Loading...
Larger font
Smaller font
Copy
Print
Contents

МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН

 - Contents
  • Results
  • Related
  • Featured
No results found for: "".
  • Weighted Relevancy
  • Content Sequence
  • Relevancy
  • Earliest First
  • Latest First
    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents

    Боби 32. - ДОМҲОИ ШАЙТОН

    Мубориза бузурги миёни Масеҳ ва шайтон, ки аллакай қариб шаш ҳазор сол давом дорад, ба анҷом наздик мешавад ва шайтон ҷидду ҷахди худро даҳчанд намуда, кӯшиши вайрон кардани нақшаи наҷоти инсон ва ба доми худ афтондани пайравони Масеҳро мекунад. Мақсади вай - одамонро дар торикӣ нигоҳ дошта, имконияти тавба карданро ба онҳо то он замоне надодан аст, ки хизмати миёнаравии Масеҳ ба охир мерасад ва аллакай барои гуноҳ қурбонӣ намемонад.MБУБ 550.1

    Вақте ки одамон барои ба ҳукмронии ӯ муқобилат кардан ҳеҷ гуна кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, вақте ки дар калисо ва дар ҷамъият рӯҳи фориғболӣ ва бепарвоӣ ҳукмрон аст, шайтон ором аст - ба вай хатари аз даст додани нафароне, ки асирони ӯ ҳастанд, тахдид намекунад. Аммо вақте ки одамон дар бораи масъалаҳои бо ҳаёти ҷовидона алоқаманд андеша мекунанд, ва дар қалб саволи: «Ман чӣ кор кунам, то ки наҷот ёбам?» пайдо мешавад, шайтон ҳамон замон пай бурда ҳушёр мешавад ва кӯшиши ба ҳукмронии Масеҳ муқобилат кардан ва суст намудани таъсири Рӯҳулқудсро мекунад.MБУБ 550.2

    Дар Китоби Муқадцас дар хусуси як ходисае сухан меравад, вақте ки иблис низ бо ҳамроҳии фариштагон ба назди Худо ҳозир шуд (ниг. Айюб 1:6). Аммо на барои ба Подшоҳи Ҷовид саҷда кардан, балки барои ба мукобили порсоён амалӣ намудани мақсадҳои бадӣ худ. Бо ҳамон мақсад дар ибодатҳо ҳузур дорад. Вай ки ноаён аст, бо тамоми қувва кӯшиши ба худ ҷалб намудани андешаҳои дуогӯяндагонро мекунад. Ба мисли лашкаркаши боистеъдод, вай пешакӣ нақшаҳо мекашад. Ғарқи омӯзиши Навиштаҷот будани шахси порсоро дида. шайтон инчунин таваҷҷӯҳро ба мавзӯи мавъизаи дар пеш истода ҷалб мекунад. Ва баъд тамоми қувва, маккорӣ ва маҳорати худро ба кор андохта, чунин вазъиятҳое ба миён меорад, ки дар онҳо муждаи ҳақиқат ба гӯши одамони аз ҷониби вай дар ин масъала ба васваса андохташуда намерасад. Ва нафаре ки аз хама бештар ба огоҳии пешакӣ эҳтиёч дорад, ба корҳои таъҷилӣ машғул мемонад, ё ин ки вазъиятҳои дигар таваҷҷӯҳи ӯро ҷалб мекунанд ва ба шунидани суханоне, ки метавонистанд барои ӯ накҳати ҳаётбахш гарданд, халал мерасонанд.MБУБ 550.3

    Шайтон мебинад, ки зулмоти рӯҳонии халқро фарогирифта бандагони Худоро азият медиҳад. Вай дуоҳои самимонаи онҳоро дар бораи он ки файз ва қудрати Илоҳӣ зулмоти фориғболӣ, бепарвоӣ ва заифиро пароканда созанд, мешунавад. Ва бо нерӯи нав ба бофтани домҳои васваса шурӯъ менамояд. Вай одамонро бо шикампарастӣ ё бо дигар навъи худқонеъгардонӣ ба васваса меандозад, то ки нисбати он чизе ки бештар аз ҳама шуниданашон ба онҳо лозим аст, бепарво бимонанд.MБУБ 551.1

    Шайтон хуб медонад, ки ҳамаи онҳоеро, ки ӯ аз дуогӯй ва хондани Китоби Муқаддас ба чизи дигар ҷалб мекунад, тӯъмаи ӯ мегарданд. Бинобар ин ӯ кӯшиш менамояд, то бо ҳилаву найрангҳои гуногун ақли инсонро ба худ тобеъ созад. Ҳамеша одамоне вомехӯранд, ки худро парҳезгор мешуморанд, бо вуҷуди ин на ба омӯзиши ҳақиқат, балки ба ҷуста пайдо кардани камбудиҳо ва гумроҳиҳои дигарон машгуланд. Чунин одамон дасти рости шайтонанд. Айбдоркунандагони бародарон хеле зиёданд, ва онҳо хусусан он вақт фаъоланд, ки Худованд иродаи Худро амалӣ менамояд, имондорони ҳақиқӣ бошанд кӯшиши ба ҷо овардани иродаи Ӯро мекунанд. Дастёрони шайтон кирдорҳои нафаронеро, ки ба ҳақиқат итоат менамоянд, нодуруст маънидод мекунанд. Бандагони аз ҳама самимӣ, серғайрат ва фидокори Масеҳро онҳо одамони фиребгар ва гумроҳ нишон медиҳанд. Мақсадҳои ҳар як кирдори олиҳимматона ва нағзро нодуруст шарҳ медиҳанд, дурӯғҳои тӯҳматомезро паҳн мекунанд ва дар шуури одамони бетачриба ва дар имон устуворнагардида тухми шубҳа мекоранд. Дар ҳар як лаҳзаи мусоид кӯшиш менамоянд хама чизи поку ҳақро палид ва дурӯғ нишон диҳанд.MБУБ 551.2

    Вале ҳеҷ кас набояд нисбати чунин одамон дар бехабарӣ бимонад. Пай бурдан мушкил нест, ки онҳо фарзандони кӣ ҳастанд, ба кӣ пайравӣ мекунанд ва кори киро иҷро менамоянд. «Онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт» (Матто 7:16). Онҳо ба шайтон, қотили маккор, айбдоркунандаи бародарон монанд мешаванд.MБУБ 552.1

    Фиребгари бузург дастёрони зиёде дорад, ки омодаанд одамонро дар ҳар вақт ва бо ҳар роҳ бо ихтироъи ҳар навъ бидъатҳое, ба васваса андозанд, ки ба ақли касоне ки шайтон онҳоро нобуд карданист, мувофиқ бошанд. Вазифаи вай аз он иборат аст, ки одамони дурӯя ва рӯҳан эҳёнашударо ба Калисо биёрад, ки манбаи шубҳа ва беимонӣ мегарданд ва ба касоне ки хоҳони муваффақияти кори Худо мебошанд, халал мерасонанд. Одамони зиёде ҳастанд, ки ба Худо ва Каломи Ӯ имони ҳақиқӣ надошта, бо вуҷуди ин баъзе принсипҳои ҳақиқатро эътироф мекунанд ва бинобар ин имондор шуморида шуда, имконият пайдо мекунанд гумроҳиҳои худро ҳамчун ҳақиқатҳои рӯҳонӣ нишон диҳанд.MБУБ 552.2

    Иблис бо истифодаи шиори: муҳим нест, ки одамон ба чӣ имон доранд, ба муваффақияти махсус ноил гардид. Вай медонад, ки ҳақиқати бо муҳаббат қабул гардида қалбро равшан месозад, бинобар ин кӯшиш мекунад онро бо назарияҳо, масалҳо ва хушхабари бардурӯг иваз намояд. Аз худи ибтидо бандагони Худо бо муаллимони дурӯғгӯй, ки на фақат шахсони гунаҳкор, балки манбаи гумроҳиҳои барои ҷон марговар мебошанд, муборизаи доимӣ мебаранд. Илёс пайгамбар, Ирмиё пайғамбар ва ҳавворӣ Павлус устуворона ва далерона бо нафароне мубориза мебурданд, ки одамонро аз омӯзиши Каломи Худо нигоҳ медоштанд. Чунин фарохии ақидаҳо, ки дар он аслан ба чӣ имон доштани шахс камаҳамият мегардад, аз ҷониби ин ҳомиёни ҳақиқат ҳеч гуна дастгирӣ намеёфт.MБУБ 552.3

    Тафсирҳои номуайян ва қалбакии Китоби Муқаддас, назарияҳои сершумори бо ҳамдигар мухолифа! кунаида оиди имон ба дин, ки мо дар ҷаҳони масеҳӣ пайдо мекунем, - ҳамаи ин натиҷаи фаъолияти фиребгари бузург аст, ки кӯшиш меку- над бо ин роҳ одамонро ба изтироб оварад ва онҳоро аз ҳақиқат дур созад. Ихтилофҳо ва ҷудошавиҳо дар калисоҳои ҳозиразамони масеҳӣ ба андозаи зиёд бо анъанаи васеъ паҳнгардидаи нодуруст тафсир кардани Китоби Муқаддас фаҳмонда мешаванд, то ки онро ба ин ё он назарияи дилписанд мутобиқ кунанд. Бисёрихо ба ҷои он ки Каломи Худоро бо диққат биомӯзанд ва бо қалби фурӯтан кӯшиши дарк намудани иродаи Ӯро намоянд, фақат ким-чӣ чизи ғайриоддӣ ва бемислро ҷустуҷӯ мекунанд.MБУБ 552.4

    Барои тасдиқи таълимотҳои дурӯғ ва урфу одатҳои ғайримасеҳӣ ҷойҳои алоҳидаи аз матн ҷудокардашудаи Китоби Муқаддас истифода мешаванд, баъзан фақат нисфи ояти алоҳидаро барои исботи фикри худ иқтибос меоранд, дар сурате ки қисми бокимондаи оят фикри баёншударо кушоду равшан рад мекунад. Одамон бо маккории заҳргин гуфтаҳои бо ҳамдигар алоқамандӣ надоштаро ғарам намуда, онҳоро тарзе тафсир менамоянд, ки ба эшон писанд аст. Ҳамин тавр бисёриҳо дидаву дониста Каломи Худоро ғалат тафсир мекунанд. Дигарон, ки соҳиби тасаввуроти зиндаанд, ба рамзҳо ва тимсолҳои Китоби Мукаддас рӯ оварда, ва он фактро ки Китоби Муқаддас худ худашро тафсир менамояд ба назар нагирифта, онҳоро тарзе мефаҳмонанд, ки хаёлоташон ба онҳо талқин мекунад ва баъд дурӯғҳои худро ба ҷои таълимоти Китоби Мукадцас нишон медиҳанд.MБУБ 553.1

    Агар Китоби Муқадцас бе дуо, бе рӯҳи фурӯтан, бе шавқи донистани нур омӯхта шавад, он гоҳ ҳақиқатҳои равшантарин ва оддитарин, баробар чун ҳақиқатҳои мушкилтарин, нодуруст дарк карда мешаванд. Роҳбарони калисои католикӣ аз Китоби Муқаддас ҷойҳои ба максадҳои онҳо аз ҳама беҳтар ҷавобгӯ бударо интихоб мекунанд, онҳоро бо ихтиёри худ тафсир менамоянд ва баъд ба халқ пешниҳод намуда, халқро аз афзалияти мустақилона омӯхтани Китоби Муқаддас ва дарк намудани ҳақикатҳои муқаддаси он маҳрум месозанд. Китоби Муқаддасро ба одамон пурра додан лозим аст, чӣ тавре ки аслан он бояд хонда шавад. Дар хусуси Китоби Муқаддас умуман ҳеч чиз надонистан беҳтар аст, назар ба пайдо кардани ин қадар маълумотҳои ғалат тафсиршуда оиди ҳақиқатҳои он.MБУБ 553.2

    Китоби Мукаддас - роҳнамоест барои ҳамаи онҳое, ки кӯшииш дарк намудани иродаи Офаридагорро мекунанд. Худованд ба одамон «каломи пайғамбаронаи саҳеҳтарин»-ро дод, фариштагон ва ҳатто Худи Масеҳ ба Дониёл ва Юҳанно он чизеро, ки ба зудӣ бояд ба амал ояд, фаҳмонданд. Ҳақиқатҳои муҳимтарине ки ба наҷоти мо дахл доранд, бо асрор фарогирифташуда намонданд. Онҳо ба мо тарзе ошкор карда шуда буданд, то боиси тааҷҷуб ва ташвиши ҷӯяндагони ҳақиқат нагарданд. Худованд ба воситаи пайғамбар Ҳабаққуқ гуфтааст: «Рӯъёро бинавис ва бар лавҳаҳо равшан ҳак намо, то ки хонанда онро бо тезӣ бихонад» (Ҳабаққуқ 2:2). Каломи Худо барои ҳамаи нафароне, ки онро бо дуо мехонанд, фаҳмост. Ва ҳар як қалби содиқ ва бовиҷдон ба нури ҳақиқат мерасад: «Нур барои порсоён медурахшад» (Забур 96: 11). Ва ҳеҷ як ҷамоат наметавонад дар муқаддасӣ камолот ёбад, дар сурате ки аъзоёни он ҳақиқатро ончуноне наҷӯянд, ки «ганҷи ниҳонӣ»-ро ончунон меҷӯянд.MБУБ 554.1

    Даъват ба фарохии ақидаҳо чашмони одамони зиёдро ба маккориҳои фиребгари бузург, ки бо чидду ҷахд баҳри расидан ба мақсади худ заҳмат мекашад, маҳкам кард. Ва вақте ба вай муяссар мегардад, ки Китоби Муқаддасро бо бофтаҳои бардурӯғи инсонӣ иваз намояд, Шариати Худо рад карда мешавад, калисоҳо бошанд бо тасдиқи он ки ба озодӣ расидаанд, ба завлонаи гуноҳ меафтанд.MБУБ 554.2

    Кашфиётҳои илмӣ барои бисёриҳо лаънат гардиданд. Худораво донист, то ки селоби нур ба воситаи кашфиётҳо дар соҳаи илм ва техника ба ҷаҳон фурӯ бирезад, вале ҳатто бузургтарин донишмандон, агар онҳо аз рӯи Каломи Худо амал накунанд, кӯшиши дарк намудани робитаи дуҷонибаи миёни илм ва ваҳйи Илоҳиро карда, ба кӯчаи сарбаста ворид мешаванд.MБУБ 554.3

    Донишҳои инсон дар бораи олами моддӣ ва рӯҳонӣ нопурра ва номукаммаланд, бинобар ин бисёриҳо ақидаҳои худро бо таълимоти Китоби Мукаддас мутобиқ карда наметавонанд. Бисёриҳо фарзияҳо ва тахминҳоро ба ҷои фактҳои илмӣ қабул менамоянд ва андеша мекунанд. ки Каломи Худо бояд бо ин «дониши бардурӯғ» (1 Тимотиюс 6:20) санҷида шавад. Онҳо қудрати дарк намудани Офаридагор ва аъмоли Ӯро надоранд, қудрати бо қонунҳои табиӣ фаҳмондани ҳамаи инро соҳиб нестанд, бинобар ин таърихи Китоби Муқаддас аз ҷониби онҳо чун носаҳеҳ қабул карда мешавад. Онҳое, ки ба саҳеҳии шаҳодатҳои Аҳди Қадим ва Ҷадид шубха мекунанд, аксар вақт боз як қадам мегузоранд ва ба шубҳа кардан ба мавҷудияти Худо шурӯъ намуда, қудрати беинтиҳоро ба табиат нисбат медиҳанд. Ва лангари имонро аз даст дода, онҳо дар сахраи бехудоӣ хоку туроб мешаванд.MБУБ 554.4

    Ба ҳамин тариқ бисёриҳо аз имон ба гумроҳӣ мегузаранд, асирони шайтон мегарданд. Одамон мехоҳанд аз Офаридагори худ дида хирадмандтар бошанд: фалсафаи инсонӣ кӯшиши дарк намудан ва фаҳмондани асрорҳоеро мекунад, ки дар абадият низ ошкор карда намешаванд. Агар одамон кӯшиши дарк намудани он чизеро мекарданд, ки Худованд Худ дар бораи Худ ва мақсадҳои Худ ошкор намудааст, он гоҳ дар бораи ҷалол, бузургӣ ва қудрати Воҷибулвуҷуд тасаввуроти дуруст ба даст меоварданд, ва ночизии худро дарк карда, бо он чизе қонеъ мегардиданд, ки ба онҳо ва фарзандони онҳо ошкор карда шудааст.MБУБ 555.1

    Васвасаи аз ҳама моҳиронаи шайтон аз он иборат аст, ки вай одамонро водор месозад, то дар он соҳаҳои илм тахминҳо кунанд, ки Худованд ният ҳам надорад онҳоро ба мо ошкор созад. Бо ҳамин сабаб Люсифер аз осмон маҳрум гашт. Аз он ки Худованд ӯро аз ҳамаи асрорҳои Худ хабардор накард, норизоӣ нишон дода, Люсифер нисбати он чизе ки барои ӯ оиди кори ӯ дар мақоми баланди ба ӯ бовар карда шуда ошкор карда шуда буд комилан беэътиноӣ намуд. Рӯҳи норизоиро дар миёни фариштагони ба худ наздик барангехта, ӯ сабабгори гунаҳкоршавии онҳо низ гардид. Дар вақти ҳозира вай кӯшиш менамояд то бо ҳамон рӯх ба одамон ҳам таъсир расонад ва онҳоро низ ба беэътиноии ошкоро ба амрҳои Худо маҷбур созад.MБУБ 555.2

    Нафароне, ки ҳақиқатҳои равшан ва ҳаққонии Китоби Муқаддасро қабул кардан намехоҳанд, пайваста масалҳои хушро бофта мебароранд, то ки бо онҳо виҷдони худро ором созанд. Ва ҳар қадаре ки ин ё он таълимот порсоӣ, дасткашӣ аз манфиатҳои худ ва фурӯтаниро камтар талаб кунад, он ҳамон қадар бештар хайрхоҳона қабул карда мешавад. Одамон ақли худро ба хизмати хоҳишҳои ҷисмонӣ медиҳанд ва бо хамин онро заиф мегардонанд. Дар ҳавобаландии хеш барои бо тавба ва дуои самимона омӯхтани Китоби Муқаддас оиди роҳбаладии Илоҳӣ худро бениҳоят бохирад шуморида, онҳо аз кувваҳои зулмот беҳимоя мемонанд. Шайтон бошад омода аст хоҳишҳои онҳоро қонеъ гардонад ва аз фурсат истифода бурда, дурӯғро ба ҷои ҳақиқат номаълум пешниҳод мекунад. Папистҳо маҳз бо ҳамин роҳ шуури одамонро ба даст дароварданд ва ҳақиқатро аз барои он ки эътиқод ба он азобу кулфатро дар бар мегирад рад намуда, протестантҳо бо худи ҳамон роҳ кадам мегузоранд. Ҳамаи онҳое, ки аз барои ҳузуру ҳаловат ва оромию осоиштагии зиндагӣ, аз барои он ки аз дунё ҳеҷ фарқият надошта бошанд, нисбат ба Каломи Худо беэътиноӣ мекунанд, омодаанд бидъати даҳшатангезтаринро ба ҷои ҳақикати Китоби Муқадцас кабул кунанд. Нафаре, ки ҳақиқатро худсарона рад мекунад, ба истиқболи дилхоҳ гумроҳӣ қадам мезанад. Ва шахсе, ки ба як гумроҳӣ бо даҳшат нигоҳ мекунад, гумроҳии дигарро бо майли тамом қабул менамояд. Ҳавворӣ Павлус мегӯяд, ки одамоне, ки «муҳаббати ҳақиқатро барои наҷоти худ қабул накарданд... ба ин сабаб Худо ба онҳо нерӯи гумроҳкунандаро мефиристад, бинобар ин ба дурӯг имон меоранд... ҳамаи онҳое ки ба ҳақиқат имон наоварданд, балки ноҳакдиро дӯст доштанд» (2 Таслӯникиён 2: 10-12). Ин огоҳиро дар хотир дошта, дар кабули ин ё он таълимот, хеле эҳтиёткор мешавем.MБУБ 556.1

    Дар миёни васвасаҳои аз ҳама раднопазир дар аслиҳахонаи фиребгари бузург - таълимоти дурӯғ ва мӯъҷизаҳои қалбакии спиритизм ҷойгиранд. Шайтон дар намуди фариштаи нур домҳои худро дар ҷойе мегузорад, ки инро аз ҳама камтар интизор шудан мумкин аст. Агар одамон Каломи Худоро бо дуо ва ҷидду ҷахд меомӯхтанд, онҳо дар зулмот намемонданд ва ба таълимотҳои дурӯғ шавқманд намешуданд. Вале ҳақиқатро рад намуда, онҳо қурбонии фиреб мегарданд.MБУБ 556.2

    Гумроҳии дигари хатарнок аз рад намудани Илоҳияти Масеҳ ва мавҷудияти Ӯ то замони ба замин омаданаш иборат аст. Ин таълимотро нафароне ҳам хайрхоҳона қабул мекунанд, ки аз имони худ ба Каломи Худо сухан мегӯянд, гарчанде он кушоду равшан ба фикрҳои Наҷотдиҳандаи мо, асли Илоҳии Ӯ ва мавҷудияти қаблии Ӯ мухолифат мекунад. Ин таълимотро фақат нафароне қабул карда метавонанд, ки Китоби Муқадцасро қасдан ғалат маънидод кардан мехоҳанд. Он на фақат тасаввуроти инсонро дар бораи Қурбонии фидиягузоранда паст мезанад, балки имонро ҳам ба Китоби Муқадцас чун вахйи Худо барбод медиҳад. Аз ин сабаб ин таълимот махсусан хавфнок ва душворрадшаванда аст. Вақте ки одамон шаҳодати Каломи Худоро оиди Илоҳияти Масеҳ рад мекунанд, аз ақидаашон гардондани онҳо бефоида аст, ягон далели аз ҳама асоснок таъсир намерасонад: «Одами нафсонӣ он чиро, ки аз Рӯҳи Худост, қабул намекунад, чунки он дар назари ӯ ҷаҳолат аст; ва онро дарк карда наметавонад, чунки он ҳукми рӯҳониро металабад» (1 Қӯринтиён 2:14). Х,еҷ як шахсе ки ба ин гумроҳӣ ҳамфикр аст, дар хусуси хислат ва вазифаи Масеҳ ё дар бораи нақшаи бузурги Худо оиди фидиягузории инсон тасаввуроти дуруст дошта наметавонад.MБУБ 557.1

    Гумроҳии маккорона, зараровар ва зуд паҳнгаштаистодаи дигаре ҳам вуҷуд дорад. Бисёриҳо чунин мешуморанд, ки шайтон дар ҳақиқат вуҷуд надорад, дар Китоби Муқаддас бошад исми вай фақат барои ифодаи фикрҳои нохуб ва майлу хоҳишҳои одамон ёдрас мешавад.MБУБ 557.2

    Фаҳмише ҳам дар бораи он ҷой дорад, ки Дуюмбора омадани Масеҳ - ба ҳар як инсон баъди марги ӯ зоҳир шудани Масеҳ аст. Ин фиреб одамонеро, ки дар абрҳои осмонққӣ омадани Масеҳро мунтазиранд ба изтироб меорад ва ба худ ҷалб мекунад. Шайтон дар тӯли садсолаҳои зиёд на як маротиба пичиррос задааст: «Инак, Ӯ дар ҳуҷраи махфист» (Матто 24:26), ва бисёриҳо аз ин суханон фирефта гардида, ба ҳалокат расиданд.MБУБ 557.3

    Ҳикмати дунявӣ таълим медиҳад, ки дуо воҷиб нест. Олимон изҳор медоранд, ки ба дуои ба даргоҳи Худо баёншуда ҳеҷ гуна ҷавоби амалӣ буда наметавонад. ва ин ҷавоб мӯъҷиза, вайронкунии қонунҳо мебуд, ҳол он ки ҳеҷ гуна мӯьҷиза вуҷуд надорад. Коинот, мегӯянд онҳо, бо қонунҳои муайян идора карда мешавад, ва Худо бархилофи ин қонунҳо ҳеҷ кор намекунад. Ба ҳамин тариқ, Худоро тобеи қонунҳои Худи Ӯ тасвир мекунанд, гӯё ки амали қонунҳои Илоҳӣ ба озодии Илоҳӣ роҳ намедиҳад. Чунин таълимотҳо ба шаҳодати Китоби Муқаддас мухолифат мекунанд. Магар Масеҳ ва ҳаввориёни Ӯ мӯъҷиза намеофариданд? Ва Наҷотдиҳандаи меҳрубон имрӯз низ, чун замони пеш, вақте ки дар замин зиндагӣ мекард, зинда аст ва бо омодагй ба дуои бо имон баёншуда ҷавоб мегӯяд. Олами табиӣ бо олами аз табиат берун ҳамсоягӣ дорад. Дар ҷавоб ба дуои самимона ба мо додани он чизе ки бе дуо онро гирифта наметавонистем, - як қисми нияти Худованд аст.MБУБ 558.1

    Имрӯз дар калисоҳои масеҳӣ чӣ қадар таълимотҳои бардурӯг ва ақидаҳои қалбакӣ ҳукмронанд! Ҳама оқибатҳои фалокатовари бартарафсозии ақаллан яке аз принсипҳои муқаррарнамудаи Каломи Худоро ба худ тасаввур кардан номумкин аст. Фақат шумораи ками он нафароне, ки ба чунин икдом ҷуръат намудаанд, бо радкунии фақат яке аз ҳақиқатҳо қонеъ мегарданд. Аксарият ҳамаи принсипҳои ҳақиқатро пайи ҳамдигар рад мекунанд, то замоне ки ниҳоят ба худоношиносони ҳақиқӣ табдил меёбанд.MБУБ 558.2

    Гумроҳиҳои илоҳиётшиносии машҳур бисёриҳоро аз Китоби Муқаддас сӯи шаккокӣ бурдаанд. Адолатпарварӣ, меҳрубонӣ ва некӣ - арзишҳои бузургтаринанд, ва вақте ба инсон талқин менамоянд, ки ин арзишҳо дар Китоби Муқаддас поймол карда мешаванд, он гоҳ ӯ аз Каломи Худо умуман рӯй мегардонад.MБУБ 558.3

    Шайтон маҳз ҳамин мақсадро дорад. Вай ҳеҷ чизро ин қадар гарму ҷӯшон хохон нест, чун дар инсон нест намудани боварӣ ба Худо ва ба Каломи Ӯ. Шайтон лашкари бузурги шубҳакунандагонро сарварӣ менамояд, вай бо тамоми қувва ҷидду ҷаҳди ба тарафи худ ҷалб намудани одамонро мекунад. Беимонй мӯд мешавад. Гурӯҳи калони одамон ба Каломи Худо ва Муаллифи он бо шубҳа муносибат мекунанд, зеро ки он гуноҳро сарзаниш ва фош мекунад. Нафароне, ки хоҳиши ба талаботҳои Ӯ итоат карданро надоранд, кӯшиши резондани обрӯи Ӯро мекунанд. Чунин одамон Китоби Муқадцасро фақат барои он мехонанд ё ба суханони мавъизачӣ барои он гӯш медиҳанд, ки хатоҳоро дар Калом ё дар мавъиза пайдо созанд. Одамони зиёд фақат аз барои он худоношинос мешавад, то ки муносибати бепарвоёнаи худро нисбати қарзи худ сафед намоянд. Дигаронро ба беимонӣ, мағрурӣ ва коргурезӣ оварда мерасонад. Онҳо, ки зиндагии сабукро ниҳоят дӯст медоранд, наметавонанд ягон чизи арзандаи эҳтиромро, чизеро ки аз онҳо дасткашӣ аз манфиатҳои худ ва ҷидцу ҷахдро талаб мекунад, ба ҷо биёранд, ва Китоби Муқаддасро танкид намуда, кӯшиши барои худ нигоҳ доштани номи хирадмандро мекунанд. Ақли махдуду бо ҳикмати Илоҳӣ маърифатнок нагардидаи мо қобилияти дарк намудани чизи бисёрро надорад. Бинобар ин чунин одамон ҳамеша барои танқид баҳона пайдо мекунанд. Дигарон бошанд ҷонибдорӣ намудани беимонӣ, шаккокӣ ва бединиро накӯкории махсус мешуморанд. Самимияти ба назар менамудагии ин одамон худбоварӣ ва мағруриро пинҳон мекунад. Бисёриҳо завқи махсусро дар он пайдо мекунанд, то дар Китоби Муқаддас оятҳоеро ошкор созанд, ки одамонро дар ноилоҷӣ мегузоранд. Баъзеҳо дар аввал ба танқиди рӯякӣ ва айбҷӯӣ ҳамту аз рӯи шавқ ба баҳс машғул шуда дарк намекунанд, ки бо ин ба доми сайёди мурғон меафтанд. Вале беимонии худро боре бо овози баланд баён намуда, онҳо баъд ҷонибдори ин нуқтаи назар буданро қарзи худ мешуморанд. Ҳамин тавр, онҳо бо гунаҳкорон муттаҳид мешаванд ва дарвозаҳои биҳиштро барои худ мебанданд.MБУБ 558.4

    Худованд дар Каломи Худ далелҳои кофии асли Илоҳии Худро овардааст. Ҳақиқатҳои бузурги ба фидиягузории мо дахлдошта равшану аниқ баён ёфтаанд. Бо ёрии Рӯҳи Муқаддас, ки ба ҳамаи ҷӯяндагони самими Ӯ ваъда дода шудааст, ҳар як шахс метавонад мустақилона ин ҳақиқатҳоро дарк намояд. Худо ба одамон таҳкурсии устувор додааст, то онҳо тавонанд имони худро дар он асоснок кунанд.MБУБ 559.1

    Вале хиради маҳдуди инсон қобилияти пурра дарк намудани нақшаҳо ва ниятҳои Худои Беинтиҳоро надорад. Мо ҳеҷ гоҳ бо таҳқиқот Худоро пайдо карда наметавонем. Барои бо дасти худбовар бардоштани пардае, ки ҷалоли Ӯро панаҳ мекунад, кӯшише ҳам кардан лозим нест. Ҳдвворӣ хитоб мекунад: «Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ» (Румиён 11:33). Аммо ба мо фақат дарк намудани он чиз дода шудааст, ки Ӯро муҳаббат ва меҳрубонии беандоза ба муносибатҳои дуҷониба бо мо водор месозанд. Падари Осмонии мо ҳамаро хирадмандона ва порсоёна идора мекунад, ва мо сабабе барои нишон додани ноумедӣ ва нобоварӣ надорем, балки бояд дар назди Ӯ бо тарси эҳтиромона сачда намоем. Ӯ мақсадҳои Худро ба мо ба андозае ошкор месозад, ки ба он андоза ба манфиати мо кӯмак мекунад, вале он чи «илова бар ин» аст, пас мо бояд ба дасти тавоно ва қалби саршор аз муҳаббати Ӯ бовар кунем.MБУБ 560.1

    Қатъи назар аз он ки Худо барои имони мо далелҳои кофиро додааст. Ӯ ҳеҷ гоҳ ҳамаи сабабҳоро барои нобоварии мо бартараф намесозад. Нафароне, ки барои овехтани шубҳаҳои худ дар ҷустуҷӯӣ чангакҳоянд, онҳоро ҳатман пайдо мекунанд. Ва онҳое, ки то вайрон карда шудани ҳамаи монеаҳо ва бартараф гардидани ҳама гуна имконияти шубҳаоварӣ, аз қабул намудани Каломи Худо ва аз итоат кардан ба он cap мепечанд, ҳеҷ гоҳ ба нур намерасанд.MБУБ 560.2

    Нобоварӣ ба Худо натиҷаи табиии қалби рӯҳан эҳёношуда аст, ки бо Ӯ душманӣ дорад. Вале имонро Рӯҳи Муқаддас ато мекунад, ва он фақат замоне инкишоф меёбад ва устувор мегардад, ки агар онро навозиш кунанд. Ҳеҷ кас бе ҷидду ҷахди қатъӣ дар имон устувор гардида наметавонад. Агар беимониро ҳавасманд кунанд, он қувват мегирад. Ва агар одамон ба чои мулоҳиза дар бораи далелҳое ки Худо баҳри устувор гардидани имон додааст, шубҳа кардан ва ҷуста пайдо намудани но- расоиҳои гуногунро раво бинанд, он гоҳ дар шубҳаи худ боз ҳам бештар устувор мегарданд.MБУБ 560.3

    Вале нафароне, ки ба ваъдаҳои Ӯ шубҳа мекунанд ва ба файзи Ӯ бовар наменамоянд, Ӯро бадном месозанд, ва ба ҷои он ки дигаронро ҷониби Масеҳ ҷалб намоянд, бо намунаи худ онҳоро аз Ӯ дур месозанд. Ин одамон ба дарахтони бесамаре монанданд, ки бо шохаҳои дароз ва анбӯҳи худ пеши роҳи нурро ба дигар растаниҳо банд намуда, онҳоро дар сояи хунук ба пажмурдашавӣ ва марг маҳкум мекунанд. Тамоми ҳаёти ин одамон ба шаҳодати пайвастаи муқобили худи онҳо табдил меёбад. Онҳо тухми шубҳа ва беимонӣ мекоранд, ва бешубҳа, ҳосили мувофиқро ҷамъ меоранд.MБУБ 561.1

    Барои ҳамаи онҳое, ки самимона хоҳиши аз шубҳа озод шуданро доранд, фақат як роҳ вуҷуд дорад: ба ҷои он ки саволҳои қалбакиро ба миён гузоранд ва чизҳои намефаҳмидаашонро танқид намоянд, бояд роҳро барои нуре кушоянд, ки аллакай бар сари онҳо фурӯ мерезад, ва он замон онҳоро нури боз ҳам равшантар мунаввар мегардонад. Бигзор ин нафарон он ӯхдадориҳоеро ба ҷо биёранд, ки барои онҳо фаҳмо ҳастанд, ва ин ба дарк намудани ҳақикатҳое имконият медиҳад, ки ҳоло шубҳаро ба миён меоранд, ва баъд мувофиқи ин ҳақиқатҳо зиндагӣ кунанд.MБУБ 561.2

    Шайтон метавонад чизи қалбакии чунон моҳирона ниқобпӯшшударо пешкаш намояд, ки ҳар касе ки дасткашӣ аз манфиатҳо ва фидокорӣ барояш бегона аст, шахсе ки барои фиреб хӯрдан омода аст, онро ба ҷои ҳақиқати аслӣ қабул мекунад, Ba¬ne қалберо, ки ба бадали чизе ки набошад кӯшиши дарк намудани ҳақиқатро мекунад, ба ихтиёри худ тобеъ намуда наметавонад. Масеҳ ҳақиқат аст ва «Нури ҳақиқӣ, ки ҳар нафари ба ҷаҳон меомадаро мунаввар мегардонад» (Юҳанно 1:9). Рӯҳи ҳақиқат фиристода шуда буд, то ки одамонро ба ҳар ҳақиқат ҳидоят кунад. Ва Исои Масеҳ бо боварии том гуфтааст: «Биҷӯед ва хоҳед ёфт». Агар «касе хоҳад иродаи Ӯро ба амал оварад, дар бораи ин таълимот хоҳад донист» (Матто 7:7; Юҳанно 7:17).MБУБ 561.3

    Пайравони Масеҳ дар бораи он суиқасдҳое, ки шайтон ва шарикони вай ба муқобили онҳо ташкил мекунанд, хеле кам медонанд. Аммо Он, ки дар осмон нишастааст, ҳамаи ин ҳилаву найрангҳои маккоронаро ба ақиб мегардонад, то ки бо ёрии онҳо амиқтарин ниятҳои Худро амалӣ созад. Худованд роҳ медиҳад, то ки қавми Ӯ васвасаҳои оташинро на аз барои он аз cap гузаронад, ки Ӯ аз ноумедӣ ва андӯҳи одамон ҳаловат мебарад, балки аз барои он ки азобу машаққатҳо барои ғалабаи пурра бар гуноҳ зуруранд. Агар Ӯ онҳоро аз васвасаҳо ҳимоя мекард, ин бемантиқ ва бо ҷалоли Ӯ номувофиқ мебуд, зеро ки худи мақсади санҷиш аз он иборат аст, ки ба ҳама васвасаҳо муқобилат карданро ба одамон омӯзад.MБУБ 561.4

    Агар мо бо фурӯтанӣ ва тавба гунохҳоямонро эътироф намуда аз онҳо даст кашем ва бо имон ҳуқуқи худро ба ваъдаҳои Худованд баён намоем, ашаддитарин нокасон ва рӯҳҳои нопок қудрати ба кори Худо монеъ шудан, қудрати моро аз Ӯ ҷудо карданро надоранд. Ба ҳар як васваса, ба ҳар як муқовимат, хоҳ вай пинҳонӣ бошад хоҳ аён, «на бо ҷасорат, ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди Лашкарҳо» (Закарё 4: 6), бо муваффақият муқобилат кардан мумкин аст.MБУБ 562.1

    «Чашмони Худованд сӯи порсоён нигаронида шудааст, ва гӯшҳои Ӯ - сӯи дуои онҳо... Ва кист, ки ба шумо бадӣ кунад, агар шумо дар некӯкорӣ ғаюр бошед?» (1 Петрус 3: 12,13). Вақте ки Билъом аз инъоми саховатмандона фирефта шуда, ба муқобили Исроил ҷодугариро ба кор бурд ва ба Худованд қурбониҳо оварда, хост бар сари қавми Ӯ лаънат биёрад, Рӯҳи Худо роҳи ин бадиро баст ва Билъом маҷбур буд хитоб кунад: «Чӣ гуна лаънат намоям, дар сурате ки Худо лаънат нанамудааст? Ва чӣ гуна дуои бад кунам, дар сурате ки Парвардигор дуои бад нафармудааст?». «Бигзор ҷони ман бо фавти порсоён бимирад, ва оқибати ман мисли оқибати онҳо бошад!» Вақте ки аз нав қурбонӣ оварда шуд, пайғамбари гунаҳкор хитоб кард: «Инак, ман маъмур шудаам, ки баракат бидиҳам, зеро Ӯ баракат додааст, ва ман наметавонам онро ботил намоям. Мусибате дар Яъқуб дида намешавад ва бадбахтие дар Исроил мушоҳида намешавад; Худованд Худои ӯ бо онҳост ва садои карнайи шоҳона дар ӯст». «Дар Яъкуб ҷодуе нест ва дар Исроил афсуне нест. Дар замони худ дар бораи Яъқуб ва дар бораи Исроил хоҳанд гуфт: ана Худо чӣ кор мекунад!». Маротибаи сеюм қурбонгоҳҳо бунёд карда шуданд, ва Билъом бори дигар кӯшиши лаънат хондани Исроилро намуд. Вале забони пайғамбар ба муқобили иродаи ӯ он чизеро мегуфт, ки Рӯҳи Худо оиди некуаҳволии қавми интихобкардаи Худ хабар додаю мақсадҳои маккоронаи душманони онро маҳкум намуда, гуфтан мехост: «Баракатдиҳандаи ту бигзор муборак бошад ва лаънаткунандаи ту бигзор малъун бошад!» (Ададҳо 23:8,10, 20, 21, 23; 24;9).MБУБ 562.2

    Қавми Исроил он замон ба Худо содиқ буд, ва то он замоне ки ба Шариати Ӯ итоат намуда зиндагӣ мекард, ҳеҷ гуна қувваҳои заминӣ ё дӯзах ӯро мағлуб карда наметавонистанд. Вале лаънатеро, ки ба Билъом иҷозати бар сари фарзандони Худо хондани он дода нашуда буд, ӯ ба ҳар ҳол тавонист онҳоро ба он гирифтор кунад, вақте ки онҳоро ба гуноҳ тела дод. Аҳкомҳои Худоро вайрон намуда, онҳо худро аз Ӯ ҷудо карданд ва дар ихтиёри шайтон монданд.MБУБ 563.1

    Шайтон нагз медонад, ки қалби аз ҳама заифу ба Масеҳ содиқ, метавонад ба муқобили қувваҳои зулмот бо муваффақият мубориза барад ва агар шайтон худро ошкоро нишон диҳад, ба ӯ зарбаи сазовор зада мешавад. Бинобар ин кӯшиш мекунад сарбозони салибро аз қалъаи фатҳнопазирашон фиреб дода берун барорад, худ бошад бо лашкараш дар камингоҳ пинҳон шуда мунтазир аст, то ҳар нафареро, ки ҷуръати ба ҳудуди ӯ ворид шуданро мекунад дар ҳар лаҳза нест кунад. Ба мо фақат он замоне ҳеҷ чиз тахдид намекунад, ки мо бо фурӯтанӣ ба Худо такя мекунем ва ҳамаи аҳкомҳои Ӯро риоя менамоем.MБУБ 563.2

    Агар инсон ақаллан як рӯз ё як соатро бе дуо гузаронад, худро дар бехатарӣ ҳис карда наметавонад. Мо ба таври махсус бояд аз Худованд он чизро дархост намоем, ки Ӯ ба мо хиради дарк намудани Каломи Худро бидиҳад. Дар Каломи Ӯ ҳамаи маккориҳои васвасакор фош карда шудаанд; дар он воситаҳое ошкор гардидаанд, ки бо ёрии онҳо мо метавонем бо муваффақият ба шайтон муқобилат нишон диҳем. Шайтондонандаи бузурги Китоби Муқаддас аст, ва ӯ ҳар як оятро ба таври худ тафсир намуда, умед дорад онро барои мо санги пешпо гардонад. Моро лозим аст, ки Китоби Муқаддасро бо қалби фурӯтан омӯхта, вобастагии худро аз Худо ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем. Мо бояд ҳамеша дар посбонӣ ба муқобили васвасаҳои шайтон қарор дошта, пайваста бо имон дуо гӯем: «Моро ба васваса дучор накун».MБУБ 563.3

    Larger font
    Smaller font
    Copy
    Print
    Contents