳомҳои бузурги одамон, дам набароварда, ба далелҳои пуртантанаи ба зуди омадани Масеҳ гӯш медоданд. Ба назар чунин менамуд, ки осмон ба замин наздик шудааст. Қувваи Худо ҳам дар пиронсолон ва ҳам дар ҷавонону ҳам дар кӯдакон бараъло ошкор мешуд. Мардҳо ба хона бо сурудҳои ситоишӣ дар забон бармегаштанд, ва оромии шабро садоҳои шодӣ вайрон мекарданд. Ҳеҷ нафаре аз иштирокчиёни ин ҷамъомадҳо он муҳити рӯҳбаландонаро, ки бар онҳо ҳукмрон буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонад.MБУБ 389.2

    Вакти аниқи омадани Масехро нишон додан дар миёни ҳамаи табақаҳои ҷамъият, аз рӯҳониёни калисо то гунаҳгорони ислоҳнопазир, норизогии зиёдро ба миён овард. Чй гуна аник иҷро шуданд суханони пайгамбарона:«... бидонед, ки дар рӯзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор намуда, хоҳанд гуфт: «Куҷост ваъдаи омадани Ӯ? Зеро аз замоне ки падарон вафот кардаанд, ҳама чиз ончуноне ки аз аввали офариниш буд, бокӣ мондааст»» (2Петрус 3:3,4). Бисёр нафароне ки дӯст доштани Наҷотдиҳандаро тасдиқ мекарданд, чунин мегуфтанд: мо таълимотро дар бораи Дуюмбора омадани Масеҳ қабул мекунем, вале барои чӣ ба санаи аниқи ин ҳодиса нишон бояд дод? Лекин Худои Ҳамабин қалбҳои онҳоро медид. Онҳо умуман дар бораи омадани Масеҳ, ки ҷаҳонро аз рӯи адолат доварӣ мекунад, хоҳиши шунидан надоштанд. Онҳо бандагони бевафо буданд; аз Худое ки қалбҳоро месанҷад ва аз вохӯрӣ бо Масеҳ метарсиданд, зеро ки санҷиши ҷиддиро аз cap гузаронида наметавонистанд. Ба монанди яҳудиён дар замони маротибаи якум омадани Масеҳ, ин одамон барои истиқболи Исо тайёр набуданд. Онҳо на танҳо аз шунидани далелҳои аники Китоби Муқаддас рӯ гардонданд, балки нафаронеро масхара мекарданд, ки омадани Масеро бо ҳаяҷон интизор буданд. Шайтон бо фариштагони худ хушнуди мекард ва бо тундзабони ба Масеҳ ва фариштагони муқаддас ишора карда мегуфт, ки маълум мешавад, ки қавми Худо Ӯро дӯст намедорад, зеро омадани Ӯро намехоҳад.MБУБ 390.1

    «Ҳеҷ як одам на рӯз на соатро намедонад» - аксар вақт ин суханон барои душманони ақидаҳои адвентистӣ далелҳои асоснок мешуданд. Китоби Мукаддас чунин мегӯяд: «Он рӯз ва соатро, ғайр аз Падари Ман, ҳеҷ кас ҳатто фариштагони осмон ҳам намедонанд» (Матто 24:36). Тафсири равшан ва бо Китоби Муқадцас мувофиқи ин оятро нафароне медоданд, ки омадани Масехро интизор буданд, душманони онҳо бошанд онро нодуруст маънидод мекарданд. Ин суханон аз ҷониби Масеҳ ҳангоми сӯҳбати хотимавӣ бо шогирдон дар болои кӯҳи Зайтун, баъди он ки Ӯ маротибаи охирин маъбадро зиёрат намуд, баён шуда буданд. Шогирдон пурсиданд: «аломати омадани Ту ва охири замок чӣ гуна аст?» Исо ба онҳо аломатҳоро нишон дода, гуфт: «Ҳамчунин шумо ҳамаи ин чизҳоро дидед, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст» (ояти 3,33). Як сухани Наҷотдиҳанда дигарашро бекор намекунад. Гарчанде ки хеч кас на рӯз ва на соати омадани Ӯро намедонад, бо вучуди ин мо аз аломатҳои наздикшавии ин ҳодиса огоҳ карда шудаем. Инчунин ба мо гуфта шудааст, ки огоҳсозиҳои Ӯро рад намуда, ба хамаи он чизе ки ба наздик будани омадани Ӯ нишон медиҳанд чашм пӯшем, мо он хатоии марговареро содир мекунем, ки одамони дар замони Нӯҳ пайғамбар содир карда буданд ва ба огоҳсозиҳои Нӯҳ дар бораи тӯфони наздикшаванда гӯш додан нахостанд. Дар масале ки дар худи ҳамин боб навишта шудааст, ғуломи вафодор ва бевафо бо ҳам муқобил гузошта шудаанд; инчунин оқибати ғамовари он ғуломе нишон дода шудааст, ки дар қалби худ гуфта буд: «Оғои ман ба зудй намеояд». Ин масал равшан аз он сухан мегӯяд, ки Масеҳ ба он нафароне ки ҳушёрӣ мекарданд, Ӯро интизор буданд ва ба дигарон омадани Ӯро мавъиза мекарданд, ва ба онҳое ки омадани Ӯро рад менамуданд, чӣ гуна муносибат мекунад. «... бедор бошед... - мегӯяд Ӯ, - Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад» (Матто 24:42,46). «...Ва агар бедор набошӣ, Ман мисли дузд бар сари ту хоҳам омад, ва ту нахоҳӣ донист, ки дар кадом соат бар сари ту меоям» (Ваҳй 3:3).MБУБ 391.1

    Павлус дар бораи онҳое сухан мегӯяд, ки омадани Масеҳ барояшон ногаҳонӣ мешавад: «... рӯзи Худованд ончунон меояд, чунон ки дузд дар шаб. Чун бигӯянд: «Осоиштагӣ ва амният», - он гох ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд... ва ба ҳеҷ вачх халос нахоханд шуд». Ӯ инчунин ба нафароне муроҷиат мекунад, ки ботаваҷҷӯҳ ва бедоранд: «Лекин шумо, эй бародарон, дар зулмот нестед. ки он рӯз барои шумо чун дузд ояд; зеро ки ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рӯз хастед. Мо на писарони шаб ҳастем ва на писарони зулмот » (1 Таслӯникиён 5:2-5).MБУБ 392.1

    Ҳамин тавр. мо мебинем, ки Китоби Муқаддас ба ҳеҷ кас асос намедиҳад, то фикр кунад, ки инсон бояд оиди наздик будани бозгашти Масеҳ бехабар бимонад. Танҳо нафароне ин далелҳоро шунидан намехостанд, ки баҳонаҳои хушнамудро ҷустуҷӯ мекард, то радсозии ҳакикатро бо чизе маънидод кунанд. Масхаракунандагони дағал ва ҳатто рӯҳониёни дуододашуда бе мондашавӣ такрор мекарданд: «Он рӯз ва соатро... хеч кас... намедонад». Вакте ки халқ бедор шуду ба чусгуҷӯӣ роҳи наҷот оғоз намуд, пешвоёни дин миёни онҳо ва ҳақиқат карор гирифта, кӯшиш намуданд тарси онҳоро бо тафсирхои бардурӯғи Каломи Худо пароканда созанд. Посбонҳои бевафо бо васвасакунандаи бузург ҳамроҳ шуда, фарёд мезаданд: «Оромӣ, осоиштагӣ», гарчанде ки Худо дар бораи оромӣ сухан намегӯяд. Ба монанди фарисиёни замони Масеҳ, бисёриҳо аз ворид шудан ба Малакути Осмонӣ худ даст кашиданд ва ба хоҳишмандон низ монеа шуданд. Онхо дар хуни ин одамон гунаҳгоранд.MБУБ 392.2

    Ин муждаро аввалин шуда аъзоёни фурӯтану ба Худованд содики Калисо қабул карданд. Онҳое ки мустақилона Китоби Муқадцасро меомӯхтанд, бедалелӣ ва хато будани нуқтаи назари умумро оиди пешгӯиҳои пайғамбарона надида наметавонистанд; ва дар он ҷое ки одамон дар зери таъсири аҳли дин қарор надоштанд, балки худ аз Каломи Худо андеша меронданд, таълимоти адвентистӣ қабул карда мешуд, зеро он дар эътибору нуфузи Китоби Муқаддас асос ёфта буд.MБУБ 392.3

    Бисёрихо аз ҷониби бародарони худ, ки дар бораи омадани Масеҳ чизе шунидан намехостанд, ба таъқиб гирифтор мешуданд. Баъзе одамон кӯшиши дар калисо нигоҳ доштани мавқеи худро намуда, дар бораи умеди бедоршуда хомӯш мемонданд, лекин дигарон ҳис мекарданд, ки садоқат ба Худованд бо пинҳонкунии ҳақиқате ки Ӯ ба онҳо бовар намудааст, мувофиқат надорад. Одамоне зиёдеро аз калисоҳои расмӣ танхо бо он сабаб хориҷ намуданд, ки онҳо имони худро ба омадани Масеҳ баён мекарданд. Онҳое ки барои ҳақиқат азият мекашиданд, бо суханони пайғамбар тасаллӣ меёфтанд: «Бародарони шумо, ки аз шумо нафрат доранд, ва шуморо ба хотири исми Ман рад кардаанд, мегӯянд: «Бигзор Худованд ҷалоли Худро зоҳир намояд, ва мо шодмонии шуморо бинем». Вале онҳо хиҷил хоҳанд шуд» (Ишаъё 66:5).MБУБ 393.1

    Фариштагони Худо бо шавқу ҳаваси зиёд аз натиҷаҳои ин кор назорат мекарданд. Вақте ки аксарияти калисоҳо қабул намудани муждаи огоҳсозиро рад карданд, фариштагон чеҳраҳои худро бо андӯҳ пӯшонданд. Лекин бисёр одамон ҳанӯз аз санҷиши ҳақиқати адвентистӣ нагузашта буданд. Бисёриҳо аз ҷониби шавҳарон, завҷаҳо, волидайн ё фарзандоне ки тасдиқ менамуданд, ки ҳатто шунидани чунин бидъат, чӣ гунае ки адвентистон таълим медиҳанд, гуноҳ аст, ба гумроҳӣ андохта шуда буданд. Ба фариштагон амр шуда буд, ки чунин одамонро ҷиддан назорат кунанд, зеро ки аз тахти Худо онҳоро бояд нури дигар мунаввар мегардонд.MБУБ 393.2

    Вале онҳое ки ин муждаро қабул карда буданд, омадани Начотдиҳандаро бо бесабрй интизорӣ мекашиданд. Соати муайяншуда наздик мешуд, ба он бо тантанаи махсус тайёрӣ медиданд. Аз дуогӯӣ ба Худо ҳаловат бурда, аз дарки он ки дар ояндаи дурахшон ба чӣ гуна осоиштагӣ соҳиб мешаванд, пешакӣ лаззат мебурданд. Ҳеч яке аз нафароне ки ин умедро чашида буд, ҳеҷ гох он соатҳои пурқимати интизориро фаромӯш карда натавонист. Вақте ки то соати нишондодашуда якчанд ҳафта боқӣ монд, бисёриҳо ҳама корҳои заминиро як тараф гузоштанд. Имондорон ҳар як фикри худ, ҳар як хоҳиши қалби худ- ро бо диққат месанҷиданд, гӯё ки дар бистари марг қарор дошта бошанд, ва онҳоро танҳо якчанд соат аз марг ҷудо мекарда бошад. Ҳеҷ кас ба худ барои ба осмон боло рафтан либоси махсус намедӯхт, вале ҳама зарурияти тайёр намудани қалбҳои худро барои вохӯрӣ бо Наҷотдиҳанда дарк мекарданд; либоси сафеди онхо покизагии қалб буд, ки бо Хуни фидиягузорандаи Масеҳ аз гуноҳ озод шуда буд. Оҳ, агар фарзандони Худо дар замони мо соҳиби ҳамон хоҳиши санҷидани қалбхои худ, ҳамон имони самимӣ ва бешарт мебуданд! Агар онҳо худро дар назди Худо ҳамчунон фурӯтан мекарданд ва дуоҳои худро ба тахти файз равон менамуданд, дунёи рӯҳонии онҳо комилтар мебуд. Вале дар замони мо чӣ гуна кам дуо мегӯянд, чӣ гуна аз гуноҳҳо кам ғамгин мешаванд! Одамон имони зинда надоранд, пас файз низ нест, ки бо чунин саховатмандӣ аз ҷониби Начотдиҳандаи мо ато шудааст.MБУБ 393.3

    Худо мехост кавми Худро озмоиш кунад. Дасти Ӯ хаторо дар ҳисобкунии даврахои пешгӯиҳои пайғамбарона пӯшонд. Адвентистҳо ин хаторо пайдо накарданд, онро ҳатто донишмандтарин душманони онхо ошкор карда натавонистанд. Душманони онҳо чунин мегуфтанд: «Ҳисобкунии давраҳои пешгӯиҳои пайғамбарона аз ҷониби шумо дуруст аст. Бояд кадом як ҳодисаи бузурге ба амал биояд, лекин на он ки Миллер пешгӯӣ кардааст; ин на Дуюмбора омадани Масеҳ аст, балки имоноварии тамоми ҷаҳон».MБУБ 394.1

    Вақти муқарраршуда фаро расид, вале Масеҳ наомад, то ки қавми Худро озод кунад. Оиҳое ки бо имони самимӣ ва муҳаббат Наҷотдихандаи худро интизор буданд, ноумедии талхро аз cap гузаронданд. Лекин Худо мақсадҳои Худро амалӣ кард: Ӯ қалбҳои нафаронеро санҷид ки бовар мекунонданд, ки омадани Ӯро интизоранд. Дар миёни онҳо нафароне буданд, ки танҳо дар зери фишори тарс имон оварда буданд, на аз рӯи майлу хоҳишхои олӣ. Имони қалбакии онҳо ҳеҷ гуна тағйиротҳоро дар қалб ва зиндагии онҳо ба амал наовард. Хoдисае ки онро сахт интизор буданд, ба амал наомад ва ин одамон изҳор намуданд, ки ҳеҷ гуна ноумедиро ҳис намеку- нанд, чунки ҳеҷ гоҳ ба омадани Масеҳ боварӣ надоштанд. Онҳо аввалин шуда ғаму андӯҳи фарзандони содиқи Худоро таҳқир карданд.MБУБ 394.2

    Вале Исои Масеҳ ва тамоми аҳли осмон озмоишшудагон ва вафодоронро, гарчанде фарзандони ноумедгаштаи Худованд буданд, бо бузургтарин муҳаббат ва ҳамдардӣ назорат мекарданд. Агар пардае ки ҷаҳони аён ва ноаёнро чудо мекунад, як тараф карда шавад, он гоҳ дидан мумкин аст, ки фарзандони вафодори Худоро фариштагон чӣ гуна дар доираи зич иҳота намуда, онҳоро аз тирҳои шайтон ҳимоя мекунанд.MБУБ 395.1

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents